logo

мулоқотҳо

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Ҳелен Кларк

21 май Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳелен Кларк - мудири Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳидро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунпаҳлӯи Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид   баррасӣ шуданд.
 Таваҷҷӯҳи зиёд ба дастгирии рушди босуботи иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон, аз ҷумла тавассути мусоидат ба татбиқи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола, зоҳир карда шуд.

 Зикр гардид, ки Дафтари Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид дар қаламрави Тоҷикистон ғайр аз   пойтахти кишвар боз панҷ намояндагии минтақавӣ дорад ва яке аз калонтарин дафтарҳои созмон дар Осиёи Марказӣ ба шумор меравад.
 Аз пешоҳангии Тоҷикистон ва ибратбахшии фаъолияти он дар татбиқи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Хотиррасон гардид, ки дар натиҷаи татбиқи пайгиронаи сиёсати ислоҳоти иқтисодӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро муяссар гардид, ки сатҳи камбизоатии аҳолиро аз 72,4 фоизи соли 2003 то ба 45 фоиз дар соли 2010 коҳиш диҳад.
Аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид "Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об" эълон шудани соли 2013 идомаи мантиқии ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон доир ба таъмини дастрасӣ ба оби тоза номида шуд.
 Таъкид гардид, ки таъмини дастрасии ҳар як инсон ба нерӯи барқ ҳам омили калидии пешравӣ дар расидан ба  Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола мебошад.
 Дар мулоқот ҳамчунин доир ба роҳҳои бартарафсозии мушкилоти рушди ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ ва мусоидат ба таҳкими амнияту субот гуфтугӯи судманд сурат гирифт.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 579

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед