logo

иҷтимоиёт

Тоҷикистон: молориё решакан мегардад

Моҳи апрели соли равон Ҳукумати ҷумҳурӣ Барномаи нави мубориза бар зидди бемориҳои тропикиро барои солҳои 2011-2015 қабул намуд. Роҷеъ ба зарурати қабули ин барнома ва бемории вараҷа дар мамлакат ва пешомади он Сайфуддин Каримов, сардори Маркази ҷумҳуриявии мубориза бо бемориҳои тропикӣ, ба пурсиши хабарнигорамон посух дод, ки онро манзури хонандагони арҷманд мегардонем.

-Кадом намудҳои бемории вараҷа феълан ба назар мерасанд ва  чӣ осебе доранд?
-Вараҷа бемории сироятии паразитӣ буда, ба гурӯҳи бемориҳои тавассути хун паҳншаванда мансуб аст. Дар ҷаҳон аслан чаҳор навъи вараҷа, мисли  серӯза,  чаҳоррӯза, молориё ва вараҷаи тропикӣ мавҷуд аст. Ҳамаи ин намудҳои бемории вараҷа ҷисми инсонро заифу лоғар гардонида, фарҷоми бад доранд. Ба вижа бемории занони ҳомила, ки ба вараҷа гирифторанд, хеле вазнин аст. Бемории онҳо на фақат аз ҷиҳати истеъмоли навъи доруҳо, балки нишонаҳои беморӣ низ тафовут дорад. Осебҳои вараҷа, мисли зардпарвин, камхунӣ ва ғайра дар ҷисми модарон тӯл мекашад. Ҳамчунин нисбат ба дигарон паёмади марговари вараҷа дар занони ҳомила 2-3 бор афзунтар аст. Барангезандаҳои вараҷа ба инкишофи тифли батн ҳам таъсир расонида, мӯҷиби таваллуди пеш аз мӯҳлат ё марг ва дар батн сирояти кӯдакон  ҳангоми таваллуд мешавад.
 Бемории вараҷа то нимаи дувуми садаи 20 дар кишвари мо  хеле авҷ гирифта буд ва ба иқтисодиёти мамлакат зарари калон меовард. Бар асари муборизаи муттасил ва тадбирҳои зидди вогирӣ он  солҳои 60-уми асри гузашта решакан гардида, наздики 40 сол аз ёдҳо зудуда шуд.
-Аммо сабаб чист, ки бемории вараҷа ва ё молориё даҳсолаи  асри гузашта дар қаламрави кишвари мо  якбора рӯ зад? Ва ин дар ҳолест, ки  сирояти аҳолии собиқ ҷумҳуриҳои шӯравии ҳаммарзамон дар ҳамин давра аз молориё  хеле кам мушоҳида шудааст.
-Омилҳои асосии густариши бемории вараҷа дар қаламрави кишварамон  сар задани ҷанги шаҳрвандист. Бар асари он мардуми зиёд ба қаламрави Афғонистон ва кишварҳои дигар фирор намуданд. Шаҳрвандони гурезаи мо солҳои 1992 - 96 дар қаламрави Афғонистон  сироят ёфта, вараҷаро ба ҷумҳурии мо ворид намуданд. Ҳодисаҳои сирояти вараҷа  дар ҷумҳурӣ ҳанӯз соли 1993 ба қайд гирифта шуда, солҳои 1995-1997  якбора авҷ гирифт. Миқдори зиёди вараҷа дар ҷумҳурӣ асосан соли 1997 ба қайд гирифта шуд, ки тибқи омори расмӣ наздики 30 ҳазорро ташкил медод. Аз рӯи баҳодиҳии мутахассисони Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ин беморӣ он солҳо ба ҳисоби миёна дар қаламрави Тоҷикистон аз 300 то 500 ҳазор нафарро  сироят карда буд. Ғайр аз ин ба навъи вараҷаи тропикии марговар низ иддае гирифтор шуданд ва хавфи паҳншавии он дар кишвар ба вуҷуд омад. Сирояти шаҳрвандони кишварамон аз ин навъи бемории вараҷа соли 2000 ба 800 нафар расид.
Паёмади нохуши авҷи ин бемориро ба назар гирифта, Ҳукумати ҷумҳурӣ Барномаи мубориза бо бемориҳои тропикиро  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 1997-2005 қабул кард. Ҳадафи барнома пешгирии паҳншавии вараҷа дар қаламрави мамлакат ва роҳ надодан ба фавти беморон буд, ки он комилан иҷро гардид. - Вазъи кунунии вогирии молориё дар ҷумҳурӣ чӣ гуна аст?
- Соли 2010 дар қаламрави кишварамон 112 ҳодисаи гирифтор шудани одамон ба вараҷаи серӯза мушоҳида шуд, ки ин нисбат ба соли 1997, ки  29794 нафар ба он мубтало гашта буд, 268 маротиб коҳиш ёфтаст. Айни замон 70 дарсади беморон аз вилояти Хатлонанд. Ин  нишондод  дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 20 дарсад,  вилояти Суғд 3 фоиз ва ВМКБ  ва шаҳри Душанбе 1 дарсадро ташкил медиҳад. Айни замон сирояти вараҷа дар ҷумҳурӣ ба ҳадди назаррас коҳиш ёфта, ба ҳар 100 ҳазор нафар дар соли 2010  1,4 нафар рост омад.
Бо вуҷуди дастовардҳо дар рафъи бемории вараҷа  он ҳанӯз ҳамчун  мушкили иҷтимоӣ ва соҳаи тандурустии кишвар боқӣ мондааст.
Эҳтимоли сирояти ин беморӣ ба аҳолии ноҳияҳои бо Афғонистон ҳаммарзи кишварамон вуҷуд дорад, зеро сирояти молориё дар ин кишвар ҳанӯз дар авҷ аст. Инчунин интиқоли ин беморӣ ба ҷумҳуриямон аз дигар давлатҳо ба воситаи сайёҳон, муҳоҷирон ва ғайраҳо аз имкон берун нест.
Ҳозир мувофиқи барномаи нав мо мақсад дорем, ки ҳамкориҳои муштаракро оиди маҳви манбаъҳои сироятии ин беморӣ дар маҳалҳои аҳолинишини марзҳои байни ду кишвар ба роҳ монем. Барои расидан ба ин ҳадаф заминаҳои устувор гузоштем. Бо мутахассисони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бобати табодули маълумот оид ба вазъи беморӣ, баргузории амалиёти муштараки зиди вараҷа дар маҳалҳои наздисарҳадӣ, назорати доимии вазъи вогирии (эпидемиологии)  ноҳияҳои наздисарҳадӣ, аз ҷониби вазоратҳои ҳамноми ду кишвар созишномаи байниҳукуматӣ таҳия гашт, ки дар арафаи ба тасвиб расидан аст.
- Нооромиҳои сиёсие, ки алъон дар бисёре аз  кишварҳои иқлимашон гарм, яъне гармсер боиси задухӯрдҳои низомиву  ҷангҳои  шадиди шаҳрвандӣ гаштаанд, табиист, ки ба густариши вараҷа дар минтақаҳои дигар мусоидат мекунанд. Тоҷикистон аз ин хатар эмин буда метавонад?
-Бемории вараҷа хоси кишварҳои Африқо, мисли Нигерия, Гвинея, Кот-д-Ивуар ва  Судон аст. Айни замон он дар  бархе аз кишварҳои Осиёи Ҷануби Шарқӣ- Ҳиндустон, Покистон, Ветнам, Куриёи Шимолӣ, Туркия, Тайланд, Филиппин, Амрикои Марказӣ- Колумбия, Костарика, Панама ва ғайра низ паҳн шудааст.  Тибқи иттилои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ 90 дарсади мубталоёни вараҷа дар кишварҳои Африқоянд. Танҳо соли 2008 дар ин минтақа 247 миллион гирифтори вараҷа гашта, бар асари он зиёда аз як миллион кӯдак фавтидааст. Дар Африқо аз молориё дар ҳар  45 сония як кӯдак ҳалок мешавад. Аммо барои роҳ надодан ба интиқоли вараҷа аз кишварҳои дигар мо таҷрибаи кофӣ дорем. Дар давоми панҷ моҳи соли 2011 се бемори гирифтори вараҷаи серӯзаро дар ҷумҳурӣ ба қайд гирифтем. Аз ин нафаре  дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон аз  манбаъҳои пешина сироят ёфтааст. Ду бемори дигар, яке аз ноҳияи Хуросон, ки дар яке аз донишкадаҳои динии Покистон таҳсил мекард,  ба ҷумҳурӣ омада,  бемор шудааст. Муайян намудем, ки макони сироят Покистон мебошад. Дигаре донишҷӯе аз Ҳиндустон аст, ки дар Душанбе таҳсил мекунад. Ӯ дар зодгоҳаш сироят ёфтааст. Бемориашро муайян намуда,  бо муолиҷа фаро гирифтем. Умуман дар ҷумҳурӣ ҳар нафари аз хориҷа омада  ҳини шикоят аз вазъи саломатӣ ҳатман  аз  ташхиси вараҷа мегузарад. Инчунин дар баробари дарёфту муолиҷаи саривақтии беморӣ, риояи ҳатмии қоидаҳои поксозиву тамизкунӣ ва  гидротехникӣ, мисли    хушконидани кӯлҳои нодаркор, аз растаниҳо тоза намудани корезу заҳбуру  ҳавзу ҷӯйборҳо ва паст намудани сатҳи обҳои зеризаминӣ паҳншавии бемории вараҷаро бозмедорад.
 Ҳар сол ба манзури маҳви хомӯшакҳо дар хонаҳои истиқоматии шаҳрвандон ҳудуди 25 миллион метри квадратӣ заҳрдору пошида мешавад. Шеваҳои биологии маҳви хомӯшакҳоро низ ба кор мебарем. Инчунин ҳар сол дар майдони беш аз 700 гектар шолипаяву обанборҳо моҳичаҳои гамбузияро   паҳн мекунем ва ба аҳолӣ 25-30 ҳазор пашшахонаро ройгон медиҳем.
 Хавфи паҳн шудани ин беморӣ ниҳоят зиёд аст ва хомӯшакҳои вараҷаовар метавонанд, ки аз марзи Афғонистон ба кишвари мо бемамоният парвоз намоянд, зеро онҳо дар масофаи аз 3 то 7 километр парвоз мекунанд.  Мувофиқи барномаи нав тасмим гирифтем, ки тадбирҳои зидди хомӯшакҳои вараҷаоварро дар минтақаҳои наздисарҳадӣ, дар  манбаъҳое, ки беморӣ ба қайд гирифта шудааст, амалӣ созем.
Тадбирҳо зидди хомӯшакҳо ибтидои моҳи май сар шуд. Аз 15-уми май  моҳичаҳои гамбузиро паҳн намудем ва аз 20 - уми май ба пошидани заҳрдору бар зидди хомӯшакҳо оғоз намудем. Ҳамаи ин корҳоро  бо ҳамдастии Хазинаи глобалии мубориза бар зидди СПИД, сил ва вараҷа ва ҳамкории Созмони ҷаҳонии тандурустӣ роҳандозӣ намуда истодаем.
-Тоҷикистон бо кишварҳои дигар низ, мисли Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Чин ҳаммарз аст. Оё хавфи сирояти вараҷа аз ин кишварҳо вуҷуд дорад ва барои пешгирии он чи гуна тадбирҳо андешида мешаванд?
-Солҳои 90 ва нимаи аввали соли 2000-ум ин беморӣ дар  ҷумҳуриҳои бо кишвари мо ҳаммарз, аз ҷумла Қирғизистон, Ӯзбекистон низ вуҷуд дошт. Солҳои охир байни Тоҷикистону Қирғизистон оид ба пешгирӣ ва рафъи бемории вараҷа ҳамкориҳои муштарак роҳандозӣ шудааст. Аз вазъи гирифторӣ ба ин беморӣ дар ноҳияҳои наздисарҳадии ду давлат иттилоъ дорем ва барои рафъи хомӯшакҳои вараҷаовар дар мавзеъҳои наздимарзӣ, амалиёти муштарак мегузаронем. Аммо ҳамкорӣ бо мутахассисони Ӯзбекистон  суст аст. Ҳамдигарро қариб намебинем ва табодули ахбор надорем.

Хайринисои Расулӣ,
"Ҷумҳурият"


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 470

18.10.2019


Дар Арабистони Саудӣ садамаи автомобилӣ боиси ҳалокати 35 зоир гашт

Нигаронии муовини Дабири кулли СММ аз афзудани хавфи сарзании ҷанги ядроӣ

Артиши Сурия бори аввал дар панҷ сол вориди Раққа шуд

Таллин барои дучархасавор шудани сокинон 195 миллион евро харҷ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

Қонунгузорӣ. Ҷазо барои шиканҷа пурзӯр мегардад

Суғд. 557 ҳодисаи фавқулода дар нуҳ моҳ

Хуҷанд мизбони Чемпионати Осиё оид ба самбо - 2022

15.10.2019


Иштироки низомиёни тоҷик дар машқҳои СААД дар вилояти Нижегород

Иттиҳоди Аврупо аз Туркия баровардани сипоҳашро аз Сурия талаб намуд

Ҷоизаи Нобел оид ба иқтисодро барои талоши мубориза бо қашшоқӣ супурданд

Назарбоев ва иштиёқи расмкашӣ

Ҷаҳон дар як сатр

14.10.2019


Роҳи Помир ба панҷгонаи зеботарин роҳҳои дунё шомил гардид

Дар Ҷопон аз тӯфони «Хагибис» 33 нафар ҳалок гашт

Трамп маблағеро ном бурд, ки Вашингтон дар ҷангҳои Шарқи Наздик масраф кардааст

Астронавти амрикоӣ рекорди ба кайҳон баромадани кайҳоннавардони русро пас мегузорад

Ҷаҳон дар як сатр

11.10.2019


Боздиди қариб 8 миллион нафар аз ғурфаи Тоҷикистон дар намоишгоҳи Чин

СААД дар Бишкек вокуниши муштарак ба ҳолатҳои фавқулодаро баррасӣ намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10.10.2019


Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

Вохӯрии вазирони корҳои дохилии Тоҷикистону Россия

Душанбе ва Димишқ бозгашти тоҷикистониёнро аз Сурия баррасӣ намуданд

Меркел ва Ҷонсон оид ба Brexit ба мувофиқа омада натавонистанд

Барнаул лидерҳои ҷавони кишварҳои Осиёро гирд овард

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2019


ТОҶИКОБОД. 40 НАФАР БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ПАЙВАСТ

Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои САҲА

Ҳамоиш ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ дар Тошканд

Бизнес - форуми сайёҳии Тоҷикистону Қирғизистон

СММ амнияти кӯдакони Афғонистонро боиси нигаронӣ хонд

Бонки ҷаҳонӣ Тоҷикистонро ба рӯйхати кишварҳои ислоҳотгар ворид намуд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед