logo

суханрониҳо

Cуханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доир ба вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рушди иқтисодиву иҷтимоии вилояти Хатлон, ноҳияи Данғара, 25 майи соли 2011

Ҳозирини гиромӣ!

Мақсади асосии мулоқоти имрӯзаи мо, ки дар он роҳбарону мутахассисон ва фаъолони ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, инчунин раисони вилоятҳои Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва Суғд иштирок доранд, баррасӣ намудани вазъи иҷрои дастуру супоришҳои додашуда, нақшаву барномаҳои доир ба бахшҳои гуногуни соҳаи кишоварзӣ қабулгардида, ҳолати  иҷрои буҷет, хусусан масъалаҳои вобаста ба таъмини амнияти озуқаворӣ, яъне истифодаи самараноку оқилонаи обу замин, омодагии ҳамаҷониба ба ҷамъоварии ҳосил ва кишти такрорӣ дар заминҳои холишуда, вазъи корҳои омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон, инчунин тайёрӣ ба маъракаҳои муҳими сиёсии дарпешистода, аз ҷумла ҷашни бистсолагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва корҳои созандагиву ободонӣ мебошад.
Масъалаи рушди соҳаи кишоварзӣ ва афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти озуқаи худӣ аз ҷумлаи масъалаҳои муҳиме мебошад, ки бояд ҳамеша дар маркази диққати мо қарор дошта бошад. Зеро соҳаи кишоварзӣ дар амалишавии яке аз ҳадафҳои стратегии давлатамон -таъмини амнияти озуқавории кишвар мавқеи ҳалкунанда дошта, манбаи асосии таъмин кардани аҳолӣ бо озуқа, корхонаҳои саноатии мамлакат бо ашёи хом ва самти муҳимтарини шуғли аҳолии мамлакат ба ҳисоб меравад.
Маҳз ба ҳамин хотир, қариб дар ҳамаи суханрониҳои худ ва мулоқоту сӯҳбатҳо бо роҳбарону мутахассисон ва мардуми кишвар доир ба ин масъала изҳори андеша менамоям.
Зимнан, масоили вобаста ба рушди соҳаи кишоварзӣ дар паёмҳои Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ, аз ҷумла Паёми имсола, мақоми алоҳида дорад. 
 Дар ин самт, пеш аз ҳама, зарур аст, ки татбиқи саривақтии барномаҳои қабулгардидаи ислоҳоти соҳаи кишоварзиро ҷоннок намуда, афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ таъмин карда шавад.
Моҳҳои июн ва августи соли гузашта мо бо роҳбарону мутахассисон ва фаъолони вилояти Хатлон ду маротиба машварати корӣ доир намуда, масъалаҳои асосии соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии вилоятро мавриди баррасӣ қарор додем ва бо мақсади таъмини пешрафти онҳо ҳамаи супоришу вазифаҳои заруриро ба миён гузошта будем.
Дар давраи сипаришуда дар натиҷаи заҳмати созандаву бунёдкоронаи мардуми кишвар, аз ҷумла вилояти Хатлон, суръати афзоиши устувори нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодӣ таъмин гардида, дар ин самт пешравиҳои муайян ба даст оварда шуданд.
Вале дар баробари ин, мушкилоти глобалӣ, аз ҷумла вазъи хушксоливу камобии имсола, инчунин торафт баланд шудани нархи маводи асосии истеъмолӣ ва сӯзишворӣ дар бозорҳои ҷаҳонӣ моро вазифадор менамояд, ки бо дарназардошти вазъи баамаломада чораҳои  саривақтӣ андешем.
Яъне тамоми захираву имкониятҳо ва саъю талоши худро ба он равона кунем, ки нишондиҳандаҳои истеҳсолии ҳамаи соҳаҳоро афзоиш дода, таъсири манфии равандҳои вақтҳои охир идома ёфтаистодаро ба зиндагии мардуми кишварамон ҳарчи камтар созем.
Ҳукумати мамлакат аз ҷониби худ бо мақсади дастгирии соҳаи кишоварзӣ ва зиёд кардани истеҳсоли маҳсулоти худӣ тамоми чораҳои заруриро амалӣ гардонида истодааст.
Ҳоло ҷиҳати дастгирии соҳаи кишоварзӣ, таҷдиди инфраструктураи он, объёрӣ ва азхудкунии заминҳои нав, дастгирии молиявии хоҷагиҳои деҳқонӣ ва рушди устувори иқтисодии соҳаи пахтакорӣ 14 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ мавриди татбиқ қарор дорад.  Дар баробари ин, маблағгузории рушди соҳаи кишоварзӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ҳамасола зиёд гардида, танҳо дар соли ҷорӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ ва лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ барои дастгирӣ ва рушди соҳа зиёда аз 1,3 миллиард сомонӣ равона карда мешавад.
Дар ин раванд ҳамчунин зарур аст, ки дар навбати аввал иҷрои босифати нақшаи тасдиқшудаи буҷет таъмин карда шавад.
Мувофиқи маълумоти Вазорати молия ва Кумитаи андоз нақшаи даромадҳои буҷети вилояти Хатлон дар чор моҳи соли равон ба андозаи зиёда аз 105 фоиз иҷро гардида, ба буҷети вилоят беш аз 103 миллион сомонӣ ворид шудааст.
Бо вуҷуди ин, сифати иҷрои буҷети вилоят ва таъмини нақшаи баъзе намуди андозҳо дар як қатор шаҳру ноҳияҳо ҳанӯз ба талабот ҷавобгӯ нест;  дар вилоят нақшаи чор намуди андоз иҷро нагардида, аз ин ҳисоб ба буҷети вилоят 1,6 миллион сомонӣ ворид нашудааст.
Илова бар ин, ба ҳолати 1 майи соли 2011 маблағи бақияпулиҳо (бо дарназардошти бақияпулиҳои андози иҷтимоӣ) дар вилоят 133 миллион сомониро ташкил кардааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба аввали сол 8 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Бо дарназардошти чунин вазъ ба роҳбарони мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ташкилоту идораҳо зарур аст, ки доир ба таъмин намудани иҷрои буҷет, пурра ба буҷет ворид кардани бақияпулиҳои андоз ва роҳ надодан ба ташаккули бақияпулиҳои нав, инчунин истифодаи самаранок ва мақсадноки маблағҳои буҷетӣ чораҳои таъхирнопазир андешанд.
Дар давоми моҳҳои январ - апрели соли 2011 аз тарафи бонкҳо ва ташкилотҳои қарзӣ ба маблағи зиёда аз 158 миллион сомонӣ қарзҳои хурд дода шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 45 миллион сомонӣ ё ин ки 40,1 фоиз зиёд мебошад. Вале нишондиҳандаи мазкур ҳоло ҳам қонеъкунанда нест.
Рушди бемайлони соҳаи кишоварзӣ тақозо менамояд, ки ҳаҷми қарзҳои додашавандаро боз ҳам афзоиш дода, масъалаи зиёд намудани мӯҳлати пешниҳоди онҳо бо дарназардошти манфиати тарафҳо таҷдиди назар карда шавад. Зеро бори дигар таъкид месозам, ки таъмини амнияти озуқавории кишварамон ҳамчун яке аз самтҳои стратегии сиёсати давлат аз рушди бемайлони соҳаи кишоварзӣ вобастагии бевосита дорад.
Бинобар ин, ба вазоратҳои кишоварзӣ, мелиоратсия ва захираҳои об ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо зарур аст, ки барои дар мӯҳлатҳои наздиктарин ва беталаф ҷамъоварӣ кардани ҳосили ғалладона ҳамаи имкониятҳоро сафарбар намоянд.
Илова бар ин, Вазорати кишоварзӣ ва Академияи илмҳои кишоварзӣ якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо оид ба истифодаи самараноки заминҳое, ки дар онҳо кишти такрорӣ гузаронида мешавад, чораҷӯӣ намоянд. Инчунин супориш дода мешавад, ки таъминот бо тухмиҳои хушсифат, риояи мӯҳлатҳои кишти такрорӣ  сари вақт ва пурра таъмин  карда шавад.
Вазъияти бавуҷудомада моро водор месозад, ки  соҳаро бо истифода аз тамоми имкониятҳо, пеш аз ҳама, бо мақсади таъмини талаботи бозори дохилӣ ва корхонаҳои ватанӣ бо ашёи хом тараққӣ диҳем.
Имсол тибқи дурнамо майдони кишти пахта нисбат ба соли гузашта 58 ҳазор гектар зиёд пешбинӣ шуда, дар майдони умумии зиёда аз 203 ҳазор кишт амалӣ гаштааст.
Бо дарназардошти аҳамияти коркарди пурраи маҳсулоти кишоварзӣ ва бо ҳамин роҳ зиёд кардани ҷойҳои нави корӣ, инчунин афзоиши даромади буҷет Вазорати энергетика ва саноат якҷо бо вазорату идораҳои дахлдори дигар ва мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои кишвар, аз ҷумла вилояти Хатлон вазифадоранд, ки ҷиҳати коркарди ҳарчи бештари нахи пахта, пилла, мева ва маҳсулоти чорво дар дохили кишвар чораҳои иловагӣ андешанд.
Тавре ки дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олӣ таъкид карда будам, ҷиҳати коркарди пурраи саноатии маҳсулоти кишоварзӣ дар қаламрави кишвар зарур аст, ки бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ иқтидорҳои корхонаҳои мавҷуда пурра ба кор андохта шуда, корхонаҳои нави дорои технологияҳои муосир таъсис дода шаванд.
Ин вазифаи ҷонии мо - роҳбарони тамоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати таъмини рушди босуботи иқтисодии мамлакат ва бо ҳамин роҳ беҳтар кардани сатҳи зиндагии мардуми  кишварамон дар шароити торафт мураккаб гардидани вазъи таъминот бо озуқа дар миқёси ҷаҳон мебошад.
Вилояти Хатлон ҳамчун вилояти калонтарини мамлакат дар ин самт имкониятҳои бузурги то ҳол истифоданашуда дорад.
Бинобар ин, зарур аст, ки дар вилоят дар баробари зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ афзоиши коркарди саноатии он низ таъмин карда шавад.
Масъалаи дигари муҳиме, ки андешидани тадбирҳои ҷиддиро тақозо дорад, истеҳсоли картошкаи ватанӣ мебошад. Ҳоло дар бозорҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат, ҳатто ноҳияҳои номдори картошкапарвар картошкаи хориҷӣ зиёд шудааст. Ҳол он ки мо имконияти чандинкарата зиёд намудани майдони кишти ин намуди маҳсулотро дар ноҳияҳои кӯҳии минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон, як қатор ноҳияҳои вилояти Суғд ва водии Рашт дорем.
Тибқи маълумоти оморӣ кишти картошка дар кишвар нисбат ба соли 1990 2,3 баробар зиёд гардидааст. (Майдони замини картошка соли 1991 12,8 ҳазор гектар буд ва соли 2009 ин рақам дар ҳамаи категорияҳои ҳоҷагидорӣ ба 30 ҳазор гектар расонида шуд.) Вале таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки зиёда аз 65 фоизи он ба хоҷагиҳои наздиҳавлигӣ рост меояд.
Бояд зикр намуд, ки ҳоло дар мамлакат зиёда аз 40 ҳазор хоҷагиҳои деҳқонӣ, ассотсиатсияҳо ва дигар хоҷагиҳои кишоварзӣ ташкил карда шудааст.
Бо дарназардошти таъмини дурнамои рушди соҳа ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор супорида мешавад, ки ҳисоботи дурусту санҷидашудаи омории истеҳсоли маҳсулотро дар хоҷагиҳои кишоварзӣ ба роҳ монда, анъанаи аз ҳисоби хоҷагиҳои наздиҳавлигии аҳолӣ рӯйпӯш намудани камбудиҳои ҷойдоштаро қатъиян  хотима бахшанд.
Илова бар ин, дурнамои кишти картошка, ки дар мувофиқа бо шаҳру ноҳияҳо пешниҳод мегардад, дар як қатор шаҳру ноҳияҳои картошкапарвари вилояти Хатлон, аз ҷумла дар ноҳияҳои Мӯъминобод, Шӯрообод, инчунин ноҳияҳои Файзобод ва Нуробод, ки бо таҷрибаи зиёди худ дар парвариши картошка шӯҳрат доштанд, бо иқтидори воқеии заминҳои мавҷуда мутобиқ набуда, аз 30 то 50 фоизи имкониятҳо ба нақша гирифта шудаанду халос.
Бо дарназардошти имкониятҳои мавҷуда Вазорати кишоварзӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатиии вилоят ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳуриро зарур аст, ки бо мақсади таъмини амнияти озуқавории кишвар ҷиҳати то ду баробар зиёд намудани дурнамои кишт барои баъзе ноҳияҳо чораҳои дахлдор андешида, раисони шаҳру ноҳияҳо таъмини воқеии онро ба роҳ монанд. Дар хотир бояд дошт, ки бо дарназардошти таҷриба ва иқтидорҳои мавҷуда Тоҷикистон бояд ба яке аз мамлакатҳои содироткунандаи картошка мубаддал гардад.
Яке аз самтҳои муҳими соҳаи кишоварзӣ тухмипарварӣ буда, пешравии соҳа аз парвариши саривақтӣ ва таъмини навъҳои нав ва тухмии хушсифат вобастагии калон дорад.
Аз ин хотир, Вазорати кишоварзӣ, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо бо мақсади таъмини ҳамасолаи бозори дохилӣ бо картошкаи ватанӣ ва зиёд намудани иқтидори содиротии ин намуди маҳсулот дар оянда сохтори кишти онро бо дарназардошти мӯҳлатҳои ҳосилғундорӣ ташкил намуда, истифодаи усулҳои биотехнологии парвариши тухмии картошкаи беҷирмро ба роҳ монанд.
Масъалаи дигари муҳим ин рушди соҳаи боғу токпарварӣ мебошад. Дар ин самт Барномаи махсус қабул гашта, ҳамасола дар майдони 10-12 ҳазор гектар замин боғҳои нав бунёд карда мешаванд. Масоҳати умумии боғу токзорҳои нав, ки дар мамлакат баъди қабули барномаи мазкур бунёд гардидаанд, ба 38 ҳазор гектар, аз ҷумла дар вилояти Хатлон ба зиёда аз 18 ҳазор гектар баробар шудааст.
 Бояд гуфт, ки ҳарчанд тибқи барнома соли гузашта дар вилояти Хатлон бунёди боғҳои нав 111 фоиз таъмин шудааст, вале дар  як қатор ноҳияҳои  вилоят, аз ҷумла Панҷ, Қумсангир ва Қубодиён ин кор ҷавобгӯи талабот намебошад.
Аз ин рӯ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки ба таъмини иҷрои Барномаи мазкур аҳамияти махсус зоҳир намуда, ҷиҳати ба яке аз соҳаҳои стратегии содиротии кишвар мубаддал гардидани ин соҳа мунтазам чораҷӯӣ намоянд.
Дар баробари ин истеҳсоли ҳаҷми зиёди маҳсулоти боғу токпарварӣ коркард ва содироти саривақтиро тақозо менамояд. Вале имрӯз шумораи корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ангуштшумор буда, ҳангоми қабули маҳсулоти деҳқонон аз сабаби набудани рақобати зарурӣ шартҳои барои кишоварзон номувофиқи харид пешниҳод мешаванд, ки ин боиси коҳишёбии ҳавасмандии онҳо ба зиёд кардани истеҳсоли маҳсулот мегардад.
Аз ин лиҳоз, вазоратҳои кишоварзӣ, энергетика ва саноат, Академияи илмҳои кишоварзӣ, Иттифоқи "Тоҷикматлубот" ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо нақшаи ҷойгиркунии корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, хусусан корхонаҳои хурди мутобиқ ба шароити маҳал ва ташкили анборҳои махсуси нигаҳдории маҳсулоти кишоварзиро таҳия намуда, ҷиҳати ташкил ва фаъолияти самараноки онҳо бо истифода аз сармояи ватаниву хориҷӣ чораҷӯӣ намоянд.
Илова бар ин, Вазорати кишоварзӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро зарур аст, ки ҷиҳати бо истифода аз таҷрибаи пешқадами деҳқонони мамлакат ба роҳ мондани парвариши боғу токзор ва омӯзонидани таҷрибаву технологияи хушк намудани мева чораҳои судбахш андешанд.
Дар ин раванд фаъолияти хоҷагии ҷангал низ беҳбудиро металабад. Хоҷагии мазкур дар ихтиёри худ 412 ҳазор гектар замини ҷангалпӯш ва зиёда аз 5 ҳазор гектар замини корами обӣ дорад. Вале, нишондиҳандаи муҳими соҳа - сабзиши дарахтон ҳамагӣ 60-65 фоизро ташкил медиҳад.
Бо чунин иқтидори калон дар соли 2010 истеҳсоли писта ҳамагӣ 53 тонна, меваҳои хушк 132, гиёҳҳои шифобахш 16, ғалладонагиҳо 200, хуч 21 ва картошка 103 тоннаро ташкил додаасту халос. Дар Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали вилояти Хатлон сабзиши дарахтон 44 фоиз буда,  истеҳсоли писта ҳамагӣ 5 тоннаро ташкил додааст.
Бинобар ин, ба Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо супориш дода мешавад, ки иқтидори истеҳсолии хоҷагиҳои ҷангалро пурра истифода бурда, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро таъмин намоянд.
Соҳаи чорводорӣ яке аз соҳаҳои муҳиме мебошад, ки амнияти озуқаворӣ ба пешрафти он вобастагии зич дорад. Мувофиқи ҳисоботи оморӣ нишондиҳандаҳои соҳа чи дар мамлакат ва чи дар вилояту шаҳру ноҳияҳо сол аз сол афзуда истодааст, аммо бозор баръакси ҳолро нишон медиҳад. Зиёда аз 92-95 фоизи чорво дар ихтиёри бахши хусусӣ мебошад ва баҳисобгирии  нишондиҳандаҳои он дар сатҳи зарурӣ намебошад.
Дар айни ҳол дар хоҷагиҳои зотпарварии вилояти Хатлон  чорвои калони шохдор ҳамагӣ 7160 сар, чорвои майда 150 ҳазор сар ва асп 540 сар боқӣ мондаасту халос.
Бо дарназардошти чунин вазъ ва афзоиши талаботи мардум ба гӯшту шир ва дигар маҳсулоти чорво Вазорати кишоварзӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, Академияи илмҳои кишоварзӣ ва роҳбарони хоҷагиҳои фермерии зотпарварӣ вазифадор карда мешаванд, ки ҷиҳати зиёд намудани саршумори чорвои зотӣ ва баланд бардоштани нишондиҳандаҳои сифатии он мунтазам чораҳои муассир андешанд.
Нархи гӯшт чанд рӯз пештар дар баъзе бозорҳои кишвар то ба 30 сомонӣ расида, қимати шир ва маҳсулоти коркарди он низ рӯз аз рӯз боло рафта истодааст.
Сабаби асосии чунин ҳолат аз як тараф ноустувории вазъи бозорҳои ҷаҳонӣ бошад, аз ҷониби дигар он ба таври сунъӣ, яъне бо мақсади ба даст овардани суду манфиати зиёд эҷод гардида истодааст. Бинобар ин, сохтору мақомоти дахлдор вазифадор карда мешаванд, ки вазъро дар ин самт мунтазам таҳлил карда, чораҳои доимӣ андешанд.
Бояд қайд намуд, ки пешрафти соҳаи чорводорӣ аз масъалаи таъмини хӯроки чорво вобастагии калон дорад.
Аз ин лиҳоз, зарур аст, ки дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ киштгардон пурра ба роҳ монда, кишти хӯроки чорво таъмин карда шавад.
Дар ин самт роҳбарону хоҷагидоронро зарур аст, ки ба ҷамъоварии зироатҳои хӯроки чорво аҳамияти махсус зоҳир намоянд ва аз ҳисоби ноҳияҳое, ки имкониятҳои васеи алафғундориро доранд, барои ташкили захираи он сари вақт  чораҷӯӣ намоянд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҳоло шумораи фермаҳои холӣ дар кишвар 82 ададро ташкил дода, 26 адади онҳо ба вилояти Хатлон рост меояд. Бинобар ин, зарур аст, ки ҳолати фермаҳои чорводории хусусигардонидашуда ва ҳолати истифодаи онҳо аз ҷониби масъулону мутахассисони дахлдор ба таври воқеӣ таҳлил карда шавад.
Вазорати кишоварзӣ бояд якҷоя бо мақомоти иҷроияи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо оид ба барқарор намудани фаъолияти фермаҳои чорводорӣ чораҳои амалӣ андешад. Ҳамзамон бо ин, вазъи чарогоҳҳоро ҳамаҷониба мавриди таҳлил қарор дода, доир ба зимистонгузаронии имсолаи чорво бо дарназардошти таъмини захираи хӯроки он тадбирҳои дахлдорро амалӣ намоянд.
Дар баробари ин, ҷиҳати таҳкими амнияти озуқаворӣ зарур шуморида мешавад, ки ҳамчун соҳаҳои муҳими таъминоти аҳолӣ бо маводи ғизоӣ ба рушди минбаъдаи соҳаҳои парандапарварӣ ва моҳипарварӣ тақвият бахшида шавад.
Рушди соҳаи занбӯрпарварӣ, зиёд кардани миқдори оилаи занбӯри асал ва истеҳсоли асали хушсифат яке аз роҳҳои муҳимтарини беҳдошти сатҳи зиндагии мардум мебошад.
То соли 2006 дар миқёси мамлакат қариб 50 ҳазор оилаи занбӯри асал парвариш ёфта, ҳар сол 1,5 ҳазор тонна асал истеҳсол карда мешуд. Дар натиҷаи амалишавии Барномаи барқарорсозӣ ва рушди минбаъдаи соҳаи занбӯрпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2010 шумораи оилаҳои занбӯри асал то охири соли 2010 ба 180 ҳазор расонида шуда, наздики 3 ҳазор тонна асал истеҳсол карда шудааст.
Вале мутахассисону масъулон доир ба як масъала андеша бояд кунанд, ки шумораи оилаҳои занбӯри асал нисбат ба соли 2006 3,6 баробар зиёд шудааст, лекин истеҳсоли асал ҳамагӣ 1,9 баробар афзудааст.
Бинобар ин, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва Кумитаи ҳифзи муҳити зистро зарур аст, ки бо дарназардошти шароити хуби тараққӣ додани соҳаи мазкур дар кишвар ва талаботи торафт афзудаистода ба маҳсулоти он дар бозорҳои ҷаҳонӣ пешрафти соҳаро таъмин намуда, истеҳсоли асал ва дигар маҳсулоти занбӯрпарвариро зиёд намоянд.
Ҳозирини гиромӣ!
Яке аз бахшҳои асосии соҳаи кишоварзӣ ғаллакорӣ мебошад. Боду ҳавои номусоид, баланд гардидани нархи сӯзишворӣ ва нуриҳои минералӣ ба нашъунамову афзоиши зироатҳо, ҳосилнокӣ ва ҷамъоварии онҳо таъсири манфӣ расонида истодааст.
Шумо хуб медонед, ки ҳоло бо сабаби торафт баланд шудани нархи ҷаҳонии сӯзишворӣ ва маводи ғизоӣ, инчунин афзоиши рӯзафзуни аҳолии сайёра ва вобаста ба ин, зиёд шудани талабот ба маҳсулоти хӯрокворӣ масъалаи таъмини амнияти озуқавории бисёр кишварҳои дунё, аз ҷумла Тоҷикистон ба проблемаи муҳимтарини рӯз табдил ёфта истодааст. Чунки вобастагии бозори истеъмолии мамлакати мо аз молу маҳсулоти асосии воридотӣ, аз ҷумла ғалла ва сӯзишворӣ то ҳанӯз зиёд мебошад.
Роҳи асосии паст кардани сатҳи вобастагӣ аз воридот ва таъмини амнияти озуқавории кишвар оқилона, дуруст ва самаранок ба роҳ мондани истифодаи замину об, зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти худӣ ва бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо густариш додани соҳаи кишоварзӣ мебошад.
Аз ин рӯ, ман ҳамеша ба мардуми кишвар дар бораи истифодаи оқилонаи замин ва вусъат додани истеҳсоли маҳсулоти худӣ муроҷиат менамоям ва бори дигар таъкид месозам, ки ба ин масъала, яъне муташаккилона ҷамъоварӣ кардани ҳосили ғалла, самаранок истифода бурдани заминҳои кишоварзӣ ва кишти такрорӣ, аз ҷумла барои кишти такрории шолӣ, ҷуворимакка, лӯбиё, мош ва сабзавот истифода кардани ҳар як ваҷаб замини обӣ,  инчунин андешидани чораҳои зарурӣ барои аз сӯхтор нигоҳ доштани ғаллазор аз ҷониби ҳар як роҳбар, шахси масъул ва хоҷагиҳои кишоварзӣ диққати доимӣ дода шавад. 
Дар ин бобат аз имкониятҳои ноҳияи Данғара, ки яке аз ноҳияҳои калонтарини ғаллакорӣ ва чорводории вилоят мебошад ва солҳои охир дар ин ҷо соҳаҳои боғу токпарварӣ ва пахтакорӣ низ хуб инкишоф ёфта истодаанд, васеъ истифода кардан зарур аст. Имсол дар ноҳия ҳосили ғалла хуб аст ва кишоварзони ноҳия метавонанд тамоми вилоятро бо хошок таъмин намоянд.
Мардуми кишварамон хуб медонанд, ки дар солҳои бӯҳрони сиёсиву иқтисодӣ маҳз замин моро аз хатари гуруснагӣ наҷот дода буд.
Ҳоло дар мамлакат тибқи қарорҳои дахлдори Ҳукумати Тоҷикистон барои сохтмони манзили истиқоматӣ ҷудо карда додани қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ идома дорад.
Бо дарназардошти таъмини талаботи эҳтиёҷмандон ба қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ба  роҳбарони ҳамаи сохторҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бори дигар таъкид менамоям, ки тибқи қоидаҳои муқарраргардида ва бо иштироки ҳатмии комиссияҳои ҷамъиятӣ тақсимоти одилона ва шаффофи заминҳои наздиҳавлигиро ба роҳ монанд ва ин масъаларо таҳти назорати доимии худ қарор диҳанд.
Ҳар кадоми шумо аз васоити ахбори умум хуб хабар доред, ки имрӯз сарфаҷӯӣ дар ҷаҳон ва ҳатто дар кишварҳои бисёр пешрафта ба низоми зиндагӣ табдил ёфта истодааст.
Боиси ёдоварист, ки чор сол қабл мо бо мақсади ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардум, мусоидат барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ, сарфаю сариштакорӣ ва гирифтани пеши роҳи исрофкориву ташкили маъракаҳои зоҳирпарастонаву зиёдатӣ, яъне бо мақсади ободии ҳар як оила Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо"-ро қабул кардем.
Дар натиҷаи риояи муқаррароти қонуни мазкур то имрӯз дар маҷмӯъ дар ҳамаи маъракаҳои мардумӣ зиёда аз 6 миллиард сомонӣ ба манфиати шаҳрвандон сарфа гардида, дар айни замон дастгирии ятимону бепарасторон, эҳтиёҷмандону дармондагон ва анҷом додани дигар корҳои хайру савоб дар солҳои охир ба ҳукми анъана даромадааст.
Вобаста ба ин, Кумитаи оид ба корҳои дин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он вазифадоранд, ки оид ба риояи ҳатмии талаботи қонуни мазкур минбаъд низ чораҳои зарурӣ андешанд.
Ҳамчунин соҳибкорону тоҷирон ва шахсони ҳимматбаланду саховатпешаро дар амри хайри кӯмак ба ниёзмандон, саҳмгузорӣ дар ободии Ватан, аз ҷумла бунёди мактабу синфхонаҳои иловагӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, иншооти варзишӣ ва дигар иқдомоти неку созанда ташвиқу раҳнамоӣ созанд.
Имрӯз ба шарофати неъмати бебаҳои истиқлолият ва дастгириву пуштибонии мардуми шарифи Тоҷикистон дар кишвари мо сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ пойдору устувор аст ва кишвари азизи мо ба бистумин солгарди ҷашни муқаддасу бузург - Истиқлолияти давлатӣ омодагӣ мегирад.
Дар марҳалаи кунунии рушди  давлату давлатдориамон аз ҳар кадоми шумо - заҳматкашони ватандӯсту ватанпарвар, ки аз қадимулайём марзу буми аҷдодиамонро ба мисли гавҳараки чашм ҳифз карда, ҳамчун маъбади муқаддаси нуру зиёи ҳаётбахш обод намудаед, тақозо мегардад, ки минбаъд низ ба шукронаи истиқлолият барои таҳкими пояҳои давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, густариши созандагиву бунёдкорӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва нуфузу эътибори байналмилалии Тоҷикистони азиз тамоми нерӯи худро равона созед.
Ҳар кадоми мо бояд шукрона кунем, ки дар давлати озоду соҳибихтиёр зиндагӣ дорем ва баъди чанд моҳ бистумин ҷашни соҳибистиқлолии онро ҷашн мегирем.
Бинобар ин, бояд кӯшиш намоем, ки дар ин ҷашни бузургу муқаддаси миллӣ саҳми арзандаи ҳар яки мо низ бошад.
Саҳми фарзандиву қарзи шаҳрвандии мо дар ин айём, пеш аз ҳама, заҳмати шабонарӯзии содиқонаву софдилона ва тозаву озода кардани  ҳар як хонаву кошона, хиёбону гулгашт,  ба ин амалҳои нек сафарбар намудани ҳар як оила ва тамоми мардуми кишвар ба хотири истиқболи шоистаи ин ҷашни мубораку муқаддаси миллӣ мебошад.
Дар охир ба ҳамаи шумо тандурустӣ ва барори кор орзумандам.

Саломат бошед!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 545

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед