logo

сафарҳо

Гузориш аз сафари кории Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон

Рӯзҳои 24 ва 25 май Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои шиносоӣ бо вазъи соҳаи кишоварзӣ ва доир намудани маҷлиси машваратӣ бо фаъолони вилояти Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, роҳбарияти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилояти Суғд ва ҳамчунин масъулони сатҳи ҷумҳуриявии ин соҳа дар  ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон қарор дошт.
 Боздиди кории Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, аз мавзеи Сайёди Ҷамоати деҳоти Себистони ноҳияи Данғара оғоз ёфт. Дар ин ҷо Сарвари давлат бо фаъолияти хоҷагии ёрирасони назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз наздик шинос шуд.

 Тибқи супоришҳои Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, дар ин ҷо бояд дар майдони беш аз 2 ҳазор гектар боғу токзори намунавӣ бунёд карда, ин мавзеъ ба маҳалли дилкаши сайёҳӣ ва истироҳату фароғат табдил ёбад. То имрӯз бо риояи пешқадамтарин қоидаҳои агротехникӣ аллакай дар майдони 200 гектар боғу токзори намунавӣ бунёд шудааст.
Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, зимни сӯҳбат бо деҳқонону боғпарварон ва мардуми деҳоти атроф онҳоро ба ободонии ин ва дигар мавзеъҳои атроф ҳидоят намуда, таъкид дошт, ки онҳо "оянда дар ин ҷо метавонанд муаррифону тарғибгарони фарҳанги волои заминдорӣ, зебоипарастӣ ва меҳмоннавозии тоҷикон бошанд, зеро ин мавзеъ дар ду паҳлӯи Шоҳроҳи бузурги абрешим қарор дорад". 
Дар  Ҷамоати  деҳоти  Себистон Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, ҳамчунин бо ҷараёни барқарорсозии токзори кӯҳнаи хоҷагии деҳқонии Раҳима аз наздик шинос шуд. Тавре зикр гардид, хоҷагӣ майдони 18 гектар замини токзори кӯҳнаи аз нав барқароршударо дар ихтиёр дорад. Чунонки аён шуд, токзори аз кундаи ниҳолҳои сисола барқароршуда нашъунамои хуб дорад.
Аҳли хоҷагӣ дар як гӯшаи замин барои худ, ҳамчунин картошка кишт намудааст. Онҳо дар миёни қаторҳои картошка парвариши помидорро ба роҳ мондаанд, ки нишонаи истифодаи босамар аз замин аст.
Сипас Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, ба Ҷамоати деҳоти Оқсу ташриф оварда, аз заминҳои кишти ғалла, пахта, сабзавоту полезӣ ва боғҳои хоҷагиҳои деҳқонии он дидан карда, деҳқонону боғпарваронро ба истифодаи босамари заминҳои обӣ, васеъ ба роҳ мондани кишти такрорӣ ва саҳмгузорӣ ба таъмини фаровонӣ дар бозори истеъмолӣ ҳидоят намуд.
Аз ҷамоати Оқсу Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, ба ҷамоати Лолазор ташриф оварда, заминҳои ғаллазор, пахта, сабзавоту полезӣ ва боғутокзори хоҷагиҳои деҳқониро аз назар гузаронд ва бо деҳқонону мутахассисони пешқадами кишоварзӣ сӯҳбатҳои судманд анҷом дод.
Ба Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат ва мутахассисони соҳа фаъолияти хоҷагии деҳқонии Имоми Аъзам ва истифодаи босамари заминҳои обӣ аз ҷониби аҳли заҳмати он басо писанд омад. Ба иттилои Рустам Азимов, раиси хоҷагӣ, дар миёни қаторҳои ниҳолҳои боғи навбунёд парвариши сабзавоту полезӣ хуб ба роҳ монда шудааст ва дар як мавсим то 3 ҳосил ба даст оварда мешавад. Онҳо дар 3 марҳила кишти сабзиро ба роҳ монда, дар тамоми фаслҳои сол ба бозор маҳсулоти тару тоза пешниҳод менамоянд. Дар ин хоҷагӣ, ки 50 гектар замин дар ихтиёр дорад, 60 нафар деҳқону боғпарвар бо кори доимӣ ва маошу шароити хуби заҳмат таъмин гардидаанд.
Тавре аён гардид, яке аз беҳтарин хоҷагиҳои Ҷамоати деҳоти Лолазор хоҷагии Сомонҷон мебошад, ки дорои беш аз 1,5 ҳазор гектар заминҳои боғу токзор, ғаллазор ва сабзавоту полезӣ аст. Зимни боздид аз як қитъаи замини пиёзи барвақтӣ зикр гардид, ки аҳли заҳмати он аз ҳар гектари ин қитъаи 6,5 гектара то 500 - сентнерӣ ҳосил ба даст оварданианд.
Дар заминҳои хоҷагии Сомонҷон кишти тамоми зироатҳо ва парвариши боғу токзор ба таври намунавӣ ба роҳ монда шудааст, ки аз маҳорату таҷрибаи хуби заминдории аҳли заҳмати он гувоҳӣ медиҳад.
Аҳли заҳмати хоҷагӣ тасмим доранд, ки аз заминҳои ғаллаи обӣ то 40 -сентнерӣ ҳосил ба даст оварда, дар майдони беш аз 200 гектар кишти такрории сабзавоту полезиҳоро ба роҳ монанд ва дар таъмини фаровонӣ дар бозори истеъмолии кишвар саҳми намоён гузоранд.
 Нимаи дуюми рӯз Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз боғҳои Ҷамоати деҳоти Корез, ки аксари онҳо ба таври намунавӣ бунёд ёфтаанд, дидан карда, ба боғпарварон барои боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани нигоҳубини ниҳолҳо ва ба даст овардани ҳосили дилхоҳ маслиҳатҳои муфид дод.
Дар мавзеи Маликобаи ҷамоати Корез Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат ва масъулони соҳаи кишоварзии кишвар шоҳиди кори намунавии боғпарварони маҳаллӣ шуданд. Дар ин ҷо парвариши себу нок, биҳӣ, токзор, гелос, бодом ва дигар меваҳои хушлаззат бо риояи беҳтарин усулу технологияҳои боғдорӣ ба роҳ монда шудааст. Яке аз сабабҳои асосии муваффақияти боғпарварони ин мавзеъ табиати биҳиштосо ва иқлими форами кӯҳӣ ва наздикӯҳӣ ба шумор меравад.
25 май Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, ба мавзеи Чашмаи нуқраи ҷамоати деҳоти Оқсу ташриф оварда, бо натиҷаи фаъолияти намунавии боғпарварони он аз наздик шинос шуд. Тавре иттилоъ дода шуд, дар майдони 274 гектари ин мавзеи хушбоду ҳавои кӯҳӣ ва наздикӯҳӣ  беш аз 116 ҳазор бех ниҳоли гуногуни дарахтони мевадиҳанда, ороишию сояафкан ва гулу гулбуттаҳои зебою дилкаш шинонда шудааст. Дар заминҳои ин мавзеъ, аз ҷумла дар миёни қатори ниҳолҳо кишти ғалладонагиҳо ва полезӣ васеъ ба роҳ монда шудааст. Ҳоло дар ин ҷо 120 нафар бо кор ва маоши хуб таъмин гаштааст. Минбаъд бо вусъати бештар пайдо намудани майдони боғҳо дар ин ҷо то 200 нафар метавонад бо кор таъмин гардад.
Сипас Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ноҳияи Данғара бо фаъолони вилояти Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, роҳбарияти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Суғд ва масъулони сатҳи ҷумҳуриявӣ маҷлиси машваратӣ доир намуд.
Дар маҷлис рафти иҷрои буҷети давлатӣ, супоришҳои қаблан додашуда, барномаҳои давлатии соҳаи кишоварзӣ, масоили вобаста ба истифодаи босамари обу замин, омодагӣ ба зимистон ва таҷлили солгарди 20-умини Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон баррасӣ шуд.
Таваҷҷӯҳи асосӣ ба ташкили корҳои судбахш барои истодагарӣ дар муқобили мушкилоти имрӯзаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла болоравии нархи сӯзишворию ва маводи ғизоӣ ва камборишию камобии имсолаи Тоҷикистон зоҳир гардид.
Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон роҳи асосӣ ва самарабахши коҳиш додани таъсири манфии омилҳои берунӣ ва пешгирӣ аз болоравии нархи маводи ғизоӣ ба роҳ мондани истифодаи босамар аз обу замин, кишти такрории сабзавоту полезӣ ва лӯбиёгиҳо ва таъмин намудани фаровонӣ дар бозори истеъмолӣ аст.
"Хушбахтона мардуми заҳматкаши Тоҷикистон дар ин самт таҷрибаи хуб дорад, ба хусус дар соли 2008 дар шароити хушксолии шадид маҳз тавассути васеъ ба роҳ мондани кишти такрорӣ фаровонӣ ва арзонӣ дар бозорҳои кишвар таъмин шуда буд", - ёдовар шуд Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат. 
Таъкид гардид, ки "вилояти Хатлон ва хусусан ноҳияи Данғара метавонанд дар таъмини амнияти озуқавории кишвар нақши намоён гузоранд, зеро имкону захираҳо дар ин ҷо хеле зиёданд ва мардуми заҳматдӯсти  шаҳру ноҳияҳои ин вилоят бояд ин масъулиятро бо сарбаландӣ бар дӯш гирифта, дар татбиқи ин ҳадафи стратегии давлат саҳми арзандаи худро гузоранд".
Тавре зикр гардид, имсол дар зиёда аз 53 ҳазор гектар заминҳои обии вилояти  Хатлон ғалладона кишт карда шудааст. Бо назардошти ин ҳолат Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, дастур дод, ки ҳарчи зудтар ҳосили ғалладона, хусусан ғаллаи истеъмолӣ, ҷамъоварӣ карда шуда, дар ин заминҳо кишти такрорӣ ба роҳ монда шавад.
Таъкид гардид, ки барои захираи дусолаи маводи ғизоӣ ва ҳам хӯроки чорво тамоми тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд.
Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, аз болоравии нархи баъзе маҳсулоти ғизоӣ, аз ҷумла гӯшт дар бозорҳои кишвар изҳори нигаронӣ карда, таъкид дошт, ки ин кор, асосан, аз ҷониби баъзе қаллобону ҷаллобони беинсоф ба таври сунъӣ ташкил мегардад. Аз ин хотир бо муроҷиат ба онҳо ҳушдор дода шуд, ки агар корро аз роҳи адлу инсоф ташкил накунанд, бозоршинию савдогарӣ барои ҳамаи онҳое, ки худ истеҳсол намекунанд, манъ дошта мешавад, то ки худи истеҳсолкунандагон молу маҳсулоташонро бо нархҳои одилона ба фурӯш бароранд.
Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, ҳамчунин барои васеъ намудани майдони боғу токзор, хуб ба роҳ мондани ниҳолпарварӣ, парвариши занбӯри асал ва дар маҷмӯъ афзун намудани ҳаҷми истеҳсолоти ватанӣ супоришҳои мушаххас дод. Барои зиёд намудани истеҳсолу ҷамъоварии меваю сабзавот ва саҳмгузорӣ дар таъмини фаровонӣ ба сохторҳои хоҷагии ҷангал низ супоришҳои қатъӣ дода шуд.
Дар робита ба омодагӣ ба таҷлили сазовори  ҷашни солгарди  20-умини Истиқлолияти давлатии  Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, аз ҷумла таъкид дошт, ки мафҳуми «иншооти ҷашнӣ» бояд аз миён бардошта шавад, зеро тамоми ҳудуди кишвар ба истиқболи ин иди пурифтихор бояд дар маҷмӯъ ободу зебо ва сарсабзу хуррам шавад.
Сипас ахбори Ғайбулло Авзал, раиси вилояти Хатлон ва раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят шунида шуд.
Ғайбулло Авзал аз ҷумла изҳор дошт, ки имсол дар майдони 90 ҳазор гектар заминҳои вилоят кишти такрорӣ ба роҳ монда мешавад.  Зикр гардид, ки дар майдони 12 ҳазор гектар полезиҳо кишт мегардад. Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, дастур дод, ки дар тамоми заминҳои полезӣ баъди ҷамъоварии ҳосил кишти тирамоҳии ғалладона ба роҳ монда шавад ва таъкид дошт, ки аз ҳар гектари чунин заминҳо то 50-60 - сентнерӣ ғаллаи хушсифати тухмӣ рӯёндан мумкин аст.
Дар ахбори Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Суғд, аз ҷумла зикр гардид, ки тайи чанд соли охир дар вилоят 81 корхонаи нави саноатӣ бо 7 ҳазор ҷойи корӣ ва дар 4 моҳи соли равон 16 корхона бо 1100 ҷойи корӣ сохта ба кор дароварда шуд. Иҷрои буҷети давлатӣ дар 4 моҳи соли равон дар  ҳаҷми 112,2% таъмин шудааст. Тибқи иттилои раис, имсол дар вилояти Суғд майдони кишти картошка ҳазор гектар афзуд ва бояд то 300 ҳазор тонна ҳосили ин зироат ҷамъоварӣ шавад. Кишти такрорӣ дар майдони 35,2 ҳазор гектар бояд ба роҳ монда шавад.
Қодири Қосим, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, дар гузориши худ иброз дошт, ки ҳосили зироатҳо ва боғот дар вилоят нисбат ба соли гузашта беҳтару бештар аст. Дар 4 моҳи соли равон 10 корхонаи хурди саноатии аз кор бозмонда дубора ба кор дароварда шуд. Саршумори қутос ба 20 ҳазор сар расонда шуд. Дар 1,5 ҳазор гектар замини ноҳияҳои Ванҷу Дарвоз кишти такрорӣ ба роҳ монда мешавад. Корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи ҷашни 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон муташаккилона идома доранд.
Доир ба натиҷаҳои кор ҳамчунин Қосим Қосимов, вазири кишоварзӣ, Сироҷиддин Валиев, раиси ҷамъиятҳои Тоҷикматлубот ва раисони шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ гузориш доданд.
Майдони кишти картошка дар ноҳияи Ҷиргатол имсол ба 3 ҳазор гектар расонда мешавад ва ҳосили интизории ин зироат дар ноҳия 30 ҳазор тонна аст. Дар ноҳияи Рашт майдони кишти картошка бояд ба 2 ҳазор гектар расонда шавад. Чунонки айён гардид, ҳамаи ноҳияҳои картошкапарвар, аз ҷумла ноҳияҳои водии Рашт, барои зиёд намудани майдони кишти картошка талош доранд.
Тибқи супоришҳои Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат ва бо назардошти афзоиши талабот ба картошка дар дохил ва хориҷи кишвар истеҳсоли ин маҳсулот бояд 2 баробар зиёд карда шавад. Таъкид гардид, ки иҷрои босамари ин супориш метавонад боиси болоравии иқтидори содиротии Тоҷикистон гардад.
Ба раисони шаҳру ноҳияҳои водии Ҳисор ва Рӯдакию Ваҳдат барои ҷамъоварии саривақтии ғалладонагиҳо, васеъ ба роҳ мондани кишти такрорӣ, афзун намудани истеҳсоли меваю сабзавот ва шолӣ супоришҳои мушаххас дода шуд.
Дар маҷлиси машваратӣ ҳамчунин роҳбарони як қатор хоҷагиҳои пешқадами деҳқонӣ, ки кори намунавӣ доранд, аз таҷрибаҳои ибратбахши худ ҳикоят намуданд.
Маҳмадулло Сайдалиев, раиси ноҳияи Данғара, дар гузориши худ аз ҷумла изҳор дошт, ки аҳли заҳмату кишоварзони ноҳия омодаанд, ки ба шаҳру ноҳияҳои дорои имконоти маҳдуди ғаллакорӣ ва ҷамъоварии хӯроки дурушти чорво дасти кӯмак дароз намоянд, зеро ин ноҳия заминҳои зиёд ва имкону захираҳои фарох дорад.
Дар охир Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, аз маҷлиси машваратӣ натиҷагирӣ намуда, масъулони маҳаллӣ ва ҷумҳуриявии соҳаи кишоварзӣ ва дигар соҳаҳои марбут ба таъмини фаровонӣ дар бозори истеъмолӣ ва ҳар як фарди ба ин кор алоқамандро ба масъулияти баланди ватандорӣ ва саҳмгузории арзанда дар ин раванди басо муҳим ҳидоят намуд. Изҳори боварӣ карда шуд, ки мардуми шарифи кишвар ҷашни пурифтихори солгарди 20-умини Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азизро бо фаровонию арзонӣ дар бозор, дастурхони пур аз нозу неъмат ва нишондодҳои арзишманди ободонӣ ва бунёдкорию созандагӣ истиқбол мегиранд.

www.president.tj


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 740

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед