logo

маориф

Таълими динӣ дар хориҷи кишвар ба танзим медарояд

Минбаъд таълими динӣ дар хориҷи кишвар, аз ҷумла дар мактабҳои олии динии мамолики  хориҷӣ, танҳо баъд аз гирифтани таҳсили динӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо ризояти хаттии мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин ва соҳаи маориф иҷозат дода мешавад. Ин нукта дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар зимни баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  "Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ" таъкид гардид.
Абдураҳим Холиқов, раиси Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, иброз дошт, ки лоиҳаи қонун ба мақсади ба низом даровардани таълими динии шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар хориҷи кишвар таҳия шудааст.
Таҳлилҳо собит намуданд, ки солҳои охир нерӯҳои гуногун теъдоди зиёди ҷавононро ба мактабу мадрасаҳои динии кишварҳои хориҷӣ ҷой карда, тафаккур ва дидгоҳи ақидавии онҳоро бо андешаҳои тафриқаангез ва мухолифи мазҳаби аҷдодӣ омехта намуда, ба суботу амнияти динӣ ва фарҳангии кишвари мо халал ворид сохтанд.
Таҷрибаи давлатҳои пешрафтаи миллӣ гувоҳи он аст, ки дар фазои озоди ҷомеаи шаҳрвандӣ андеша ва тафаккури  динӣ ниёз ба ҳимояи ҷиддӣ дорад. Раиси кумита таъкид ба он дошт, қабули лоиҳаи  қонуни мазкур имкон фароҳам меорад, ки раванди гирифтани таълими динии шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷи кишвар ба низом дароварда шуда, суботу амнияти фазои тафаккури динии кишвар таъмин карда шавад. Давлаталӣ Давлатзода, раиси Комиссияи Маҷлиси намояндагон оид ба озодии вакилон, тазаккур дод, ки аксари  мусулмонони Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ пайравони як мазҳабанд. Вале аксари кишварҳое, ки шаҳрвандони Тоҷикистон барои гирифтани таълими динӣ  ба он ҷоҳо мерафтанд, пайравони дигар мазҳабҳоянд. Аз ин сабаб он бетаъсир буда наметавонад ва дар баъзе ҳолатҳо ба ихтилофҳо дар ҷомеа оварда мерасонад.
Мавсуф талаботи лоиҳаи қонунро оид ба таълими ҳатмии динӣ гирифтани шаҳрвандони Тоҷикистон, ки барои таҳсил ба хориҷи кишвар мераванд, зарур шуморид.
Зимни пурсишу посухи вакилон зикр гардид, ки дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон 1411 нафар донишҷӯ ба таҳсил фаро гирифта шудааст. Ғайр аз ин 19 мадраса, ду мактаби динӣ-дунявӣ ва як гимназия фаъолият дорад, ки теъдоди толибилмон дар маҷмӯъ ба 6 ҳазор нафар  мерасад.

Мунаввари САФАР,
"Ҷумҳурият"


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 678

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед