logo

номаҳо

Камбудиҳои ошкоргашта ислоҳ шуданд

Ҳар санҷиш ва назорате, ки аз тарафи мақомоти давлатӣ, хусусан мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, гузаронида мешавад, пеш аз ҳама ба манфиати ҳамон идораву ташкилот, корхонаву муассиса, дар маҷмӯъ бар суди ҷомеа мебошад.
Роҳбарият ва кормандони Муассисаи давлатии "Боғи ҳайвоноти шаҳри Душанбе" ҷонибдори чунин санҷишҳо буда, мақолаи Бахтиёр Валиев, сардори шӯъбаи назорати умумии Прокуратураи шаҳри Душанбе, мушовири адлияи дараҷаи 2- "Пойтахт: истифодаи аттраксионҳо қатъ гашт"-ро ("Ҷумҳурият", 30.04.2011, № 60-61)  мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор доданд. Камбудӣ ва норасоиҳое, ки дар боғи ҳайвонот аз ҷониби мутахассисон ва кормандони прокуратура ошкор гардиданд, ислоҳи пурраи худро ёфтанд.
Ягона чархофалаке, ки бо номи "Офтобак" дар боғи ҳайвонот мавҷуд аст, айни замон ҳолати хуби техникӣ дорад. Мо бо ҶДММ "Васл -саноат" ба муддати 4 сол шартномаи ҳамкорӣ бастем. Аттраксион аз қайди давлатӣ ва ташхиси техникӣ гузаронида шуд. Ҷадвали таъмир ва китоби муоинаи техникӣ ташкил кардем. Инчунин, дастурамали вазифавӣ ва фармоиш дар бораи тақсими вазифаҳо мавҷуд аст. Мувофиқи талаботи қонунҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ шароити меҳнат ба талаботҳои бехатарӣ ва гигиенӣ ҷавобгӯ мебошад.
Роҳбарият ва кормандони Муассисаи давлатии "Боғи ҳайвоноти шаҳри Душанбе" аз чунин санҷишҳо хулосаи даркорӣ бароварда, кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки то ҷашни 20 -солагии Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ боғро боз ҳам ободу зеботар гардонда, дар сарсабзии пойтахти Ватан -шаҳри Душанбе саҳми назаррас гузоранд.

Н. САТТОРОВ,
директори Муассисаи давлатии
 "Боғи ҳайвоноти шаҳри Душанбе"


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 689

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед