logo

суханрониҳо

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон, ш. Душанбе, 1 июни 2011

Фарзандони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!

Аз рӯи анъана ҳар сол рӯзи якуми июн дар аксари кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистони мо, ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон таҷлил мегардад. Ин сана солҳост, ки дар миёни мардуми мо ҳамчун яке аз рӯзҳои муҳим маҳбубият дорад.
Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ҳанӯз 62 сол муқаддам бо қарори Анҷумани Шӯрои федератсияи байналмилалии демократии занон таъсис ёфта, бори аввал соли 1950 дар даҳҳо кишвари дунё таҷлил гардида буд. Ин сана ба мо - калонсолон ҳамеша ҳушдор медиҳад, ки масъулияти саломатӣ, тарбияи маънавии кӯдакону наврасон, фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбияи онҳо дар мактаб ва оила, инкишофи эҷодиёти бачагон ва тайёр намудани онҳо ба зиндагии оянда ба дӯши мост. Мо онҳоро бояд дӯст дорем ва меҳру муҳаббати худро дар вуҷуди поки кӯдакон ҷой диҳем.
Аз ин рӯ, ин санаи некро ҳамчун рӯзи баробариву бародарӣ ва ҳифзи манфиатҳои кӯдакони ҷаҳон ба ҳамаи шумо ва дар симои ҳар як кӯдаки Тоҷикистони азиз ба кӯдакони тамоми сайёра самимона табрик мегӯям.
Воқеан, кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Зеро ба дунё омадани тифл дар ҳар як оила хушбахтиву иқболи нек меорад ва чун зангӯлаи идомаи ҳаёт садо медиҳад.
Ҳоло дар ҷаҳон бо қабули даҳҳо санадҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Конвенсия оид ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, Конвенсияи Созмони ҷаҳонии меҳнат оид ба барҳам додани шаклҳои вазнини меҳнати кӯдакон ва монанди инҳо барои ҳифзи ҳаёт ва инкишофи кӯдакон заминаи устувор фароҳам оварда шудааст. Бо вуҷуди ин, ҳанӯз дар дунё теъдоди зиёди кӯдакон ба мушкилоти ҷиддии иқтисодиву иҷтимоӣ дучор мегарданд ва на ҳамаи онҳо зиндагии шоиста доранд. Тибқи маълумоти Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар ҷаҳон беш аз нисфи ноболиғон дар хонаводаҳое умр ба сар мебаранд, ки дар онҳо хушунати ҷисмониву равонӣ ҷой дорад ва ҳамарӯза аз даҳ кӯдак як нафар дучори озори калонсолон мегардад.
Дар баъзе кишварҳои Осиёву Африқо кӯдакон зери таҳдиди гуруснагӣ, бесаводӣ, задухӯрдҳои низомӣ ва сироят гардидан ба бемориҳои вазнин зиндагӣ мекунанд. Шумораи фавти кӯдакон дар ин кишварҳо нисбат ба мамлакатҳои пешрафта ду баробар зиёд аст ва беш аз 140 миллион кӯдакон, ки аз нисф зиёди онҳоро духтарон ташкил мекунанд, аз муассисаҳои томактабӣ ва таълимӣ дур мондаанд.
Бо дарназардошти аҳамияти бузурги ин масъала, мо аз ибтидои давраи истиқлолияти давлатӣ Конвенсия оид ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, Конвенсияи Созмони ҷаҳонии меҳнат оид ба барҳам додани шаклҳои вазнини меҳнати кӯдакон ва дигар асноди байналмилалиро эътироф карда, дар ин замина санадҳои дахлдори меъёрии ҳуқуқии кишварамонро бо муқаррароти онҳо мутобиқ сохтем.
Минбаъд бо мақсади ҳимояи ҳуқуқи кӯдак ва иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор тадбирҳои мушаххас андешида шуданд. Дар назди Ҳукумат  комиссия дар бораи ҳуқуқи кӯдак таъсис ёфта, Нақшаи миллии амалиёт оид ба ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои кӯдак барои солҳои 2003-2010 ва Стратегияи миллӣ оид ба саломатии кӯдакон ва наврасон барои давраи то соли 2015 қабул гардиданд.
Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар ҷаҳон аз рӯи нишондиҳандаҳои синну сол яке аз давлатҳои ҷавон ба ҳисоб рафта, имрӯз 35 фоизи сокинони мамлакатамонро кӯдакону наврасон ташкил медиҳанд. Онҳо таҳти ғамхории доимии давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор доранд. Зеро Тоҷикистон тибқи Конститутсияи худ давлати иҷтимоист ва барои ҳифзи иҷтимоии кӯдакону наврасон, аз ҷумла гурӯҳҳои ниёзманду камбизоати аҳолӣ, вазифадор мебошад. Инчунин ҳамаи кӯдакони мамлакат узви соҳибҳуқуқи ҷомеаи мо буда, барои табобат, таҳсил ва фароғат ҳуқуқи комил доранд.
Дар Эъломияи ҷаҳонии ҳуқуқи башар таъкид шудааст, ки "кӯдак бинобар норасоии камолоти ҷисмонӣ ва фикриаш ба ҳимояву ғамхории махсус, аз ҷумла ба ҳифзи ҳуқуқ ҳам дар давраи то таваллуд ва ҳам баъди он эҳтиёҷ дорад". Аз рӯи ин меъёр, инчунин дар асоси ҷавҳари инсонпарастонаи анъанаву суннатҳои мардуми куҳанбунёду тамаддунсози тоҷик давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ба кӯдакону наврасоне, ки имконияти ҷисмонӣ ва вазъи иҷтимоияшон нисбатан маҳдуд аст, як силсила бартариву имтиёзҳоро муқаррар намудааст.
Бо мақсади таъмини ҳифзи иҷтимоии кӯдакон, хусусан кӯдакони маъюб, оид ба нигоҳубину парасторӣ, таҳсили бепул, таъминот бо нафақа, хобгоҳ, ҷои кор ва беҳтар намудани вазъи моддии кӯдакон аз ҷониби Ҳукумат  то ба имрӯз тадбирҳои зиёде андешида шудаанд ва мо ин равандро минбаъд низ идома медиҳем.
Яке аз масъалаҳои мубрами ҳаёти кишвари мо бо таҳсил фаро гирифтани кӯдакону наврасон мебошад. Давлат таълими умумии асосии ҳатмии ройгонро дар муассисаҳои таҳсилоти давлатӣ кафолат медиҳад.
Дар айни замон фарогирии хонандагон ба муассисаҳои таҳсилот 99 фоизро ташкил медиҳад, ки ин нишондиҳанда нисбат ба солҳои гузашта хеле зиёд мебошад.
Хурсандиовар аст, ки солҳои охир наврасону толибилмони муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвари мо дар озмунҳои фаннӣ ва мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ ҳам дар дохили мамлакат ва ҳам хориҷ аз он мунтазам ва фаъолона ширкат варзида, соҳиби мақоми баланд ва медалу ҷоизаҳо мегарданд. Зарур аст, ки ин кӯшишу ғайрати фарзандони мо минбаъд низ дастгирӣ ва ташвиқ карда шавад ва ҳамсинфону ҳамсолони онҳо низ талош намоянд, ки бо онҳо баробар шаванд.
Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид ва бедор кардани завқи эстетикии кӯдакону наврасон, мо,  махсус барои онҳо чанд сол пеш Муассисаи давлатии телевизиони "Баҳористон"-ро таъсис додем, инчунин нашрияҳои бачагонаи "Анбоз", "Чашма", "Истиқбол" ва боз чанде дигар фаъолият доранд, ки ҳамасола китобҳои бачагона ва дигар матолибро бо теъдоди зиёд ба чоп мерасонанд.
Аз ҷониби давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон барои таълиму тарбияи ҳамаи гурӯҳҳои кӯдакону наврасон шароит муҳайё карда шудааст. Аз ҷумла барои фаро гирифтани кӯдакони душвортарбия дар мамлакат мактаби махсус фаъолият дорад, ки таълим дар ин муассиса дар доираи барномаҳои махсус сурат гирифта, барои хонандагон шароити хуби зист ва таълиму тарбия фароҳам оварда шудааст.
Ҷашнвора ё фестивали эҷодиёти бадеии ҷавонон ва наврасон бо номи "Сапеда", ки аввалин маротиба бо дастгирӣ ва маблағгузории Ҳукумати Тоҷикистон дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат гузаронида шуд, аз ҷумлаи тадбирҳое мебошад, ки Ҳукумати мамлакат ба хотири рушди маънавӣ ва тарбияи зебоишиносии наврасону ҷавонон амалӣ менамояд.
Вазорати фарҳанг бо супориши Ҳукумати Тоҷикистон аз ҳисоби мутахассисони касбии соҳаи санъат гурӯҳи корӣ ташкил намуда, ин чорабиниро аз моҳи марти соли равон оғоз кард, ки мову шумо имрӯз ба ифтихори Рӯзи ҳифзи кӯдакон дар ҷамъбасти он ширкат дорем.
Мақсади асосии ҷашнвора пайдо ва муайян намудани захираи кадрии соҳаи фарҳангу санъат мебошад ва ғолибон-наврасони ноҳияҳои дурдасти мамлакат минбаъд таҳсили касбии худро дар таълимгоҳҳои санъат идома хоҳанд дод.
Дар ҷараёни ин ҷашнвора ва интихоби беҳтаринҳо хори бачагонаи Тоҷикистон таъсис ёфт, ки 280 нафар наврасони соҳибистеъдодро дарбар мегирад. Инчунин ансамбли рубобнавозон барқарор гардида, оркестри созҳои халқии бачагона ва ансамбли скрипканавозон ташкил карда шуд.     
Вале дар баробари андешидани ҳамаи тадбирҳои зикршуда аз тарафи баъзе наврасону ноболиғон содир кардани қонуншиканӣ ва ҷиноят, ҳатто ҷиноятҳои вазнин ба назар мерасад.
Масалан, дар давоми се моҳи аввали соли ҷорӣ дар қаламрави мамлакат 142 ҷинояти аз ҷониби  ноболиғон содиршуда ба қайд гирифта шудааст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аксари ҷиноятҳои ноболиғон ба иллати назорати сусти волидайн ва бетарафии мактабу ҷомеа, тақлид ба қаҳрамонони филмҳои дорои хусусияти зӯроварӣ, ширкат дар марказҳои дилхушӣ ва истеъмоли шаробу маводи мухаддир сар  задаанд.
Мо бояд пеши роҳи ин тамоюли номатлубро бо тамоми усулу воситаҳо гирем. Яке аз ҳадафҳои қонуни ба қарибӣ таҳияшуда "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд", ки имрӯзҳо дар баррасии мақоми олии қонунгузори мамлакат, яъне Маҷлиси Олӣ қарор дорад, низ ҳамин аст.
Мо баъди қабули ин қонун тавассути татбиқи он мехоҳем, ки дар баробари давлату Ҳукумат падару модарон масъулияти худро бештар дарк кунанд ва вазифаҳои ба зиммадоштаашонро иҷро намоянд. Танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем дар самти таълиму тарбияи фарзанд ба натиҷаҳои назаррас ноил гардем.
Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон натанҳо рӯзи таърихӣ, балки айёми ба ҷомеа ёдовар шудан аз зарурати риоя ва эҳтироми ҳуқуқи кӯдак ва фароҳам овардани шароит барои ташаккули ҷомеаи инсонпарвару адолатпарвар аст. Аз ин лиҳоз, ин рӯз иди калонсолон низ мебошад. Зеро кӯдакон ниёз ба ғамхории доимӣ доранд ва калонсолон дар таъмини ниёзу эҳтиёҷоти онҳо масъуланд.
Яке аз ҳуқуқҳои бунёдии кӯдакон ҳуқуқи якҷо бо падару модар зиндагӣ кардан ва дар оилаи солим тарбия ёфтан аст. Мутаассифона, имрӯз имкониятҳои тарбиявии оила то андозае суст шуда, шумораи кӯдаконе, ки аз муомилаи ноадолатонаи падару модар азият мекашанд, афзудааст.
Илова бар ин, ҳолатҳое низ ба назар мерасанд, ки ба ташаккули кӯдак таъсири манфӣ мерасонанд. Аз ҷумла ҳолатҳои ба қайд нагирифтани таваллуди кӯдак то ба ҳол ҷой дошта, баъзе падару модарон танҳо ҳангоми мактабравии фарзандонашон барои гирифтани шаҳодатнома муроҷиат мекунанд.
Ҳолатҳои маҷбуран ба шавҳар додани духтарон, аз ҷумла духтарони ноболиғ ҳам ҷой доранд. Дар ин самт баъзе падару модарон фарзандони худро маҷбур мекунанд, ки таҳсилро баъд аз синфи нӯҳ қатъ намоянд.
Ҳарчанд ки мо то имрӯз ба кӯдакон тамоми шароити мусоиди меъёрии ҳуқуқӣ ва ҳаддалимкон зиндагии озоду осударо фароҳам овардаем, лекин ҳанӯз кӯдакон яке аз гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа ба ҳисоб мераванд. Тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ нишондиҳандаи фавти модару кӯдак дар қаламрави кишварамон кам шудааст, вале, мутаассифона, шумораи умумии фавти модарон дар муқоиса ба соли 2009 нисбатан зиёд мебошад.
Соли гузашта Ҳукумати Тоҷикистон  Стратегияи миллии ҳифзи саломатии аҳолиро барои солҳои 2010-2020 тасдиқ намуд, ки дар он масъалаи беҳдошти саломатии модару кӯдак мақоми асосӣ дорад. Танҳо дар соли сипаришуда дар натиҷаи таъмин намудани таваллудхонаҳо ва бунгоҳҳои тиббӣ бо таҷҳизоти наву ҳозиразамони тиббӣ беш аз 50 ҳазор тифлони навзод ва наздики 200 ҳазор кӯдакони синни то 5-сола дар шаҳру ноҳияҳои кишварамон имконият пайдо карданд, ки аз нигоҳубин ва хизматрасонии тиббии сифатан баланди замонавӣ бархурдор гарданд. 
Давлат дар фаъолияти худ меъёрҳои байналмилалиро оид ба ҳимояи ҳуқуқ ва озодии  кӯдакон қадам ба қадам амалӣ мегардонад. Дар кишвари мо ҳимояи ҳуқуқ, ҳифзи саломативу ҳаёти кӯдак, фароҳам овардани шароит барои таҳсилоти ӯ аз ҷумлаи самти афзалиятноки сиёсати давлат мебошад.
Ба ҷомеаи мутамаддин аз рӯи меъёре баҳо медиҳанд, ки дар он нисбат ба ниёзмандтарин қишри ҷомеа, яъне кӯдакони ятиму маъюбон ва мӯйсафедон чӣ гуна муносибат мекунанд. Аз ин рӯ, танҳо саъю талоши дастаҷамъонаву муштараки ниҳодҳои давлатӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва ҳар як шаҳрванди мамлакат метавонад ба зиндагии фарзандони кишвар хушбахтӣ ва оромиву осудагӣ бахшад.
Ҳозирини гиромӣ!
Дар пеш моро уфуқҳои боз ҳам фарохтару пуранвор интизоранд. Мо итминони комил дорем, ки  шинохти дирӯзу имрӯзу фардо, ифтихор аз ваҳдату давлатдории миллӣ ва ба шукронаи соҳибистиқлоливу соҳибдавлатӣ ғамхорӣ кардан дар ҳаққи кӯдакон ва ҳамчун насли солиму созанда тарбия кардани онҳо мардуми моро ба соҳили мурод мерасонад.
Танҳо набояд фаромӯш кард, ки барои рушди ҳаматарафаи кӯдак ва инкишофи ҷисмониву зеҳнии вай фазои орому озод, муҳити пурмуҳаббат ва эҳсоси ғамхорӣ нисбат ба ӯ лозим аст. Ояндаи ҷомеа дар дасти кӯдакони имрӯз  аст, ки фардо ба воя расида, ҷомеаро идора мекунанд. Аммо онҳо чӣ гуна ба воя мерасанд ва ҷомеаро чӣ гуна идора мекунанд, аз мо - калонсолон вобаста мебошад. Инро бояд ҳар кадоми мо ҳамеша дар ёд дошта бошем. Яъне кӯдакро мо бояд барои ҳаёти мустақилона дар ҷомеа ба таври шоиста омода кунем. Ӯро бояд дар рӯҳи сулҳдӯстӣ, меҳнатдӯстӣ, таҳаммулпазирӣ ва ахлоқи неку ҳамида тарбия намоем.
Чунонки ҳамаи шумо медонед, пас аз чанд моҳи дигар мо ҷашни бистсолагии истиқлолияти давлатии Ватани маҳбубамонро таҷлил менамоем. Истиқлолият сарчашмаи хушбахтиву хушрӯзӣ ва сарбаландиву ифтихори тамоми мардуми кишварамон аст. Вазифаи шумо - кӯдакону наврасони азиз ҳамчун насли хушбахти даврони истиқлолият ва ворисони сазовори миллату давлат дар навбати аввал азхуд кардани илмҳои замонавӣ ва технологияҳои муосир, хониши хубу аъло, рафтори намунавӣ, эҳтироми калонсолон, хусусан падару модарон иборат мебошад.
 Ҳамзамон бо ин, шумо бояд Ватан - Модари худро бо меҳру муҳаббат ва садоқати бепоён дӯст доред, ба арзишҳои ҷовидонии миллӣ арҷ гузоред ва ниҳоят ҳамқадами замон бошед.
Бо ҳамин ниятҳои нек,  ҳамаи кӯдакони Тоҷикистони маҳбубро бори дигар ба муносибати ин иди байналмилалӣ табрик гуфта, умед дорам, ки ҳар кадоми шумо - кӯдакону наврасони азиз дар оянда сазовори номи баланди фарзандони фарзонаи миллати тоҷдори тоҷик мегардед.
Ба ҳамаатон саломативу хушбахтӣ ва ба Тоҷикистони азизамон сулҳу оромӣ ва осмони соф орзумандам.
Хушбахту баландиқбол бошед, фарзандони азиз!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 729

20.11.2018


СУҒД. Оғози сохтмони раёсати маориф

ЛЕВАКАНТ. Конфронси илмӣ - назариявӣ ба ифтихори Иҷлосияи XVI

"Парасту" дар Тоҷикобод

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машварат дар Тошканд ҷамъ меоянд

Финляндия ҷонибдори ҳузури Россия дар Шӯрои Аврупо

Вазорати маорифи Афғонистон 30 ҳазор занро ба кор мегирад

Баррасии рушди инклюзивии иқтисоди қитъа дар Гвинея Папуаи Нав

Ҷаҳон дар як сатр

АНВАР ЮНУСОВ СОҲИБИ КАМАРБАНДИ WBF

"СОРО КОМПАНИЯ" ҒОЛИБИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед