logo

президент

Дар Бадахшон соҳаи агросаноатӣ рушд мекунад

30  май таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар,  маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо баррасии масъалаи кадрҳо ва тасдиқи Нақшаи кори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи дуюми соли 2011 оғоз ёфт.
Сипас ҳисоботи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ оид ба ҷараёни иҷрои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муҳоҷирати дохилӣ ва экологӣ шунида шуд. Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, дастур дод, ки иҷрои пурраю саривақтии қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба муҳоҷирати дохилӣ ва экологии аҳолӣ бо бунёди шаҳраку деҳаҳои муосири дорои инфрасохтори зарурӣ таъмин карда шавад.
Қодири Қосим, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, доир ба рафти иҷрои Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар давраи то соли 2015, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 июли соли 2006 тасдиқ гардида буд, ҳисобот дод. Аз ҷумла зикр гардид, ки аксари нишондодҳои барномаи мазкур бо пешравӣ аз нақшаи тасдиқшуда амалӣ мешаванд. Дар 5 соли татбиқи барнома дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон беш аз 26 ҳазору панҷсад ҷойи корӣ муҳайё гардидааст. Натиҷаҳои хуб аз ҳама бештар дар соҳаи агросаноатӣ ба назар мерасанд, зеро ҳаҷми истеҳсолот дар ҳамаи бахшҳои ин соҳа дар соли 2010 нисбат ба нишондодҳои дар барнома муайяншуда аз 12 то 81% зиёд иҷро шудаанд. Дар зарфи 5 сол дар вилоят 73 мактаб бунёд ёфта, 12 мактаби дигар дар ҳоли сохтмон қарор доранд. Ҳамин гуна пешравиҳо дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ, аз ҷумла саноат, нақлиёт, тандурустӣ, фарҳанг, варзиш ва ғайра ба назар мерасанд.
Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз тасдиқ гардид, сохторҳои масъули ҷумҳуриявию маҳаллӣ вазифадор шуданд, ки барои таъмини иҷрои пурраи барномаи мазкур ва идомаи рушди босуботи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, аз ҷумла доир ба ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ ба бунёди корхонаи саноатии семент дар ноҳияи Ванҷ, сехҳои коркарди сангҳои ороишӣ дар ноҳияҳои Ванҷ, Рӯшон, Ишкошим, корхонаи дӯзандагӣ дар шаҳри Хоруғ, барқарор намудани хатти обу корези шаҳри Хоруғ ва маркази навбунёди ноҳияи Шуғнон ва сохтмони нерӯгоҳҳои барқӣ дар минтақаҳои гуногуни ин вилоят чораҳои мушаххаси иловагӣ амалӣ намоянд. Тибқи ин қарор, ҳамчунин доир ба вусъат додани корҳои геологӣ-иктишофӣ, суръат бахшидани сохтмону навсозии роҳҳои мошингарди Дарвоз-Хоруғ-Кулма, таъмини кори беисти гузаргоҳи сарҳадии Кулма дар ҳамаи фаслҳои сол, таъмини хоҷагиҳои кишоварзии вилоят бо тухмиҳои хушсифати зироатҳо, мустаҳкам намудани соҳили рӯду дарёҳо, муҳайёсозии заминаи моддию техникии рушди туризм, дастгирии бештари соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва дигар корҳои мушаххас бояд амалӣ карда шаванд.
Қоидаҳои таҳия ва амалӣ намудани фармоиши давлатӣ оид ба тайёркунии касбӣ, азнавтайёркунӣ ва такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Стратегияи давлатии рушди бозори меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020, Барномаи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш барои солҳои 2011-2015 ва дигар санадҳои барномавӣ тасдиқ шуданд.
Дар назди Агентии миллии иттилооти Тоҷикистон "Ховар" Корхонаи воҳиди давлатии радиои "FM Ховар" таъсис дода шуд.
Ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд 243,11 гектар замин барои тақсим ба 1700 оилаи ба сохтмони манзили зист ниёздошта ҷудо карда шуд.
Дар охири маҷлис Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, дастур дод, ки доир ба таҳияи лоиҳаи нави Кодекси андоз комиссияи ҳукуматӣ таъсис дода шуда, ин санади муҳими давлатӣ бо назардошти таҷрибаи кишварҳои пешрафта ва таклифу дархостҳои андозсупорандагон таҳия ва пешниҳод карда шавад.
Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар,  таваҷҷӯҳи ҳозиронро, ҳамчунин ба ҳифзи бозори истеъмолӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ тавассути таъмини фаровонию арзонӣ, истифодаи сарфакоронаи маблағҳои буҷетӣ, барқу газ ва дигар навъҳои сӯзишворӣ ҷалб намуда, ба масъулони дахлдор супоришҳои мушаххас дод.
Таваҷҷӯҳи зиёд, ҳамчунин ба омодагӣ ба таҷлили сазовори ҷашни солгарди 20-умини Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азиз, аз ҷумла вусъат додани корҳои созандагию бунёдкорӣ, ободонӣ ва бо сифати баланд анҷом додани корҳои сохтмонӣ зоҳир гардид.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 849

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд

КОРРУПСИЯ. 2047 ҷиноят ошкор гардид

САНОАТ. Беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулот содирот шуд

САРМОЯИ МУСТАҚИМ. Воридот дар ҳоли афзоиш аст

ОБ. Таъминоти аҳолӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

АВҶИ ОБОДКОРИҲО ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

12.02.2019


АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО АЗ КАШФИЁТИ НАВ ТО САНОАТИ ДОРУСОЗӢ

КӮЛОБ. Содироти 825 тонна маҳсулоти кишоварзӣ

ДАНҒАРА. Саноатикунонӣ вусъат мегирад

ФУРУДГОҲҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Сатҳи хизматрасонӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДК. Авлавият ба сатҳи касбият ва таълим

САДА. Тантанаи ҷашни миллӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

11.02.2019


ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ. 2018 - соли муваффақиятҳо буд

КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 1 миллион сайёҳ ба Тоҷикистон омад

МТС. Ҳамкориҳо бо Ӯзбекистон густариш меёбанд

ВМКБ. Гумрукчиён ба буҷет 16,9 миллион сомонӣ ворид карданд

ҲИСОР. Саҳми назарраси соҳибкорон дар ободонии шаҳр

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 1 миллиард сомонӣ расид

ВАРЗОБ. Таваҷҷуҳи сайёҳон ба нуқтаҳои истироҳатӣ афзудааст

08.02.2019


Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ. Музди миёнаи меҳнат - 1220 сомонӣ

КУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО. Сифати кори шабакаҳо беҳтар мешавад

КҲФМГ. Офатҳои табиат 34 миллион самонӣ хисорот овард

Саноатикунонӣ дар Шаҳринав

Меъёри бозтамвил ба 14 дарсад поён фаромад

ШАҲРИ ВАҲДАТ. Иҷрои барзиёди андози иҷтимоӣ

ТАНЗИМ. Қонуншиканӣ коҳиш ёфтааст

СОҲИЛ. Корҳои мустаҳкамсозӣ вусъат меёбанд

ДДСТДТ. Авлавият ба рушди ҳунарҳои мардумӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед