logo

илм

Забони илмӣ чӣ мушкилот дорад?

Забони илмӣ як шохаи муҳими забони миллӣ буда, дар заминаи донишҳои тахассусӣ  ба вуҷуд меояд. Тавассути забони илмии миллӣ пеш аз ҳама адабиёти илмиву таълимӣ эҷод карда мешавад. Маъмулан забони илмӣ  дар ҷомеа се вазифаи таърихии муҳимро иҷро менамояд: якум, захира кардани донишҳо ва аз насл ба насл интиқол додани онҳо; дуюм, густариш додани донишҳо ва баланд бардоштани тафаккури илмии ҷомеа, сеюм, таъмини муомилоту муошироти афроди илмпеша ҷиҳати ба даст овардан ва такмил додани донишҳо.

Забони илмии тоҷикӣ, ки дар  замони нав  рӯ ба эҳё ва эҷоди тоза дорад, дар айни вақт ба баъзе мушкилот мувоҷеҳ аст. Яке аз мушкилоти асосӣ масъалаи сохтани муодилҳои тоҷикии истилоҳоти илмии техникӣ ва  муносибат ба истилоҳоти байналмилалии илмии техникӣ аст. Ба назари мо дар забони илмии тоҷикӣ низ дар мавридҳои зарурӣ пазируфтан ё худ иқтибос кардани  истилоҳоти байналмилалии илмии техникӣ ногузир аст, зеро илм аз рӯйи табиати худ байналмилалист  ва забону истилоҳоти он низ табиати байналмилалӣ доранд.
Истилоҳпазирӣ аз забонҳои  муқтадири  илмӣ  яке  аз  роҳҳои  асосии  истилоҳофарӣ  дар  ҳар  як  забони  миллӣ  мебошад. Ин  роҳи  дар  шакли  тайёр  ва  баъзан  бо  каме  тағйирот  пазируфтани истилоҳоти  байналмилалӣ, хусусан истилоҳоти забонҳои  классикии  илм (юнонӣ ва лотинӣ) ва ҳамчунин  истилоҳоти забони муосири илм (англисӣ, фаронсавӣ, олмонӣ, русӣ  ва ғайра)    мебошад. Ин  амал  бештар  ба  хотири  аз  ҷиҳати  илмӣ  саҳеҳ ва дақиқ  омадани  истилоҳот  воқеӣ  карда  мешавад. Гузашта аз ин, мувофиқи анъанаҳои истилоҳпазирӣ ҳар як истилоҳ аз забони асл бо мафҳумаш (яъне таърифи илмиаш) иқтибос карда мешавад.
Умуман, калимаи иқтибосӣ  унсури луғавиест, ки аз як забон ба низоми чанд забони дигар дохил мешавад ва минбаъд мақоми байналмилалиро соҳиб мегардад. Зарурати аз забоне ба забоне ворид шудани калимаҳои иқтибосӣ ҳодисаи танҳо сирф забонӣ набуда, балки ба омилҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, тиҷоратӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва монанди инҳо низ   вобастагӣ дорад.  Сабабҳои забонии ба забоне ворид гардидани калимаҳои иқтибосӣ пеш аз ҳама пайдо шудани эҳтиёҷ ба номгузории падидаҳои нави ҷамъиятиву табиии сершумор дар фаъолияти эҷодии инсоният  аст. Барои он ки калимаи бегонатабор дар забони иқтибоскунанда мақоми байналмилалиро соҳиб шавад, он бояд аз санҷиши ин забон гузарад, серистеъмол гардад. Танҳо дар ин сурат он унсури луғавии бегонатабор ба захираи луғавии забони иқтибоскунанда чун унсури зарурӣ ворид гардида,  боиси афзудани захираи луғавии забони миллӣ мегардад.
Мавриди зикр аст, ки дар забони илмии миллӣ иқтибос кардани истилоҳот бо ду роҳ амалӣ карда мешавад: иқтибос аз забонҳои муқтадири илм ва иқтибос аз забони миллӣ. Иқтибос ба воситаи яке аз забонҳои муқтадири илмӣ (масалан, забони русӣ) маънии онро дорад, ки истилоҳи байналмилалӣ (шояд бо каме тағйироти имлоӣ ва савтиёт) якҷоя бо мафҳуми худ вориди забони илмии миллӣ  мегардад: аргумент, функсия, интеграл, дифференсиал, интерференсия, дифраксия, индуксия, абератсия, ионизатсия, конвексия, энталпия, энтропия, энергия, потенсиал, физика, механика, динамика, оптика, статика, система, масса, линза, газ, детектор, диоптрия, люкс, люмен, импулс, индуктивият, кандела, келвин, лазер, магнит, магнетон, мазер, нейтрон, электрон, атом, нуклид, параметр, плазма, диод, триод, резонатор, генератор, реостат, симметрия, фазотрон, синхрофазотрон, анод, катод, тиристор, эмиттер, молекула, вибратор ва ғайра.  Иқтибос аз забони миллӣ маънии онро дорад, ки ба сифати муодили тоҷикии баъзе истилоҳоти забони илмӣ  калимае аз захираи луғавии забони адабии тоҷикӣ интихоб карда мешавад. Дар ин  маврид, калимаи ба сифати муодил интихобшуда аз маъниҳои луғавӣ ва тобишҳои  маъноии худ дар забони адабӣ маҳрум гардида, бояд аз ҷиҳати маънии луғавӣ ба калимаи бегона (масалан, русӣ) наздикӣ дошта бошад, гарчанде ки мафҳуми илмии ба дӯши ҳар ду калима (ҳам худӣ ва ҳам бегона) ба таври сунъӣ таҳмилшуда як аст. Масалан,  калимаи "мавҷ", ки аз ҷиҳати бори маънавӣ ба калимаи русии "волна" наздикӣ дорад, дар забони илмии тоҷикӣ ва илмии русӣ  мафҳуми илмии ягона, яъне "густариши вақтонаи ин ё он навъи ларзиш дар фазо"-ро ифода мекунанд. Дар айни замон дар забони илмии тоҷикӣ аз забони адабии тоҷикӣ масалан, калимаҳои зерин иқтибос шудаанд ва вазифаи истилоҳиро бар дӯш гирифтаанд: зарра (частица), ҳаракат (движение), ҳарорат (температура), захира, таъхир (запаздывание), аҷобат (странность), хастагӣ (утомляемость), шороӣ (текучесть), серӣ (насыщенность), тӯфон, талотумӣ, дараҷа, часбоӣ, чарсӣ, шабнам, самар, тасвир, шарора, тирагӣ, майдон, остона, ҷунбоӣ ва ғайра.
Иқтибоси истилоҳот аз забонҳои классикии илм (юнонӣ ва лотинӣ) ва забонҳои муқтадири илмӣ - англисӣ, русӣ, фаронсавӣ, олмонӣ ва чанди дигар яке аз  тарзҳои сермаҳсули истилоҳофарӣ дар ҳар як забони муосири пешрафта мебошад. Аз як тараф, иқтибоси калима гӯё  яке аз тарзҳои осони офаридани калима аст. Вале иқтибос, чун тарзҳои дигари истилоҳсозӣ (калимабандӣ, ибораороӣ, истилоҳгардонии калима, ихтисораҳо ва ғайра) бояд тибқи қоидаҳои қатъан илмӣ, бо риояи талаботи қоидаву қонунҳои забони миллӣ амалӣ карда шавад. Танҳо дар ин сурат истилоҳоти байналмилалӣ чун луғати арзишманд ба таркиби луғавии забони илмии миллӣ ворид шуда, воситаҳои ифодаи ин забонро ғанӣ мегардонад. Бинобар ин муайян кардани шарту меъёрҳои иқтибоси истилоҳоти байналмилалӣ дар ин давраи эҷоди забони илмии тоҷикӣ аҳамияти муҳим дорад.
Тибқи қоидаҳои эътирофшудаи истилоҳофарӣ истилоҳи байналмилалӣ дар забони илмии миллӣ дар мавриди мавҷудияти зарурат ба воҳиди нави луғавӣ бо семантикаи муайян (яъне ишораи мафҳуми нав) пазируфта мешавад. Дар ин маврид  калимаи байналмилалӣ дар як вақт бояд бо мафҳуми илмии худ иқтибос карда шавад. Дар айни замон  дар забони илмии тоҷикӣ тавассути забони илмии русӣ   аксарияти истилоҳоти байналмилалии илмҳои физика, риёзиёт, ҳандаса, астрофизика, кимиё, тиб ва илмҳои дигари техникӣ бо мафҳумҳои худ   ворид гардидаанд ва ворид шудан доранд.
Зимни  аз забонҳои алоҳидаи илмӣ, хусусан забонҳои муқтадири илмӣ - русӣ, англисӣ, фаронсавӣ, олмонӣ ва ғайра, иқтибос кардани истилоҳоти илмиву техникӣ густариши байнизабонии истилоҳот бояд омили муҳим бошад, яъне ин гуна истилоҳот аз рӯйи навишт, талаффуз ва ё семантика бояд монанд бошанд (параметр, резонанс, энталпия, ферромагнетик, диэлектрик ва ғайра).
Ҳангоми иқтибоси истилоҳоти байналмилалӣ имкониятҳои аз он сохтани ҳосилакалимаҳоро низ ба назар гирифтан мебояд, яъне дидан мебояд, ки аз истилоҳи иқтибосшаванда имкониятҳои сохтани истилоҳоти ҳосила вуҷуд дорад ё не? Масалан калимаи "магнит" дар забони тоҷикӣ муодили худро дорад - "оҳанрабо". Вале дар сурати ба сифати муодили истилоҳи "магнит" дар забони илмии тоҷикӣ пазируфтани калимаи "оҳанрабо",  аз он сохтани  муодилҳои ҳосилакалимаҳои русии "магнитный", "намагничивание", "размагничивание", "магнитность", электромагнетизм" ва монанди инҳо имкон надорад. Бинобар ин, ба назари мо дар забони илмии тоҷикӣ пазируфтани ба ин монанд истилоҳҳо ногузир аст.
Истилоҳот дар  забонҳои муқтадири илмӣ аз рӯйи сохти морфологӣ ва савтиёт фарқ мекунанд, Масалан, дар забони русӣ зимни иқтибос аз забонҳои англисӣ, олмонӣ ва монанди инҳо,  онҳо ба қонуниятҳои морфологиву савтиёти ин забон мувофиқ карда шудаанд. Бинобар ин зимни аз забони илмии  русӣ ба забони илмии тоҷикӣ иқтибос кардани истилоҳоти байналмилалӣ зарур аст, ки савтиёт ва сохти морфологии забони тоҷикӣ, яъне шакли дурусти талаффузи иқтибосот ва мувофиқатии онҳо ба меъёрҳои савтиётии забони тоҷикӣ (низоми овозҳо ва ҳарфҳо, қонунҳои овозӣ ва ҳарфнависӣ ва монанди инҳо ба инобат гирифта шавад (модуляция - модулатсия, потенциал -  потенсиал, люкс - лиюкс, люмен - лиюмен, альфа-излучение - алфа-нурафканиш ва ғайра).
Ҳамин тариқ, истилоҳоти илмии техникии байналмилалӣ аз захираҳои асосии луғавии забони илмии миллӣ буда, мубодилаи иттилоотро оид ба донишҳои илмӣ на танҳо дар байни олимону  омӯзгорони як давлати миллӣ, балки дар байни олимону омӯзгорони давлатҳои гуногун, ки бо забонҳои мухталиф ҳарф мезананд, осон мегардонад.,

Пирмаҳмад НУРОВ,
сардори шӯъбаи илмии
ташкилии  раёсати Академияи илмҳои
Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1349

19.11.2018


Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед