logo

мулоқотҳо

Президенти Тоҷикистон ҳайати Бундестагро ба ҳузур пазируфт

13 июн Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳайати Бундестаги (Порлумони) Ҷумҳурии Федеративии Олмонро, ки таҳти сарварии Дагмар Энкелманн ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар чаҳорчӯби муносиботи дуҷониба ва ҳам Иттиҳоди Аврупо баррасӣ шуданд.
Тавре зикр гардид, ҳадафи асосии ҳайат шиносоӣ бо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди кишварҳои минтақа ва рафти татбиқи амалии Стратегияи Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ мебошад.

Аз ҷараёни дастрасӣ ба ҳадафҳои ин стратегия дар баъзе соҳаҳои Тоҷикистон, аз ҷумла дар соҳаи маориф қаноатмандӣ изҳор гардид.
Изҳори боварӣ шуд, ки бо мусоидати Иттиҳоди Аврупою  ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷаҳду талоши худи кишварҳои минтақа дар самти бартарафсозии мушкилоти мавҷуда, аз ҷумла рафъи камбизоатӣ, коҳиш додани сатҳи бекорӣ ва ҳаллу фасли проблемаҳои вобаста ба обу энергетика низ натиҷаҳои назаррас ҳосил мешаванд.
Таваҷҷӯҳи зиёд ҳамчунин ба масоили вобаста ба демократикунонии ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва таҳкими мубориза бо таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир зоҳир гардид.

www.president.tj

* * *
Ҳайати Бундестаги Ҷумҳурии Федеративии Олмон таҳти роҳбарии хонум Дагмар Энкелманн ба манзури шиносоӣ аз ҷараёни татбиқи амалии Стратегияи Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ ва таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистону Олмон вориди кишвари мо шуд. Меҳмонон баъд аз мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо доираи васеи хабарнигорон низ сӯҳбат карданд.
Дагмар Энкелманн изҳор дошт, ки дар сӯҳбат бо Эмомалӣ Раҳмон масоили вобаста ба равобити дуҷонибаи Тоҷикистону Олмон, тавсеаи демократия дар ҷомеа, озодии воситаҳои ахбори омма, ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон, муқобила бо хатарҳои ҷаҳони муосир, омӯзишу парвариш ва истифодаи захираҳои обу энергетика дар минтақа баррасӣ шуданд. Мавсуф аз татбиқи босамари лоиҳаҳое, ки дар доираи Стратегияи Иттиҳоди Аврупо дар бахши маориф, омӯзиш ва баланд бардоштани сатҳи тахассусии кадрҳои ҷавон амалӣ мегарданд, изҳори қаноатмандӣ намуд.
Намояндагони Бундестаги Олмон дар доираи ин сафар бо роҳбарони дигар ниҳодҳои марбутаи давлатӣ дидору мулоқот анҷом дода, ба кишварҳои минтақа низ сафар мекунанд.

Фирӯзи РАҲМОНИЁН,
"Ҷумҳурият"


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 576

10.12.2018


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Томас Гремингер

Ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба таъсиси воҳидҳои таъйиноти махсуси ВКД

Ба ифтихори солгарди Сайидои Насафӣ Конфронси байналмилалӣ доир мегардад

Вориси Ангела Меркел дар мақоми сарвари ҲНД Аннегрет Крамп-Карренбауэр шуд

Дар ОПЕК+доир ба маҳдудсозии истихроҷи нафт ба мувофиқа расиданд

Боздошти беш аз 1700 нафар дар намоишҳои эътирозӣ дар Фаронса

Беш аз нисфи аҳолии сайёра ба интернет дастрасӣ ёфт

Ҷаҳон дар як сатр

МАСТЧОҲ. Деҳаҳо симои нав мегиранд

Путин: «Дар ИИАО бозори ягонаи газ, нафт ва маҳсулоти нафтӣ мешавад»

Нахустин ҳамоиши сарони манотиқи кишварҳои СҲШ дар Челябинск гузашт

Медведев: «Россия мушкили амнияти озуқавориро ҳал намуд»

Дар Олмон кӣ Ангела Меркелро иваз мекунад?

Нақлиёти ройгони ҷамъиятӣ дар Люксембург

Ҷаҳон дар як сатр

Кишоварзӣ бахши муҳим дар ноҳияи Деваштич

06.12.2018


74 варзишгар ба Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуд

Иштироки муовини вазири рушди иқтисод ва савдо дар мулоқоти сатҳи баланд

Баррасии масъалаи содироти маҳсулот ба бозорҳои Аврупо

ПАНҶАКЕНТ. Ифтитоҳи 63 иншоот

Бунёди роҳи танобӣ дар шаҳри Хуҷанд

“ГАНҶИ ҲИЛОЛ”. Тадбирҳо самар медиҳанд

05.12.2018


Баррасии масоили сиёсати хориҷии кишвар

Мулоқоти Шамсиддин Орумбекзода бо Мерилин Йосефсон

Баргузории конференсияи «Нақши сайёҳӣ дар ташаккули тарзи ҳаёти солим»

Путин ва Назарбоев ҳамкориро дар доираи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё баррасӣ карданд

Куртс ҳамкорӣ бо Россияро шарти сулҳу субот дар Аврупо номид

Вашингтон дар Покистон муколамаи Кобул бо "Толибон"-ро муҳокима мекунад

Трамп дар фикри баррасии мушкили мусаллаҳшавии бошитоб бо Путин ва Си Ҷинпин шуд

Ҳонконгро матлубтарин кишвари дидании сайёҳон дар соли равон хонданд

Ҷаҳон дар як сатр

ЛУКА МОДРИЧ - барандаи "Тӯби тиллоӣ"

5 медали теннисбозони тоҷик

04.12.2018


Ҳамоиш оид ба татбиқи самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистон


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед