logo

барқияҳо

Барқияи табрикии Эмомалӣ Раҳмон ба Дмитрий Медведев

Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба унвонии Дмитрий Медведев, Президенти Федератсияи Русия, барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла омадааст:
Дмитрий Анатолевичи мӯҳтарам,
Бо қаноатмандии комил Шумо ва тамоми мардуми Русияро ба муносибати таҷлили ҷашни фархундаи 20-умин солгарди қабули Эъломия оид ба Истиқлолияти давлатии Федератсияи Русия самимона табрик менамоям.
Боиси хушҳолист, ки Русияи бародар дар давраи сипаришуда дар рушди иқтисод, баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум ва тавсеаи  фарҳангу маориф ба комёбиҳои назаррас ноил гардидааст. Давлати Русия дар арсаи байналмилалӣ ҷойгоҳи устувору  мақоми баланд дошта, пайваста баҳри таъмини амният ва сулҳу субот дар ҷаҳон талош меварзад.
Дар чаҳорчӯби Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Федератсияи Русия ташаббускори корҳои нек аст, ки ба ҳамгироӣ ва таҳкими минбаъдаи муносибатҳои миёни давлатҳои аъзо равона гардидаанд.
Мо ҳамчун дӯстони қадрдони Шумо аз ин дастовардҳо хушнудем.
Бо қаноатмандии амиқ мехоҳам зикр намоям, ки муносибатҳои Тоҷикистону Русия, ки дар асоси анъанаҳои қавии дӯстиву эҳтироми ҳамдигар асос ёфтаанд ва решаҳои таърихии бисёрасра доранд, ба манфиати ҳарду давлат ва халқҳои онҳо бемайлон инкишоф меёбад. Мо омода ҳастем, ки ин дастоварди арзишмандро бо мӯҳтавои нави ҷавобгӯи талаботи замони нав ғанӣ гардонем.
Ман бовар дорам, ки сафари давлатии қарибулвуқӯи Шумо ба Тоҷикистон ба густариш ва таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманди дуҷониба такони нав мебахшад.
Мехоҳам Шуморо бовар кунонам, ки ҷониби мо барои расидан ба ин ҳадафҳои нек аз тамоми имкониятҳо истифода хоҳад кард.
Воқеаи неки имрӯза ба ман имконият фароҳам меорад, ки ба Шумо, Дмитрий Анатолевичи мӯҳтарам, саломатии комил, хушбахтӣ, комёбиҳо ва ба халқи бузурги рус шодмонӣ, сулҳ ва шукуфоӣ орзу намоям.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 884

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед