logo

сафарҳо

Эмомалӣ Раҳмон: дар марҳалаи нави фаъолияти СҲШ ҳамкории иқтисодӣ - тиҷоратӣ мақоми калидӣ дорад

14 ва 15 июн Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар пойтахти Қазоқистон - шаҳри Остона қарор дошт.
Ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сарони дигар давлатҳо, тибқи муқаррароти расмӣ, бо аксбардории умумӣ, нишасти хосаи сарони давлатҳои аъзо, нишасти васеъ бо ҳамроҳшавии сарони давлатҳои нозир, шарикони муколама, меҳмонон ва намояндагони созмонҳои гуногуни минтақавию ҷаҳонӣ ҷараён гирифт.
Дар ин ҳамоиш натиҷаҳои фаъолияти 10 - солаи ин созмони бонуфузи минтақавӣ ва нақшаҳои ояндаи ҳамгироӣ дар чаҳорчӯби он, аз ҷумла масоили вобаста ба амнияту субот дар минтақа ва ҷаҳон, ҳамкории иқтисодӣ-тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва илмию фарҳангӣ  баррасӣ шуд.
Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни суханронии худ мавқеи Тоҷикистонро доир ба мавзӯъҳои мавриди таваҷҷӯҳ мушаххас намуда, пешниҳодҳои муфид ба миён гузошт.
Дар суханронӣ, аз ҷумла таъкид гардид, ки солҳои охир дар баробари мушкилоти эҷоднамудаи бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ, болоравии нархи  озуқаворию маводи сӯхт ва офатҳои шадиди табиию техногенӣ, ҷомеаи ҷаҳонӣ бо хатари нав - хатари иттилоотӣ - идеологӣ рӯ ба рӯ омадааст, ки бо терроризму ифротгароӣ ва дигар таҳдидҳои байналмилалӣ ҳамбастагии амиқ дорад.
Зимни баррасии масоили вобаста ба Афғонистон ва мубориза бо таҳдиду хатарҳои ҷаҳонию минтақавӣ Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлати Тоҷикистон, муроҷиати Ҳомид Карзай, Президенти Афғонистонро доир ба пазируфтани Афғонистон чун давлати нозир дар Созмони Ҳамкории Шанхай дастгирӣ намуд.
Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон, ба фаъолияти даҳсолаи Созмони Ҳамкории Шанхай, бахусус дар сатҳи баланди байнидавлатӣ баҳои баланд дода, ҳамзамон таъкид дошт, ки минбаъд бояд ҳамгироии сохторҳои поёнӣ низ тақвият ёбад. Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон, дар марҳилаи нави фаъолияти созмон мақоми калидӣ бояд ба густариши ҳамкории иқтисодӣ-тиҷоратӣ дода шавад. Дар робита ба ин таъкид гардид, ки Шӯрои соҳибкорӣ ва Иттиҳоди байнибонкии созмон бояд фаъолияти худро бо нерӯи тоза такон бахшанд. Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлати Тоҷикистон, изҳор намуд, ки барои дастрасии муваффақона ба ин ҳадаф, бояд монеаҳои сунъӣ ва мушкилоти сарҳадию нақлиётӣ, ки садди роҳи рушди босуръати иқтисодӣ мешаванд, бартараф гарданд. "Сухан аз боби зарурати рушди инфрасохтори наздисарҳадӣ, ташкили шабакаҳои байниқитъавии нақлиётӣ, аз ҷумла роҳҳои оҳан аст", таъкид дошт             Эмомалӣ Раҳмон.
Изҳори боварӣ карда шуд, Созмони Ҳамкории Шанхай минбаъд низ мавқеъ ва мақоми худро дар арсаи ҷаҳонӣ тақвият бахшида, ба нафъи таҳкими амнияту суботи минтақавӣ, рушди иҷтимоию иқтисодӣ, фарҳангӣ ва болобарии сатҳи рифоҳи мардумони минтақа хизмат мекунад.
Дар охири ҷаласа созишномаи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ, Эъломияи Остона оид ба 10-солагии Созмони Ҳамкории Шанхай, қарорҳои Шӯрои сарони давлатҳо дар бораи тасдиқи Стратегияи зиддимухаддиротии СҲШ барои солҳои 2011-2016 ва барномаи иҷрои он, Тафоҳумномаи намунавӣ оид ба ӯҳдадориҳои давлати аризадиҳанда барои шомил шудан ба узвияти СҲШ ва чанд санади дигар ба имзо расид. 
Дар  ҳошияи ҳамоиши сарони давлатҳои аъзои СҲШ Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, як қатор мулоқотҳои судманди дуҷониба анҷом дод.

Дар мулоқот бо Ху Ҷинтао, Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин, масоили ҳамкории гуногунпаҳлуи Тоҷикистону Чин баррасӣ шуданд.
- Боиси қаноатмандӣ аст, ки имрӯз хислати фарқкунандаи муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин сатҳи баланди ҳамгироӣ ва боварӣ мебошад, - изҳор дошт дар  оғози  сӯҳбат Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлати Тоҷикистон.
Ху Ҷинтао омодагии устувори ҷониби Чинро ба дастгирии рушди ҳамаҷонибаи кишвари мо таъкид намуда, изҳор дошт, ки ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин имсол барои мусоидат ба рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон, дар баробари дигар тадбирҳои судбахш, 120 миллион юан кӯмаки бебозгашт ҷудо мекунад.
Ҷониби Чин, ҳамчунин пешниҳод намуд, ки соли 2012 ба муносибати 20 - солагии барпошавии муносибатҳои  дипломатӣ бо Тоҷикистон чорабиниҳои зиёди идона дар ҳар ду кишвар ба роҳ монда шаванд.
Дар мулоқот атрофи ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсат, амнияту мудофиа, иқтисод ва савдо, сармоягузорӣ, кишоварзӣ, энергетика, нақлиёту коммуникатсия ва ғайра гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.
Аз сатҳи баланди ҳамгироии миёни сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартиботи Тоҷикистону Чин, аз ҷумла доир ба пурзӯр намудани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Ҳамгироии Тоҷикистону Чин дар чаҳорчӯби Созмони Ҳамкории Шанхай низ боиси қаноатмандӣ арзёбӣ гардид. Тазаккур дода шуд, ки лоиҳаҳои сершумори калонҳаҷм дар соҳаҳои энергетика ва нақлиёту коммуникатсия, ки дар Тоҷикистон татбиқ мегарданд, самараи ҳамгироӣ дар чаҳорчӯби ҳамин созмони бонуфузи минтақавӣ аст.
Хотиррасон гардид, ки имрӯз беш аз 50 ширкати чиноӣ дар Тоҷикистон фаъолияти пурсамар дорад ва мубодилаи молу маҳсулот миёни ду кишвар дар зарфи 5 соли охир 14 баробар афзоиш ёфтааст. "Чин дар миёни шарикони хориҷии тиҷоратии Тоҷикистон пешсаф буда, аз ҷиҳати ҷалби соҳибкорони хусусӣ бузургтарин сармоягузор ба иқтисоди кишвари мо ба шумор меравад", - таъкид дошт Эмомалӣ Раҳмон.
Густариши ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла доир ба ҷорӣ намудани таҷрибаи обёрии қатрагии заминҳои корам ва сарфакорона истифода бурдани захираҳои обӣ зарур шумурда шуд.
Аз ҷониби Чин изҳор гардид, ки ба наздикӣ барои баррасии муфассали ин масъала вазири кишоварзии ин кишвар ба Тоҷикистон сафар хоҳад кард.
Ҳар ду ҷониб ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика, саноат ва нақлиёту коммуникатсия изҳори ҳавасмандӣ карданд.
Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин доир ба авзои сиёсии минтақа ва ҷаҳон ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷӯҳ сурат гирифт.

Зимни мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Нурсултон Назарбоев, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон, масоили ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар баррасӣ ёфтанд.
- Сатҳи баланди боварии мутақобила ва наздикии мавқеъҳо доир ба масоили умдаи сиёсӣ хислати хоси  робитаҳои дуҷониба ва ҳам бисёрҷонибаи Тоҷикистону Қазоқистон мебошад, - изҳор дошт дар оғози сӯҳбат Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлати Тоҷикистон.
Ҳамчунин таъкид гардид, ки Қазоқистон яке аз шарикони фаъоли иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистон буда, аз рӯи нишондодҳои табодули молу маҳсулот дар миёни кишварҳои ИДМ баъд аз Русия дар ҷои дуюм қарор дорад.
Нурсултон Назарбоев ба Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии ташаббусҳои судманди Қазоқистон ва нақши намоёнаш дар таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ арзи сипос намуд.
Фонди муштараки сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон, ки тирамоҳи соли 2010  ба фаъолият шурӯъ карда буд, воситаи хуби густариши ҳамкории иқтисодию сармоягузорӣ арзёбӣ гардид.
Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлати Тоҷикистон, аз фаъолияти Комиссияи муштараки ҳамкории иқтисодӣ-тиҷоратӣ ва Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид дошт, ки вақти барпо намудани ҷаласаи якуми Шӯрои байнидавлатии ҳамоҳангсозӣ дар сатҳи олии сиёсӣ фаро расидааст.
Эмомалӣ Раҳмон Нурсултон Назарбоевро даъват намуд, ки барои анҷом додани ин кор дар вақти барояш мувофиқ ба Тоҷикистон бо сафари расмӣ ташриф биёрад.
Дар мулоқот, ҳамчунин доир ба рӯзномаи ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай, масоили минтақавию байналмилалӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷӯҳ табодули назар карда шуд.

Дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо Осиф Алӣ Зардорӣ, Президенти  Ҷумҳурии Исломии Покистон, роҳҳои рушди ҳамкории судманди ду кишвар, аз ҷумла дар партави заминаи мавҷудаи қарордодӣ - ҳуқуқӣ баррасӣ шуд.
Барои рушди минбаъдаи ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ омодасозӣ ва ба имзо расондани созишномаи нави тиҷоратӣ ва транзитӣ зарур шумурда шуд, то ки борҳо бе назорати гумрукии чандинкарата то ҷои таъйинот расонда шаванд.
Зимни сӯҳбати пурмӯҳтаво ҳар ду ҷониб бори дигар омодагии устувори худро барои ба ҳам пайвастани роҳҳои оҳану мошингард ва шабакаҳои интиқоли нерӯи барқи ду кишвар, аз ҷумла тавассути хати баландшиддати КАСА - 1000 таъкид намуданд.
Ба бунёди корхонаҳои муштараки саноатӣ доир ба истихроҷу коркарди сарватҳои табиӣ, коркарди ашёи хоми кишоварзӣ ва густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ изҳори ҳавасмандӣ карда шуд.
Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин доир ба авзои кунунии Афғонистон, роҳҳои муқовимати муштарак ба паҳншавии хатари терроризму ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир сурат гирифт.

Дар шаҳри Остона Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин Киёшӣ Кодера, ноиби президенти агентии Ҷопон оид ба ҳамкории  байналмилалӣ ("Ҷайка")-ро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Ҷопон баррасӣ шуданд.

- Барои Тоҷикистон густариши ҳамкории мутақобилан судманд бо Ҷопон яке аз самтҳои муҳимтарини сиёсати хориҷӣ дар қитъаи Осиё буд, ҳаст ва хоҳад монд, - изҳор дошт дар оғози сӯҳбат Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат.
Киёшӣ Кодера нахуст ба Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми Тоҷикистон барои арзи ҳамдардӣ ва кӯмаки башардӯстона ба Ҷопон баъди заминларзаи шадид ва ҳолати фавқулода дар нерӯгоҳи атомии Фукушима изҳори сипос намуд.
Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон, барои ҳамкории пурсамари 18 - сола ба ҷониби Ҷопон арзи сипосу қадрдонӣ намуд.
Зикр гардид, ки бо мусоидати Ҷопон дар Тоҷикистон лоиҳаҳои сершумор барои беҳдошти соҳаҳои маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ ва доир ба роҳсозӣ, рушди деҳот, обрасонӣ, бозомӯзию такмили ихтисоси мутахассисон амалӣ гардидаанд ва мегарданд. То имрӯз зиёда аз 1200 коршиносу мутахассиси Тоҷикистон ихтисосу малакаи касбии худро таҳти васояти агентии "Ҷайка" дар Ҷопон такмилу сайқал додаанд.
Ҳамзамон таъкид гардид, ки Тоҷикистону Ҷопон бояд ба татбиқи лоиҳаҳои ҳаҷман бузургтари дорои манфиати мутақобила ва минтақавӣ шурӯъ намоянд.
Ҳар ду ҷониб омодагии худро ба таҳким ва густариши ҳамкории мутақобилан судманд таъкид намуданд.
Бо ҳамин барномаи сафари пурмаҳсул ба Ҷумҳурии Қазоқистон ба поён расид. Нимаи дуюми 15 июн Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлати Тоҷикистон, аз Остона ба Душанбе омад.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 716

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед