logo

мулоқотҳо

Президент нафарони таъйиншударо ба хидмати садоқатмандона ҳидоят намуд

22 июн Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо зиёда аз 140 нафар кадри сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки ба вазифаҳои пурмасъулияти ин соҳаҳо таъйин шудаанд, ҷамъомад доир намуд.
Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, зимни суханронии худ таваҷҷӯҳи аҳли толорро ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, пурзӯр намудани мубориза бо коррупсия, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ, аз қабили терроризму ифротгароӣ ва дигар қонуншиканию ҳуқуқвайронкуниҳо дар маҷмӯъ ба таъмини волоияти қонун ҷалб намуда, онҳоро ба кору хизмати садоқатмандонаю софдилона ба нафъи давлату миллат ҳидоят кард. Ҳамчунин таъкид гардид, ки барои тоза намудани сафҳои сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз нафарони тасодуфию ноӯҳдабаро ва нопок бояд тамоми чораҳои зарурӣ андешида шаванд.
Як қатор кадрҳо ба вазифаҳои роҳбарӣ дар сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таъйин шуданд. Аз ҷумла бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сӯҳроб Маҳмадов муовини вазири мудофиа оид ба аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ - сардори раёсати аслиҳа ва техникаи ҳарбии Вазорати мудофиа, Бобоҷон Саидов муовини вазири мудофиа оид ба ақибгоҳ, Абдуғаффор Азизов намояндаи ваколатдор дар Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза алайҳи ҷинояткории муташаккилона ва дигар намудҳои ҷиноятҳои хатарнок дар қаламрави кишварҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Асрор Одинаев роҳбари намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия, Раҷабалӣ Ширинов ва Миллопар Бандишоев бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муовинони директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гаштанд. 
124 нафар бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи судя ва роҳбарии мақомоти судии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо таъйин гардид, ки 29 нафари онҳо бонувонанд. Аз 124 каси дар ин соҳа таъйиншуда 55 нафар бори аввал ба вазифаи судя таъйин шудааст, ки 13 нафараш занону духтарон мебошанд.
Дар мувофиқа бо Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин нафарони зиёди дигар ба вазифаҳои роҳбарӣ ва пурмасъулият дар сохторҳои прокуратура, корҳои дохилӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардиданд.
Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, нафарони ба вазифаҳои нав таъйиншударо бори дигар бо вазифаҳои пурмасъулият ва ҳамчунин арафаи солгарди 20-умини Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азиз табрику таҳният гуфта, онҳоро ба дарки амиқи масъулияти бар дӯш гирифтаашон ҳидоят намуд. Таъкид гардид, ки нақши сохторҳои қудратию мақомоти ҳифзи ҳуқуқ  ва ҳар як корманду ходими онҳо дар таҳкими асосҳои давлату давлатдории миллӣ, ҳифз ва риояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, таъмини ҳаёт ва заҳмати осоиштаю бехатари мардум ва муаррифии шоистаи давлати навини тоҷикон дар арсаи ҷаҳонӣ басо муҳим аст. Ҳамчунин таъкид гардид, ки кормандони ин сохторҳо, ки дар хизмати халқу Ватан қарор доранд, бояд дар муносибат бо мардум ва ҳар як шаҳрванд одобу ахлоқи волои муоширату муомиларо риоя намоянд, зеро аз рӯйи рафтору кирдори онҳо ба фаъолияти давлату Ҳукумат баҳо дода мешавад.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 592

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед