logo

суханрониҳо

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар маросими ифтитоҳи бинои мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ дар шаҳри Душанбе, 24 июни соли 2011

Фарзандони азиз!
Омӯзгорон ва падару модарони мӯҳтарам!  
Имрӯзҳо дар тамоми қаламрави кишвари соҳибистиқлоли мо мардуми маърифатпарвару сулҳдӯст ва бонангу номуси тоҷик ба истиқболи ҷашнҳои бузургу пуршукӯҳи Рӯзи ваҳдати миллӣ ва бистумин солгарди истиқлолияти давлатӣ ҳамаҷониба омодагӣ мебинанд.
Дар доираи ин чорабиниҳо аз субҳи имрӯз дар пойтахти Ватани азизамон - шаҳри Душанбе се мактаби наву замонавӣ ва хуштарҳу зебо барои 3240 нафар хонанда дар ду баст ба истифода супорида шуд, ки ҳоло мо дар яке аз онҳо қарор дорем.
Аз ин рӯ, ҳамаи шуморо ба муносибати Рӯзи ваҳдати миллӣ  - ин санаи муборак ва наҷотбахши халқу давлатамон ва ифтитоҳи мактабҳои нав самимона табрик мегӯям.
Чунонки ҳамаи шумо медонед, солҳои охир дар мамлакати мо раванди ободониву созандагӣ торафт вусъат гирифта, Тоҷикистони азизи мо, аз ҷумла пойтахти он аз баракати заҳмати мардуми шарафмандамон рӯз то рӯз зебову озода шуда истодааст.
Боиси хушҳолист, ки дар ин раванди нек бунёди мактабҳо ҳамчун макони омӯзиши илму адаб, махзани муқаддаси таълиму тарбия ва маркази ташаккули инсони огоҳу бедорфикр мақоми шоиста дорад.
Беҳуда нест, ки мо соҳаи маорифро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат эълон карда, барои ҳалли мушкилоти он зина ба зина ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодаем.
Зеро имрӯз дар тамоми ҷаҳон илму маориф ҳамчун омили асосӣ ва қувваи пешбарандаи ҷомеа ва давлат арзёбӣ мегардад. Ҳамзамон бо ин, маориф захираи асосии стратегӣ ва омили муҳимтарини ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ мебошад, чунки талаботи шахсият ва ҷамъият, инчунин чорабиниҳои давлат доир ба таҳсилоти босифату дастрас сол аз сол зиёд мегардад.
Аз ин рӯ, Ҳукумати мамлакат минбаъд низ ба соҳаи маориф диққати ҷиддӣ хоҳад дод, зеро вазифаи соҳаи маориф баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ ва пешбурди ҳаёту зиндагии  инсон мебошад.
Вобаста ба ин, таъкид бояд кард, ки дар ҷаҳони муосир, пеш аз ҳама,  ҳамон давлатҳое инкишоф ва рушду нумӯъ меёбанд, ки ба соҳаи маориф диққати ҷиддӣ дода, дониши андӯхтаи нерӯи кадрии худро дар амал самаранок истифода мебаранд.
Бо дарназардошти аҳамияти ин амр, давлат ва Ҳукумат ҷиҳати таҳкими пояҳои моддиву техникӣ, нерӯи кадрӣ ва баланд бардоштани сатҳи ҳифзи иҷтимоии кормандони соҳаи маориф мунтазам чораандешӣ менамояд.
Аз ҷумла, маблағгузории соҳаи маориф сол аз сол афзоиш ёфта, танҳо дар солҳои истиқлолият зиёда аз 1200 мактаби нав сохта, ба истифода дода шудааст. Таъминоти моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ низ ҳамасола васеътар гашта, дар натиҷа сифати таълиму тарбия, сатҳи донишомӯзӣ ва малакаву маҳорати толибилмон, наврасону ҷавонони мо торафт беҳтар шуда истодааст.
Натиҷаҳои олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, ки хонандагони мо дар онҳо ширкат варзида, соҳиби ҷойҳои аввал гардидаанд, шаҳодати ин гуфтаҳо мебошанд.
Мову шумо хуб медонем, ки ҳадафи асосӣ ва рӯзмарраи низоми маорифи кишвар таълиму  тарбияи шахсияти фаъолу созанда мебошад.
Аз ин рӯ, вазифаи давлату Ҳукумат фароҳам овардани шароити мусоиди таълим, таъмини муассисаҳои таълимӣ бо лавозимоти хониш, воситаҳои муосири техникии таълим, техника ва технологияҳои навтарини компютерӣ ва иттилоотӣ мебошад.
Барои татбиқи ин мақсадҳои наҷиб дар баробари давлат бояд ҳар як фарди ватандӯсту ватанпараст, равшанфикру маорифпарвар, худшиносу худогоҳ ва баору номус саъю талош намуда, кӯшишу ғайрати худро ҷиҳати инкишофи соҳаи маориф дареғ надорад.
Дар натиҷаи дастгирии доимии давлату Ҳукумат ҳоло дар баробари тамоми минтақаҳои кишварамон дар пойтахти мамлакатамон низ сохтмони мактабҳои нав ва синфхонаҳои иловагӣ тадриҷан вусъат меёбад.
Аз соли 1996 то имрӯз дар пойтахти кишварамон қариб 31 ҳазор ҷои нишасти талабагон сохта шудааст, яъне дар ин давра беш аз 40 фоизи ҷои нишасти нав фароҳам оварда шудааст.
 Имрӯз дар шаҳри Душанбе 133 мактаб фаъолият мекунад, ки дар онҳо 168 ҳазор хонанда таҳсил менамоянд.
Ҳоло мактабҳои пойтахт бо 2530 компютер ва 330 принтер муҷаҳҳаз мебошанд, ки ин заминаи хуби таълимӣ ба ҳисоб меравад. То саршавии соли таҳсил дар шаҳри Душанбе боз ду мактаби нави замонавии дигар барои қариб 2000 нафар хонанда дар ду баст ба истифода супорида мешавад.
Соли гузашта бошад, дар пойтахт 1 мактаби дорои 54 синфхона барои 2600 нафар дар ду баст ба маблағи 7 миллиону 600 ҳазор сомонӣ ва 4 бинои иловагии дорои 144 синфхона барои 7200 ҷойи нишаст дар ду баст ба маблағи 29 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода шуд, ки ин нишондиҳандаҳо, бешубҳа, аз рушди ботадриҷи соҳа дарак медиҳанд.
Илова бар ин, тибқи барномаи қабулшуда солҳои 2011 - 2014 дар шаҳри Душанбе бо сарфи беш аз 200 миллион сомонӣ 17 мактаби нави замонавӣ барои қариб 11000 ҷои нишаст сохта, ба истифода дода хоҳад шуд ва бо ҳамин роҳ камбуди ҷойҳои нишасти талабагӣ дар пойтахти мамлакат пурра бартараф хоҳад гардид. 
Ҳозирини гиромӣ!
Ҳамчун нишонаи навбатии дастгириву ғамхориҳои мунтазами давлат имрӯз мо дар маҳаллаи Камоли Хуҷандии пойтахт шоҳиди ба истифода додани мактаби нави замонавӣ барои 660 ҷойи нишаст дар ду баст мебошем.
Бояд гуфт, ки ин маҳалла то имрӯз умуман мактаб надошт ва фарзандони аҳолии он масофаи сеюним - чор километрро тай карда, ба мактабҳои дигар мерафтанд.
Фармоишгари мактаб Муассисаи давлатии Раёсати сохтмони асосии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе буда, ташкилоти пудратӣ Ҷамъияти "Тоҷ - Сохтмон - Байналмилал" мебошад. Арзиши умумии иншоот 9 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Мактаб аз 25 синфхонаи барҳаво, аз ҷумла 2 синфи компютерӣ, 4 озмоишгоҳ, толори варзишӣ бо таҷҳизоташ, маҷлисгоҳ барои 220 ҷой, ошхона барои 84 ҷойи нишаст ва боғи зимистона, ки масоҳати он қариб 300 метри мураббаъ мебошад, иборат аст.
Шоёни таҳсин аст, ки мактаби мазкур дар муддати камтар аз як сол сохта, ба истифода дода шуд. Аз масоҳати умумии 14 ҳазор метри мураббаъ қариб 5 ҳазори он кабудизор шудааст, ки ин ҳам аз натиҷаи заҳмати ҳалоли сохтмончиён ва аҳли кормандони мактаб дарак медиҳад.
Аз ин рӯ, ба ҳамаи онҳое, ки дар сохтмони мактаб  аз аввал то ба имрӯз ширкат намуда, барои фарзандони халқи худ чунин шароити хуб фароҳам овардаанд, миннатдории самимии худро баён менамоям.
Ба истифода додани бинои нави мактаб дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ ва истиқболи 20 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба ҳамаи хурду бузурги маҳалла тӯҳфаи арзанда мебошад, зеро минбаъд хонандагон дар маҳалли зисти худ дар мактаби замонавӣ таҳсил намуда, аз техника ва технологияҳои муосири компютерӣ, таҷҳизоти нави таълимию методӣ ва толори варзишӣ истифода бурда, бо олами беканори илму маърифат ошно мегарданд.
Дар баробари ин, мехоҳам  ба шумо - хонандагони азиз, муроҷиат карда, таъкид намоям, ки бояд ба қадри ин заҳмати падару модарони худ расед ва дар оянда ҳамчун фарзандони бонангу номуси Ватан ба воя расида, барои миллату давлати худ хизмати шоиста намоед.
Вазифаи ҷониву ҳаррӯза ва тӯҳфаи арзандаи шумо ба ҷашни 20 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон аз хондани китобҳои дарсиву бадеӣ, азхуд кардани донишҳои замонавӣ, омӯзиши касбу ҳунар ва техникаву технологияҳои муосир, инчунин дӯст доштану муқаддас донистани Ватани азизамон - Тоҷикистон иборат аст. Зеро ояндаи неки ин сарзамин ва ободу зебо гардонидани он ба зиммаи шумо гузошта хоҳад шуд.
Фарзандони азиз!
Тавре ки медонед, дар мамлакати мо ҳоло даҳҳо мактабҳои олӣ ва коллеҷу литсейҳои касбӣ фаъолият менамоянд, ки ҳамаи ин барои шумо-наврасону ҷавонон мебошад ва ҳар кадоми шумо баъди бомуваффақият хатм намудани мактаб метавонед ба ин муассисаҳои таҳсилоти касбӣ дохил шуда, маълумоти олӣ гиред ва соҳиби касбу ҳунарҳои мухталифи барои кишварамон зарурӣ гардед.
Ҳамаи ин ғамхориҳои давлату Ҳукумат танҳо барои шумо хонандагон - фарзандони азизи мо ва насли ояндаи миллати тоҷдор ва давомдиҳандаи кори пуршарафи падарон мебошад.   
Итминони комил дорам, ки шумо - хонандагони азиз, дар баробари омӯхтани илму дониш, гирифтани маълумоти олӣ, инчунин аз касбу ҳунарҳои  замони муосир бархурдор гашта, дар оянда барои боз ҳам ободу зебо гардонидани Тоҷикистон ва баланд бардоштани шӯҳрати байналмилалии он саҳми арзанда мегузоред.
Ба падару модарон ва омӯзгорони азиз муроҷиат намуда, мехоҳам бори дигар таъкид намоям, ки сарчашмаи одобу ахлоқи ҳамида, таълиму тарбия ва ояндаи миллат, пеш аз ҳама, оила, инчунин муассисаҳои таълимӣ  мебошад.
Аз ин рӯ, ҳар қадаре, ки падару модарони мо, махсусан модарон бофарҳангу соҳибмаърифат бошанд, фарзандони мо низ соҳиби  маърифат ва дорои ахлоқи ҳамида мегарданд.
Омӯзгорон бошанд, баробари таълиму тарбия бояд ҳатман хонандагонро ба омӯхтани касбу ҳунарҳое, ки барои пешрафти иқтисодиёти давлати соҳибистиқлоламон заруранд, раҳнамоӣ созанд.
Зеро раҳнамоии касбии хонандагон дар тамоми кишварҳои мутараққӣ омили асосии интихоби дуруст ва бошууронаи касбу ҳунар аз ҷониби ҷавонон маҳсуб меёбад.
Бинобар ин, тӯҳфаи бебаҳои ҳамаи падару модарон ва омӯзгорони мамлакат ба шарафи 20 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон заҳмати содиқонаву софдилона ба хотири ободии Ватан, дарки масъулияти баланди касбиву шаҳрвандӣ, таълиму тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ, равшанфикриву   худшиносӣ, худогоҳӣ ва нангу номуси миллӣ   мебошад.
Бо ҳамин ниятҳои нек, ҳамаи шуморо бори дигар ба муносибати ифтитоҳи бинои нави мактаб табрик гуфта, бароятон саломативу хушбахтӣ ва ҳангоми таътил истироҳати хуб  орзумандам.
Ҳамеша баномусу поквиҷдон ва соҳибмаърифату сарбаланд бошед!
Ташаккур!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 470

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед