logo

суханрониҳо

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар маросими ифтитоҳи толори нави консертӣ ва сози мусиқии арғунуни Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, 26 июни соли 2011

Ҳамватанони гиромӣ!
Устодон ва шогирдони мӯҳтарам!
Меҳмонони арҷманд!
Дар ин рӯзҳо аҳли ҷомеаи кишвари мо дар остонаи таҷлили бузургтарин санаҳои таърихии замони истиқлолият - Ваҳдати миллӣ ва бистумин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон қарор доранд. Ин ду ҷашн бузургтарин санаҳои таърихи навини Тоҷикистон буда, дар роҳи рушди давлату ҷомеаи мо рӯҳи наву тоза мебахшанд.
Бинобар ин, ҳамаи шуморо ба муносибати ин ду ҷашни бузургу таърихӣ самимона табрику таҳният гуфта, бароятон пеш аз ҳама тандурустӣ, рӯзгори босаодат ва дар корҳои илмиву эҷодиатон муваффақиятҳои нав ба нав орзу менамоям.
Дарвоқеъ дар остонаи ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ мавриди истифода қарор гирифтани толори нави консертӣ ва сози арғунун рамзи ниҳоят нек мебошад. Зеро ин сози қадима маҳсули  ҳамгироии тамаддунҳои Ғарбу Шарқ буда,  аз нав тармиму таъмир гардид ва дар ин рӯз навозиши Суруди ваҳдати миллӣ тавассути ин дастгоҳи мусиқӣ рӯйдоди ниҳоят хотирмону фараҳбахш аст.
Тавре ки ҳамаи шумо медонед, дар даҳсолаи охир мо фаъолияти муассисаҳои бузурги фарҳангиамонро аз нав эҳё кардем. Ин амр ба мо имкон дод, ки кори Театри опера ва балет, оркестрҳои симфонӣ ва созҳои мардумиро дар сатҳи баланд ба роҳ монем.
Дар айни ҳол Барномаи давлатии рушди мусиқии касбӣ мавриди баррасӣ қарор дорад, ки тибқи он ба инкишофи соҳаи мусиқӣ, тарбияи кадрҳои ҷавобгӯи талаботи замон, ба оммаи васеи мардум дастрас намудани беҳтарин дастовардҳои санъат таваҷҷӯҳи махсус зоҳир карда мешавад.
Мақсади асосии сиёсати фарҳангии давлати мо - ғанӣ сохтани ҷаҳони маънавии аҳли ҷомеа ва солим гардонидани вазъи иҷтимоиву ахлоқӣ ва ҷаҳонбинии мардум мебошад. Чунонки дар фестивали кӯдакону наврасони "Сапеда" ҳамаи мо бори дигар шоҳид гардидем, ки дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвари мо, махсусан, дар дуртарин деҳаҳои кӯҳистон беҳтарин истеъдодҳо мавҷуданд.
Бешубҳа, тарбияи фарди эҷодкор кори хеле мушкил буда, заҳмати пайгиронаро талаб мекунад. Макони тарбияи ҳама гуна истеъдод - чи дар соҳаи ҳунар, чи дар ҷодаи илму маърифат, албатта, пеш аз ҳама, мактаб ба шумор меравад. Маҳз дар синни хурду миёнаи мактабӣ падидаҳои инфиродии ҳунарманди оянда зоҳир мегарданд ва ин ҷо бояд устоди ғамхоре бошад, ки ин сифати шогирдашро дарк карда тавонад.
Мо медонем, ки маҳз тарбияи саҳеҳи касбӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид минбаъд истеъдодҳои ҷавони моро ба арсаи ҷаҳонӣ мебарорад. Аз ҷумла, ба вазоратҳои маориф ва фарҳанг супориш дода мешавад, ки ҷиҳати дарёфту тарбияи истеъдодҳои ҷавон тадбирҳои мушаххас андешанд.
Яке аз шартҳои асосии таъмини минбаъдаи рушди соҳаи фарҳанг ва ҳунар, ба таҳсили баландмазмуни тахассусӣ ҷалб намудани истеъдодҳо ба шумор меравад. Дар ин росто, Донишкадаи давлатии санъат дар амалӣ намудани ин мақсадҳо масъулияти асосиро ба дӯш дорад ва минбаъд низ дар ин ҷода нақши асосиро бояд иҷро намояд. Ба ҳама маълум аст, ки имрӯз аксари ҳунармандони асили тоҷик, ки дар фазои фарҳангии мамлакат кору эҷод менамоянд, маҳз дастпарварони ҳамин даргоҳи санъат мебошанд.
Донишкада имрӯз метавонад бо номҳои ҳунармандони маъруфи худ ифтихор намояд. Дар марҳалаи тақдирсози замони истиқлолият маҳз ҳамин ҳунармандони соҳибихтисос тавонистанд рӯҳияи пурэъҷози ҷомеаи моро дар суруду таронаҳо ва намоишҳои театрӣ таҷассум созанд.
Ҳукумати Тоҷикистон чанд сол қабл барои эҳёи пурсамари фаъолияти Донишкадаи санъат чораҳои зарурӣ андешида буд. Пеш аз ҳама барои  пешбурди пурсамари фаъолияти таълимӣ шароити мусоид фароҳам оварда шуд. Танҳо дар се соли охир аз ҳисоби буҷети давлат барои таъмири бинои таълимӣ, хобгоҳи донишҷӯён ва бунёди китобхонаи нав зиёда аз 2 миллиону 600 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шуд, ки имрӯз ҳамаи онҳо мавриди истифода қарор доранд. Ғайр аз ин, барои муҷаҳҳаз гардонидани таълимгоҳҳо бо асбобҳои мусиқӣ, китобҳои дарсӣ, технологияи компютерӣ, мизу курсӣ ва дигар таҷҳизот 780 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шуд.
Дар давоми сӣ сол бинои асосӣ ва толори консертии донишкада рӯи таъмирро  надида буданд. Бо дарназардошти он ки толори консертӣ дар донишкадаи санъат макони асосии машқ, сайқали маҳорат, таълим ва эҷод ба шумор меравад, Ҳукумати Тоҷикистон новобаста аз душвориҳои молиявии солҳои пешин барои таъмири толори консертии донишкада 2,5 миллион сомонӣ ҷудо кард ва имрӯз ҳамаи корҳои таҷдиду таъмир ба анҷом расонида шуданд.
Минбаъд ин толор натанҳо макони машқу тадриси донишҷӯён, балки барои доираи васеи дӯстдорони санъати нафис ҷойи шиносоӣ ва баҳрабардорӣ хоҳад гардид.
Мо бо дастгирии мутахассисони Ҷумҳурии Чехия ба он муваффақ гардидем, ки баъд аз 25 соли хомӯшӣ ягона садои дилнавозу рӯҳафзои сози арғунун дар кишвари мо аз нав танинандоз гардад.  Арғунунро имрӯз дар ҳамаи марказҳои фарҳангии ҷаҳон медонанд ва мусиқии онро дӯст медоранд.
Аксари ҳозирин, бешубҳа, пас аз сафарҳои хориҷа, махсусан аз кишварҳои аврупоӣ баргашта, ҳатман ёдовар мешаванд, ки мусиқии сози арғунунро гӯш кардаанд. Акнун ҳамаи мардуми мо имкон доранд, ки ба навои арғунун дар хонаи худ низ гӯш андозанд.
Дар ин маврид мо ҳамчун ворисони яке аз саромадони бузурги олами мусиқӣ Борбади Марвазӣ бо ифтихор ба ёд меорем, ки дар фарҳангу луғатномаҳо, рисолаҳои мусиқӣ ва ашъори шоирони бузурги мо, аз ҷумла "Бурҳони қотеъ", "Ғиёс-ул-луғот", "Фарҳанги Онандроҷ", ҳамчунин дар нигоштаҳои Фаррухӣ, Манучеҳрӣ, Хоқонии Шервонӣ, Абӯсаиди Абулхайр, Мавлавӣ, Саъдӣ дар мавриди сози арғунун ишораҳои зиёде ба мушоҳида мерасад. Чунончи, дар луғати "Бурҳони қотеъ" дар ин маврид омадааст: "Арғунун созу овози ҳафтод духтари хонанда ва созанда аст, ки ҳар як чизро ба як бор ва ба як оҳанг бихонанд ва бинавозанд. Ва он се анбони бузург дошта, аз пӯсти говмеш таҳия гардад".
Ба ақидаи баъзе аз донишмандон дастгоҳи арғунун ба сози нафасии найи анбони тоҷикон шабоҳати бисёр дорад. Мусаллам аст, ки дар тӯли асрҳо дастгоҳи арғунун аз ҷониби ҳунармандони мо эҷодкорона такмил ёфта, дар байни асбобҳои мусиқии миллӣ мақоми шоиста пайдо кард. Аз ин рӯ, зикри арғунун аз қадимулайём дар осори ҷовидонаи шоирони мо дар баробари дигар созҳои мусиқӣ  фаровон ба назар мерасад. Аз ҷумла, ҳанӯз дар асри ёздаҳуми милодӣ ориф ва шоири шаҳир Абӯсаиди Абулхайр дар тавсифи арғунун чунин гуфтааст:
Аз сина садои арғунун меояд
В-аз дида ба ҷои ашк хун меояд.
Дар шоми фироқ нолаам аз дили танг,
Оғушта ба хуни дил бурун меояд.
Бо вуҷуди ин, имрӯз метавон ифтихор намуд, ки ҳамаи мухлисони мусиқии классикӣ имкон пайдо намуданд, ки бо назокат ва маъниҳои  мусиқии оҳангсозони бузурги ҷаҳон ва муосири тоҷик ошноии бевосита пайдо  намоянд. Ин иқдом ҷомеа, фарҳанг ва тамаддуни моро бо тамаддуни башарӣ боз ҳам наздиктар месозад, зеро мусиқӣ сарҳад надорад.
Мо медонем, ки дар асрҳои миёна дар қитъаи Аврупо сози арғунун бештар дар доираҳои фаъолияти калисоҳои масеҳӣ истифода мегардид. Ҳамзамон бо ин, бузургтарин оҳангсозон барои он асарҳои безавол эҷод кардаанд. Ба ин васила мусиқии Бах ё худ Гендел эҳсосот ва таҷаллои орзую омоли аҳли башарро ифода мекарданд. Мисли он, ки шеъри Рӯдакӣ баёнгари нияту эҳсосоти ҳамаи насли одам аст, мусиқии арғунун низ ба тамоми мардуми фарҳангдӯсти дунё хуш меояд.   Ҳамин маънӣ моро водор намуд, ки ин сози бузургро дар пойтахт дубора таъмир намоем ва ба фазои фарҳангии давлати дунявии хеш падидаҳои тозаро ворид созем. Соли 2010 барои ба  анҷом расонидани корҳои сесолаи таъмир ва таҷдиди сози арғунун аз фонди захиравии  Президенти мамлакат қариб як миллион сомонӣ ҷудо карда шуд.
Дар давоми ду соли охир мутахассисони ширкати  машҳури "Ригер Клосс" аз Ҷумҳурии Чехия корҳои зиёдеро ба анҷом расониданд. Бо истифода аз фурсат мо ба онҳо арзи сипос менамоем. Хурсандиовар аст, ки дар тантанаи имрӯзаи ифтитоҳи сози арғунун меҳмонони гиромӣ аз Федератсияи Русия ҳузур доранд. Пас аз чанд лаҳза мо шоҳиди аввалин  танинандозии ин сози бузурги мусиқӣ хоҳем гардид.
Ҳозирини  гиромӣ!
Мо фарҳангро пайвандгари маънавии наслҳо ва барқароркунандаи ҳофизаи таърихи халқҳо медонем. Ба ёд орем, Одамушшуаро Рӯдакӣ ҳанӯз беш аз ҳазор сол муқаддам фарҳангро беҳтарин ганҷи дунё дониста буд ва ҳамеша ба он рӯй оварданро талқин менамуд. Ин панди ҷовидона дар замони истиқлоли навини Тоҷикистон моҳияти худро дубора пайдо карда, насли навро барои омӯхтан ва муаррифӣ кардани фарҳанг ҳидоят менамояд.
Хусусан он дар ҷараёни таърихии тарбияи мардум дар рӯҳияи нав - эҳсоси солими хештаншиносӣ ва устувор намудани сатҳи ҳувияти миллӣ, дарки дурусти мақоми миллат дар миқёси ҷаҳонӣ, фарҳангӣ будани ҷомеа нақши бузургро иҷро менамояд.
Аз ин нуқтаи назар мо ба рушди густурдаи фарҳанг заминаҳои устувор мегузорем, зеро фарҳанг як ҷузъи таркибии таърихи ғановатманди халқи тоҷик ба ҳисоб меравад ва дар самти худогоҳиву худшиносӣ ва фарҳанги давлатдориву давлатсозии мо нақши ниҳоят муҳимро ифода менамояд.
Имрӯз падидаҳои фарҳанг дар одобу ахлоқ, расму оини рӯзгордорӣ, тарбияи фарзандон, хуллас, дар тамоми паҳлуҳои зиндагии ҷомеа бояд ворид гардад. Дар ин сурат мо имкон дорем, ки аз хазинаи бузурги мероси фарҳанги аҷдодамон ва ҳамчунин аз нодиртарин намунаҳои фарҳанги ҷаҳонӣ истифода намоем. Аз ҷумла, бузургтарин муассисаи фарҳангии замони истиқлолият - Китобхонаи миллии Тоҷикистон минбаъд барои иҷрои вазифаҳои бузурги таърихӣ хизмат хоҳад намуд. Дарҳои ин хазинаи нодири тамаддун ва маърифат рӯзҳои наздик барои аҳли ҷомеа боз хоҳанд гардид.
Ҳамзамон бо ин, сохтмони муассисаи дигари фарҳангӣ - Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад. Осорхонаи миллӣ минбаъд баёнгари симои бузурги таърихии халқи фарҳангдӯст ва тамаддунофари тоҷик мегардад ва ҳар як меҳмони азизи  мо дар тӯли ҳамагӣ якчанд соати тамошои нигораҳои Осорхонаи миллӣ  имкон пайдо мекунад, ки бо таърих ва тамаддуни мо, бо дастовардҳои нодири халқи тоҷик ва ормонҳои сулҳофарини миллатамон ошноии бевосита пайдо намояд.
Дар ин радиф ин толори хушҳаво ва зебо хусусияти хеле нодирро соҳиб аст. Мутахассисони мамлакат якҷо бо намояндагони Ҷумҳурии Чехия услуби садогардонӣ, яъне акустикаи онро тибқи нақшаи махсус ба анҷом расониданд ва имрӯз дар ин ҷо метавон мусиқиро бе тақвияти барқӣ гӯш андохт. Ин сифати толор на танҳо ба сози арғунун, балки барои ҳамаи созҳои анъанавии мусиқии миллии мо низ тааллуқ дорад.
Имрӯз мо ҳамроҳ бо намояндагони парламент, роҳбарони корпуси дипломатӣ, аҳли зиё, устодон ва шогирдони Донишкадаи давлатии санъат шоҳиди воқеаи гуворою хотирмон, яъне аввалин маротиба садо додани Суруди Миллии Тоҷикистон бо ҳамовозии сози арғунун шудем.
Ин амр маънои онро дорад, ки минбаъд бо ин сози бузург на танҳо мусиқии классикони ҷаҳонӣ, балки суруду таронаҳои тоҷикӣ низ иҷро мегарданд ва навои рӯҳафзои сози арғунун дар фазои фарҳангии Тоҷикистони соҳибистиқлол танинандоз хоҳад гардид.
Дар охир бори дигар, ҳамаи шумо - ҳозирини гиромӣ ва меҳмонони арҷмандро ба муносибати ҷашни Ваҳдати миллӣ самимона табрик гуфта, бароятон сулҳу амонӣ, бахту иқбол ва комёбиҳои навини эҷодиро орзумандам.
Пирӯзу сарбаланд бошед!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 607

18.07.2019


ХАДАМОТИ ЗИДДИИНҲИСОРӢ. Болоравии нархи барқ ба қарзи он марбут аст

Азим Иброҳим Ким Тэ Сонгро ба ҳузур пазируфт

Ба ташкили корхонаҳои муштарак ҳавасмандӣ зоҳир гардид

Ҳамоиши «Ваҳдат – омили ягонагӣ ва суботи ҷомеа» доир шуд

Ҳамкорӣ бо Қатар густариш меёбад

Саридораи геология. 2810 харитаи геологӣ рақамӣ шуд

121 шахси масъул ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуд

Роҳи нави сесатҳаи Душанбе ба истифода дода мешавад

Президенти Қазоқистон Шӯрои миллии эътимоди ҷомеаро созмон дод

Дар Ӯзбекистон аввалин IT-технопарк бунёд мегардад

Ҷаҳон дар як сатр

17.07.2019


Музокироти ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Корея

КУМИТАИ МУҲИТИ ЗИСТ. Нигаронӣ аз набудани партовгоҳҳо дар деҳот

ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ. 5774 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонда шуд

ИЗЗАТУЛЛО САТТОРӢ: "Истеҳсоли гӯшти мурғ 9 маротиба зиёд мегардад"

ВАЗОРАТИ АДЛИЯ. Хулосаи ҳуқуқӣ ба 1936 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

ТАЭКВОН – ДО. Муниса медали тилло ба даст овард

Суръати рушди ММД Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ баландтарин шуд

Тоҷикистон ба сохтмони лӯлаи гази «Осиёи Марказӣ — Чин» шурӯъ мекунад

Дар ҷанубу ғарби Чин аз хушксолӣ 7,4 миллион нафар зарар дид

Ҷаҳон дар як сатр

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «ТОҶИКИСТОН – ХОНАИ УМЕДИ МО» озмун эълон менамояд.

16.07.2019


ХАДАМОТИ АЛОҚА. Корти ID симкорти муштариро ба расмият медарорад

ЭНЕРГЕТИКА. 2,5 миллиард сомонӣ қарзи дебитории "Барқи тоҷик" муаммои ҳалталаб боқӣ мемонад

15.07.2019


Сарвазири Корея ба Тоҷикистон меояд

Баррасии масъалаҳои ҳамгироии САҲА, СҲШ ва ИА дар минтақаи Осиёи Марказӣ

Нахустин шумораи маҷаллаи «Осиё ва Аврупо» аз чоп баромад

ДТТ. Изҳори нигаронӣ аз вазъи бо кор таъмин шудани хатмкардаҳо

ТИБ. 288 номгӯи доруи ғайристандартӣ ошкор шуд

11.07.2019


Шиносоии Қоҳир Расулзода бо сохтмон ва навсозии шоҳроҳи Душанбе – Бохтар

10.07.2019


Нодиртарин "Девон" - и Навоӣ дар Хуҷанд

Бунёди нахустин пойгоҳи ҷаҳонии шабакаи атмосферии Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ

Иттиҳоди Аврупо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ 72 миллион евро ҷудо мекунад

Матвиенко: "Дар бозори Россия қариб тамоми об қалбакӣ будааст"


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед