logo

мулоқотҳо

Муносибатҳои Тоҷикистону Арабистони Саудӣ густариш меёбанд

Нимаи дуюми 29 июн Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳайати бонуфузи  соҳибкорони Арабистони Саудиро, ки тайи чанд рӯз дар Тоҷикистон қарор доранд, ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот роҳҳои густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузории ду кишвар баррасӣ шуданд.

Нахуст аз фаъолияти умедбахши Шӯрои сармоягузории Тоҷикистону Арабистони Саудӣ изҳори хушнудӣ карда шуд.
 Ба имзо расидани чанд санади ҳамкорӣ бо маблағи 50 миллион доллари амрикоӣ дар соҳаҳои бонкдорӣ, кишоварзӣ, ҳавопаймоӣ ва сайёҳӣ оғози накӯи робитаҳои мустақими миёни соҳибкорони Тоҷикистону Арабистони Саудӣ маънидод шуд.
 Бо ишора ба фаъолияти босамари  3 ширкати муштараки Тоҷикистону Арабистони Саудӣ - ҶДММ "Амин Корпорэйшен", ҶДММ "Фарел", ҶДММ "Автодом", ки имрӯз ба назар мерасад, таъкид гардид, ки дар ояндаи наздик шумораи чунин ширкатҳо афзyн хоҳад шуд.
 Таъкид гардид, ки ҳавасмандӣ ва пуштибонии бевоситаи Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон ва Абдулло ибни Абдулазиз, Шоҳи Арабистони Саудӣ, тақвиятбахш ва такондиҳандаи қавии ҳамкорӣ миёни соҳибкорони ду кишвар аст.
 Ҳайати соҳибкорони Арабистони Саудӣ, ҳамчунин аз пойдории амну суботи Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ карда, онро асоси ҳама асосҳо барои рушди ҳамкорӣ ва таъмини пешрафту шукуфоӣ номиданд ва ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, нафту газ, обу энергетика, саноати кӯҳӣ, нақлиёту коммуникатсия, кишоварзӣ, аз ҷумла чорводорӣ, боғутокпарварӣ, зироаткорӣ ва парвариши занбӯри асал ва ҳамчунин бонкдорию сайёҳӣ ҳавасмандии зиёд зоҳир намуданд.
 Соҳибкорони Арабистони Саудӣ бо ишора ба амну суботи Тоҷикистон, сарватҳои бепоёни табиӣ, фазои мусоиди сармоягузорӣ, мардуми хушахлоқу меҳмоннавоз ва дӯстони кишвар ба мисли Арабистони Саудӣ, изҳори боварӣ намуданд, ки дар ояндаи наздик шаҳри Душанбе ба Ҳонгконги Осиёи Марказӣ табдил меёбад.

www.president.tj

Фаъолияти самарабахши Шӯрои сармоягузории Тоҷикистону Арабистони Саудӣ дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳайати бонуфузи соҳибкорони араб ситоиш шудааст. Соҳибкорони Арабистони Саудӣ бо нигоҳе ба фазои мусоиди сармоягузорӣ ва шароити босуботи Тоҷикистон дурнамои робитаҳои тиҷоратӣ миёни соҳибкорони ду кишварро умедбахшу пурнатиҷа арзёбӣ карданд. Онҳо аз дидор бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баррасии заминаҳои нави ҳамкорӣ дар умури бонкӣ, кишоварзӣ, роҳҳои ҳамлу нақли ҳавоии молу маҳсулот, гардишгарӣ ва дигар бахшҳои дорои манофеи дуҷониба изҳори хушнудӣ намуданд.
Мансур ибни Солеҳ-ал Ҳунайзон, ҳамраиси Шӯрои соҳибкорони Тоҷикистону Арабистони Саудӣ, зимни сӯҳбат бо хабарнигорон изҳор дошт, ки мулоқоти мо бо Ҷаноби Президент бисёр пурмӯҳтаво сурат гирифта, заминаҳои таҳкимбахши робитаҳои тиҷоратӣ бо соҳибкорони тоҷикро фароҳам овард. Мо аз сӯҳбат бо Эмомалӣ Раҳмон дарёфтем, ки Сарвари давлати шумо ба густариши ҳамкориҳои гуногунҷанба бо Арабистони Саудӣ таваҷҷӯҳи зиёд доранд. Хушҳолем, ки аз пуштибонии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Абдулло ибни Абдулазиз, Шоҳи Арабистони Саудӣ, ба таври густарда бархӯрдорем ва мусалламан ин омил робитаҳои тиҷоратии моро такони тоза мебахшад.
Дар доираи сафари худ ба Тоҷикистон ҳайати соҳибкорони Арабистони Саудӣ ҳамчунин бо намояндагони соҳаҳои молияву иқтисод дидор намуда, аз соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат шиносоӣ ба амал оварданд. Дар ин робита мувофиқаҳои зиёди ҳамкорӣ дар самти обу энергетика, нафту газ, нақлиёту коммуникатсия ва занбӯриасалпарварӣ ҳосил шудааст.

Фирӯзи РАҲМОНИЁН,
"Ҷумҳурият"


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 646

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед