logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 1. Ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри       соли 2008 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, №12, қ. 1, мод. 990; с. 2009, №5, мод. 321; №9-10, мод. 543; с. 2010, №1, мод. 2; мод. 5; №3, мод. 153; №7, мод.547; №12,    қ. 1, мод. 812), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар қисми 3 моддаи 28 калимаҳои "Комиссияи кор бо ноболиғон" ба калимаҳои "Комиссияи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак" иваз карда шаванд.
2. Дар моддаи 33:
- ба қисми 1 пас аз калимаҳои "гузашта бошад," калимаҳои "ба истиснои ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии пешбининамудаи қисми 2 ҳамин модда, " илова карда шаванд;
- қисми 2 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"2. Агар аз рӯзи содир шудани ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии зерин шаш моҳ гузашта бошад, шахс ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида намешавад:
- вобаста ба ҳифзи саломатӣ, вазъи санитарию эпидемиологии аҳолӣ;
- дар соҳаи ҳифзи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ;
- дар соҳаи истифодаи замин;
- дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва истифодаи захираҳои табиӣ;
-вобаста ба қоидаҳои бехатарии ҳаракат дар роҳ (ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурие, ки боиси расонидани зарари сабук ба саломатии ҷабрдида гардидаанд);
- дар соҳаи моликияти зеҳнӣ;
- дар соҳаи энергетика ва истифодаи захираҳои энергетикӣ;
- дар соҳаи саноат, фаъолияти меъморию шаҳрсозӣ ва сохтмон;
- дар соҳаи қонунгузории бонкӣ;
- дар соҳаи қонунгузории зиддиинҳисорӣ;
- дар соҳаи қонунгузории гумрук;
- дар соҳаи қонунгузории андоз;
- вобаста ба коррупсия.";
- дар қисми 2 калимаҳои "мӯҳлати пешбининамудаи қисми якуми" ба калимаҳои "мӯҳлатҳои пешбининамудаи қисмҳои 1 ва 2" иваз карда шаванд;
- қисмҳои  2, 3 ва 4 мутобиқан қисмҳои 3, 4 ва 5 ҳисобида шаванд.
3. Ба сархати нӯҳуми қисми 1 моддаи 49 пас аз калимаҳои "зарурати ниҳоӣ" калимаҳои ", таваккали асоснок" илова карда шаванд.
4. Дар ном ва қисми 1 моддаи 129 пас аз калимаҳои "ноболиғон ба истеъмоли" калимаҳои "маҳсулоти тамоку" илова карда шаванд.
5. Ба Кодекс моддаҳои 2651-2655 бо мазмуни зайл илова карда шаванд:
"Моддаи 2651. Монеъ шудан ба фаъолияти Бозрасии назорати давлатии тухмӣ
Барои монеъ шудан ба фаъолияти Бозрасии назорати давлатии тухмӣ,-
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз се то панҷ, ба шахсони мансабдор аз ҳафт то даҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.
Моддаи 2652. Риоя накардани қоидаҳои кишт, захира ва нигоҳдории маводи тухмӣ
Барои риоя накардани қоидаҳои кишт, захира ва нигоҳдории маводи тухмӣ,-
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то ҳафт, ба шахсони мансабдор ба андозаи аз даҳ то бист ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сӣ то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.
Моддаи 2653. Риоя накардани қоидаҳои истифодаи мақсадноки гурӯҳҳои тухмӣ ва коркарди тухмӣ
Барои риоя накардани қоидаҳои истифодаи мақсадноки гурӯҳҳои тухмӣ ва коркарди тухмӣ,-
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то понздаҳ, ба шахсони мансабдор ба андозаи аз бист то сӣ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз чил то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.
Моддаи 2654. Риоя накардани қоидаҳои парвариши ниҳолҳо дар хоҷагиҳои ниҳолпарварӣ ва фурӯши ниҳолҳои ба  талаботи стандарти давлатӣ ҷавобгӯ набуда
Барои риоя накардани қоидаҳои парвариши ниҳолҳо дар хоҷагиҳои ниҳолпарварӣ ва фурӯши ниҳолҳои ба талаботи стандарти давлатӣ ҷавобгӯ набуда,-
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист, ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз чил то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.
Моддаи 2655. Иҷро накардани амрнома ва дастури Бозрасии назорати давлатии тухмӣ
Барои иҷро накардани амрнома ва дастури Бозрасии назорати давлатии тухмӣ,-
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист, ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз чил то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.".
6. Дар моддаи 463:
- дар номи модда калимаҳои "сигору нос" ба калимаҳои "маҳсулоти тамоку" иваз карда шаванд;
- диспозитсияи қисми 3 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"3. Барои кашидани маҳсулоти тамоку, аз ҷумла нос дар дохили биноҳои маъмурӣ, ҳуҷраҳои кории ташкилотҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, муассисаҳои тандурустӣ, фарҳангӣ, динӣ, варзишӣ, таълимӣ, истироҳатгоҳҳо, толорҳое, ки дар онҳо чорабиниҳои ҷамъиятӣ ва истироҳатию фароғатӣ гузаронида мешаванд, толорҳои фурудгоҳҳо, вокзалҳои роҳи оҳан ва нақлиёти автомобилӣ, инчунин дар дохили нақлиёти ҷамъиятӣ, ба истиснои ҷойҳои махсуси барои он ҷудокардашуда,-".
7. Аз қисми 1 моддаи 465 калимаҳои ", рулетка, бозиҳои автоматӣ, казино" хориҷ карда шаванд.
8.Моддаи 480 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Моддаи 480. Вайрон кардани тартиби ташкил ва гузаронидани маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо, пикетгузориҳо ва роҳпаймоиҳо
1. Барои вайрон кардани тартиби ташкил ва (ё) гузаронидани  маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо, пикетгузориҳо ё роҳпаймоиҳо аз ҷониби шахси ташкилкунанда ё иштирокчии фаъоли ҳамин чорабиниҳо,-
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ҳафт то даҳ ва ба шахсони мансабдор аз даҳ то сездаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.
2. Барои иштирок кардан дар чорабиниҳои дар қисми 1 ҳамин модда пешбинигардида,-
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз се то ҳафт ва ба шахсони мансабдор аз ҳафт то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.
3. Барои дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такроран иштирок кардан дар чорабиниҳои дар қисми 1 ҳамин модда пешбинишуда,-
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз понздаҳ то бист ва ба шахсони мансабдор аз чил то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима   таъйин карда мешавад.".
9. Ба Кодекс моддаи 4831 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"Моддаи 4831. Риоя накардани талаботи қонунгузорӣ дар бораи  рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Барои риоя накардани талаботи қонунгузорӣ дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми набудани аломати ҷиноят,-
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ду то панҷ, ба шахсони мансабдор аз даҳ то бист ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.".
10. Диспозитсияи қисми 3 моддаи 492 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"3. Барои аз тарафи шаҳрвандон ғайриқонунӣ              соҳиб шудан, ба дигарон додан, ба соҳибияти каси дигар додан ё гирифта гаштани яроқи газӣ, ханҷар, корди дудама ё дигар яроқи сард, аз ҷумла яроқи ҳаводиҳанда,-".
11. Моддаи 502 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Моддаи 502. Риоя накардани тартиби баҳисобгирӣ, бақайдгирии давлатӣ ва мураттабсозии  санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Барои аз ҷониби вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, дигар мақомоти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот риоя накардани тартиби  баҳисобгирӣ, бақайдгирии давлатӣ ва мураттабсозии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон,-
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.".
12. Моддаи 503 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Моддаи 503. Дар амал татбиқ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқии қувваи қонунӣ пайдонакардаи вазоратҳо,  кумитаҳои давлатӣ, дигар мақомоти давлатӣ,  мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот
Барои дар амал татбиқ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқии қувваи қонунӣ пайдонакардаи вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, дигар мақомоти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, -
ба андозаи аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.".
13. Дар ном ва матни моддаи 505 калимаи "нашри" ба калимаи "интишори" иваз карда шавад.
14. Қисмҳои моддаҳои 698, 699, 700, 701, 702, 703, 704, 705, 706, 708, 709, 710, 711, 712, 713, 714, 715, 716, 717, 718, 719, 720, 721, 722, 723, 724, 725, 726, 727, 728, 729, 730, 731 ва 732 Кодекси мазкур рақамгузорӣ карда шаванд.
15. Аз қисми 1 моддаи 698 рақами "265" хориҷ карда шавад.
16. Ба Кодекс моддаи 6981 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"Моддаи 6981. Бозрасии назорати давлатии тухмӣ
1. Бозрасии назорати давлатии тухмӣ дар доираи салоҳияти худ парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмуриро, ки дар моддаҳои 265, 2651-2655 Кодекси мазкур пешбинӣ шудаанд, баррасӣ менамояд.
2. Барои баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва таъйини ҷазои маъмурӣ аз номи Бозрасии назорати давлатии тухмӣ сардори Бозрасӣ (сарнозири давлатии назорати тухмӣ), муовини сардори Бозрасӣ (муовини сарнозири давлатии назорати тухмӣ) ва сарнозирони шӯъбаҳои Бозрасӣ дар ВМКБ, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҳуқуқ доранд.".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон            Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 28 июни соли 2011, №717

Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии  Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии  Ҷумҳурии Тоҷикистон" қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон    Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 1 июни соли 2011, № 457


Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии  Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии  Ҷумҳурии Тоҷикистон" баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ""Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии  Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 9 июни соли 2011, № 171


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1184

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед