logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 1. Ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри     соли 2008 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, №12, қ. 1, мод. 989, мод. 990; с. 2009, №5,          мод. 321; №9-10, мод. 543; с. 2010, №1, мод. 2, мод. 5; №3, мод. 153; №7, мод. 547; №12, қ. 1, мод. 812), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 8:
- қисми 3 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"3. Шахси мансабдор ва шахси ба ӯ баробаркардашуда, сарфи назар аз иҷрои ваколатҳои хизматӣ ва мансаби ишғолкардаашон, барои содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд.";
- қисмҳои 3, 4 ва 5 мутаносибан қисмҳои 4, 5 ва 6 ҳисобида шаванд.
2. Ба қисми 1 моддаи 12 баъд аз калимаҳои "шахси воқеӣ" калимаи ", мансабдор" илова карда шавад.
3. Дар қисми 2 моддаи 115, қисми 3 моддаи 287, дар ном ва матни моддаҳои 297, 300 ва дар матни моддаи 301 калимаҳои "нақлиёти ҳавоӣ" ба калимаи "ҳавопаймо" иваз карда шаванд.
4. Дар санксияи моддаи 295 калимаи "тайёраҳои" ба калимаи "ҳавопаймоҳои" иваз карда шавад.
5. Дар қисмҳои 1 ва 3 моддаи 296, ном ва матни моддаҳои 298, 299, матни моддаҳои 302, 754 калимаҳои "киштиҳои ҳавоӣ" ва "киштии ҳавоӣ" мутаносибан ба калимаҳои "ҳавопаймоҳо" ва "ҳавопаймо" иваз карда шаванд.
6. Ба Кодекс моддаи 5341 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Моддаи 5341. Монеъ шудан ба фаъолияти қонунии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Барои дахолат кардан ба фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъсир расондан ба қарорҳои ӯ,-
ба андозаи аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.
2. Барои аз ҷониби шахси мансабдор иҷро накардани талаботи қонунии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, инчунин ӯҳдадориҳое, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" муқаррар кардааст,-
ба андозаи аз сӣ то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.
3. Барои бо дигар шакл монеъ шудан ба фаъолияти қонунии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон,-
ба андозаи аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.".
7. Ба моддаи 696 баъди рақами "534," рақами "5341," илова карда шавад.
8. Дар сархати якуми қисми 2 моддаи 697 калимаи "ҳавоӣ" ба калимаи "ҳавопаймо" иваз карда шавад.
9. Дар қисми дуюми моддаи 722:
- сархати якум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"- сардори мақоми ваколатдори назорати давлатии фаъолияти тиббӣ, сардорони раёсатҳои он дар ВМКБ, вилоятҳо ва намояндагии он дар минтақаи Кӯлоб оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмурие, ки дар моддаҳои 110, 119, қисми 2 моддаи 122 ва моддаи 123 Кодекси мазкур пешбинӣ шудаанд;";
- сархати дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"- сардори мақоми ваколатдори назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ, сардорони раёсатҳои он дар вилоятҳо, намояндагиҳо дар ВМКБ ва минтақаи Кӯлоб оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмурие, ки дар моддаи 121 ва қисми 1 моддаи 122 Кодекси мазкур пешбинӣ шудаанд;";
- сархатҳои дуюм ва сеюм мутаносибан сархатҳои сеюм ва чорум ҳисобида шаванд.
10. Ба сархати ҳаштуми моддаи 735 баъд аз калимаҳои "фавти шахси воқеӣ" калимаҳои "ё шахси мансабдор" илова карда шаванд.
11. Дар моддаи 743:
- ба қисми 1 баъди калимаҳои "шахси воқеӣ" калимаи "мансабдор ," илова карда шавад;
- ба қисмҳои 2, 3, 4 ва 5 баъди калимаҳои "шахси воқеӣ" калимаи ", мансабдор " илова карда шавад.
12. Ба моддаи 813 қисми 3 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"3. Аз хусуси қарор дар бораи бо роҳи маъмурӣ аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон берун кардани шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд дар мӯҳлати як шабонарӯз аз лаҳзаи эълон кардани он шикоят овардан мумкин аст.";
- қисми 3 қисми 4 ҳисобида шавад.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон                           Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 28 июни соли 2011, № 718


Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии  Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии  Ҷумҳурии Тоҷикистон" қабул карда шавад.

Раиси  Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                     Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 13 апрели соли 2011, № 391


Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии  Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии  Ҷумҳурии Тоҷикистон" баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии  Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                           М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 9 июни соли 2011, № 161


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1098

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед