logo

маориф

Тоҷикистон: Донишгоҳи Осиёи Марказиро 185 нафар хатм кард

Дар толори Маркази Исмоилияи шаҳри Душанбе бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияву қонунгузории ҷумҳурӣ, созмонҳои байналмилалӣ, корпусҳои дипломатии муқими пойтахт ва ВАО маросими  хатми бахши тоҷикистонии Донишгоҳи Осиёи Марказӣ  баргузор шуд.
Дар оғози маросим Богдан Кравченко, роҳбари кулли Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ва Мерган Шаҳбозов, муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон  суханронӣ намуда,  изҳор доштанд, ки Барномаи "Инсоншиносӣ" ва Маркази таълимии касбӣ ва маълумоти  давомдори бахши тоҷикистонии донишгоҳро  то имрӯз беш аз 6 ҳазор нафар хатм намудааст. Дар он на танҳо ҷавонон, балки калонсолон низ ба забономӯзии амалӣ ва касбҳои техникӣ фаро гирифта шуданд. Ва тавре Мерган Шаҳбозов зимни суханрониаш иброз дошт, кормандони Маҷлиси намояндагон низ омодаанд, бо идомаи таҳсил дар ин бахшҳои донишгоҳ  малакаи касбиашонро такмил диҳанд. 
Сипас ба 185 донишҷӯе, ки имсол  Барномаи "Инсоншиносӣ" ва  Маркази таълимии касбӣ ва маълумоти  давомдорро хатм карданд,   шаҳодатнома супурда шуд.
Мавриди ёдоварист, ки донишҷӯёни Барномаи "Инсоншиносӣ" дар риштаи илмҳои ҷомеашиносӣ ба забони англисӣ таҳсил мекунанд. Омӯзиши донишҷӯён дар курсҳои инсоншиносӣ барои дарки вазъи инсонҳо ва табиати ҷомеаҳо мусоидат намуда, дар заминаи афкору фарҳангҳои мардуми Осиёи Марказӣ гуногунандеширо ривоҷ медиҳад.  Зимни омӯзиш донишҷӯён дар ин курсҳо малакаҳои муҳими илмӣ, аз ҷумла тафаккури интиқодӣ, эҷоди иншои асарҳои илмӣ, маҳорати муошират ва гӯш кардану ширкат дар кори гурӯҳиро пайдо менамоянд.  Хатмкунандагони барнома ба дастрасии омӯзиш дар сатҳи байналмилалӣ омода гашта, инчунин ба баланд бардоштани имконоти зеҳнии роҳбарӣ дар ҷомеаҳои худ мусоидат мекунанд.
Хатмкунандагони Мактаби таълимии касбӣ ва маълумоти давомдор донишомӯзони калонсол буда, барномаи технологияи муҳосибиро дар асоси меъёрҳои ҷаҳонии ҳисоботи молиявӣ омӯхтанд.
Ба донишомӯзоне, ки дараҷаи дуюм ва сеюми забони англисиро барои коргузории расмӣ тибқи барномаи Палатаи савдо ва саноати Лондон  хатм карданд, низ шаҳодатномаҳо тақдим гардид. Инчунин шаҳодатномаҳои Академияи технологияи иттилоотии Майкрософт ва Палатаи савдо  ва саноати Лондон ба донишҷӯён - кормандони мақомоти иҷроия ва онҳое, ки аз ин имтиҳони байналмилалӣ гузаштанд, тақдим шуд.
 Донишгоҳи Осиёи Марказӣ соли 2000 -ум ба саъю эҳтимоми  ҳукуматҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Волоҳазрат Шоҳкарим Ал-Ҳусайнӣ Оғохони IV таъсис ёфтааст. Қарордоди байналмилалӣ ва Низомномаи таъсисдиҳии ин донишгоҳи дунявию хусусӣ аз ҷониби Волоҳазрат Шоҳкарим Ал-Ҳусайнӣ Оғохони IV,  президентҳои ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазоқистон ба имзо расида, онҳоро намояндагони порлумони ин кишварҳо ба тасвиб расонидаанд ва аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид сабти ном шудааст.
Ин мактаб дар Осиёи Марказӣ нахустин муассисаи таълимии байналмилалӣ бо барномаҳои касбӣ мебошад, ки омӯзиши ихтисосро бидуни гусастан аз истеҳсолот пешниҳод менамояд. 
Бино ба иттилои    Диловар Бутабеков, роҳбари мактаби касбӣ ва маълумоти давомдори Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар Хоруғ, айни замон ин мактаб  дар шаҳрҳои Душанбе ва Хоруғ амал намуда, пешаҳои бинокор, челонгар, васлгар, андовагар ва техникаи санитариро ҳам меомӯзонад. Сифати таълим аз тарафи идораи садри донишгоҳ назорат мешавад ва мутобиқи меъёри таълими аврупоист. Ба сифати дониши донишҷӯён коршиносон аз Канада ва ё Қазоқистон баҳо медиҳанд.

Хайринисои Расулӣ,
"Ҷумҳурият"


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 865

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед