logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ МИЛИТСИЯ"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 майи соли 2004 "Дар бораи милитсия" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  с. 2004, №5, мод. 352; с. 2006, №3, мод. 148; с. 2007, №7, мод. 663; с. 2008, №6, мод. 450; с. 2009, №12, мод. 820) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 13:
- қисми шашум бо мазмуни зайл илова карда шавад: 
"Кормандони милитсия, хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар шахсоне, ки ба иҷрои вазифаҳои хизматии милитсия оид ба мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ҷалб карда шудаанд, барои расонидани зарари маънавӣ, моддӣ ва ҷисмонӣ ба шахс мутобиқи қонунгузории ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида намешаванд, агар онҳо тибқи муқаррароти дар Қонуни мазкур пешбинишуда аз қувваи ҷисмонӣ, воситаҳои махсус ва яроқи оташфишон истифода баранд.".
2. Дар моддаи 14:
- дар қисми дуюм:
а) дар сархати чорум рақамҳо ва калимаи "4 ва 6" ба рақамҳо ва калимаи "4, 6 ва 7" иваз карда шаванд;
б) дар сархати ҳафтум пас аз рақами "6," рақам ва калимаи "7 ва" илова карда шаванд;
в) дар сархати ҳаштум пас аз рақами "4" калима ва рақами "ва 7" илова карда шаванд;
- ба қисм сархатҳои нав бо мазмуни зайл илова карда шаванд:
"- воситаҳои вайронкунандаи монеаҳо - дар мавридҳои дар бандҳои 6 ва 7 қисми якуми моддаи мазкур пешбинишуда;
- воситаҳои махсуси рангкунанда - дар мавридҳои дар бандҳои 3, 7 ва 9 қисми якуми моддаи мазкур пешбинишуда;
- аспҳо - дар мавридҳои дар бандҳои 3 ва 7 қисми якуми моддаи мазкур пешбинишуда;
- тирҳои резинӣ - дар мавридҳои дар бандҳои 1, 2, 3 ва 7 қисми якуми моддаи мазкур пешбинишуда.";
- ҷумлаи дуюми қисми чорум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Ҳамчунин барои пешгирии маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо, роҳпаймоиҳо ва пикетгузориҳои ғайриқонунии дорои хусусияти ғайризӯроварӣ истифодаи воситаҳои махсус иҷозат дода мешавад, агар дар ин ҳолат тартиботи ҷамъиятӣ вайрон карда шавад.".
3. Дар моддаи 15:
- қисми якум бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Истифодаи яроқи оташфишон чун чораи ниҳоӣ ин паррондани тир барои безарар гардонидани шахсе мебошад, ки ҳаракати хавфноки он пешгирӣ карда мешавад.".
4. Қисми дуюми моддаи 16 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Кӯшишҳои шахси аз ҷониби корманди милитсия дастгиршаванда рӯирост бо яроқи оташфишон ё сард ё предмете, ки бо ёрии он зарари ҷисмонӣ расонидан мумкин аст, барои ба ӯ наздик шудан ва зимнан кӯтоҳ намудани масофаи аз ҷониби корманди милитсия муқарраркардашуда, инчунин кӯшиши яроқи корманди милитсияро ба даст овардан ё содир намудани амалҳои ногаҳонӣ ва ё дигар ҳаракатҳои хавфнок ё бе иҷозати корманди милитсия гирифтани ягон предмет аз либоси худ, ки чунин ҳаракатҳо мумкин аст аз ҷониби корманди милитсия чун таҳдиди зӯроварӣ фаҳмида шаванд, ба корманди милитсия ҳуқуқ медиҳанд, ки мувофиқи сархати дуюми қисми дуюми моддаи 15 Қонуни мазкур яроқро истифода барад.".
5. Дар қисми якуми моддаи 19 пас аз калимаи "таҳсилот," калимаҳои "донистани забони давлатӣ," илова карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон     Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 28 июни соли 2011, № 725


Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи милитсия"
Мутобиқи моддаҳои 36 ва 40 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи милитсия" қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси
Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон                       Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 1 июни соли 2011, № 459


Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи милитсия"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи милитсия" баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи милитсия" ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                     М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 9 июни соли 2011, № 172


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 989

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед