logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ МАҶЛИСҲО, ГИРДИҲАМОИҲО, НАМОИШҲО ВА РОҲПАЙМОИҲОИ ОСОИШТА"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 1998 "Дар бораи маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва роҳпаймоиҳои осоишта" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.1998, №10, мод.109) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар номи Қонун ва номи моддаи 1 калимаҳои "роҳпаймоиҳои осоишта" ба калимаи "роҳпаймоиҳо" иваз карда шаванд.
2. Ба Қонун дебоча бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро ҳангоми гузаронидани маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо, пикетгузориҳо ва роҳпаймоиҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим менамояд.".
3. Дар тамоми матни Қонун сархатҳо бо аломати дефис "-" ишора карда шаванд.
4. Дар моддаи 1:
- дар қисми якум калимаҳои "ва роҳпаймоиҳое (минбаъд - намоишҳо)" ба калимаҳои ", пикетгузориҳо ва роҳпаймоиҳое (минбаъд - чорабиниҳо)" иваз карда шаванд;
- дар қисмҳои дуюм ва сеюм калимаҳои "намоишҳо" ва "Намоишҳо" мувофиқан ба калимаҳои "чорабиниҳо" ва "Чорабиниҳо" иваз карда шаванд.
5. Дар матни моддаи 2 калимаи "намоишҳо" ба калимаи "чорабиниҳо" иваз карда шавад.
6. Моддаи 3 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Моддаи 3. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- маҷлис - иштироки якҷояи шахсон дар ҷой ва вақти пешакӣ муайяншуда барои муҳокимаи ошкоро ва ҳал намудани масъалаи дорои аҳамияти ҷамъиятӣ ё баён намудани муносибати онҳо ба амали шахсон ва ё фаъолияти ташкилотҳо, рӯйдодҳои ҷамъиятию сиёсӣ ва иҷтимоӣ, инчунин ҳалли масъалаҳои ба манфиати умум дахлдошта;
- гирдиҳамоӣ - иштироки оммавии шахсон дар ҷой ва вақти пешакӣ муайяншуда барои баёни ошкоро ва ё муҳокимаи ақидаи ҷамъиятӣ оид ба мушкилоти мавҷуда, ҷалб намудани диққати ҷамъият ва мақомоти давлатӣ ба масъалаҳои ҷамъиятию сиёсӣ ва иҷтимоии ҳаёти шаҳрвандон, инчунин баёни иддао ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ оид ба ин масъалаҳо;
- намоиш - ошкоро баён намудани ақидаи худ ё ақидаи умумӣ аз ҷониби як шахс ё гурӯҳи шахсон ва ё иддао намудан оид ба масъалаҳои ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, норозигӣ ё дастгирии ягон ташаббус, амал ё мавқеи мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, шахсони мансабдор ё шаҳрвандон бо истифода аз плакатҳо, транспарантҳо ва ё дигар васоити ташвиқот ё бе истифодаи онҳо дар ҷой ва вақти пешакӣ муайяншуда;
- пикетгузорӣ - изҳори ошкорои манфиатҳои ҷамъиятию сиёсӣ, гурӯҳӣ, шахсӣ ва дигар манфиатҳо аз ҷониби шахс ё гурӯҳи шахсон ё баён намудани норозигӣ (бе роҳпаймоӣ), аз он ҷумла бо роҳи гуруснанишинӣ оид ба ягон масъала бо истифода ё бе истифодаи  плакатҳо, транспарантҳо ва дигар воситаҳои ташвиқот бо ҷойгиршавии шахс ё гурӯҳи шахсон дар назди объекти пикетшаванда дар ҷой ва вақти пешакӣ муайяншуда;
- гуруснанишинӣ - қатъи мақсадноки истеъмоли озуқа ё намуди муайяни он аз ҷониби шахс ё гурӯҳи шахсон бо талаб ва даъвати тағйир додани муносибатҳои муайян ё баён намудани норозигӣ ба ягон амали мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, шахсони мансабдор ва шахсони алоҳида;
- роҳпаймоӣ - ҳаракати муташаккилонаи шахсон дар хатсайри пешакӣ муайяншудаи қисми пиёдагард ё мошингарди кӯча (роҳ), кӯчабоғ, хиёбон, майдон бо мақсади ҷалб намудани диққати мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, шахсони мансабдор ва ё шахсони дигар ба масъалаҳои муайян ё баён намудани норозигии худ ва ё дастгирии ин амалҳо ё қарорҳо;
- огоҳинома дар бораи гузаронидани чорабиниҳо - ҳуҷҷатест, ки ба воситаи он ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо тартиби муайяннамудаи Қонуни мазкур дар бораи гузаронидани чорабиниҳо бо мақсади таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти ҷамъиятӣ маълумот дода мешавад;
- намояндаи ваколатдори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ - яке аз муовинони раиси шаҳр ё ноҳия мебошад, ки дар рафти гузаронидани чорабиниҳо бевосита иштирок намуда, амалҳоро оид ба гузаронидани чорабиниҳо мувофиқа менамояд;
- намояндаи ваколатдори мақомоти корҳои дохилӣ - яке аз муовинони сардори мақомоти корҳои дохилӣ ё сардори шӯъбаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ мебошад, ки дар минтақаи он чорабиниҳо барпо мегардад ва оид ба ин масъала дар раёсат ё шӯъбаи корҳои дохилии дахлдор фармон ба имзо мерасад.".
7. Ба Қонун моддаи 31 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Моддаи 31. Принсипҳои гузаронидани чорабиниҳо
Чорабиниҳо дар асоси принсипҳои зерин гузаронида мешаванд:
- қонуният - риояи талаботи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- эҳтиром ва риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;
- иштироки ихтиёрона дар чорабиниҳо.".
8. Дар моддаи 4 ва минбаъд дар тамоми матни Қонун калимаҳои "намоишҳо", "НАМОИШҲО", "намоиш", "Намоишҳоро", "намоишҳои", "намоиши", "намоишро", "намоишҳоро" ва "намоишҳое" мувофиқан ба калимаҳои "чорабиниҳо", "ЧОРАБИНИҲО", "чорабиниҳо", "Чорабиниҳоро", "чорабиниҳои", "чорабиниҳои", "чорабиниҳоро", "чорабиниҳоро" ва "чорабиниҳое" иваз карда шаванд.
9. Ба қисми дуюми моддаи 17 сархатҳои якум ва дуюм бо мазмуни зайл илова карда шаванд:
" - дар бораи вақт, ҷой ва тартиби гузаронидани чорабиниҳо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии дахлдорро тибқи талаботи моддаи 8 Қонуни мазкур воқиф намояд;
- нишони фарқкунандаи ташкилотчии чорабиниҳоро дошта бошад ё шахси ваколатдори ӯ низ бояд чунин нишонро дошта бошад.".
10. Ба Қонун моддаҳои 181 ва 182 бо мазмуни зайл илова карда шаванд:
"Моддаи 181. Ҳуқуқу ӯҳдадориҳои намояндаи ваколатдори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ
Намояндаи ваколатдори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дорои чунин ҳуқуқҳо мебошад:
- ҳангоми гузаронидани чорабиниҳо риояи тартиби гузаронидани онҳо ва тартиботи чамъиятиро аз ташкилкунандагон талаб намояд;
- оид ба қать гардонидан ё хотима бахшидан ба чорабиниҳо бо асосҳо ва тартиби пешбининамудаи Қонуни мазкур чора андешад.
Намояндаи ваколатдори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ӯҳдадор аст:
- дар чорабиниҳо иштирок намояд;
- дар гузаронидани чорабиниҳо бо ташкилкунандагони он ҳамкорӣ намояд;
- дар якҷоягӣ бо ташкилкунандагони чорабиниҳо ва намояндаи ваколатдори мақомоти корҳои дохилӣ тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти ҷамъиятӣ ва риояи қонунро ҳангоми гузаронидани чорабиниҳо таъмин намояд.
Моддаи 182. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои намояндаи ваколатдори мақомоти корҳои дохилӣ
Намояндаи ваколатдори мақомоти корҳои дохилӣ ҳуқуқ дорад:
- дар ҳолати аз ҳадди муайяншуда зиёд шудани шумораи иштирокчиён аз ташкилкунандагони чорабиниҳо қатъи шомил шудани шаҳрвандонро ба чорабиниҳо талаб намояд;
- аз ташкилкунандагони чорабиниҳо риояи тартиботи ҳуқуқӣ ва тартиби гузаронидани онҳоро талаб намояд;
- бо хоҳиши ташкилкунандаи чорабиниҳо шахсонеро, ки талаби қонунии ташкилкунандаи чорабиниҳоро иҷро намекунанд, аз ҷои баргузории онҳо дур намояд.
Намояндаи ваколатдори мақомоти корҳои дохилӣ ӯҳдадор аст:
- дар доираи ваколатҳои худ ба гузаронидани чорабиниҳо мусоидат намояд;
- дар якҷоягӣ бо ташкилкунандагони чорабиниҳо ва намояндаи ваколатдори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандон, инчунин риояи қонуниятро дар рафти гузаронидани чорабиниҳо таъмин намояд.".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 28 июни соли 2011, № 735

Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва роҳпаймоиҳои осоишта"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва роҳпаймоиҳои осоишта" қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон       Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 1 июни соли 2011, № 455


Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
"Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва роҳпаймоиҳои осоишта"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва роҳпаймоиҳои осоишта" баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва роҳпаймоиҳои осоишта" ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон          М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 9 июни соли 2011, № 192


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1198

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид

ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН. Гардиши савдо ду баробар афзуд

Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ ба афзоиши баландтарини ММД муваффақ гашт

Дар Тошканд конфронси байналмилалӣ оид ба Осиёи Марказӣ баргузор мегардад

Қасри сафед: "Музокироти тиҷоратӣ дар Пекин ба пешравӣ мусоидат кард"

Трамп мехоҳад ҷангиёни «Давлати исломӣ» - ро ба Аврупо барои суд кардан баргардонад

Кумитаи амнияти иттилоотии Қазоқистон беш аз 90 сомонаи хавфнокро ошкор сохт

Ҷаҳон дар як сатр

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед