logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ПАРТОВҲОИ ИСТЕҲСОЛӢ ВА ИСТЕЪМОЛӢ"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 майи соли 2002 "Дар бораи партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2002, № 4, қ. 1, мод. 287; с. 2005, № 7, мод. 409) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар тамоми матни Қонун калимаи "Боби" бо ҳарфҳои калон ифода карда шуда, бобҳо бо рақамҳои арабӣ рақамгузорӣ карда шаванд.
2. Дар моддаи 1:
- номи модда дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ";
- ҷумлаи  якуми модда дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:";
- сархатҳо бо аломати дефис "-" ишора карда шаванд;
- ба сархати шашум пас аз калимаҳои "ки ба" калимаи "ҳосилшавӣ," илова карда шавад;
- сархатҳои нуздаҳум, бистум ва бисту якум бо мазмуни зайл илова карда шаванд:
"- партовҳои бесоҳиб - партовҳое, ки соҳиб надоранд ё ин ки соҳиби онҳо номаълум аст;
- коркарди партовҳо - фаъолияте, ки ба истифодаи партовҳо ба сифати захираҳои дуюмдараҷа вобастагӣ дорад;
- нест кардани партовҳо - фаъолият оид ба гӯркунӣ, безарар кардан ва ё несту нобуд сохтани партовҳо.".
3. Дар матни моддаҳои 2, 5, 6, 9, 10, 14, 16, 17 ва 18 калимаи "меъёрию" ба калимаи "меъёрии" иваз карда шавад.
4. Дар моддаи 3 калимаи "мегардонад" ба калимаи "мегардонанд" иваз карда шавад.
5. Ба Қонун моддаҳои 41 ва 42 бо мазмуни зайл илова карда шаванд:
"Моддаи 41. Партовҳо ҳамчун объекти ҳуқуқи моликият
1. Партовҳо объекти ҳуқуқи моликият мебошанд. Ҳуқуқи моликият ба партовҳо метавонад бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз як шахс ба шахси дигар гузарад.
2. Истеҳсолкунандаи партовҳо ҳуқуқи моликият ба партовҳоро аз лаҳзаи ҳосилшавии онҳо ва то ба шахси дигар гузаштани ин ҳуқуқ ё ин ки то  коркард ё пурра несту нобуд сохтани партовҳо бо тартиби пешбининамудаи Қонуни мазкур ба даст меорад.
3. Дар ҳолати хусусигардонии корхонаҳои давлатӣ, ки дар натиҷаи фаъолияти онҳо ҳаҷми муайяни партовҳо ҳосил шудааст, ҳуқуқи моликият ба партовҳо ва ӯҳдадориҳои ҷуброн кардани товони зарари аз партов ба саломатии инсон, молу мулки шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ва муҳити зист расида ба соҳибони нав мегузаранд.
Моддаи 42. Партовҳои бесоҳиб
1. Тартиби муомилот бо партовҳои бесоҳибро мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ муайян мекунад, ба шарте ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад.
2. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои ошкор намудан ва ба ҳисоб гирифтани партовҳои бесоҳиб, истифодаи маҷмӯии ин гуна партовҳо, риояи шартҳои муомилот бо онҳо ва пешгирии таъсири манфии онҳо ба муҳити зист ва саломатии инсон масъул мебошанд.
3. Истифодабарандагони қитъаҳои замине, ки дар он қитъаҳо  партовҳо ошкор карда шудаанд ва ин партовҳо ба онҳо тааллуқ надоранд, вазифадоранд оид ба ин ҳолат мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии дахлдорро хабардор намоянд.
4. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадоранд барои пайдо кардани соҳибмулки партовҳои бесоҳиб, муайян кардани дараҷаи хавфнокии онҳо, ташкили баҳисобгирии партовҳои бесоҳиб чора андешанд ва нисбат ба муомилот бо онҳо мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул намоянд.
5. Мақомоти  иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ соҳибмулки партовҳое мебошанд, ки дар ҳудуди онҳо ҷойгиранд, соҳиб надоранд ё ин ки соҳиби онҳо муайян карда нашудааст.
6. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ комиссияҳои доимоамалкунандаро оид ба масъалаҳои ошкор кардан ва ба ҳисоб гирифтани партовҳои бесоҳиб таъсис медиҳанд.
7. Тартиби ошкор кардан ва ба ҳисоб гирифтани партовҳои бесоҳибро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.".
6. Моддаи 5 дар таҳрири зайл баён карда шавад:
"Моддаи 5. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 
 соҳаи муомилот бо партовҳо
Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи муомилот бо партовҳо мансубанд:
- ташкилу татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи муомилот бо партовҳо;
- муқаррар кардани принсипҳои умумии ташкил ва гузаронидани назорати давлатӣ дар соҳаи муомилот бо партовҳо;
- муайян намудани мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи муомилот бо партовҳо;
- таҳия, тасдиқ ва татбиқи барномаҳои мақсаднок ва илмию техникӣ дар соҳаи муомилот бо партовҳо;
- қабул ва тасдиқ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳои ҳуқуқиро  дар соҳаи муомилот бо партовҳо танзим мекунанд ва назорати иҷрои онҳоро ба роҳ мемонанд.".
7. Ба Қонун моддаи 51 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Моддаи 51. Ваколати мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи муомилот бо партовҳо
Мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи муомилот бо партовҳо чунин ваколатҳо доранд:
- назорати давлатӣ дар соҳаи муомилот бо партовҳо, аз ҷумла оид ба риояи меъёрҳои бехатарии экологӣ;
- ташкил ва гузаронидани назорату санҷишҳо дар соҳаи муомилот бо партовҳо;
- ташкил ва гузаронидани экспертизаи давлатии экологӣ дар соҳаи муомилот бо партовҳо;
- додани иҷозат, муайян кардани меъёри ҳосилшавӣ ва ҷойгиронии партовҳо;
- таҳия, тасдиқ ва татбиқи қоидаю меъёрҳои давлатӣ, ки муомилоти бехатари экологии партовҳоро  танзим менамоянд ва талаботи бехатарии партовҳоро барои муҳити зист ва инсон муқаррар мекунанд;
- дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ба амал баровардани тадбирҳои рафъи оқибатҳои фалокату садамаҳое, ки ба муомилот бо партовҳо вобастаанд;
- ба мақомоти дахлдор ирсол намудани таклифу пешниҳодҳо оид ба маҳдуд ё қатъ намудани фаъолияти субъектҳои хоҷагидор, новобаста ба шакли моликияташон, ба шарте ки дар фаъолияти онҳо вайронкунии қонунгузорӣ дар соҳаи муомилот бо партовҳо ҷой дошта бошад;
- ташкили баҳисобгирии давлатӣ ва ҳисоботдиҳӣ доир ба муомилот бо партовҳо;
- таъмини аҳолӣ бо иттилоот дар соҳаи муомилот бо партовҳо;
- ташкил ва пешбурди кадастри партовҳо;
- ба роҳ мондани ҳамкории байналмилалӣ;
- амалӣ намудани ваколатҳои дигаре, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд.".
8. Моддаи 6 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Моддаи 6. Ваколатҳои мақомоти маҳаллии  ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи муомилот бо партовҳо
1. Ба ваколати мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дохил мешаванд:
- дар ҳудудҳои худ амалӣ гардонидани сиёсати давлатӣ дар соҳаи муомилот бо партовҳо;
- ба амал баровардани тадбирҳои рафъи оқибати фалокату садамаҳое, ки ба муомилот бо партовҳо вобастаанд;
- нест кардани партовҳо аз ҳисоби маблағи соҳибмулк бо ҷуброни товони зараре, ки ба муҳити зист расидааст;
- ҳавасмандгардонии иқтисодӣ ва иҷтимоӣ барои истифодаи пурраи партовҳо аз тарафи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;
- таъмини аҳолӣ бо иттилоот дар бораи  муомилот бо партовҳо;
- дар мувофиқа бо мақомоти дахлдори манфиатдор муқаррар намудани тартиби муомилот бо партовҳо дар ҳудуди маҳалҳои аҳолинишин ва маҳалҳои дигар;
- ташкили ҷамъоварӣ ва нест кардани партовҳои рӯзгор, аз ҷумла ҷамъоварии ҷудогонаи партовҳо;
- тасдиқи қоидаҳои муомилот бо партовҳои рӯзгор;
- тасдиқи барномаҳои маҳаллии муомилот бо партовҳо ва назорати иҷрои онҳо;
- ошкор кардан ва барҳам додани партовгоҳи тасдиқнагардида;
- андешидани тадбирҳо оид ба ошкор кардан ва ба ҳисоб гирифтани партовҳои бесоҳиб, пайдо кардани соҳибмулки партовҳои бесоҳиби ошкоркардашуда, муайян намудани дараҷаи хатарнокии онҳо;
- ба аҳолӣ фаҳмондани меъёрҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои муомилот бо партовҳо;
- муҳайё намудани шароити зарурӣ барои ҳавасманд гардонидани аҳолӣ ба ҷамъоварии партовҳо ҳамчун ашёи хоми дуюмдараҷа.
2. Ваколати мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар соҳаи муомилот бо партовҳо тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот" амалӣ карда мешавад.".
9. Ба моддаи 7 сархати дуюм бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"- мувофиқа намудани лоиҳаи ҳуҷҷатҳои меъёри ҳосилшавӣ ва ҷойгиронии партовҳо бо мақомоти ваколатдори давлатӣ;";
- сархати дуюм мутаносибан сархати сеюм ҳисобида шавад.
10. Ба қисми 2 моддаи 15 сархати панҷум бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"- назорати риояи тартиби баҳисобгирии ибтидоии партовҳо.".
11. Моддаи 22 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Моддаи 22. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ  РАҲМОН
ш. Душанбе, 28 июни соли 2011, № 736


Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо
ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
"Дар бораи партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ" қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон        Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 13 апрели соли 2011, № 389


Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  "Дар бораи партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ" баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ"  ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон                              М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 9 июни соли 2011, № 183


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 865

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед