logo

суханрониҳо

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар маросими ифтитоҳи мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ дар деҳаи Чорбоғи Ҷамоати деҳоти Айнии ноҳияи Хуросон ва мулоқот бо мардуми ноҳия, 26 июли соли 2011

Омӯзгорон ва хонандагони азиз!
Падару модарони мӯҳтарам!
Ҳозирини гиромӣ!
Вохӯрии имрӯзаи мо дар даврае баргузор шуда истодааст, ки мардуми сарбаланд ва бонангу номуси кишвар, инчунин ҳамаи ҳамватанони бурунмарзии мо ба истиқболи сазовори бистумин солгарди Истиқлолияти давлатии Ватани азизамон омодагӣ мебинанд.
 Сокинони заҳматпешаи ноҳияи зархези Хуросон низ дар қатори тамоми мардуми кишвар ҷиҳати бо дастовардҳои арзанда истиқбол гирифтани ин ҷашни бузурги миллиамон садоқатмандона кору фаъолият карда истодаанд, ки мо инро то назди шумо омадан хуб мушоҳида кардем.
 Шумо медонед, ки Ҳукумати мамлакат дар баробари амалӣ намудани тамоми чораҳои зарурӣ ҷиҳати тараққиёти иқтисодии кишвар ва ба ҳамин восита баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ, ҳамзамон барои пешрафти соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла маорифу тандурустӣ ва таълиму тарбияи наврасону ҷавонон таваҷҷӯҳи доимӣ зоҳир менамояд.
 Дар арафаи таҷлили ҷашни бузурги миллиамон мавриди истифода қарор гирифтани мактаби нави замонавӣ дар ноҳияи Хуросон, ки ба рӯҳияи идонаи мову шумо шукӯҳи тоза мебахшад, далели равшани ғамхориву таваҷҷӯҳи Ҳукумат мебошад.
Бо истифода аз фурсати муносиб ба шумо - ҳозирини гиромӣ, падарону модарони азиз ва хонандагону омӯзгорони арҷманд кушодашавии мактаби навро табрик гуфта, инчунин ба сохтмончиён ва ҳамаи онҳое, ки дар бунёди ин махзани илму маърифат саҳм гузоштаанд, арзи сипос  менамоям.
 Бояд гуфт, ки сохтмони ин мактаб дар доираи тадбирҳои андешидаи Ҳукумат барои бартараф намудани оқибатҳои офати табиии моҳи апрели соли 2009 дар Ҷамоати деҳоти Айнии ноҳия рухдода амалӣ карда шуд.  Тавре ки шумо дар хотир доред, он рӯзҳо офати табиӣ боиси хисороти зиёди моддӣ гардида буд.
 Дар натиҷаи татбиқи чораҳои фаврии аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон андешидашуда дар як муддати кӯтоҳ деҳаи нави Чорбоғ бунёд гардида, ҳамаи оилаҳои зарардида бо манзилҳои истиқоматӣ ва асбобу лавозимоти рӯзгор таъмин карда шуданд.  Илова бар ин, дар деҳа  бунгоҳи замонавии тиббӣ сохта ба истифода дода шуд.
 Мактаби имрӯза бо сарфи маблағи беш аз 7 миллион сомонӣ аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон сохта шуда, барои таҳсили 900 нафар хонандагон дар ду баст пешбинӣ гардидааст ва аз 18 синфхонаи таълимӣ, толори варзишӣ ва ошхонаву дигар иморатҳои ёрирасони муҷаҳҳаз иборат мебошад.
 Ҳадафи мо аз анҷом додани корҳои ободониву бунёдкорӣ дар соҳаи маориф, сохтмони таълимгоҳҳои муосиру ҷавобгӯи талаботи замон ва муҳайё намудани шароити хуби таълимӣ аз он иборат аст, ки фарзандони мо ҳамчун насли сазовори асри пешрафти тараққиёти илму техника соҳиби саводу дониш ва касбу ҳунар шуда, дар оянда барои халқу Ватани худ хизмат намоянд. Зеро ҳар давлату миллатро дар арсаи байналмилалӣ намояндагони донишманду соҳибкасби он муаррифӣ менамоянд ва Ватанро кадрҳои баландихтисосу соҳибмаърифат обод мекунанд. 
Бинобар ин, шумо - толибилмони азизро зарур аст, ки бо хониши хубу аъло ва интизоми намунавии худ ҳамеша сазовори номи баланди фарзанди Тоҷикистони соҳибистиқлол бошед ва вақтро ғанимат дониста, барои аз худ кардани илму дониши замонавӣ кӯшиш намоед. 
 Бояд зикр кард, ки бунёди мактаби нав дар ин маҳаллаи зебову навташкил армуғони ягонаи ҷашнӣ набуда, сохтмони боз як мактаби дигар дар Ҷамоати деҳоти Ғаллаобод барои 446 ҷойи нишаст дар ду баст дар арафаи анҷомёбӣ мебошад.
 Ҳоло дар ноҳияи Хуросон 57 муассисаи таҳсилоти умумӣ ва 4 муассисаи томактабӣ бо фарогирии қариб 22 ҳазор хонанда ва тарбиятгирандагон фаъолият менамояд, ки дар онҳо зиёда аз 1100 нафар омӯзгорону мураббиён ба таълиму тарбияи шогирдон машғуланд.
 Бо вуҷуди ин, дар баъзе муассисаҳои таълимии ноҳия як қатор норасоиву мушкилот, аз қабили нарасидани кадрҳои омӯзгорӣ ва ҷойи нишасти талабагӣ ба мушоҳида мерасанд. Ҳамин гуна мушкилот дар муассисаҳои тандурустии ноҳия низ ҷой доранд.
Бинобар ин, вазоратҳои маориф, тандурустӣ  ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ноҳияи Хуросон вазифадоранд, ки ҷиҳати ҳалли масъалаҳои зикршуда ва баланд бардоштани сифати таълим, инчунин беҳтар ба роҳ мондани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ чораҳои мушаххас  андешанд.
 Дар шароити кунунӣ, ки илму техника ва технологияҳои муосир бо суръати кайҳонӣ пеш мераванд, мо бояд кӯшиш кунем, ки аз ҷомеаи ҷаҳонӣ қафо намонем. Аз ин лиҳоз, ба насли ҷавони мо лозим аст, ки барои азхудкунии илму дониши замонавӣ, хусусан илмҳои дақиқ ва техникаву технологияи ҳозирзамон ҳарчи бештар саъю талош намоянд. 
 Дар баробари ин, мо мекӯшем, ки наврасону ҷавонони кишварамон ҳамчун насли хушахлоқу ботарбия ба воя расанд. Ҳарчанд ки давлату ҳукумат бо мақсади ҳарчи бештар ба таълиму тарбия фаро гирифтани хонандагон ва бо ин роҳ аз ҳар гуна амалҳои ношоям нигоҳ доштани онҳо тадбирҳои зиёд меандешад, аммо ҳанӯз ҳам баъзе кӯдакону наврасон даст ба қонуншиканӣ ва ҷиноят мезананд. Ҳамчунин баъзе падару модарон  бо баҳонаҳои гуногун фарзандони худро аз мактаб дур менамоянд, ки чунин амал яке аз сабабҳои беназорат мондани кӯдакон ва даст ба ҷиноят задани онҳо мегардад. 
 Бо дарназардошти пешгирӣ кардани зуҳуроти манфӣ дар ҳаёти кӯдакону наврасон, тарбияи хуби фарзандон ва ба хотири ташаккулёбии шахсиятҳои баркамол Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" қабул карда шуд, ки татбиқи дурусти он яке аз омилҳои  муҳими пешрафти ҷомеа ва миллату давлат хоҳад гашт.
Дар навбати худ кормандони соҳаи маориф - омӯзгорону мураббиён, зиёиён ва умуман аҳли ҷомеаро зарур аст, ки барои тарбияи насли наврас дар рӯҳияи одобу ахлоқи ҳамида, ватандӯстиву ватанпарастӣ, ифтихор аз ватан ва фарҳангу тамаддуни бостонии халқамон ҳамеша саъю талош намоянд. Вазифаи ҳар як шахси солимфикру огоҳ ба хонандагон талқин намудани  омӯзиши илму дониш, касбу ҳунар, забономӯзӣ, аз худ намудани дастовардҳои навтарини техника ва технологияҳои муосир мебошад.
Дӯстони азиз!
 Дар давраи истиқлолият аз ҷониби Ҳукумати кишвар бо қабул ва татбиқи як қатор стратегияву барномаҳои мушаххаси рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва андешидани тадбирҳои судманд барои пешрафти устувори ҳамаи соҳаҳои ҳаёти мамлакат заминаи мустаҳкам гузошта шуд.
 Мақсади асосии сиёсати давлату Ҳукумати мамлакат зина ба зина баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар буда, мо барои амалӣ намудани ин ҳадаф ҳамаи захираву имкониятҳоро сафарбар кардаем.
 Иқдомҳои наҷибу созандаи даврони истиқлол буд, ки дар қатори дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ҳамаи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Хуросон, аз ҷумла саноату кишоварзӣ, маорифу тандурустӣ ва дигар бахшҳо хеле рушд ёфтанд. Махсусан, дар давоми даҳ соли охир истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ беш аз 2 баробар, истеҳсоли ғалладонагиҳо беш аз 3 баробар, картошка 7,2, сабзавот 7, полезиҳо 8,5, ангур ва пахта беш аз 2 баробар афзоиш ёфта, ҳамзамон бо ин, буҷети ноҳия қариб 21 баробар ва маблағгузории мақсаднок-субвенсия аз буҷети ҷумҳурӣ барои ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодии ноҳия 24  баробар зиёд шудааст.
 Илова бар ин, танҳо дар даҳсолаи охир буҷети умумии тараққиёти ноҳияи Хуросон қариб 86 миллион сомониро ташкил дода, барои кӯмаку дастгирии соҳаҳои иҷтимоӣ,  сохтмони иншоот, роҳҳо ва монанди инҳо равона карда шудааст. Аз ҷумла, аз ҳисоби Фонди Президенти Тоҷикистон 4,2 миллион сомонӣ, маблағҳои мақсаднок аз буҷети ҷумҳуриявӣ беш аз 23 миллион сомонӣ ва аз ҳисоби маблағҳои асосии марказонидашудаи вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ барои сохтмони иншооти гуногун дар қаламрави ноҳия қариб 12 миллион сомонӣ  ҷудо карда шудааст.  
 Дар ин давра дар ноҳия бо татбиқи 23 лоиҳаи хурду бузурги сармоягузорӣ ба маблағи беш аз 24 миллион сомонӣ як қатор масъалаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла дар бахшҳои маорифу тандурустӣ, кишоварзӣ ва бо об таъмин кардани аҳолӣ, инчунин таъмиру сохтмони роҳҳо ҳалли худро пайдо намудаанд. Ҳоло бошад, дар доираи татбиқи 4 лоиҳаи сармоягузорӣ корҳои мушаххас дар самти маорифу тандурустӣ ва энергетика иҷро шуда истодаанд.
 Ҳамин тавр, дар давоми солҳои истиқлолият аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо ба ноҳия 78 миллион сомонӣ маблағгузории асосӣ  равона гардида, ба маблағи беш аз 60 миллион  сомонӣ фондҳои асосӣ ба кор дароварда шудаанд.
 Соли 2010 Ҳукумати Тоҷикистон бо мақсади ҳалли масъалаҳои муҳими иҷтимоии аҳолӣ ва таъмини эҳтиёҷмандон бо қитъаҳои  замини наздиҳавлигӣ бо қарори дахлдори худ дар ноҳияи Хуросон барои ҳазор оила ҷиҳати сохтмони манзилҳои истиқоматӣ 90 гектар замин ҷудо намуд, ки ҳоло тақсимоти он аз ҷониби комиссияҳои ҷамъиятӣ идома дорад.
Дар замони истиқлолият бо гузаронидани ислоҳоти амиқи соҳаи кишоварзӣ имконият фароҳам оварда шуд, ки хоҷагиҳои ҷамъиятии ноҳия таҷдид шуда, 610 хоҷагии деҳқониву оилавӣ таъсис дода шавад. Дар натиҷа беш аз 17 ҳазор ҷойҳои нави корӣ муҳайё гардида, ба ин васила пешрафти соҳаи кишоварзӣ ва зиёд гардидани истеҳсоли маҳсулот таъмин карда шуд.
 Илова бар ин, бо дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон доир ба рушди соҳибкории истеҳсолӣ дар ноҳия қариб 400 гектар боғу токзори нав бунёд ва ҳазорҳо нафар бо ҷои кору сарчашмаи зиндагӣ таъмин гардиданд. Вобаста ба ин, мехоҳам махсус таъкид намоям, ки дар натиҷаи заҳмати фидокоронаи кишоварзони ноҳия, бахусус саҳмдорони   хоҷагии деҳқонии "Асадулло"-и мавзеи Фахробод раванди эҳёи боғу токзор вусъати тоза гирифта, ҳоло дар заминҳои ин хоҷагӣ 640 нафар бо кори доимӣ машғул аст ва зиёда аз 600 гектар боғу токзор бунёд ва дар 51 гектар дарахтони сояафкану ороишӣ шинонида шудаанд.
 Тавре ки борҳо зикр намудаам, истифодаи самараноку оқилонаи замин, дар як сол гирифтани ду-се ҳосил аз як замин омили асосии расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар - таъмини амнияти озуқаворӣ мебошад.
 Дар баробари ин, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар рушду инкишофи иқтисодиву иҷтимоии ноҳия имконияту воситаҳои истифоданашуда ҳанӯз хеле зиёданд. Аз ин рӯ, ба роҳбарону мутахассисон ва хоҷагиҳои кишоварзӣ зарур аст, ки истифодаи самараноки замин, хусусан заминҳои обӣ, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои партов, афзун намудани ҳосилнокии маҳсулот, ташкили коркарди он бо роҳи таъсиси корхонаҳои нави истеҳсолӣ, зиёд кардани содироти меваю сабзавотро таъмин карда, ба рушди дигар соҳаҳои афзалиятноки кишоварзӣ, аз ҷумла чорводориву парандапарварӣ ва зотпарварӣ таваҷҷӯҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд. Ташкили ин корҳо саҳми арзанда ба татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии давлатамон - таъмини амнияти озуқаворӣ ва дар айни замон фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ барои мардум мебошад.
Худованд ба мо тамоми неъматҳои табиӣ, аз ҷумла оби фаровон, замини ҳосилхез ва боду ҳавои мусоидро ато фармудааст. Ба мову шумо фақат зарур аст, ки ин сарвату неъматҳои бебаҳоро ҳарчи самараноку оқилона истифода кунем, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро афзун ва даромади мардумамонро зиёд намоем, сарфаю сариштакор бошем ва Ватанамонро рӯз то рӯз ободу зебо гардонем. Ҳамчунин ҳар яки моро зарур аст, ки бо шукргузорӣ аз неъмати бузурги дигар - сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, озодиву истиқлол ва соҳибдавлативу соҳибихтиёрӣ ҷиҳати рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва боз ҳам беҳтару хубтар намудани сатҳу сифати зиндагии халқамон бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва садоқатмандона заҳмат кашем.
Дар хотир бояд  дошт, ки пешрафти зиндагии ҳар оилаи Тоҷикистон, тарбия ва ба камол расонидани наслҳои закиву зирак ва соҳибмаърифату донишманд пояҳои иқтисодиву иҷтимоии давлатро қавӣ мегардонад ва барои расидан ба ин ҳадафи нек давлат ва Ҳукумати кишвар минбаъд низ тамоми чораҳои заруриро амалӣ хоҳад кард.
Тавре ки зикр кардам, ҳоло мову шумо дар арафаи  таҷлили ҷашни 20 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азизамон қарор дорем.  Ба ин муносибат ҳамаи шумо - ҳозирини гиромӣ ва тамоми мардуми бонангу номусу заҳматкаши Хуросонро ба ифтихори ин ҷашни бузургу муқаддас бори дигар табрику муборакбод намуда, бароятон бахту саодат, рӯзгори хушу обод ва дар фаъолияти ҳаррӯзаатон ба нафъи кишвару халқи шарифамон барори кор орзумандам!
Ҳамеша саломату сарбаланд бошед!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 518

21.11.2018


Аз таркиш дар Кобул беш аз 50 нафар ҳалок шуд

Ӯзбекистон нахустин намоишгоҳ-ярмаркаи байналмилалии содиротӣ мегузаронад

Могерини: «Иттиҳоди Аврупо «артиши аврупоӣ» ташкил карданӣ нест»

Табобати гепатити С дар Беларус аз арзонтарин дар Аврупост

Ҷаҳон дар як сатр

ДУШАНБЕ. Таҷлили нахустин ҷашни занони соҳибкор

ДЕВАШТИЧ. Тантанаи Рӯзи Президент

Иштироки мунтахаби футболи бонувон дар CAFA

20.11.2018


СУҒД. Оғози сохтмони раёсати маориф

ЛЕВАКАНТ. Конфронси илмӣ - назариявӣ ба ифтихори Иҷлосияи XVI

"Парасту" дар Тоҷикобод

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машварат дар Тошканд ҷамъ меоянд

Финляндия ҷонибдори ҳузури Россия дар Шӯрои Аврупо

Вазорати маорифи Афғонистон 30 ҳазор занро ба кор мегирад

Баррасии рушди инклюзивии иқтисоди қитъа дар Гвинея Папуаи Нав

Ҷаҳон дар як сатр

АНВАР ЮНУСОВ СОҲИБИ КАМАРБАНДИ WBF

"СОРО КОМПАНИЯ" ҒОЛИБИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед