logo

номаҳо

Заминамро кашида гирифтанд

Мақсад аз ифшои ин сатрҳо кӯшиш дар ҳалли масъалаи ҷудо кардани 13 гектар заминест, ки барои он сертификати ҳуқуқи истифодабарӣ гирифтааму ду  сол боз соҳиби он шуда наметавонам.
Бояд рӯшанӣ андозам, ки оид ба ҳалли масъалаи мазкур чор бор ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт ва идораи кишоварзӣ ариза навиштаму аммо боре ҳам ҷавоб нагирифтаам. Маълум, ки аз ӯҳдаи ҳалли масъала намебароянд.
Маро соли 2004 сарвари хоҷагии деҳқонии «Шахак» интихоб намуданд, ки 168 гектар замини кишт дошту аз ҳисоби ширкати «Инвест – коттон» 15 ҳазор доллар қарздор буд. Дар тӯли солҳои 2004-2005 бо қувваи худ 53 тонна пахта истеҳсол намудаем, ки аз ин ҳисоб барои музди меҳнати аъзои хоҷагӣ 15 ҳазор сомонӣ пардохт шуд. Маблағи хидматрасонии об, андози замин ва дигар пардохтҳоро тавассути «Инвест – коттон» ба маблағи 10 ҳазор доллар ҳисобӣ кардем. Барои техника 2000 сомонӣ масраф намудем. Барои обёрии 30 гектар иншоот сохтем.
Дар соли 2006 бо маблағи худ ва хешу таборам дар 36 гектар пунба кишт кардем, ки аз он дар 15 гектар гузаронидани кишти такрорӣ пеш омад. Роҳбарони ноҳия ба ҷои дастгирии мо супориш доданд, ки ҳосили замини кишти такрорӣ ҷамъоварӣ нашавад. Аз ин ҳисоб ба хоҷагӣ зарари калони иқтисодӣ расид.
Ман аз собиқ сардори идораи кишоварзии ноҳия Баҳриддин Маҳмудов хоҳиш намудам, ки барои ғунучини ҳосили боқимонда монеъ нашавад. Аммо ӯ ба таври хаттӣ ба корхонаҳои пунбатозакунӣ ва равған супориш дод, ки «бо Шарофиддин Усмонов ҳамаи амалиёт қатъ гардонда шавад». Дар натиҷа мо камаш 5 тонна нах гирифта натавонистем, ки он 7,5 ҳазор доллар даромад меовард.
Ба «болои сӯхта намакоб» гуфтагӣ барин, соли 2006 як бинои барои бунгоҳи тиббӣ сохтаамонро вайрон карданду бе ширкати ман маҷлиси саҳмдоронро гузаронида, ғайриқонунӣ аз саҳми замин маҳрумам намуданд.
Инро санҷиши панҷумини Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия муайян сохта, маро 6,8 ҳазор сомонӣ ҳақдор кард. Бар замми ин, ҳарчанд бо қарори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия аз тарафи Кумитаи заминсозӣ  сертификати ҳуқуқи истифодабарии замин гирифта бошам ҳам, то ҳоло замин надорам. Дар сурате, ки дар хоҷагии деҳқонии зикршуда аз 100 гектар замини обӣ 22 гектараш шудгор нашуда мондааст. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ба бемасъулиятии роҳбари ҳозираи хоҷагӣ баҳои ҳақиқӣ надода истодааст.
Маро даъватҳои чандинкаратаи Сардори давлатамон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба самаранок истифода бурдани замин қувват мебахшад ва ба кори саҳро ҳидоят менамояд. Аммо роҳбарони маҳаллӣ аз чӣ бошад, ки ба болои ғайрати аҳли деҳот оби сард мерезанд.
Дили ман ба заҳматҳои худ ва як қатор аъзои кордону ботаҷриба месӯзад, ки дар ҳамин шароит дастгирӣ намеёбем. Ду сол боз на маро ба вазифаам барқарор менамоянду на 13 гектар замини қонунан ҷудокардаро медиҳанд. Бар замми ин пурсиданиам, ки зарари маънавии ба мо расидаро кӣ ҷуброн мекунад?
 

Шарофиддин УСМОНОВ, сокини шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашти вилояти Суғд


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 755

19.07.2019


ПАЛАТАИ ҲИСОБ. 88,З миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гашт

УМЕД БОБОЗОДА: "Аксари муроҷиатҳо оид ба адолати судиянд"

Кӯдакони аз Ироқ овардашуда ба зиндагии муқаррарӣ бармегарданд

"EXPO 2019 BEIJING". Гӯшаи Тоҷикистонро беш аз як миллион нафар тамошо кард

НИГАРОНӢ. Ҷудошавии 6065 оила дар ним сол

18.07.2019


ХАДАМОТИ ЗИДДИИНҲИСОРӢ. Болоравии нархи барқ ба қарзи он марбут аст

Азим Иброҳим Ким Тэ Сонгро ба ҳузур пазируфт

Ба ташкили корхонаҳои муштарак ҳавасмандӣ зоҳир гардид

Ҳамоиши «Ваҳдат – омили ягонагӣ ва суботи ҷомеа» доир шуд

Ҳамкорӣ бо Қатар густариш меёбад

Саридораи геология. 2810 харитаи геологӣ рақамӣ шуд

121 шахси масъул ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуд

Роҳи нави сесатҳаи Душанбе ба истифода дода мешавад

Президенти Қазоқистон Шӯрои миллии эътимоди ҷомеаро созмон дод

Дар Ӯзбекистон аввалин IT-технопарк бунёд мегардад

Ҷаҳон дар як сатр

17.07.2019


Музокироти ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Корея

КУМИТАИ МУҲИТИ ЗИСТ. Нигаронӣ аз набудани партовгоҳҳо дар деҳот

ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ. 5774 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонда шуд

ИЗЗАТУЛЛО САТТОРӢ: "Истеҳсоли гӯшти мурғ 9 маротиба зиёд мегардад"

ВАЗОРАТИ АДЛИЯ. Хулосаи ҳуқуқӣ ба 1936 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

ТАЭКВОН – ДО. Муниса медали тилло ба даст овард

Суръати рушди ММД Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ баландтарин шуд

Тоҷикистон ба сохтмони лӯлаи гази «Осиёи Марказӣ — Чин» шурӯъ мекунад

Дар ҷанубу ғарби Чин аз хушксолӣ 7,4 миллион нафар зарар дид

Ҷаҳон дар як сатр

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «ТОҶИКИСТОН – ХОНАИ УМЕДИ МО» озмун эълон менамояд.

16.07.2019


ХАДАМОТИ АЛОҚА. Корти ID симкорти муштариро ба расмият медарорад

ЭНЕРГЕТИКА. 2,5 миллиард сомонӣ қарзи дебитории "Барқи тоҷик" муаммои ҳалталаб боқӣ мемонад

15.07.2019


Сарвазири Корея ба Тоҷикистон меояд

Баррасии масъалаҳои ҳамгироии САҲА, СҲШ ва ИА дар минтақаи Осиёи Марказӣ

Нахустин шумораи маҷаллаи «Осиё ва Аврупо» аз чоп баромад

ДТТ. Изҳори нигаронӣ аз вазъи бо кор таъмин шудани хатмкардаҳо

ТИБ. 288 номгӯи доруи ғайристандартӣ ошкор шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед