logo

паёмҳо

Табрикоти Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон, 31 июли соли 2011

Ҳамватанони гиромӣ!
Рӯзи якуми август моҳи шарифи Рамазон - моҳи  раҳмату мағфират, хайру саховат, моҳи омурзиши гуноҳҳо ва иҷобати дуоҳо фаро мерасад.
Рамазон моҳи сабру таҳаммул буда, ба инсон  матонату тобовариро меомӯзад, имонашро комил, иродаашро қавӣ мегардонад ва дар ниҳоди ӯ парҳезгорию ҳалолу пок зистанро тақвият мебахшад.
Бартарии ин моҳ аз дигар моҳҳои солшумории ҳиҷрии қамарӣ дар он аст, ки Худованд дар моҳи мубораки Рамазон китоби муқаддаси Қуръонро ҳамчун қутбнамо ва ҳидоятгари мардуми мусулмон нозил кард.
Дарси ибратбахши фалсафаи моҳи нузули Қуръони карим он аст, ки тамоми мусулмонон бояд қаноатпешагию парҳезгорӣ, устуворию таҳаммул ва омурзиши гуноҳҳоро биомӯзанд, то дар раванди зиндагӣ, дар баробари мушкилоти маънавию иқтисодӣ бо сабру истодагарии хеш ба саодат расанд.
Ба ин хотир метавон гуфт, ки Рамазон моҳи тарбияи ахлоқи ҳамида буда, зеҳну андешаи инсонро сафо ва илҳом мебахшад, дар қалбаш эҳсосоти наҷиби баробариву ваҳдати инсонҳоро бедор намуда, раҳму шафқат, меҳру муҳаббат, бародарӣ  ва ҳамбастагиро парвариш медиҳад.
Моҳи шарифи Рамазон метавонад барои мову шумо, ҳамватанони азиз, моҳи хайру баракот гардад, агар дар ин давра мардуми мусулмони мамлакатамон ба аъмоли нек даст зада, дар якҷоягӣ барои оромию осудагии мардуми кишвар саъю талош варзанд.
Ин маънои онро дорад, ки фарҳанги пурғановати дини мубини Ислом пайравонашро ба ҳамдилию ҳамбастагӣ, муттаҳид зиндагӣ кардан ва аз ихтилофу парокандагӣ даст кашидан тарғибу ташвиқ менамояд. Агар ба фалсафа ва фарҳанги дини мубини Ислом амиқан назар андозем, дар ниҳоди он дӯстию муҳаббат ва ваҳдату таҳаммулпазирӣ ҳувайдо мегардад.
Дар  ин моҳи шариф ёдрас шудан аз амалҳои нек ва пазируфтаи исломӣ, ки дар тақвияти рӯҳ ва тани инсон нақши муассир доранд, амри муҳим аст.
Дар ҳадисе аз қавли Паёмбари гиромӣ ба ин маъно ривоят шудааст, ки вақте инсон аз дунёи фонӣ дармегузарад, ҳамаи амалҳои вай қатъ мегарданд, ба ҷуз се амали ӯ, ки подош ва аҷри он баъд аз маргаш низ барояш мерасад.
Аввал, садақаи ҷория, яъне корҳои хайре, ки инсон дар ҳаёти худ барои манфиати мардум анҷом дода бошад.
Дувум, донише, ки баъд аз худ гузоштааст ва мардум аз он баҳра баранд.
Сеюм, фарзанди солеҳе, ки бо камоли хубӣ тарбият карда, ба воя расонидааст.
Волидайн, мураббӣ ва муаллим, ки дар мавриди таълим ва тарбияти кӯдакон кутоҳӣ кардаанд, дар муҷозот ва гуноҳу хилофкории онҳо шарик хоҳанд буд.
Аз зумраи амалҳои нек ҳамчунин инсоф ба бародари мӯъмин, дастгирии мӯҳтоҷон, бахшиши гуноҳ,  хайру саховат, ризқи ҳалол ва худдорӣ аз амалҳои зишт мебошад.  Тибқи фармудаи шариат, ҳар як инсон бояд аз роҳи ҳалол ризқу рӯзии худро ҷустуҷӯ намояд, зеро луқмаи ҳалол сабаби нозил гаштани баракоти Худованд дар рӯзгор ва хонадони ӯ мегардад. Бахусус, соҳибкорону тоҷиронро зарур аст, ки дар ин моҳи муборак дари хайру саховатро боз намуда, бо эҳтиром аз имоне, ки доранд, молу маҳсулоти худро ба бародарони мӯъмин арзонтар пешниҳод намоянд ва ҷӯёи савоб бошанд. Зеро дар ҳамаи корҳо ва хусусан дар тиҷорат, адлу инсоф ва сидқу вафо яке аз омилҳои асосии пешравии кор аст.
Аз ҷониби дигар, маҳз дар адлу инсоф ва сидқу вафои тоҷир устувории имон ва эътиқоди ӯ ба арзишҳои исломӣ равшан мегардад.
Дар ин робита Паёмбари акрам фармудаанд, ки "тоҷири ростгӯи амонатнигоҳдор рӯзи қиёмат ҳамроҳи паёмбарон, сиддиқон ва шаҳидон мебошад".
Ба қавли бузургони дин, шахсе, ки як амали нек ва ё як кори хайрро дар моҳи мубораки Рамазон барои ризои Худо анҷом медиҳад, монанди касест, ки ҳафтод амали фарзиро дар ғайри ин моҳ анҷом додааст.
Ҳамдиёрони азиз!
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз тамоми шароитҳоро ҷиҳати пурраву озодона ба ҷо овардани расму оинҳои дини мубини Ислом барои мардуми шарифи Тоҷикистон, ки аксарияти куллашон мӯъмину мусулмонанд, фароҳам овардааст. Минбаъд низ барои қонеъ гардонидани ниёзҳои эътиқодии мардум тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда хоҳанд шуд.
Ин лаҳзаҳо мавриди зикр аст, ки ҳар рӯзи сипаригардида моро ба ҷашни бузурги миллиамон - 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон наздик мекунад. Дар масири ин бист сол, ки аз лиҳози моҳияти рӯйдоду ҳодисаҳои фарогирифтааш аслан ба даҳсолаҳо баробар аст, дар ҳаёти мардум ва афкори ҷомеаи мо таҳаввулоти азиме ба амал омад. Аз ҳама муҳимаш, Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун давлати бобақои комилҳуқуқ ташаккул ёфт, корҳои бузурги ободонию созандагӣ ба анҷом расиданд, як насли нави дорои тафаккури нав, яъне насли даврони истиқлолият ба воя расид, ки парчамбардори шоистаи давлати тоҷикон хоҳад буд. Ин дастовардҳо умеду эътимоди моро ба фардои боз ҳам неки миллату Ватанамон беш аз пеш қавӣ месозанд.
Бо ҳамин орзуҳои нек, дар ин рӯзи саид ба шумо, ҳамватанони гиромӣ, аз Худованди таборак ва таоло, пеш аз ҳама, неъмати бебаҳои тинҷиву осоиштагӣ, ваҳдату таҳаммулпазирӣ, барору пешравӣ, комёбиҳо, дар кору зиндагиатон ризқу рӯзии фаровон, дастурхони пурфайзу баракат, рӯзгору хонаи обод ва ҷавонмардиву олиҳимматиро  орзу менамоям.

Моҳи шарифи Рамазон муборак бошад, ҳамватанони азиз!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1175

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд

НУРОБОД . Эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ

Ҷаҳон дар як сатр

11.04.2019


"Тоҷикон" ба забони ӯзбекӣ нашр шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед