logo

мулоқотҳо

Президент кормандони мақомоти қудратиро бо мукофотҳо қадрдонӣ кард

30 июл Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, ба ифтихори 20-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон 280 нафар корманди сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартиботро бо мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои олии ҳарбию махсус сарфароз гардонид.
Маросими супурдани мукофотҳои давлатӣ бори нахуст дар бинои навбунёди Қасри миллат сурат гирифт.
Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, зимни суханронӣ ҳамаи хидматчиёни низомӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартиботро, ки ба мукофотҳои давлатӣ сазовор дониста шудаанд, табрику таҳният гуфта, ба онҳо дар роҳи таҳкими асосҳои давлатдории навини тоҷикон, пурзӯр намудани қудрати мудофиавии кишвар, таъмини амнияту суботи ҷомеа, ҳифзи қонунияту тартиботи ҳукуқӣ ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон барору комёбӣ ва ҷасорату матонати доимӣ таманно кард.
Дар оғози маросим фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бо рутбаҳои олии низомӣ ва махсус сарфароз гардондани  намояндагони ҳайати роҳбарӣ ва фармондеҳии сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қироат карда шуд.
Бо рутбаи генерал - лейтенант сарфароз гардиданд:
- Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Саймумин Ятимов;
- Фармондеҳи Гвардияи миллии Тоҷикистон Раҷабалӣ Раҳмоналӣ;
- Муовини аввали раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Сардори Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадӣ, Фармондеҳи  қӯшунҳои сарҳадӣ Шералӣ Мирзо;
- Муовини аввали вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон   Рамазон Раҳимов;
- Мудири шӯъбаи мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдусаттор Раҷабов.
Як зумра кормандони воломақоми дигари сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот бо рутбаҳои низомӣ ва махсуси генерал - майор сарфароз гардонда шуданд.
Ҳамчунин ду нафар бо ордени Спитамен дараҷаи 1, шонздаҳ кас бо ордени Спитамен дараҷаи 2, се нафар бо ордени Шараф дараҷаи 1, бистусе кас бо ордени Шараф дараҷаи 2, сад нафар бо медали Ҷасорат, сивусе кас бо медали Хизмати шоиста, чор нафар бо медали Шафқат ва ҳашт нафар марзбон бо медали Марзбони шуҷои Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд.
Чилуҳашт каси дигар, аз ҷумла, намояндагони роҳбарияти Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати мудофиаи кишвар, Шӯрои адлия, Шӯрои амният, Суди олии иқтисодии Тоҷикистон, Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, Кумитаи марказии ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъаовар, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигарон бо медали ҷашнии "20 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" сарфароз гардиданд.
Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерхон Салимзода ба унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон ва ҳунарманди ансамбли тарона ва рақси  Ватани Вазорати мудофиа  Қурбоналӣ Ёқубов ба унвони фахрии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон сазовор дониста шуданд.
Сивуҳашт нафари дигар бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд.
Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, дар охир бори дигар ҳамаи онҳоро бо арафаи 20 -солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва бо мукофотҳои олии давлатӣ табрику таҳният гуфта, ба хизмати софдилонаю содиқона ба халқу Ватан ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҳидоят намуд.
 Дар ин бора ба АМИТ "Ховар" аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 629

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед