logo

суханрониҳо

Cуханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳангоми боздид аз водии Яғноб, 3 августи соли 2011

Ассалому алайкум,    
ҳамдиёрони азиз!
Мулоқоти аввалини ман бо шумо - мардуми сарбаланд ва бонангу номуси водии Яғноб дар остонаи ҷашни бузурги миллиамон - бистумин солгарди истиқлолияти давлатӣ баргузор мешавад ва ман мехоҳам, ки пеш аз ҳама ҳар кадоми шуморо ба ифтихори ин рӯйдоди муҳимтарини ҳаёти кишварамон табрик гуфта, бароятон сиҳатии комил, рӯзгори осуда, иқболи баланд ва барору комёбӣ орзу намоям.
Ман ҳамеша дар орзуи он будам, ки ба ин гӯшаи ватани аҷдодии тоҷикон - водии Яғноб омада, бо ҳолу аҳволи посдорандагони таъриху фарҳанг ва ойину суннатҳои суғдиёни қадим аз наздик ошно гардам. Бинобар ин, бо изҳори хушҳолӣ аз дидори шумо - пиру барнои кушодадилу кушодарӯи ин мавзеи афсонавии Тоҷикистон барои пазироии гарматон, ки нишонаи беҳтарини фарҳанги азалӣ ва одоби волои меҳмондориву меҳмоннавозии мардуми соҳибтамаддуни тоҷик мебошад, самимона изҳори сипос мекунам.
Боиси хушҳолӣ ва сарбаландии мост, ки  ҳоло дар Тоҷикистон як пораи таърихи зиндаи куҳанбунёди тоҷикон, яъне мардуми  яғнобизабон, зиндагӣ мекунанд, ки аз ҷониби донишмандон ҳамчун падидаи нодири этникии ҷаҳон шинохта шудааст. Вобаста ба таърихи ин гӯшаи диёри аҷдодиамон ҳанӯз дар асри панҷуми қабл аз милод муаррихони машҳури юнонӣ маълумот дода буданд.
Мардуми водии Яғноб имрӯз ҳам дар ин диёри кӯҳистон чун уқобони сарбаланд ва меросдорони расму суннатҳои аҷдодӣ ошён доранд ва барои ободонии зодбуми худ заҳмати пурсамар мекашанд.
Яғноб, ки дар қаламрави ноҳияи Айнӣ ҷойгир аст, ҳудудан хеле васеъ ва аз ҷиҳати ҷуғрофӣ баландкӯҳ мебошад. Ҳудуди ноҳия, инчунин водии Яғноб дорои сарватҳои бузурги зеризаминӣ, обҳои мусаффо ва гиёҳҳои шифобахш мебошад.
Мо ният дорем, ки тадриҷан ба корҳои азхудкунӣ ва коркарди онҳо оғоз намоем. Дар навбати аввал ба нақша гирифтаем, ки дар ояндаи наздик дар ҳавзаи дарёҳои Фону Зарафшон як силсила нерӯгоҳҳои барқи обии хурду миёна бунёд намоем.
Дар баробари ин, дар ноҳияи Айнӣ, аз ҷумла водии Яғноб, барои рушди боғдорӣ ва бунёди корхонаҳои хурди коркарди меваҷот, инчунин тараққӣ додани туризм ва кӯҳгардӣ имкониятҳои зиёд мавҷуданд, ки истифодаи оқилонаи онҳо ба хеле беҳтар гардидани вазъи иқтисодиву иҷтимоии мардуми ноҳияи Айнӣ ва сокинони Яғноб ва муҳайё шудани ҷойҳои нави корӣ мусоидат хоҳад кард.
Маълум аст, ки водии Зарафшон, аз ҷумла ноҳияи Айнӣ, дорои нерӯи кофии кадрӣ буда, намояндагони он ҳоло дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеаи Тоҷикистон  фаъолияти пурсамар доранд.
Мо умед дорем, ки дар оянда низ дар заминаи рушди соҳаи маориф  мутахассисони варзидаву ботаҷриба, бахусус мутахассисони соҳаи саноати кӯҳӣ ва геология ба камол расида, барои ободиву пешрафти Ватани маҳбубамон - Тоҷикистон хизмати арзанда мекунанд.
Ҳозирини гиромӣ!
Бояд гуфт, ки яғнобиҳо борҳо  ба имтиҳони душвори зиндагӣ рӯ ба рӯ гардидаанд. Чунин ҳолат боиси он гардидааст, ки онҳо тадриҷан ба дигар минтақаҳои имрӯзаи Тоҷикистон паҳну парешон шаванд.
Яке аз сабабҳои ин раванд дар  он аст, ки Яғноб  кӯҳистони дурдаст буда, аз роҳҳои мошингард ва мактабу беморхона маҳрум буд. Инчунин кам будани заминҳои корам ва набудани ҷойҳои корӣ як қисми мардуми водиро водор намуд, ки меҳани аҷдодиашонро тарк карда, ба таҳдаштҳо  рахти сафар банданд.
Яғноб қабл аз муҳоҷирати сокинонаш аз 32 деҳаи ободу зебо иборат буда, қариб  4000 нафар аҳолӣ дошт. Аз ин шумора, тибқи маълумоти  барӯйхатгирии соли   1970 - ум,  3200  нафар ба ноҳияи Зафаробод кӯчонида шуд.
Қисми дигари аҳолӣ пеш аз оғози муҳоҷиркунӣ бо аҳли хонаводаи хеш шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои Варзобу Ҳисорро ҷойи истиқомат қарор доданд.
Бо мурури замон як теъдод яғнобиҳои таҳдашт бо мақсади фурӯзон нигоҳ доштани чароғи аҷдодӣ ба зодгоҳашон баргашта, ба эҳёву ободии деҳоти худ шурӯъ карданд. Ҳамин тавр, ватани аҷдодии суғдиён тадриҷан аз нав обод ва муҳимтар аз ҳама, дар кӯҳистони Яғноб суннатҳои маҳаллии  мардум дуюмбора  эҳё  гардиданд.
Вале тавре ки ман маълумот дорам,  дар  айни ҳол дар водии Яғноб вазъи муассисаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла муассисаҳои таълимӣ, бунгоҳҳои тиббӣ ва роҳу нақлиёт беҳбудӣ мехоҳад. Мактабҳои хурди амалкунанда талаботи маънавии хонандагонро қонеъ карда наметавонанд ва кӯдакону наврасони баъзе деҳаҳо аз раванди таълиму тарбия берун мондаанд.
Ҳол он  ки насли навраси имрӯза ба ғайр аз донишандӯзӣ  ҳамчунин бояд забонҳои хориҷиро омӯзад, бо  асосҳои техникаи муосир ва технологияҳои компютерӣ  ва иттилотӣ шинос бошад.
Вобаста ба ин, бори дигар таъкид менамоям,  ки  ҳадафи сиёсати давлат ва Ҳукумати кишвар дар соҳаи маориф муҳайё кардани шароити хуби таълиму тарбия ва омода кардани мутахассисони баландихтисос мебошад.
Барои амалӣ гардонидани  ин мақсад мо тамоми имкониятҳои мавҷударо истифода карда истодаем  ва ин иқдом дар оянда низ  вусъат дода мешавад.
Ҳоло Вазорати маориф, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, ноҳияи Айнӣ ва дигар сохтору мақомоти дахлдор вазифадор карда мешаванд, ки  бо дарназардошти кам будани шумораи хонандагон дар аксари деҳот ва дур будани масофаи байни деҳаҳои Яғноб дар назди мактаби таҳсилоти умумии рақами 22 - и  Ҷамоати деҳоти Анзоб  мактаб - интернати замонавӣ бо фароҳам овардани тамоми шароити зарурии таълиму тарбия, хобгоҳ ва дигар иморатҳои ёрирасон  бунёд намуда,  онро дар оғози  соли хониши 2012 - 2013  ба истифода супоранд. Илова бар ин,  мақомоти дахлдор вазифадоранд, ки то оғози соли хониши имсола ҷиҳати таъмини мактабҳои амалкунандаи Яғноб бо китобҳои дарсӣ ва дигар асбобу анҷоми хониш тадбирҳои амалӣ андешанд.
Мо бояд ҳама якҷо барои нигоҳ доштани анъанаву суннатҳои мардуми Яғноб ҳамчун арзиши пурқимати фарҳангу тамаддуни бостонии халқамон кӯшиш намоем, ба онҳо дар ҳалли мушкилоти мавҷуда ва ташкили зиндагии шоиста, инчунин таълиму тарбияи насли наврас, ки посдорандагони арзишҳои нодири миллиамон мебошанд, кӯмак расонем.
Итминони  комил дорам, ки дар навбати худ ҳар як фарди бонангу номус, ватандӯсту худогоҳ ва фарҳангпарвари водии Яғноб чун гузаштагони сарбаланди худ барои амалӣ шудани ҳадафҳои бунёдкориву созандагии давлату Ҳукумати кишвар ва истиқболи сазовори ҷашни мубораку муқаддаси 20 - солагии  Истиқлолияти давлатии кишвари азизамон  саҳми арзанда  мегузорад.
Дар охир бори дигар ҳамаи шуморо ба ифтихори ин ҷашни бошукӯҳи миллиамон табрик намуда, бароятон рӯзгори ободу осуда, бахту  саодат ва барори кор орзумандам.
Ҳамеша  шоду пирӯз ва мисли қуллаҳои сарбафалаккашидаи кӯҳистони тоҷик сарбаланд  бошед!
Ташаккур!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 558

25.09.2018


Тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Корея

Баргузории ҷамъомад оид ба пешгирии ҷинояткорӣ

Анҷоми марҳилаи якуми амалиёти «Кӯкнор-2018»

Гутерриш ба муборизаи фаъолтар алайҳи маводи мухаддир даъват сохт

Теъдоди қурбониёни садамаи киштӣ дар Танзания ба 225 нафар расид

Сеул барои дучандсозии теъдоди сайёҳон $640 миллион харҷ карданист

Фаронса қатораи дуошёнаи тезгард месозад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷом насиби кӣ мешавад?

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед