logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд

Мақсади Қонуни мазкур пурзӯр намудани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ, инчунин ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои фарзанд мебошад.

БОБИ 1.
МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Муносибатҳое, ки Қонуни мазкур танзим менамояд
Қонуни мазкур масъулияти падару модар ва шахсоне, ки онҳоро  иваз мекунанд (минбаъд - падару модар), дар таълиму тарбияи фарзанд танзим менамояд.
Моддаи 2. Доираи амали Қонуни мазкур
Амали Қонуни мазкур нисбат ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, новобаста ба маҳалли истиқомати онҳо, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд ва  шахсони  ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, новобаста ба маҳалли ҷойгиршавии онҳо, татбиқ мегардад, агар санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, тартиби дигареро муқаррар накарда бошанд.
Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи масъулияти падару модар  дар таълиму тарбияи фарзанд
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.
Моддаи 4. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- фарзанд (кӯдак) - шахси ба синни ҳаждаҳсола нарасида;
- шахсоне, ки падару модарро иваз мекунанд - васӣ, парастор, фарзандхондагон, шахсоне, ки дар асоси шартнома кӯдакро тарбия мекунанд,   дигар   намояндагони   қонунии   онҳо,   муассисаҳо   ва  дигар ташкилотҳое, ки кӯдак дар таълиму тарбияи онҳо қарор дорад (минбаъд - муассисаҳои таълимӣ);
- васӣ ва парастор - шахсоне, ки ба мақсади ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шахсони ғайри қобили амал ва қобилияти пурраи амал надошта, аз ҷониби мақомоти васоят ва парасторӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шудаанд;  
- таълим - раванди фаъолияти муштараки падару модар, омӯзгор ва муассисаи таълимӣ баҳри инкишофи шахсият, истеъдод, малака ва қобилияти фикрию ҷисмонии кӯдак;
- тарбия - раванди мақсадноки ба воя расонидани фарзанд аз  ҷониби падару модар, муассисаи таълимӣ, ҷомеа ва ба зиндагии мустақилона омода намудани ӯ;
- марказҳои дилхушӣ - клубҳои шабона, дискоклубҳо, интернет - кафеҳо,  марказҳои компютерӣ, толорҳои букмекерӣ ва  марказҳои бозиҳои бурднок, тарабхонаҳо ва дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки ба ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои фароғатӣ ва истироҳатӣ машғуланд;
-  вақти шабона - аз 1 апрел то 30 сентябр - аз соати 22:00 то соати 06:00 ва аз 1 октябр то 31 март - аз соати 20:00 то соати  06:00.
Моддаи 5. Вазифаи падару модар, омӯзгор, давлат ва ҷомеа дар  таълиму тарбияи фарзанд
1. Таълиму тарбияи фарзанд вазифаи падару модар, омӯзгор, давлат ва ҷомеа мебошад.
2. Вазифаи падару  модар фароҳам овардани шароити моддӣ, молиявӣ, маънавӣ ва равонӣ дар таълиму тарбияи дурусти фарзанд мебошад.
3. Давлат барои таълиму тарбия ва ҳифзи кӯдакони ятим ва  маъюб ғамхорӣ намуда, ба онҳо шароити мусоид  фароҳам меорад.

БОБИ 2.
ҲУҚУҚ ВА ӮҲДАДОРИҲОИ ПАДАРУ МОДАР
ДАР ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ ФАРЗАНД
Моддаи 6. Баробарии ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои падару модар
Падару модар, новобаста ба он ки якҷоя ё ҷудо зиндагӣ мекунанд, дар таълиму тарбияи фарзанд ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои баробар доранд, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи  7. Ҳуқуқҳои падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд
Падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ҳуқуқҳои зерин доранд:
 -  ҳуқуқ ва манфиатҳои фарзандро ҳимоя намоянд;
 - шакл, намуд ва усули таълим, муассисаҳои таълимиро, новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқии онҳо, интихоб намоянд, агар ин шакл, намуд ва усул ба вазъи саломатӣ ва рушди маънавии фарзанд таъсири манфӣ нарасонад;
- дар раванди таълиму тарбия, аз ҷумла назорати сатҳу сифати таълим ва донишандӯзии фарзанд дар муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ иштирок ва мусоидат намоянд;
- ба мақомоти дахлдор ҷиҳати беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбияи фарзанд дар муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ  бо пешниҳод муроҷиат кунанд;
- дар муносибатҳои ҳуқуқӣ намояндаи қонунии фарзанд бошанд;
 - риояи ҳуқуқи фарзандро дар раванди таълим дар асоси стандартҳои давлатии таҳсилот талаб намоянд;
- ба фаъолияти муассисаи таълимие, ки фарзандашон дар он таҳсил мекунад, мусоидат намоянд;
- ба раванди таълиму тарбия,  мазмуни таҳсилот, давомот ва сатҳу сифати донишандӯзии фарзанд шинос шаванд;
- дигар ҳуқуқҳоеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, амалӣ намоянд. 
Моддаи 8. Ӯҳдадориҳои падару модар  дар тарбияи фарзанд
Падару модар дар тарбияи фарзанд ӯҳдадориҳои зерин доранд:
-  ба фарзанд тибқи арзишҳои миллӣ номи нек гузоранд;
- пас аз таваллуд фарзандро дар мӯҳлати то се моҳ аз қайди давлатии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ гузаронанд;
- барои ҳифзи саломатӣ, ташаккули ҷисмонӣ, маънавӣ ва ахлоқии фарзанд шароит муҳайё намоянд;
- фарзандро ба зиндагии мустақилона омода намоянд;
- фарзандро дар рӯҳияи эҳтиром ба Ватан, қонун, арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ тарбия намоянд;
- гаштугузори фарзанди то шашсоларо бе ҳамроҳии шахси аз  чордаҳсола  боло дар кӯча ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ иҷозат надиҳанд;
- шаъну шарафи фарзандро эҳтиром намоянд ва ба муомилаи бераҳмона нисбат ба ӯ роҳ надиҳанд;
-  новобаста ба ҷинс, синну сол, қобилияти зеҳнӣ, ҷисмонӣ ва рӯҳии фарзанд, нисбат ба ӯ баробар муносибат намоянд;
- дар вақти шабона ба марказҳои дилхушӣ рафтани фарзанди то бистсолаашонро манъ намоянд;
- кирдорҳои зиддиҷамъиятӣ, муомилаи дағалона бо атрофиён, халалдор намудани оромӣ, истифодаи суханҳои қабеҳ, рафтори дағалона дар кӯчаҳо, хиёбонҳо, майдонҳо, муассисаҳои фароғатӣ, дохили нақлиёт, хобгоҳҳо, манзили зист, дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва муносибати тахрибкоронаи фарзандро ба муҳити зист пешгирӣ намоянд;
- ба фарзанди то синни мактабӣ ва фарзанде, ки дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ, новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқии онҳо, таҳсил мекунанд, бо худ овардан ва истифодаи телефонҳои мобилиро манъ намоянд;
- ба фарзанд тамошои филмҳои дорои хусусияти шаҳвонӣ, зӯроварӣ, экстремистӣ ва террористиро манъ  намоянд;
- ба фарзанд мутолиа ва паҳн кардани сабтҳои электронӣ (аз ҷумла, тариқи телефонҳои мобилӣ), китобҳо, варақаҳо, рӯзномаҳо, маҷаллаҳо ва дигар маводи чопии дорои хусусияти шаҳвонӣ, зӯроварӣ, экстремистӣ ва террористиро манъ намоянд;
- иштироки фарзандро дар фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ, ба истиснои фарзандоне, ки ба таври расмӣ дар муассисаҳои динӣ ба таълим фаро гирифта шудаанд,  иҷозат надиҳанд;
- барои фарзанди то бистсола истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ (аз ҷумла, пиво), воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ, маҳсулоти тамоку (аз ҷумла, нос) ва маводи сахттаъсирро  манъ намоянд;
- иштироки фарзандро дар чорабиниҳои барои ӯ тавсиянашуда иҷозат надиҳанд;
- гирифтани шаҳодатномаи ҳуқуқи ронандагӣ ва рондани автомобилро барои фарзанд  иҷозат надиҳанд;
- ба оворагардӣ ва дигар рафторҳои зиддиахлоқӣ машғул шудани фарзанд роҳ надиҳанд;  
- ба ҷалб намудани фарзанд ба корҳои хавфнок ва вазнини ба саломатии ӯ зараровар ва ҳамчунин дигар корҳое, ки ба инкишофи мӯътадили ҷисмонӣ ва равонии фарзанд халал мерасонанд, иҷозат надиҳанд;
- фарзандро ба фаъолияти соҳибкорӣ ва хариду фурӯш, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат додааст, ҷалб насозанд;
- бе ҳамроҳии шахси болиғ гаштугузор кардани фарзанди то шонздаҳсоларо дар ҳудуди биною иншооти техникӣ, таҳхонаҳо ва болохонаҳои биноҳои истиқоматӣ, корхонаҳо, муассисаҳо, дигар ташкилотҳо, ҳудуди нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ, саристгоҳҳои роҳи оҳан, фурудгоҳҳо ва саристгоҳҳои нақлиёти мусофирбар манъ намоянд;
- дар ҷойҳои ҷамъиятӣ навиштан, ифлос намудан ва расонидани зарарро аз ҷониби фарзанд манъ намоянд;
- дастрасии фарзандро ба маводи сӯзандаю тарканда пешгирӣ намоянд;
- истифодаи ҷавоҳирот, зару зевар, дигар ашёҳои қиматбаҳо (ба истиснои як ҷуфт гӯшвора барои духтарон)-ро аз тарафи фарзанд дар муассисаҳои таълимӣ ва холкӯбиро барои фарзанд манъ намоянд;
- ба шикастани панҷараҳо, санги болои қабрҳо, ҳайкалҳо, нимпайкараҳо ва дигар ороишоте, ки дар оромгоҳҳо ва ҷойҳои таърихию фарҳангӣ мавҷуданд ва тахриб кардани онҳо аз тарафи фарзанд роҳ надиҳанд;
- дигар ӯҳдадориҳоеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, иҷро намоянд.
Моддаи 9. Ӯҳдадориҳои падару модар  дар таълими фарзанд
Падару модар дар таълими фарзанд ӯҳдадориҳои зерин доранд:
- ба фарзанди то шашсола барои гирифтани таълиму тарбияи томактабӣ шароит фароҳам оваранд;
- ба таълим фаро гирифтани фарзандро таъмин намуда, ба таҳсили ӯ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ  монеъ нашаванд;
- фарзандро бо воситаҳои зарурии таълимӣ таъмин карда, барои таълими ӯ шароити муносиб муҳайё намоянд;
- риояи пӯшидани либосҳои расмии мактабиро аз ҷониби фарзанд дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот таъмин ва назорат намоянд;
- ба фарзанди имконоти маҳдуди ҷисмонӣ ва рӯҳӣ доштаи худ барои таҳсил кардан ва касбу ҳунар омӯхтан шароит муҳайё сохта, иллати ҷисмонӣ ва рӯҳии ӯро пинҳон накарда, дар сурати набудани шароит барои таълими фарзанд ба муассисаҳои дахлдори давлатии соҳаи маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ муроҷиат намоянд;
- аз вазъи фарзанде, ки дар мактаб-интернатҳо ва дигар муассисаҳои махсусгардонидашуда, новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқии онҳо, таълиму тарбия мегирад, хабардор шуда, бо чунин муассисаҳо ҳамкорӣ намоянд ва раванди таълими фарзандро дар ин муассисаҳо зери назорат гиранд; 
-донишандӯзӣ ва иштироки фарзандро дар раванди таълим назорат карда, бо омӯзгорон, ҳайъати кормандон ва роҳбарияти муассисаи таълимӣ оид ба таълими фарзанд мунтазам ҳамкорӣ намоянд;
-  дар маҷлисҳои падару модарон ва дигар чорабиниҳои мактабӣ бо даъвати маъмурият тибқи талаботи оинномаи муассисаи таълимӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ иштирок намоянд;
- талаботи оинномаи муассисаи таълимиро, ки фарзандашон дар он ҷо таълим мегирад, иҷро намоянд;
- ҷалби фарзандро барои гирифтани таълим дар таълимгоҳҳои ғайриқонунӣ ё дар назди шахсони алоҳидаи бе иҷозатнома фаъолияткунанда манъ намоянд;
- таълими фарзандро дар хориҷи кишвар бе розигии хаттии мақомоти ваколатдори давлатӣ иҷозат надиҳанд;
- дигар ӯҳдадориҳоеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, иҷро намоянд.

БОБИ 3.
ӮҲДАДОРИҲОИ ФАРЗАНДИ БОЛИҒУ
ҚОБИЛИ МЕҲНАТ ДАР НИГОҲУБИН ВА
ТАЪМИНИ ПАДАРУ МОДАР
Моддаи 10. Ӯҳдадориҳои фарзанди болиғу қобили меҳнат дар нигоҳубин ва таъмини падару модар
1. Фарзанди болиғу қобили меҳнат ӯҳдадор аст, ки падару модари худро нигоҳубин ва таъмин намуда, онҳоро аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ дастгирӣ намояд.
2. Дар ҳолати иҷро накардани ӯҳдадориҳои мазкур, фарзанди болиғу қобили меҳнат бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.

БОБИ 4.
ӮҲДАДОРИҲОИ ОМӮЗГОР, МАҚОМОТИ ДАВЛАТӢ, МУАССИСА ВА ДИГАР ТАШКИЛОТҲОЕ, КИ
МАСЪАЛАҲОИ ВОБАСТА БА ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАКРО ТАНЗИМ МЕКУНАНД
Моддаи 11. Мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак
Масъалаҳои вобаста ба таълиму тарбияи кӯдак аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ, ки аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, маориф, фарҳанг, тандурустӣ, меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, оид ба корҳои дин, кор бо занон ва оила, кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, муассиса ва дигар ташкилотҳои соҳавӣ танзим карда мешаванд.
Моддаи 12. Ӯҳдадориҳои омӯзгор, мақомоти давлатӣ, муассиса ва дигар ташкилотҳое, ки масъалаҳои вобаста ба таълиму тарбияи кӯдакро танзим мекунанд
1. Мақомоти давлатӣ, муассиса ва дигар ташкилотҳое, ки масъалаҳои вобаста ба таълиму тарбияи кӯдакро танзим мекунанд, ӯҳдадориҳои зерин доранд:
- ба раванди таълиму тарбия дар низоми таҳсилоти умумӣ ва иловагӣ мусоидат намоянд;
- тарзи ҳаёти солимро таблиғ ва кӯдакони болаёқатро дастгирӣ намоянд;
- кӯдаконеро, ки дар пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо саҳм гузоштаанд, ҳавасманд намоянд;
- падару модареро, ки ҳуқуқу ӯҳдадориҳои худро дар таълиму тарбияи фарзанд муваффақона иҷро менамоянд, аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ ҳавасманд гардонанд;
- оид ба пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо аз тарафи кӯдакон тадбирҳо андешанд;
- ҳангоми аз тарафи падар ё модар риоя накардани талаботи оинномаи муассисаи таълимӣ ва ӯҳдадориҳое, ки тибқи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудаанд,  бо тартиби муқарраргардида ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат намоянд;
- дар муассисаҳои таълимӣ бо мақсади расонидани кӯмаки педагогӣ, равонӣ, методӣ ба падару модар "Рӯзҳои падару модар"-ро ташкил намоянд;   
- дигар чорабиниҳоро оид ба масъалаҳои таълиму тарбияи кӯдакон ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо ташкил намоянд;
- дигар ӯҳдадориҳоеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, иҷро намоянд.
2. Ӯҳдадориҳои омӯзгор оид ба таълиму тарбияи кӯдак мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф муқаррар карда мешаванд.
Моддаи 13. Ӯҳдадориҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои кӯдак
Ҳангоми аз таълиму тарбия дур мондани кӯдак ва ба амали номатлуб даст задани ӯ, инчунин дар мавриди муайян кардани ҳолатҳое, ки ба ҳаёт ва саломатии кӯдак таҳдид менамоянд, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ӯҳдадоранд, ки мақомоти дахлдори давлатиро огоҳ созанд.

БОБИ 5.
ЧОРАҲОИ ПЕШГИРӢ ВА ҶАВОБГАРӢ
БАРОИ ИҶРО НАКАРДАНИ ӮҲДАДОРИҲО
ДАР ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ ФАРЗАНД
 Моддаи 14. Чораҳои пешгирӣ барои иҷро накардан ё ба тариқи дахлдор иҷро накардани ӯҳдадориҳои падару модар
Падару модаре, ки вобаста ба вазъи саломатӣ ва моддиашон наметавонанд ӯҳдадориҳои худро оид ба таълиму тарбияи фарзанд қисман ё пурра иҷро намоянд, аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба табобат фаро гирифта, бо кор таъмин карда мешаванд.
Моддаи 15. Ҷавобгарии падару модар ва омӯзгор дар таълиму тарбияи фарзанд
1. Дар ҳолати иҷро накардан ё ба тариқи дахлдор иҷро накардани ӯҳдадориҳои вобаста ба таълиму тарбияи фарзанд, ки дар Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, падару модар ва омӯзгор тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
2. Падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарии баробар доранд.
3. Падар ё модаре, ки аз фарзанд ҷудо зиндагӣ мекунанд, барои  иҷро накардан ё ба тариқи дахлдор иҷро накардани ӯҳдадориҳои падару модар, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ, ҷавобгар мебошанд.
 Моддаи 16. Ҷавобгарии мақомоти давлатӣ, муассиса, дигар ташкилотҳо ва шахсони мансабдори онҳо, ки масъалаҳои вобаста ба таълиму тарбияи кӯдакро танзим мекунанд
Ҷавобгарии мақомоти давлатӣ, муассиса, дигар ташкилотҳо ва шахсони мансабдори онҳо, ки масъалаҳои вобаста ба таълиму тарбияи кӯдакро танзим мекунанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

БОБИ 6.
МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
 Моддаи 17. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 

 Президенти   Ҷумҳурии Тоҷикистон           Эмомалӣ  РАҲМОН

ш. Душанбе, 2 августи соли 2011, № 762

 

Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии
Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар
дар таълиму тарбияи фарзанд" 
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. ЗУҲУРОВ

ш. Душанбе, 15 июни соли 2011, № 470


Қарори Маҷлиси миллии
     Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
"Дар бораи масъулияти падару модар дар
таълиму тарбияи  фарзанд" 
 Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии  Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                     М. УБАЙДУЛЛОЕВ

ш. Душанбе, 21 июли соли 2011, № 210


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1302

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед