logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи рӯзҳои ид

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии таҷлили рӯзҳои идро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим менамояд.

Моддаи 1. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи рӯзҳои ид
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи рӯзҳои ид ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.
Моддаи 2. Рӯзҳои ид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои зерин ҳамчун рӯзҳои ид қайд карда мешаванд:
- Соли нав - 1 январ;
- Рӯзи кормандони гумрук - 22 январ;
- Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон - 23 феврал;
- Рӯзи Модар - 8 март;
- Рӯзи матбуот - 11 март;
- Иди Сада - якшанбеи дуюми моҳи март;
- Рӯзи зиёиёни эҷодкор - 20 март;
- Иди байналмилалии Наврӯз - 21-24 март;
- Рӯзи геологҳо - якшанбеи якуми моҳи апрел;
- Рӯзи иқтисодчиён - 8 апрел;   
- Рӯзи Қӯшунҳои дохилӣ - 10 апрел;
- Рӯзи байналмилалии ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, меъморӣ ва  фарҳангӣ - 18 апрел;
- Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон - шаҳри Душанбе - шанбеи сеюми  моҳи апрел;
- Рӯзи илми тоҷик - якшанбеи сеюми моҳи апрел;
- Рӯзи байналмилалии моликияти зеҳнӣ - 26 апрел;
- Рӯзи байналмилалии якдилии меҳнаткашон - 1 май;
- Рӯзи кормандони мақомоти андоз - 4 май;
- Рӯзи радио ва кормандони соҳаҳои алоқа - 7 май;
- Рӯзи  Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ - 9 май;
- Рӯзи Шашмақом - 12 май;
- Рӯзи байналмилалии оила -15 май;
- Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон - 23 май;
- Рӯзи адвокатҳо - 26 май;
- Рӯзи Қӯшунҳои сарҳадӣ - 28 май;
- Рӯзи кимёгарон - якшанбеи охири моҳи май;
- Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон - 1 июн;
- Рӯзи байналмилалии муҳити зист - 5 июн;
- Рӯзи кормандони савдо, хизмати маишӣ ва хоҷагии манзилию коммуналӣ - якшанбеи якуми моҳи июн;
- Рӯзи кормандони саноати сабук - якшанбеи дуюми моҳи июн;
- Рӯзи Ваҳдати миллӣ - 27 июн;
- Рӯзи байналмилалии кормандони кооператсия - 6 июл;
- Рӯзи маъюбон - 8 июл;
- Рӯзи моҳипарварон - якшанбеи дуюми моҳи июл;
- Рӯзи металлург - якшанбеи сеюми моҳи июл;
- Рӯзи кормандони нақлиёти автомобилӣ - 25 июл;
- Рӯзи кормандони сӯхторнишонӣ - 30 июл;
- Рӯзи варзишгарон - 10 август;
- Рӯзи кормандони сохтмон - якшанбеи дуюми моҳи август;
- Рӯзи кормандони хадамоти ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ - 17 август; 
- Рӯзи кормандони роҳи оҳан - 17 август;
- Рӯзи кормандони соҳаи тиб - 18 август;
- Рӯзи ихтироъкорон ва навоварон - якшанбеи сеюми моҳи август;
- Рӯзи ангиштканон - якшанбеи охири моҳи август;
- Рӯзи амалиёти иттифоқи касаба барои сулҳ - 1 сентябр;
- Рӯзи дониш - 1 сентябр;
- Рӯзи авиатсия - 3 сентябр;
- Рӯзи Гвардияи миллӣ - 3 сентябр;
- Рӯзи китоб - 4 сентябр;
- Рӯзи кормандони саноати нафту газ - якшанбеи аввали моҳи сентябр;
- Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон - 9 сентябр;
- Рӯзи мелиораторон - 13 сентябр;
- Рӯзи роҳсозон - якшанбеи дуюми моҳи сентябр;
- Рӯзи кормандони ҷангал - якшанбеи сеюми моҳи сентябр;
- Рӯзи Рӯдакӣ - 22 сентябр;
- Рӯзи мошинсозҳо - якшанбеи охири моҳи сентябр;
- Рӯзи Мавлоно  Ҷалолиддини Балхӣ - 30 сентябр;
- Рӯзи куҳансолон - 1 октябр;
- Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон - 5 октябр;
- Рӯзи омӯзгорон - якшанбеи якуми моҳи октябр;
- Рӯзи кишоварзӣ - 8 октябр;
- Рӯзи Фалак - 10 октябр;
- Рӯзи кормандони адлия ва суд - якшанбеи дуюми моҳи октябр;
- Рӯзи кинои тоҷик - 16 октябр;
- Иди Меҳргон - якшанбеи сеюми моҳи октябр;
- Рӯзи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон -  6 ноябр;
- Рӯзи театри тоҷик - 7 ноябр;
- Рӯзи милитсия - 10 ноябр;
- Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон - 24 ноябр;
- Рӯзи кормандони мақомоти молия - 7 декабр;
- Рӯзи ҳуқуқи инсон - 10 декабр
- Рӯзи кормандони прокуратура - 14 декабр;
- Рӯзи байналмилалии муҳоҷирон - 18 декабр;
- Рӯзи энергетика - 22 декабр;
- Рӯзи кормандони мақомоти амнияти миллӣ - 28 декабр;
- Иди Рамазон - ҳар сол дар рӯзе, ки аз тарафи мақоми ваколатдори давлатии соҳаи дин муқаррар карда мешавад;
- Иди Қурбон - ҳар сол дар рӯзе, ки аз тарафи мақоми ваколатдори давлатии соҳаи дин муқаррар карда мешавад.
Моддаи 3. Рӯзҳои иди ғайрикорӣ
Рӯзҳои зерини ид рӯзҳои ғайрикорӣ дониста мешаванд:
- 1 январ - Соли нав;
- 8 март - Рӯзи Модар;
- 21-24 март - Иди байналмилалии Наврӯз;
- 1 май - Рӯзи байналмилалии якдилии меҳнаткашон;
- 9 май - Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ;
- 27 июн - Рӯзи Ваҳдати миллӣ;
- 9 сентябр - Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- 6 ноябр - Рӯзи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Рӯзи иди Рамазон - ҳар сол дар рӯзе, ки аз тарафи мақоми ваколатдори давлатии соҳаи дин муқаррар карда мешавад;
- Рӯзи иди Қурбон - ҳар сол дар рӯзе, ки аз тарафи мақоми ваколатдори давлатии соҳаи дин муқаррар карда мешавад.
Моддаи 4. Афрохтани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар рӯзҳои ид
Дар рӯзҳои ид Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон афрохта мешавад.
Моддаи 5. Чорабиниҳои ҷамъиятию сиёсӣ дар рӯзҳои ид
1. Ба муносибати рӯзҳои ид бо ташаббуси мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо ва коллективҳои меҳнатӣ чорабиниҳои  ҷамъиятию сиёсӣ ташкил ва гузаронида мешаванд.
2. Парадҳои ҳарбӣ, салютҳои артиллерӣ ва мушакпарронӣ дар рӯзҳои ид бо тартиби муқарраргардида  гузаронида мешаванд.
Моддаи 6. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи рӯзҳои ид"
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 ноябри соли 1995 "Дар бораи рӯзҳои ид" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1995, №21, мод.237; с. 1998, №10, мод.125; №23-24, мод.338; с. 1999, №5, мод.76; №12, мод.308; с. 2002, №4, қ.1, мод.191; мод.194; мод.197; с. 2003, №4, мод.132; №8, мод.449; №12, мод.678; с. 2004, №5, мод.350; №12, қ.1, мод.697; с. 2005, №3, мод.131; №12, мод.658; с. 2008, №1, қ.2, мод.9; №3, мод.188; №12, қ.1, мод.988; с. 2009, №5, мод.319; №7-8, мод.493; №11, мод.698; мод.699; с. 2010, №7, мод.544; мод.548) аз эътибор соқит дониста шавад.
Моддаи 7. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон    Эмомалӣ РАҲМОН

ш. Душанбе, 2 августи соли 2011, № 753


Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул намудани  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
 "Дар бораи рӯзҳои ид"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи рӯзҳои ид" қабул карда шавад.
2. Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оиди мавриди амал қарор додани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи рӯзҳои ид" аз 3 ноябри соли 1995, № 99 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1995, №21, мод. 238) аз эътибор соқит дониста шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. ЗУҲУРОВ

ш. Душанбе, 22 июни соли 2011, № 481


Қарори Маҷлиси миллии
     Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
"Дар бораи рӯзҳои ид"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Дар бораи рӯзҳои ид"  баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи рӯзҳои ид"  ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии  Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                   М. УБАЙДУЛЛОЕВ

ш. Душанбе, 21 июли соли 2011, № 201


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 5177

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед