logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи номгӯи маълумоти дорои сирри давлатӣ"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 майи соли 2002 "Дар бораи Номгӯи маълумоти дорои сирри давлатӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2002, №4, қ. 2, мод. 326; с. 2003, №12,  мод. 694; с. 2007, №7, мод. 656; с. 2011, №3, мод. 158) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Номи Қонун бо ҳарфҳои калон навишта шавад.
2. Муқаддимаи Қонун дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Қонуни мазкур асосҳои сиёсати давлатиро дар соҳаи махфӣ доштани маълумоти дорои сирри давлатӣ, мӯҳлатҳои махфӣ доштани ин маълумот, инчунин салоҳияти мақомоти ваколатдори соҳаи сирри давлатиро муайян менамояд.".
3. Бобҳои Қонун бо рақамҳои арабӣ ишора карда шаванд.
4. Дар тамоми матни Қонун пас аз рақами бандҳо аломати нуқта ба аломати қавси пӯшида ")" ва дар охири бандҳо аломати нуқта вергул ";" ба аломати нуқта иваз карда шаванд.
5. Номи боби I дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"БОБИ 1.
МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ".
6. Дар моддаи 1:
- модда ба таври зерин номгузорӣ карда шавад:
"Моддаи 1. Доираи амали Қонуни мазкур";
- дар матни модда калимаҳои "Ҳамин Қонун" ба калимаҳои "Қонуни мазкур" ва калимаҳои "робитаҳои хориҷӣ" ба калимаҳои "робитаҳои берунӣ" иваз карда шаванд.
7. Дар моддаи 2:
- модда ба таври зерин номгузорӣ карда шавад:
"Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ";
- сархатҳо бо аломати дефис "-" ишора карда шаванд.
8. Моддаи 3 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Моддаи 3. Дараҷаи махфияти маълумоти дорои сирри давлатӣ ва мӯҳри махфияти манбаъҳои ин маълумот
Дараҷаи махфияти маълумоти дорои сирри давлатӣ бояд ба дараҷаи вазнинии зараре, ки ба амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё манфиатҳои мақомот ва ташкилотҳои давлатӣ дар натиҷаи паҳн намудани маълумоти зикршуда расонида шудааст ё расонида мешавад, мувофиқ бошад.
Ҳамаи ҳомилҳои моддии маълумоти тибқи Номгӯи маълумоти дорои сирри давлатӣ ба сирри давлатӣ мансуббуда дорои мӯҳрҳои махфияти "Фавқулодда муҳим", "Комилан махфӣ" ва "Махфӣ" мебошанд, ки дар онҳо мӯҳлати махфӣ доштани ин маълумот нишон дода мешавад:
1) Ба маълумоти фавқулодда муҳим маълумоти соҳаҳои мудофиа, иқтисод, робитаҳои берунӣ, амнияти давлатӣ ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ, ки ошкорсозии он ба амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як ё якчанд соҳаҳои номбаршуда зарар расонида метавонанд, мансуб дониста мешаванд.
2) Ба маълумоти комилан махфӣ маълумоти соҳаҳои мудофиа, иқтисод, робитаҳои берунӣ, амнияти давлатӣ ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ, ки ошкорсозии он ба амнияти вазоратҳо (идораҳо) ё бахши иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як ё якчанд соҳаҳои номбаршуда зарар расонида метавонанд, мансуб дониста мешаванд.
3) Ба маълумоти махфӣ ҳама гуна маълумоти дигари дорои сирри давлатӣ, ки ошкорсозии он ба манфиати корхонаву ташкилотҳои соҳаҳои мудофиа, иқтисод, робитаҳои берунӣ, амнияти давлатӣ ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ зарар расонида метавонанд, мансуб дониста мешаванд. 
Ҳама гуна маълумоти дигари дар Номгӯи маълумоти дорои сирри давлатӣ пешбининашуда, агар он маълумоти дар Номгӯй мавҷудбударо ошкор созад, бояд ҳамон дараҷаи махфиятро дошта бошад.
Истифодаи мӯҳрҳои махфияти номбаршуда барои махфӣ доштани маълумоте, ки ба сирри давлатӣ мансуб нестанд, инчунин ба маълумоти зикршуда додани мӯҳри дигари маҳдудкунанда, мумкин нест.
Дараҷаи махфияти маълумоти дорои сирри давлатӣ ва мӯҳрҳои махфияти манбаъҳои ин маълумот метавонанд бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйир дода шаванд.".
9. Номи боби II дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"БОБИ 2.
МАЪЛУМОТИ БА СИРРИ ДАВЛАТӢ                                              МАНСУББУДА".
10. Дар моддаи 4:
- аз номи модда аломати баён ":" хориҷ карда шавад;
- ба модда қисми якум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"Маълумоти дорои сирри давлатии соҳаи мудофиа инҳоянд:";
- ба модда банди 14 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"14) Маълумот оид ба тавозуни иқтидори электрикӣ ва қувваи барқи системаҳои таъминоти иншооти ҳарбӣ, иншооти саноати мудофиа ва воситаҳои идоракунии энергия дар замони ҷанг."; 
- бандҳои 14-30 мувофиқан бандҳои 15) - 31) ҳисобида шаванд.
11. Ба моддаи 5 қисми якум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"Маълумоти дорои сирри давлатии соҳаи мудофиаи гражданӣ инҳоянд:".
12. Дар моддаи 6:
- ба модда қисми якум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"Маълумоти дорои сирри давлатии соҳаи омодагии сафарбарӣ ва сафарбарӣ инҳоянд:";
- дар охири банди 3 аломати нуқта гузошта шавад;
- ҷумлаи якуми банди 15 хориҷ карда шавад.  
13. Дар моддаи 7:
- дар номи модда пас аз калимаи "молия," калимаи "саноат," илова карда шавад;
- ба модда қисми якум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"Маълумоти дорои сирри давлатии соҳаи иқтисод, молия, саноат, илм ва техника инҳоянд:".
14. Дар моддаи 8:
- дар номи модда ва матни банди 1 калимаҳои "робитаҳои хориҷӣ" ба калимаҳои "робитаҳои берунӣ" иваз карда шаванд;
- ба модда қисми якум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"Маълумоти дорои сирри давлатии соҳаи робитаҳои берунӣ инҳоянд:".   
15. Дар моддаи 9:
- ба модда қисми якум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"Маълумоти дорои сирри давлатӣ дар соҳаи амният ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ инҳоянд:";
- дар ҷумлаҳои якум, дуюм ва сеюми банди 5, ҷумлаҳои якум ва дуюми банди 6 аломати нуқта вергул ";" ба аломати нуқта иваз карда шавад;
- дар ҷумлаи якуми банди 11, ҷумлаҳои якум ва дуюми банди 12 аломати нуқта вергул ";" ба аломати нуқта иваз карда шавад.
16. Дар моддаи 10:
- ба модда қисми якум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"Бо мақсади махфӣ доштани маълумоти дорои сирри давлатӣ мӯҳлатҳои зерин муқаррар карда мешаванд:";
- дар банди 9 калимаи "нашри" ба калимаи "интишори" иваз карда шавад;
- дар банди 10 калимаҳои "охири хатми" ба калимаи "анҷоми" иваз карда шаванд.
17. Номи боби IV дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"БОБИ 4.
МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ".
18. Моддаи 11 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Моддаи 11. Салоҳияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар таҳияи Номгӯи маълумоти дорои сирри давлатӣ
Мақомоти ҳокимияти давлатӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон номгӯи маълумотеро, ки вобаста ба соҳаҳояш бояд махфӣ нигоҳ дошта шавад, таҳия намуда, дараҷаи махфияташро бо тасдиқи шахсони мансабдори дахлдори мақомоти ҳокимияти давлатии дорои ваколати ба сирри давлатӣ мансуб донистани маълумот муқаррар менамоянд.".
19. Дар моддаи 12:
- модда ба таври зерин номгузорӣ карда шавад:
"Моддаи 12. Назорати ҳуҷҷатгузорӣ оид ба маълумоти дорои сирри давлатӣ";
- дар матни модда калимаҳои "муайян кардани аломати (грифи) махфият, мӯҳлати махфӣ нигоҳ, доштани" ба калимаҳои "муайян кардан ва иваз намудани мӯҳри махфият, мӯҳлати махфӣ доштани" иваз карда шаванд.
20. Ба Қонун моддаи 13 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"Моддаи 13. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон         Эмомалӣ РАҲМОН

ш. Душанбе, 2 августи соли 2011, № 752


Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул  намудани Қонуни Ҷумҳурии
Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо
ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи номгӯи маълумоти дорои сирри давлатӣ"
Мутобиқи моддаҳои 36 ва 40 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи номгӯи маълумоти дорои сирри давлатӣ" қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                  Ш. ЗУҲУРОВ

ш. Душанбе, 15 июни соли 2011, № 476

Қарори Маҷлиси миллии
     Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи номгӯи маълумоти дорои сирри давлатӣ"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи номгӯи маълумоти дорои сирри давлатӣ"  баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи номгӯи маълумоти дорои сирри давлатӣ"  ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                   М. УБАЙДУЛЛОЕВ

ш. Душанбе, 21 июли соли 2011, № 200


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 986

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров

GLOBE SOCCER AWARDS. Беҳтаринҳоро муайян кард

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Пекин музокироти тиҷоратии ИМА ва Чин мегузарад

Эрдуғон пирӯзӣ бар террористони «Давлати исломӣ» - ро эълом дошт

Разведкаи Сурия дар ҳафт сол 80 саркардаи исломиро нест кард


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед