logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хазинаи бойгонии миллӣ ва муассисаҳои бойгонӣ"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 ноябри соли 1998 "Дар бораи Хазинаи бойгонии миллӣ ва муассисаҳои бойгонӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1998, №23-24, мод.326; с. 2008, №12,  қ. 2, мод. 1018) тағйиру иловаҳои зерин  ворид карда шаванд:
1. Дар қисми дуюми моддаи 1 калимаҳои "шароити ҳифз," ба калимаҳои "шароит барои нигоҳдорӣ,  ҳифз," ва калимаи "истифодаи" ба калимаи "истифодабарии"  иваз карда шаванд.
2. Ба Қонун моддаи 11 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Моддаи 11. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
-бойгонӣ - муассисаи бойгонӣ ё воҳиди сохтории мақоми давлатӣ, корхона, муассиса ва ташкилот, ки ҷамъоварӣ, баҳисобгирӣ, нигоҳдорӣ ва истифодабарии ҳуҷҷатҳои бойгониро ба амал мебарорад;
-ҳуҷҷати бойгонӣ - ҳуҷҷати дорои моҳияти давлатӣ ва ҷамъиятӣ, новобаста ба шакли маълумот, инчунин ҳуҷҷати дорои арзиши таърихӣ, илмӣ, бадеӣ ва фарҳангӣ, ки нигоҳдорӣ карда мешавад;
-ёдгориҳои ҳуҷҷати нодир - ҳуҷҷати нодир ё махсусан арзишдори бойгонӣ, ки бо тартиби муқарраргардида ба гурӯҳи ёдгориҳои ҳуҷҷатӣ дохил карда шудааст; 
-хазинаи бойгонӣ -  маҷмӯи ҳуҷҷатҳои бойгонии як ташкилот ё шахси алоҳида;
-кори бойгонӣ - фаъолияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ оид ба ҷамъоварӣ, баҳисобгирӣ, нигоҳдорӣ ва истифодабарии ҳуҷҷатҳои бойгонӣ;
-нигоҳдории муваққатии ҳуҷҷатҳои бойгонӣ - нигоҳдории ҳуҷҷатҳои бойгонӣ то мӯҳлати нобудкунии онҳо, ки тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муқаррар карда шудааст;
-нигоҳдории доимии ҳуҷҷатҳои бойгонӣ - нигоҳдории бемӯҳлат (доимӣ);
-молики ҳуҷҷатҳои бойгонӣ - шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ҳуқуқи соҳибӣ, ихтиёрдорӣ ва истифодабарии ҳуҷҷатҳои бойгониро доранд;
-муассисаҳои бойгонӣ - бойгониҳои давлатӣ, хазинаҳои бойгонии соҳавӣ, бойгониҳои идоравӣ ва байниидоравӣ, ки бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, ҷамъоварӣ, баҳисобгирӣ, нигоҳдорӣ ва истифодабарии ҳуҷчатҳои бойгониро таъмин менамоянд.".
3. Дар моддаҳои 3, 5, 6, 7, 8, 9, 10, 11, 12, 13, 15, 16, 19, 20 ва 21 Қонун  калимаи "мақоми" ба калимаи  "Мақоми"  иваз  карда шавад.
4. Дар моддаи 6:
-номи модда дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Моддаи 6. Низоми муассисаҳои бойгонии Ҷумҳурии Тоҷикистон";
-қисми якуми модда хориҷ карда шавад;
-дар қисми дуюм калимаи "Системаи" ба калимаи "Низоми" иваз карда шавад.
5. Дар номи моддаи 13 калимаи "Бойгониҳо" ба калимаи "Бойгониҳои" иваз карда шавад.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ РАҲМОН

ш. Душанбе, 2 августи соли 2011, № 763

 

Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии
Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон   "Дар бораи Хазинаи бойгонии миллӣ ва муассисаҳои бойгонӣ" 
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Хазинаи бойгонии миллӣ ва муассисаҳои бойгонӣ" қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон   Ш. ЗУҲУРОВ

ш. Душанбе, 15 июни соли 2011, № 474

 

Қарори Маҷлиси миллии
     Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон   "Дар бораи Хазинаи бойгонии миллӣ ва муассисаҳои бойгонӣ" 
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон   "Дар бораи Хазинаи бойгонии миллӣ ва муассисаҳои бойгонӣ" баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон   "Дар бораи Хазинаи бойгонии миллӣ ва муассисаҳои бойгонӣ"   ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии  Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  М. УБАЙДУЛЛОЕВ

ш. Душанбе, 21 июли соли 2011, № 211


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 840

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед