logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Моддаи 1. Ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2009 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2009, №12, мод. 816; с.2010, №7, мод. 551; с.2011, №3, мод. 159), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар тамоми матни Кодекс калимаҳои "иштироккунандагони", "иштироккунандагон", "иштироккунандаи", "Иштироккунандагони", "кӯмаки ҳуқуқӣ", "КӮМАКИ ҲУҚУҚӢ" ва "кӯмаки мутақобили ҳуқуқӣ" мутаносибан ба калимаҳои "иштирокчиёни", "иштирокчиён", "иштирокчии" "Иштирокчиёни", "ёрии ҳуқуқӣ", "ЁРИИ ҲУҚУҚӢ"  ва "ёрии мутақобили ҳуқуқӣ" иваз карда шаванд.
2. Дар сархати чоруми моддаи 6 калимаи "ҳимоягар" ба калимаи "ҳимоятгар" иваз карда шавад.
3. Дар қисми 3 моддаи 9 калимаҳои "масъулияти муқаррарнамудаи қонун" ба калимаҳои "ҷавобгарии муқаррарнамудаи қонун" иваз карда шаванд.
4. Дар қисми 3 моддаи 12 калимаҳои "иштирокчиёни парванда" ба калимаҳои "иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ" иваз карда шаванд.
5. Ба Кодекс моддаи 351 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"Моддаи 351. Тартиби баррасии мавод дар бораи маҳдуд кардани ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ - ҷустуҷӯӣ
Тартиби баррасии мавод дар бораи маҳдуд кардани ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ - ҷустуҷӯӣ мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти оперативӣ - ҷустуҷӯӣ" муайян карда мешавад.".
6. Дар қисми 1 моддаи 43 пас аз калимаҳои "Кодекси мазкур" калимаҳои "ба суд" илова карда шаванд.
7. Дар сархати дувоздаҳуми қисми 3 моддаи 54 пас аз калимаҳои "изҳори норизоӣ" калимаи "баён" илова карда шавад.
8. Дар қисми 7 моддаи 58 калимаҳои "хулосаи ғалат" ба калимаҳои "хулосаи бардурӯғ" иваз карда шаванд.
9. Дар сархати шашуми қисми 1 моддаи 61 пас аз калимаи "ҳолатҳое" калимаҳои "мавҷуд бошанд" илова карда шаванд.
10. Дар сархати дуюми қисми 1 моддаи 90 ва дар сархати дуюми моддаи 425 пас аз калимаҳои "зиндагӣ ва" калимаи "таълиму" илова карда шавад.
11. Дар моддаи 111:
- дар қисми 4 калимаи "маҷлис" ба калимаҳои "маҷлиси суд" иваз карда шавад;
- сархати якуми қисми 5 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"- дар бораи ба сифати чораи пешгирӣ дар намуди ба ҳабс, ҳабси хонагӣ гирифтани гумонбаршуда ё айбдоршаванда иҷозат медиҳад;";
- аз қисми 9 калимаҳои "интихоб кардани" хориҷ карда шаванд.
12. Ҷумлаи дуюми қисми 7 моддаи 112 дар таҳрири зерин ифода карда шавад: "Дар ин маврид айбдоршаванда ва ҳимоятгари ӯ ҳуқуқ доранд минбаъд бо маводи парвандаи ҷиноятӣ шинос шаванд.".
13. Дар қисми 1 моддаи 123 калимаҳои "оварда мешавад" ба калимаҳои "кардан мумкин аст" иваз карда шаванд.
14. Дар моддаи 129 калимаҳои "шаҳрванд ё шахси ҳуқуқӣ" ба калимаҳои "шахси воқеӣ ё шахси ҳуқуқӣ" иваз карда шаванд.
15. Дар қисми 2 моддаи 137 калимаҳои "гузашти мӯҳлат" ба калимаҳои "гузаштани мӯҳлати муқарраргардида" иваз карда шаванд.
16. Қисми 1 моддаи 144 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"1. Иттилооти воситаҳои ахбори омма барои оғози парвандаи ҷиноятӣ асос шуда метавонад, ба шарте ки он асоси воқеӣ дошта, дар рӯзнома ё маҷалла дарҷ гардида ё ба воситаи радио ва телевизион пахш шуда бошад.".
17. Дар моддаи 145:
- дар қисми 1 калимаҳои "содиршуда ё содиршаванда" ба калимаҳои "тайёршаванда, содиршаванда ва содиршуда" иваз карда шаванд;
- дар қисми 7 пас аз калимаҳои "ташкилот ё" калимаи "шахси" илова карда шавад.
18. Дар қисми 1 моддаи 147 калимаҳо ва рақамҳои "қисми 2 моддаи 24" ба калимаҳо ва рақамҳои "қисми 3 моддаи 24" иваз карда шаванд.
19. Дар қисми 1 моддаи 153 калимаҳои "почтаю телеграф ва дигар муросилот" ба калимаҳои "почта, хабарҳои телеграфӣ ва хабарҳои дигаре, ки тавассути шабакаҳои алоқаи барқӣ ва алоқаи почта интиқол мешаванд" иваз карда шаванд.
20. Дар моддаи 161:
- дар қисми 2 пас аз рақамҳои "328 - 332," рақами "338," илова карда шавад;
- дар қисми 7 пас аз рақамҳои "323 - 327," рақами "3381," илова карда шавад.
21. Дар қисми 5 моддаи 164 калимаҳои "ва гарнизони ҳарбӣ" ба калимаҳои ", гарнизони ҳарбӣ ва прокурорҳои ба онҳо баробаркардашуда", калимаҳои "ва шаҳри Душанбе" ба калимаҳои   ", шаҳри Душанбе ва прокурори нақлиёти Тоҷикистон" иваз карда шаванд.
22. Ба қисми 1 моддаи 168 сархати чорум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"- ба таҳқиқбаранда ва муфаттиш барои ба суд пешниҳод намудани дархост оид ба ҳабси муросилоти почта, хабарҳои телеграфӣ ва хабарҳои дигаре, ки тавассути шабакаҳои алоқаи барқӣ ва алоқаи почта интиқол мешаванд, азназаргузаронӣ, ёфта гирифтани онҳо аз муассисаҳои алоқаи почта ё шабакаҳои алоқаи барқӣ, гӯш кардан ва сабти гуфтугӯи телефонӣ ва дигар гуфтугӯҳо розигӣ диҳад;".
23. Дар моддаи 172:
- дар қисми 1 калимаҳои "тамом кардани" ба калимаи "анҷоми" иваз карда шаванд;
- дар қисми 8 калимаҳои "суд, судя" ба калимаҳои "ҳайати суд ё судя" иваз карда шаванд.
24. Дар қисми 8 моддаи 183 калимаҳои "манзили истиқомат" ба калимаҳои "манзили истиқоматӣ" иваз карда шаванд.
25. Номи боби 22 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"БОБИ 22. КОФТУКОВ, ЁФТА ГИРИФТАН, ҲАБСИ МУРОСИЛОТИ ПОЧТА, ХАБАРҲОИ ТЕЛЕГРАФӢ ВА ХАБАРҲОИ ДИГАРЕ, КИ ТАВАССУТИ ШАБАКАҲОИ АЛОҚАИ БАРҚӢ ВА АЛОҚАИ ПОЧТА ИНТИҚОЛ МЕШАВАНД, ГӮШ КАРДАН ВА САБТИ ГУФТУГӮИ ТЕЛЕФОНӢ".
26. Дар моддаи 195:
- дар ном ва матни қисми 1 калимаҳои "почтаю телеграф" ба калимаҳои "почта, хабарҳои телеграфӣ ва хабарҳои дигаре, ки тавассути шабакаҳои алоқаи барқӣ ва алоқаи почта интиқол мешаванд" иваз карда шаванд;
- қисми 2 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"2. Ҳабси муросилоти почта, хабарҳои телеграфӣ ва хабарҳои дигаре, ки тавассути шабакаҳои алоқаи барқӣ ва алоқаи почта интиқол мешаванд, азназаргузаронӣ ва дарёфт карда гирифтани онҳо танҳо бо иҷозати суд, судя анҷом дода мешавад.";
- қисми 3 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"3. Таҳқиқбаранда, муфаттиш ҳангоми зарурати ҳабси муросилоти почта, хабарҳои телеграфӣ ва хабарҳои дигаре, ки тавассути шабакаҳои алоқаи барқӣ ва алоқаи почта интиқол мешаванд, азназаргузаронӣ ва дарёфт карда гирифтани онҳо қарори асоснок бароварда, инҳоро зикр менамояд:";
- сархатҳои якум ва чоруми қисми 3 дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:
"- фамилия, ном ва номи падари шахсе, ки муросилоти почта, хабарҳои телеграфӣ ва хабарҳои дигари тавассути шабакаҳои алоқаи барқӣ ва алоқаи почта интиқолшавандаи он бояд ҳабс карда шаванд;
- навъҳои муросилоти почта, хабарҳои телеграфӣ ва хабарҳои дигари тавассути шабакаҳои алоқаи барқӣ ва алоқаи почта интиқолшавандае, ки онҳо бояд ба ҳабс гирифта шаванд;";
- дар сархати шашуми қисми 3, қисмҳои 4, 5 ва 6 калимаҳои "почтаю телеграф" ва "почтаю телеграфро" мувофиқан ба калимаҳои "почта, хабарҳои телеграфӣ ва хабарҳои дигаре, ки тавассути шабакаҳои алоқаи барқӣ ва алоқаи почта интиқол мешаванд," иваз карда шаванд.
27. Аз қисми 3 моддаи 196 пас аз калимаи "гуфтугӯ" калимаи "он" хориҷ карда шавад.
28. Дар қисми 1 моддаи 202 калимаҳои "алоҳида - алоҳида" ба калимаҳои "дар алоҳидагӣ" иваз карда шаванд.
29. Матни моддаи 251 қисми 1 ҳисобида шуда, ба модда қисми 2 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"2. Судҳои шаҳрӣ ва ноҳиявӣ дар рафти баррасии тосудии парвандаҳои ҷиноятӣ оид ба масъалаҳое, ки дар қисми 1 моддаи 35 ва моддаи 124 Кодекси мазкур пешбинӣ гардидаанд, қарор қабул менамоянд, агар дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад.".
30. Дар моддаи 254:
- қисми 3 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"3. Судҳои ҳарбии гарнизонҳо дар рафти баррасии тосудии парвандаҳои ҷиноятӣ оид ба масъалаҳои дар қисми 1 моддаи 35 ва моддаи 124 ҳамин Кодекс пешбинигардида қарор қабул менамоянд, агар дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад.";
- қисмҳои 3 - 9 мувофиқан қисмҳои 4 - 10 ҳисобида шаванд.
31. Дар моддаи 405 калимаҳои "ҳукм, таъинот, қарори айбдоркунандаи суд" ба калимаҳои "ҳукми айбдоркунанда, таъинот ва қарори суд" иваз карда шаванд.
32. Сархати сеюми қисми 2 моддаи 410 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"- дар Коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё прокуроре, ки Сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатдор намудааст;".
33. Дар сархати чоруми қисми 2 моддаи 417 ва дар сархати якуми қисми 4 моддаи 418 пас аз калимаи "Конститутсияи" дар қавсайн калимаи "(Сарқонуни)" илова карда шавад.
34. Дар қисми 1 моддаи 453 калимаҳо ва рақамҳои ", моддаҳои 338 ва 339" ба калимаҳо ва рақами "ва моддаи 339" иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон                      Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 2 августи соли 2011, № 755


Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
"Дар бораи  ворид намудани тағйиру иловаҳо ба
Кодекси мурофиавии ҷиноятиии Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи  ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятиии Ҷумҳурии Тоҷикистон" қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон   Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 22 июни соли 2011, № 494

Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи  ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятиии Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Дар бораи  ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятиии Ҷумҳурии Тоҷикистон" баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи  ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятиии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон   М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 21 июли соли 2011, № 203


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 791

22.11.2018


Баррасии таҳкими мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм

Вохӯрии Ҷамолиддин Убайдулло бо Патрис Вершер

Бахшида ба 25 - солагии баимзорасии аҳдномаи дӯстӣ намоишгоҳ доир мегардад

Баргузории машварати Шӯрои Конфедератсияи байналмилалии иттифоқҳои касабаи роҳиоҳанчиён

МАСТЧОҲ. Рӯ ба рушд

Ҳукми абад ба гунаҳгоршавандаи асосии парвандаи куштори сайёҳони хориҷӣ дар Тоҷикистон

Кишварҳои ИДМ мубодилаи маълумот оид ба террористон мекунанд

Назарбоев: «Мактабҳоро аз тафтишҳои бешумор ҳимоя бояд кард»

Дар Чин миқёси ислоҳоти моликияти давлатӣ густурдатар мегардад

Москва ва Пекин барои парвоз ба Миррих якҷоя мушак месозанд

Ҷаҳон дар як сатр

21.11.2018


Аз таркиш дар Кобул беш аз 50 нафар ҳалок шуд

Ӯзбекистон нахустин намоишгоҳ-ярмаркаи байналмилалии содиротӣ мегузаронад

Могерини: «Иттиҳоди Аврупо «артиши аврупоӣ» ташкил карданӣ нест»

Табобати гепатити С дар Беларус аз арзонтарин дар Аврупост

Ҷаҳон дар як сатр

ДУШАНБЕ. Таҷлили нахустин ҷашни занони соҳибкор

ДЕВАШТИЧ. Тантанаи Рӯзи Президент

Иштироки мунтахаби футболи бонувон дар CAFA

20.11.2018


СУҒД. Оғози сохтмони раёсати маориф

ЛЕВАКАНТ. Конфронси илмӣ - назариявӣ ба ифтихори Иҷлосияи XVI

"Парасту" дар Тоҷикобод

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машварат дар Тошканд ҷамъ меоянд

Финляндия ҷонибдори ҳузури Россия дар Шӯрои Аврупо

Вазорати маорифи Афғонистон 30 ҳазор занро ба кор мегирад

Баррасии рушди инклюзивии иқтисоди қитъа дар Гвинея Папуаи Нав

Ҷаҳон дар як сатр

АНВАР ЮНУСОВ СОҲИБИ КАМАРБАНДИ WBF

"СОРО КОМПАНИЯ" ҒОЛИБИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед