logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва иқтисодии низоми иҷозатдиҳӣ, номгӯи истисноии фаъолиятҳои дар асоси иҷозати мақоми ваколатдори давлатӣ амалишаванда, тартиби додани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳиро ба субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ муайян намуда, шаклҳои ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳиро муқаррар карда, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, муҳити зист ва амнияти давлатро таъмин менамояд.

БОБИ 1.
МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ - ҳуҷҷати маъмурии дорои хусусияти иҷозатдиҳии аз ҷониби мақоми иҷозатдиҳанда додашуда, ки ҳуқуқи шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродиро барои амалӣ намудани фаъолият ё амали муайян дар давоми мӯҳлати муқарраргардида бо риояи ҳатмии шартҳои иҷозатдиҳӣ тасдиқ менамояд. Ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ дар шакли иҷозат, сертификат, хулоса, тасдиқнома, мувофиқакунонӣ, дастхатгузорӣ (визагузорӣ), шаҳодатнома, аттестати тахассусӣ, навиштаҷоти иҷозатдиҳӣ, гувоҳнома, санади баҳодиҳӣ (арзёбӣ), аккредитатсия ва дигар намудҳои ҳуҷҷатҳои дорои хусусияти иҷозатдиҳӣ, ба истиснои иҷозатнома (литсензия) дода мешавад;
- низоми иҷозатдиҳӣ - маҷмӯи расмиёти танзимкунандаи фаъолияти соҳибкорӣ аз ҷониби мақомоти иҷозатдиҳанда, ки ба додан, азнавбарасмиятдарорӣ, боздоштан, барқарор намудани амал ва бекор кардани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ, додани нусхаи дуюми (дубликати) ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ, пешбурди Феҳристи ягонаи давлатии электронии ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ, назорати риояи шартҳои иҷозатдиҳӣ аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, додани амрномаҳо оид ба бартараф намудани вайронкунии ин шартҳо алоқаманд мебошанд;
- шартҳои иҷозатдиҳӣ - маҷмӯи талабот ва шартҳои муқаррарнамудаи Қонуни мазкур, ки иҷрои онҳо аз ҷониби аризадиҳанда ва (ё) дорандаи ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ҳангоми амалӣ кардани намуди дахлдори фаъолияти соҳибкорӣ ҳатмӣ мебошад;
- мақоми иҷозатдиҳанда - мақоми ваколатдори давлатие, ки тибқи Қонуни мазкур ҳуқуқи додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳиро дорад;
- аризадиҳанда - шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродие, ки ба мақоми иҷозатдиҳанда ариза ва ҳуҷҷатҳои заруриро барои гирифтани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ пешниҳод намудааст;
- дорандаи ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ - шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродие, ки барои амалӣ кардани намуди муайяни фаъолият ё амал ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ дорад;
- масъулияти изҳоршуда - аз ҷониби аризадиҳанда изҳор кардани масъулияти худ оид ба риоя намудани шартҳои иҷозатдиҳӣ ҳангоми амалӣ намудани соҳибкорӣ;
- маъқулдонии худ аз худ - расмиёте, ки дар натиҷаи он ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ дода шуда, азнавбарасмиятдаровардашуда ва барқароршуда ҳисобида мешавад, агар мақоми иҷозатдиҳӣ вобаста ба ариза дар мӯҳлат ва бо шартҳое, ки Қонуни мазкур пешбинӣ кардааст, бо огоҳонидани аризадиҳанда қарор қабул накарда бошад;
- равзанаи ягона - расмиёти соддакардашудаи баррасии ариза барои додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва санҷиши иттилооти пешниҳодгардида ва (ё) барои тасдиқ ба мақомоти ваколатдор супурдани он, агар бо дигар қонун тасдиқ намудани он бе ҷалби аризадиҳанда ба ин раванд пешбинӣ гардида бошад;
- феҳристи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ - маҷмӯи маълумот оид ба ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳии додашуда, азнавбарасмиятдаровардашуда, боздошташуда, барқароркардашуда ва бекоркардашуда, ки аз ҷониби ҳар як мақоми иҷозатдиҳанда пеш бурда мешавад;
- Феҳристи ягонаи давлатии электронии ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ - манбаи ҷамъбастии маълумот ва иттилоот оид ба ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳие, ки дар низоми мустақим (он-лайн) дастрас мебошад. 
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.
Моддаи 3. Меъёрҳои муайянкунии намудҳои фаъолияте, ки бо  додани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ  танзим карда мешаванд
Ба намудҳои фаъолияти бо роҳи додани иҷозат танзимшаванда чунин намудҳои фаъолияте мансубанд, ки ба яке аз меъёрҳои дар сархатҳои якум ва дуюм, инчунин ҳатман ба меъёри дар сархати сеюми ҳамин модда пешбинигардида ҷавобгӯй бошанд:
- зарурати истифодабарии захираҳои маҳдуди давлатӣ;
- зарурати муқаррар намудани шартҳо ва талаботи махсус нисбат ба фаъолият ва санҷиши риояи онҳо дар ҷараёни амалӣ намудани фаъолият бо мақсади роҳ надодан ба расонидани зиён ба ҳуқуқ, манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, муҳити зист ва амнияти давлат;
- додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ дигар расмиёти танзимкунандаи фаъолияти субъектҳои соҳибкориро, ки қонунгузорӣ барои ҷудо намудани захираҳои маҳдуди давлатӣ ва (ё) барои таъмин намудани риояи шартҳо ва талаботи махсус бо мақсади роҳ надодан ба расонидани зиён ба ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, муҳити зист ва амнияти давлат муқаррар намудааст, такрор намекунад.
Моддаи 4. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи  низоми иҷозатдиҳӣ
Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи низоми иҷозатдиҳӣ инҳо дохил мешаванд:
- муайян намудани мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими низоми иҷозатдиҳӣ;
- тасдиқи қоидаҳои пешбурди Феҳристи ягонаи давлатии электронии ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ;
- тасдиқи қоидаҳои пешбурди феҳристи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ.
Моддаи 5. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи  танзими низоми иҷозатдиҳӣ
Ба ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи танзими низоми иҷозатдиҳӣ дохил мешаванд:
- гузаронидани мониторинг вобаста ба татбиқи Қонуни мазкур;
- ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани иттилооти ҳарсола аз рӯи натиҷаҳои мониторинги гузаронидашуда;
- натиҷагирӣ аз таҷриба дар танзими фаъолияти соҳибкорӣ бо роҳи додани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ, таҳия ва пешниҳоди таклифҳо оид ба такмили қонунгузорӣ дар соҳаи танзими низоми иҷозатдиҳӣ;
- санҷиши санадҳои баҳодиҳии таъсири танзимноки лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи низоми иҷозатдиҳӣ ва пешниҳоди хулоса бо муҳокимаи ҳатмӣ бо субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ ва иттиҳодияҳои онҳо;
- пешбурди Феҳристи ягонаи давлатии электронии ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ.
Моддаи 6. Ваколатҳои мақомоти давлатии иҷозатдиҳанда
Ба ваколатҳои мақомоти давлатии иҷозатдиҳанда дохил мешаванд:
- додани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ;
- азнавбарасмиятдарории ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ;
- боздоштани амали ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ;
- додани нусхаи дуюми (дубликати) ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ;
- дароз кардани мӯҳлати амали ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ;
- рад кардан аз додани  ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ;
- қатъ кардани мӯҳлати амали ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ;
- бекор кардани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи моддаи 28 Қонуни мазкур;
- пешбурди феҳристи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ;
- назорати риояи талабот ва шартҳои ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ аз ҷониби дорандагони ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ.
Моддаи 7. Амали ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ
1. Намуди фаъолияте, ки барои амалӣ намудани он ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ дода шудааст, танҳо аз ҷониби шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродии ҳуҷҷати иҷозатдиҳиро гирифта, иҷро шуда метавонад.
2. Амали ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон паҳн мегардад.
3. Дар ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва (ё) санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд, амали ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ метавонад берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон низ паҳн гардад.
Моддаи 8. Мӯҳлати амали ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ
Ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ба мӯҳлати номаҳдуди амал ва барои намудҳои фаъолияте, ки бояд иҷозатнома (литсензия) гирифта шавад, ба мӯҳлати амали иҷозатнома дода мешавад.
Моддаи 9. Маблағгузорӣ ва пардохтҳо барои додани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ
1. Маблағгузорӣ ва пардохтҳо барои додани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ дар доираи маблағҳое амалӣ мегарданд, ки аз буҷетҳои дахлдор барои нигоҳдории мақомоти иҷозатдиҳанда ҷудо карда мешаванд.
2. Барои баррасии ариза оид ба додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ барои намудҳои фаъолияти дар Қонуни мазкур пешбинишуда, пардохти иҷозатдиҳӣ баробар ба як нишондиҳанда барои ҳисобҳо ситонида мешавад, ки он баргардонида намешавад.
3. Барои додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ баробар ба ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо пардохт ситонида мешавад.
4. Маблағҳои пардохти иҷозатдиҳӣ ба буҷети давлатӣ гузаронида мешаванд.
5. Дар сурати тамдиди мӯҳлати амали ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ баробар ба додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ пардохт ситонида мешавад.
Моддаи 10. Коргузорӣ дар соҳаи додани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ
1. Нисбати ҳар як шахси ҳуқуқӣ ва соҳибкори инфиродие, ки барои гирифтани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ариза додааст, мақоми иҷозатдиҳанда парванда тартиб дода, барои ҳар як намуди ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ, пешбурди дафтари бақайдгирии аризаҳо ва ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳии додашударо ба роҳ мемонад.
2. Дар парванда ҳамаи ҳуҷҷатҳое, ки аз тарафи аризадиҳанда ворид шудаанд, инчунин нусхаҳои қарорҳо ва амрномаҳои мақоми иҷозатдиҳанда марбут ба аризадиҳанда нигоҳ дошта мешаванд.
3. Дар дафтари бақайдгирии аризаҳо ва ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳии додашуда маълумот оид ба аризадиҳанда, санаи ворид шудани ҳуҷҷат, сана ва рақами қарорҳои қабулнамудаи мақоми иҷозатдиҳанда, санаи додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва имзои шахси масъул ва шахсе, ки ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ гирифтааст, сабт карда мешаванд.
4. Мақоми иҷозатдиҳанда феҳристи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳии додашударо таҳия менамояд ва пеш мебарад.
5. Дар феҳристи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ маълумоти зерин нишон дода мешаванд:
- маълумот оид ба аризадиҳанда (номи шахси ҳуқуқӣ, барои соҳибкори инфиродӣ - насаб, ном ва номи падар);
- намуди ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ;
- сана ва рақами қарор (амр, фармон, фармоиш) дар бораи додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ;
- силсила, рақам ва санаи додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ;
- маълумот дар бораи азнавбарасмиятдарории ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва дар сурати аз нав ба расмият даровардани он, додани нусха ва нусхаи дуюми (дубликати) ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ;
- асос, сана ва рақами қарор (амр, фармон, фармоиш)  дар бораи бартараф кардани вайронкунии шартҳои ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ;
- асос, сана ва рақами қарор (амр, фармон, фармоиш) дар бораи боздоштан ва барқарор кардани амали ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ;
- асос, сана ва рақами қарор (амр, фармон, фармоиш) дар бораи бекор кардани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ;
- асос, сана ва рақами қарор (амр, фармон, фармоиш)  дар бораи қатъ намудани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ.
6. Иттилооти дар феҳристи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ мавҷудбуда ошкоро ва дастрас мебошад.

БОБИ 2.
ПРИНСИПҲОИ ТАНЗИМИ   НИЗОМИ ИҶОЗАТДИҲӢ
Моддаи 11. Принсипҳои асосии низоми иҷозатдиҳӣ
1. Принсипҳои асосии низоми иҷозатдиҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз инҳо иборат мебошанд:
- шаффофияти қабули қарорҳо, танзимкунӣ ва пешбинишаванда будани ҷараёни додани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ;
- муқаррар намудани тартиби ягонаи додани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ;
- масъулияти изҳоршуда;
- равзанаи ягона;
- маъқулдонии худ аз худ;
- мутаносибии манфиатҳои ҷомеа ва ҳуқуқҳои субъектҳои  фаъолияти соҳибкорӣ ҳангоми муқаррар намудани зарурати пешбурди ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ;
- арзёбии таъсири танзимкунанда дар ҳолати ҷорӣ кардани намудҳои нави ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ.
2. Ҳама гуна шубҳа, ихтилофот ва нофаҳмиҳо дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки бо низоми иҷозатдиҳӣ алоқаманд мебошанд, ба манфиати субъекти фаъолияти соҳибкорӣ шарҳ дода мешаванд.
Моддаи 12. Шаффофияти қабули қарорҳо, танзимкунӣ ва пешбинишаванда будани ҷараёни  додани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ
1. Мақомоти иҷозатдиҳанда ӯҳдадоранд, ки дар бораи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба низоми иҷозатдиҳӣ иттилоъ диҳанд ва шаффофияти фаъолияти худро роҷеъ ба қабули қарорҳо бо роҳи ҷалб намудани субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ дар ҷараёни таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва қабули қарорҳо оид ба низоми иҷозатдиҳӣ таъмин намоянд.
2. Мақомоти иҷозатдиҳанда шаффофияти танзими низоми иҷозатдиҳиро тавассути дастрасии озод ба таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва интишори онҳо тибқи Қонуни мазкур таъмин менамоянд.
3. Маълумот оид ба ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ба Феҳристи ягонаи давлатии электронии ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ (минбаъд-Феҳристи электронӣ) баъди интишори онҳо дар нашрияҳои расмӣ ворид карда мешаванд.
4. Дастрасӣ ба Феҳристи электронӣ ройгон буда, аз тариқи шабакаи интернет амалӣ карда мешавад.
Моддаи 13. Тартиби ягонаи додани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ
1. Тартиби ягонаи додани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ бо Қонуни мазкур муқаррар гардида, аз инҳо иборат мебошад:
- пардохти маблағи баррасии ариза барои гирифтани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ;
- муайян будани мақсади гирифтани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ;
- риояи тартиби пешниҳоди ариза ва баррасии он;
- пурра будани номгӯи ҳуҷҷатҳое, ки барои гирифтани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ зарур мебошанд;
- асосноккунии сабаби рад намудан аз додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ;
- дар ҳолатҳои зарурӣ додани нусхаи дуюми (дубликати) ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ;
- сари вақт азнавбарасмиятдарории ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ;
- асосноккунии боздоштан, барқарор намудан, бекор кардан ва қатъ намудани амали ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ;
2. Мақомоти иҷозатдиҳанда наметавонанд тартиби дигари додани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳиро муқаррар намоянд.
Моддаи 14. Масъулияти изҳоршуда
1. Барои гирифтани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ роҳбари шахси ҳуқуқӣ ё шахси ваколатдорнамудаи ӯ ё соҳибкори инфиродӣ ба мақоми иҷозатдиҳандаи дахлдор шахсан, бо мактуби фармоишӣ ё ба воситаи почтаи электронӣ (дар шакли ҳуҷҷати электронӣ бо имзои рақамӣ) аризаи имзошударо пешниҳод менамояд, ки тибқи он аризадиҳанда барои риоя кардани шартҳои ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ҳангоми амалӣ намудани фаъолияти соҳибкорӣ ва барои эътимоднок будани ҳуҷҷатҳои пешниҳодгардида масъулиятро ба дӯш мегирад.
2. Принсипи масъулияти изҳоршуда ҳангоми додани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳие, ки сархатҳои дуюм, сеюм ва чоруми банди 3, сархатҳои дуюм, сеюм ва чоруми банди 4, сархатҳои якум, дуюм, сеюм, чорум, панҷум ва ҳафтуми банди 5, банди 6, сархати якуми банди 7, сархатҳои якум, дуюм, сеюм ва чоруми банди 8, сархатҳои дуюм ва сеюми банди 9, бандҳои 10-12, 14-19, сархатҳои дуюм, сеюм, чорум ва шашуми банди 21 ва банди 22 моддаи 29 қонуни мазкур муқаррар намудаанд, татбиқ намегардад.
Моддаи 15. Равзанаи ягона
1. Мақомоти давлатӣ тибқи дархости мақомоти иҷозатдиҳанда барои пешниҳоди мутақобилаи иттилоот бо роҳи таъмин намудани дастрасӣ ба захираҳои иттилоотии давлатии мувофиқ масъул мебошанд.
2. Мақомоти давлатӣ ӯҳдадоранд тибқи дархости мақомоти иҷозатдиҳанда ҳуҷҷатҳои дархостшаванда ва иттилоотро дар ҳомили коғазӣ ё дар шакли электронӣ, ки бо имзои рақамӣ тасдиқ шудааст, дар мӯҳлати панҷ рӯз баъди гирифтани дархости дахлдор пешниҳод намоянд.
3. Агар мақомоти давлатӣ ба дархости мақомоти иҷозатдиҳанда ё дигар мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар мӯҳлатҳои муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ҷавоб надиҳанд ё дастрасӣ ба захираҳои иттилоотиро таъмин накунанд, ҳуҷҷатҳо ва иттилооти дахлдор мувофиқашуда ё тасдиқшуда ҳисобида мешаванд.
Моддаи 16. Маъқулдонии худ аз худ
1. Ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ додашуда ё вобаста ба ҳолатҳо мӯҳлати амали он тамдидшуда ҳисобида мешавад, агар мақоми иҷозатдиҳанда дар мӯҳлати дар Қонуни мазкур  пешбинигардида оид ба додан ё тамдид намудани мӯҳлати амали ҳуҷҷати иҷозатдиҳии дахлдор ба аризадиҳанда ҷавоб надода бошад.
2. Пас аз гузаштани мӯҳлати муқаррарнамудаи Қонуни мазкур барои додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва дар сурати набудани огоҳиномаи хаттӣ аз ҷониби мақоми иҷозатдиҳанда, аризадиҳанда метавонад ба фаъолияте, ки барои он ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ дархост намудааст, оғоз намояд.
3. Расмиёти маъқулдонии худ аз худ нисбат ба ҳамаи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳии аз ҷониби мақоми иҷозатдиҳанда додашуда татбиқ карда мешавад, ба истиснои ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ, ки мувофиқи сархатҳои дуюм, сеюм ва чоруми банди 3, сархатҳои дуюм ва чоруми банди 4, сархати якуми банди 6, сархати сеюми банди 8, сархати сеюми банди 9, сархатҳои якум ва дуюми банди 10, бандҳои 12, 17 ва 18, сархатҳои чорум ва шашуми банди 21 ва  банди 22 моддаи 29 Қонуни мазкур дода мешаванд.
4. Ҷавоби манфии мақоми иҷозатдиҳанда, ки дар мӯҳлати пешбининамудаи Қонуни мазкур барои додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ дода шудааст,  ба маъқулдонии худ аз худ баробар карда намешавад.
5. Дар сурати ошкор кардани носаҳеҳӣ дар ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда мақоми иҷозатдиҳанда дар ин хусус аризадиҳандаро на дертар аз панҷ рӯзи корӣ қабл аз гузаштани мӯҳлате, ки Қонуни мазкур барои додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳии дахлдор пешбинӣ намудааст, огоҳ менамояд.
6. Агар пас аз додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳие, ки дар асоси он оғоз намудани соҳибкорӣ ва (ё) пешбурди он иҷозат дода мешавад, мақоми иҷозатдиҳанда далели иҷро нагардидани ягон шарти муҳими барои додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ пешбинигардидаро муқаррар намояд, мақоми иҷозатдиҳанда дорандаи ҳуҷҷатро дар бораи носаҳеҳиҳои ошкоргардида на дертар аз як моҳи баъди гузаштани мӯҳлате, ки Қонуни мазкур барои додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ пешбинӣ намудааст, огоҳ карда, дар айни ҳол тартиби бартараф кардани онҳо ва мӯҳлати иҷрои ин ӯҳдадориро муқаррар менамояд. Мӯҳлати муқарраргардида наметавонад аз сӣ рӯзи тақвимӣ кам ва аз шаст рӯзи тақвимӣ зиёд бошад.
7. Дар сурати ба вуҷуд омадани ҳолати дар қисми 1 ҳамин модда пешбинигардида мақоми иҷозатдиҳанда ҳуҷҷати иҷозатдиҳиро дар мӯҳлати на зиёда аз панҷ рӯзи пас аз ба охир расидани мӯҳлати муқаррарнамудаи қисми 1 моддаи 22 Қонуни мазкур ба расмият медарорад.
Моддаи 17. Мутаносибии манфиатҳои ҷомеа ва субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ
1. Муносибати мақомоти иҷозатдиҳанда бо субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ ба дараҷаи баробар бояд ба таъмини манфиатҳои ҷомеа ва ҳифзи ҳуқуқҳои соҳибкорон мусоидат намояд.
2. Санҷиши тартиби татбиқи фаъолияте, ки субъекти фаъолияти соҳибкорӣ дар асоси принсипҳои маъқулдонии худ аз худ ва масъулияти изҳоршуда амалӣ менамояд, аз ҷониби мақомоти иҷозатдиҳанда, ки мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" барои гузаронидани санҷишҳо ваколатдор карда шудаанд, амалӣ карда мешавад.
Моддаи 18. Арзёбии таъсири танзимкунӣ
1. Арзёбии таъсири танзимкунии ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ асосноксозии дар асоси арзёбии хароҷот ва фоида амалишудаи зарурати ҷорӣ намудан ё тағйир додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва таҳлили оқибатҳо барои соҳибкорӣ, аз ҷумла таъмини риояи ҳуқуқу манфиатҳои соҳибкорон ва давлат, ҳамчунин мутобиқат ба мақсадҳои сиёсати танзим ва принсипҳои муқаррарнамудаи Қонуни мазкурро ифода менамояд.
2. Санади арзёбии таъсири танзимкунӣ ҷузъи таркибии тавзеҳнома ба лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи низоми иҷозатдиҳӣ мебошад. Санади арзёбии таъсири танзимкунӣ зарурати қабул намудани лоиҳаи мушаххаси санади меъёрии ҳуқуқиро муайян мекунад, инчунин ҷиҳатҳои миқдорӣ ва сифатии таъсироти асосии (фоида ва хароҷоти) онро ба ҷомеа арзёбӣ менамояд.

БОБИ 3.
РАСМИЁТИ АРЗЁБИИ ТАЪСИРИ ТАНЗИМКУНИИ
САНАДҲОИ МЕЪЁРИИ ҲУҚУҚИИ МУҚАРРАРКУНАНДА Ё ТАҒЙИРДИҲАНДАИ  ҲУҶҶАТҲОИ ИҶОЗАТДИҲӢ
Моддаи 19. Стандартҳои сифат барои арзёбии таъсири  танзимкунии санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳиро муқаррар менамоянд  ё тағйир медиҳанд
Санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳиро муқаррар менамоянд ё тағйир медиҳанд, бояд ба стандартҳои зерини сифат мутобиқат кунанд:
1) Устуворӣ: ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ бояд ба принсипҳои бозорӣ асос ёбанд ва ба талаботи пешгӯишавандагӣ, шаффофияти қабули қарорҳо ва танзимкунӣ ҷавобгӯй бошанд. Ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳие, ки нисбати бақайдгирӣ, амалӣ намудан ва барҳамдиҳии фаъолияти соҳибкорӣ, рақобати озод, савдо ва сармоягузорӣ маҳдудиятҳо муқаррар менамоянд, бояд аз нуқтаи назари ҳифзи манфиатҳои ҷомеа асоснок карда шуда бошанд;
2) Самаранокии хароҷот: ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ бояд ҳалли камхарҷтари вазифаи дақиқ муайяншударо пешниҳод намоянд;
3) Фасеҳӣ ва самаранокӣ: ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ нишондиҳандаҳоеро муқаррар менамоянд, ки онҳо бояд аз ҷониби шахсоне ба даст оварда шаванд, ки ба онҳо дахл мекунанд ва наметавонанд тавассути ҷорӣ намудани технология ва усулҳое, ки барои ба муваффақият ноил гардидан зарур мебошанд, далелнок шарҳ дода шаванд;
4) Мутаносибӣ: санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бояд ба таври баробар ба таъмини манфиатҳои ҷомеа ва ҳифзи ҳуқуқҳои соҳибкорон мусоидат намоянд.
Моддаи 20. Арзёбии таъсири танзимкунии ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ
1. Ҳар як мақоми давлатӣ то таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқие, ки ҳуҷҷати иҷозатдиҳиро муқаррар менамояд ё тағйир медиҳад, арзёбии таъсири танзимкуниро амалӣ менамояд, ки аз инҳо иборат мебошад:
1) Муайян намудани масъала (проблема). Арзёбии таъсири танзимкунӣ масъалаеро муайян мекунад, ки онро ҳал кардан зарур аст, инчунин натиҷаҳои имконпазири танзим аз ҷониби давлатро муқаррар менамояд. Муайянкунии масъала бояд унсурҳои зеринро дар бар гирад:
- ҷузъиёти ҳуқуқӣ, ки тартиби ба ваколати мақоми идоракунӣ мансуб донистани масъаларо барои танзимкунии давлатӣ нишон медиҳад;
- ҷузъиёти таҳлилӣ, ки сабаби ба вуҷуд омадани масъаларо шарҳ медиҳад ва аҳамиятнокии онро муайян менамояд;
- арзёбии оқибатҳои эҳтимолӣ дар сурате, ки амалҳои дигар анҷом дода нашаванд;
- муайян намудани ҳадафҳои амалҳои давлат.
2) Хароҷот ва фоидаи асосӣ манфиатҳои асосии дахолати давлатӣ. Арзёбии таъсири танзимкунӣ нишондиҳандаҳои сифатӣ ва миқдории оқибатҳои асосии имконпазири дахолати давлатиро муқаррар менамояд:
- оқибатҳои манфӣ ё хароҷот дар натиҷаи дахолати давлатӣ;
- оқибатҳои мусбат ё фоида дар натиҷаи дахолати давлатӣ;
- камбудиҳои асосии таъсири имконпазири дахолати давлатӣ.
3) Арзёбии роҳҳои алтернативӣ. Арзёбии таъсири танзимкунӣ на камтар аз ду роҳи алтернативиро, ки барои ҳалли масъала ба инобат гирифта мешаванд, пешниҳод менамояд. Яке аз роҳҳои ҳатмии алтернативӣ ягон чора наандешидан мебошад. Алтернативаҳои дигар бояд аз инҳо бар оянд:
- мутобиқ гардонидани ҳуҷҷати иҷозатдиҳии амалкунанда;
- иваз намудани механизми ҷории ҳуҷҷати иҷозатдиҳии амалкунанда;
- тадбирҳои иттилоотӣ ва маърифатӣ;
- танзими инфиродӣ;
- танзими инфиродӣ ё танзим аз ҷониби тарафи сеюм;
- фишангҳои бозорӣ, аз ҷумла боҷҳо.
4) Баргузор намудани муҳокима. Арзёбии таъсири танзимкунӣ тарафҳои манфиатдори асосиеро, ки танзим метавонад ба онҳо дахл кунад, муайян менамояд ва тартиби анҷомдиҳии раванди муҳокима ва мувофиқасозӣ бо ин тарафҳоро тавзеҳ медиҳад. Ин намуди таҳлил эҳтиёҷоти асосиро ба маълумот ва чӣ тавр ба қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти дахлдор мусоидат намудани муҳокимаҳоро муқаррар менамояд.
5) Тавсияҳо. Таҳиягари арзёбии таъсири танзимкунӣ андешидани тадбирҳои муайянеро, ки дар заминаи меъёрҳои дар моддаи 21 Қонуни мазкур  пешбинигардида асоснок карда шудаанд, тавсия медиҳад.
6) Ҳисобот оид ба арзёбии анҷомдодашудаи таъсири танзимкунӣ ва тавсияҳо. Ҳисоботи таъсири танзимкунӣ аз ҷониби таҳиякунандаи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ пешниҳод карда мешавад ва инҳоро дар бар мегирад:
- тавсифи раванди муҳокимаи тарафҳои манфиатдор;
- ҷамъбасткунии роҳҳои алтернативӣ;
- ҷадвали таҳлилии мулоҳизаҳо, шарҳу эзоҳот ва пешниҳодҳое, ки дар марҳилаи таҳияи арзёбии таъсири танзимкунӣ ворид карда шудаанд;
- қарор оид ба баррасии лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ бе таҳлили иловагӣ, қабул бе таҳлили пешакии таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ;
- гузаронидани таҳлили муфассали зарурати лоиҳа дар асоси таҳлили ниҳоии оқибатҳои танзимкунӣ.
2. Арзёбии таъсири танзимкунӣ барои таҷдиди назар гардидан аз ҷониби мақоми давлатӣ ва барои муҳокимаи ҷамъиятӣ пешниҳод карда мешавад. Мӯҳлати баррасӣ ва додани хулоса сӣ рӯзро ташкил медиҳад.
3. Мақоми давлатӣ лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқиро таҳия ва арзёбии ниҳоии таъсири танзимкуниро ба он замима менамояд.
4. Мақоми давлатӣ лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ ва арзёбии ниҳоии таъсири танзимкуниро мутобиқи хулосаҳои гирифташуда ва муҳокимаи ҷамъиятӣ такмил медиҳад ва ҷадвали ихтилофотро таҳия менамояд.

БОБИ 4.
РАСМИЁТИ ДОДАНИ ҲУҶҶАТИ ИҶОЗАТДИҲӢ
Моддаи 21. Пешниҳоди ариза барои гирифтани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ
1. Барои гирифтани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ аризадиҳанда ё шахсони ваколатдори ӯ аризаи имзошудаи намунааш аз ҷониби мақоми иҷозатдиҳанда муқарраргардидаро шахсан, бо мактуби фармоишӣ ё ба воситаи почтаи электронӣ (дар шакли ҳуҷҷати электронӣ бо имзои рақамӣ), ки маълумоти зеринро дар бар мегирад, ба мақоми дахлдор пешниҳод менамоянд:
- ном, шакли ташкилию ҳуқуқӣ,  суроғаи ҷойгиршавӣ ва рақами ягонаи мушаххаси шахси ҳуқуқӣ ё ному насаб, суроға ва рақами ягонаи мушаххаси соҳибкори инфиродӣ;
- фаъолият ё амале, ки барои амалӣ намудани он аризадиҳанда мехоҳад ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ гирад;
- аз ҷониби аризадиҳанда ба зиммаи худ гирифтани масъулият  барои риоя намудани шартҳои иҷозатдиҳии ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ҳангоми амалӣ намудани фаъолият ва барои эътимоднокии ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда.
2. Ба ариза барои гирифтани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ нусхаи ҳуҷҷате, ки бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродиро тасдиқ мекунад, замима карда мешавад. Ба ҳуҷҷатҳо метавонанд нусхаҳо дар шакли электронӣ ҳамроҳ карда шаванд.
3. Ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ дар асоси ҳуҷҷатҳои муқаррарнамудаи Қонуни мазкур дода мешавад. Талаб кардани ҳуҷҷатҳои дигар аз ҷониби мақоми иҷозатдиҳанда манъ аст.
4. Ҳуҷҷатҳо дар шакли нусха пешниҳод карда мешаванд. Маълумоте, ки дар ҳуҷҷат ва иттилооти пешниҳодгардида зикр ёфтааст тибқи расмиёти равзанаи ягона санҷида мешаванд.
5. Аризае, ки барои гирифтани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ пешниҳод мегардад ва ҳуҷҷатҳои ба он замимагардида аз рӯи номгӯй ба қайд гирифта мешаванд. Нусхаи номгӯйи мазкур, ки бо имзои шахси масъули мақоми иҷозатдиҳанда бо  сабти санаи бақайдгирии ариза тасдиқ карда шудааст, ба аризадиҳанда фиристода (супурда) мешавад.
6. Ариза барои гирифтани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ дар ҳолатҳои зерин ба қайд гирифта намешавад:
- имзо шудан аз ҷониби шахсе, ки барои ин ваколат надорад;
- агар ҳуҷҷатҳо бе риояи талаботи моддаи мазкур ба расмият дароварда шуда бошанд.
7. Дар бораи рад кардани бақайдгирии ариза барои гирифтани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ аризадиҳанда шахсан, бо мактуби фармоишӣ ё ба воситаи почтаи электронӣ (дар шакли ҳуҷҷати электронӣ бо имзои рақамӣ) дар мӯҳлати на бештар аз се рӯзи кории пас аз рӯзи муроҷиат намудан, бо нишондоди асос барои рад намудани бақайдгирии ариза, огоҳонида мешавад.
8. Баъди бартараф намудани камбудиҳое, ки боиси рад кардани бақайдгирии ариза барои гирифтани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ гардидаанд, аризадиҳанда метавонад аризаи нав пешниҳод кунад ва он бояд тибқи тартиби муқарраргардида баррасӣ карда шавад.
Моддаи 22. Қарор дар бораи додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ё дар  бораи рад кардани ариза барои гирифтани он
1. Мақоми иҷозатдиҳанда дар асоси ариза барои гирифтани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва ҳуҷҷатҳои ба он замимагардида дар бораи додан ё рад намудан аз додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ дар мӯҳлати на бештар аз даҳ рӯзи корӣ аз рӯзи бақайдгирии он қарор қабул менамояд.
2. Иттилоъ оид ба қабули қарор дар бораи додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ба аризадиҳанда на дертар аз рӯзи кории ояндаи баъди қабули қарор дода мешавад.
3. Агар аризадиҳанда дар муддати сӣ рӯзи баъди ба ӯ фиристодани (супурдани) огоҳинома дар бораи қабули қарор оид ба додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ бе сабабҳои узрнок барои гирифтани ҳуҷҷати иҷозатдиҳии барасмиятдаровардашуда муроҷиат накарда бошад, мақоми иҷозатдиҳанда ҳуқуқ дорад қарор дар бораи додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳиро бекор кунад ё дар бораи беэътибор донистани он қарор қабул намояд.
4. Ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ дар он сурат додашуда эътироф мегардад, ки агар мақоми иҷозатдиҳанда дар мӯҳлати муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ба аризадиҳанда ҷавоб надода бошад. Баъди гузаштани мӯҳлате, ки барои огоҳонидан дар бораи рад гардидани бақайдгирии ариза барои гирифтани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ, дар бораи рад гардидани он ё дар бораи қабули қарор оид ба додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ муқаррар карда шудааст, ба шарти вуҷуд надоштани огоҳиномаи хаттӣ дар бораи сабабҳои рад гардидани бақайдгирии ариза барои гирифтани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва (ё) рад кардани он, аризадиҳанда метавонад фаъолиятеро, ки барои он ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ дархост карда буд, тибқи принсипи маъқулдонии худ аз худ амалӣ намояд. 
5. Дар сурати ба вуҷуд омадани ҳолати маъқулдонии худ аз худ мақоми иҷозатдиҳанда ӯҳдадор аст ҳуҷҷати иҷозатдиҳиро дар мӯҳлати муқаррарнамудаи қисми 1 ҳамин модда пешниҳод намояд.
Моддаи 23. Рад кардан аз додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ
1. Асосҳои рад кардан аз додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ аз инҳо иборат мебошанд:
- аз ҷониби аризадиҳанда дар ҳаҷми пурра пешниҳод нагардидани ҳуҷҷатҳо;
- ошкор гардидани маълумоти носаҳеҳ  дар ҳуҷҷатҳое, ки аризадиҳанда пешниҳод намудааст;
- хулосаи манфии асоснокшуда оид ба натиҷаҳои тадқиқот, муоинаҳо ё дигар арзёбиҳои илмӣ ва техникӣ дар сурате, ки гузаронидани онҳо ҳатмӣ бошанд.
2. Рад кардан аз додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ бо асосҳои дигаре, ки Қонуни мазкур муқаррар накардааст, манъ аст.
3. Дар огоҳиномаи хаттӣ дар бораи рад кардан аз додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ бояд сабабҳои рад кардан ва мӯҳлате, ки дар давоми он аризадиҳанда сабабҳои дар сархатҳои якум ва дуюми  қисми 1 ҳамин модда зикргардидаро бартараф карда, метавонад ҳуҷҷатҳоро барои баррасии такрорӣ пешниҳод намояд, зикр карда шаванд. Мӯҳлате, ки дар давоми он аризадиҳанда метавонад камбудиҳои ошкоршударо бартараф намояд ва ҳуҷҷатҳоро барои баррасии такрорӣ пешниҳод кунад, наметавонад камтар аз даҳ рӯзи корӣ аз рӯзи гирифтани огоҳиномаи хаттӣ дар бораи рад кардан аз додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ бошад.
4. Дар сурати аз ҷониби аризадиҳанда бартараф шудани камбудиҳое, ки барои рад кардан аз додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ дар мӯҳлати муқарраргардида асос шудаанд, баррасии такрории ҳуҷҷатҳо аз ҷониби мақоми иҷозатдиҳанда дар мӯҳлати на зиёда аз се рӯзи кории баъди рӯзи гирифтани ариза оид ба бартараф кардани сабабҳои рад кардан ва ҳуҷҷатҳои дахлдори тасдиқкунандаи бартараф кардани сабабҳои рад кардан амалӣ карда мешавад.
5. Ҳангоми баррасии такрории ҳуҷҷатҳо аз ҷониби мақоми иҷозатдиҳанда овардани он сабабҳое, ки пештар дар шакли хаттӣ ба аризадиҳанда баён нашуда буданд, мумкин нест, ба истиснои овардани сабабҳои рад кардане, ки бо ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи бартараф гардидани сабабҳои пештар зикргардида алоқаманд мебошанд.
6. Барои такроран баррасӣ кардани ариза боҷ ситонида намешавад.
7. Аризае, ки баъди гузаштани мӯҳлати дар огоҳинома оид ба рад кардан аз додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ зикргардида пешниҳод шудааст, аз нав пешниҳодгардида ҳисобида мешавад ва аз ҷониби мақоми иҷозатдиҳанда бо тартиби умумӣ баррасӣ карда мешавад.
8. Шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ ҳуқуқ дорад тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати қарори мақоми иҷозатдиҳанда дар бораи рад кардан аз додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ, инчунин аз амалҳои (беамалии) шахси мансабдори мақоми иҷозатдиҳанда шикоят пешниҳод намояд.
Моддаи 24. Азнавбарасмиятдарории ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ
1. Дар сурати азнавташкилдиҳии шахси ҳуқуқӣ, тағйир ёфтани номи он ё макони ҷойгиршавӣ (суроғаи почтавӣ) шахси ҳуқуқӣ ё вориси ҳуқуқии он ӯҳдадор аст дар мӯҳлати ҳафт рӯзи кории баъди гузаштани расмиёти бақайдгирии давлатӣ бо сабаби азнавташкилдиҳӣ, тағйир ёфтани номи он ё макони ҷойгиршавӣ (суроғаи почтавӣ) ба мақоми иҷозатдиҳанда ариза дар бораи аз нав барасмиятдарориро бо замима намудани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи маълумотҳои зикргардида, нусхаи шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ, нусхаи огоҳинома дар бораи тағйир ёфтани макони ҷойгиршавӣ, ки ба мақоми бақайдгирӣ фиристода мешаванд, пешниҳод намояд.  
2. Дар сурати тағйир ёфтани ному насаб ё ҷойи истиқомати худ, соҳибкори инфиродӣ ӯҳдадор аст дар мӯҳлати ҳафт рӯзи кории баъди ворид кардани тағйироти дахлдор ба мақоми иҷозатдиҳанда ариза дар бораи азнавбарасмиятдарории ҳуҷҷати иҷозатдиҳиро бо замима намудани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи маълумоти зикргардида пешниҳод намояд.
3. Аризадиҳанда ҳуҷҷатҳоро ба мақоми иҷозатдиҳанда тавассути мактуби фармоишӣ ё ба воситаи почтаи электронӣ, факс, шахсан ё бо воситаи дигар, ки муайян кардани аризадиҳанда ва санаи аз ҷониби мақоми иҷозатдиҳанда гирифтани ҳуҷҷатҳоро имконпазир мегардонад, ирсол менамояд.
4. То азнавбарасмиятдарории ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ шахси ҳуқуқӣ ё вориси ҳуқуқии он ё соҳибкори инфиродие, ки дар бораи азнавбарасмиятдарории ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ариза пешниҳод намудааст, амалҳо ва (ё) фаъолияти дар он зикргардидаро дар асоси нусхаи аризаи пешниҳоднамуда дар хусуси азнавбарасмиятдарории  ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ бо қайди мақоми иҷозатдиҳанда оид ба санаи қабули ариза иҷро мекунад ё амалӣ менамояд.
5. Ҳангоми азнавбарасмиятдарории  ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ мақоми иҷозатдиҳанда ба феҳристи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳии додашуда тағйироти дахлдор ворид менамояд.
6. Азнавбарасмиятдарорӣ ва додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ дар мӯҳлати на бештар аз панҷ рӯзи кории баъди рӯзи аз ҷониби мақоми иҷозатдиҳанда гирифтани ариза дар бораи азнавбарасмиятдарории  ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ бо замимаи ҳуҷҷатҳои дахлдор ва ҳуҷҷате, ки ворид намудани пардохт барои азнавбақайдгирии ҳуҷҷати иҷозатдиҳиро тасдиқ мекунад, анҷом дода мешаванд.
7. Барои азнавбарасмиятдарории ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ баробар ба  чоряки маблағе, ки барои баррасии ариза дар бораи додани ин ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ дар санаи супурдани ариза дар бораи азнавбарасмиятдарорӣ пардохта мешавад, маблағ ситонида мешавад.
8. Аз аризадиҳанда талаб кардани пешниҳоди ҳуҷҷатҳои дигаре,  ки дар ҳамин модда пешбинӣ нагардидаанд, манъ аст.
Моддаи 25. Додани нусхаи дуюми (дубликати) ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ
1. Дар сурати гум ё фарсудашавии ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ дар асоси аризаи шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ нусхаи дуюми (дубликати) ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ дода мешавад.
2. Мақоми ваколатдори давлатии иҷозатдиҳанда ӯҳдадор аст нусхаи дуюми (дубликати) ҳуҷҷати иҷозатдиҳиро дар мӯҳлати на бештар аз панҷ рӯзи кории баъди рӯзи гирифтани ариза, нусхаи аслии ҳуҷҷати иҷозатдиҳиро дар сурати фарсудашавӣ ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи аз ҷониби аризадиҳанда ворид карда шудани пардохтро барои додани нусхаи дуюми (дубликати) ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ диҳад (фиристонад).
3. Барои додани нусхаи дуюми (дубликати) ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ баробар ба чоряки маблағи  муқарраршуда дар санаи пешниҳод намудани ариза дар бораи додани нусхаи дуюм (дубликат) пардохт ситонида мешавад.
4. Аз аризадиҳанда талаб кардани ҳуҷҷатҳои дигаре, ки дар ҳамин модда пешбинӣ нагардидаанд, манъ аст.
Моддаи 26. Боздоштани амали ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ
1. Амали ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ метавонад дар ҳолатҳои зерин боздошта шавад:
- ошкор гардидани вайронкунии талаботи Қонуни мазкур аз ҷониби шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ;
- аз ҷониби шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ иҷро нашудани қарорҳое, ки тибқи тартиби муқарраргардида қабул шудаанд ва онҳоро барои бартараф намудани вайронкуниҳои ошкоргардида ӯҳдадор мекунанд. 
2. Мақоми иҷозатдиҳанда амали ҳуҷҷати иҷозатдиҳиро ба мӯҳлати на бештар аз даҳ рӯзи корӣ боз медорад. Боздоштани амали ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ба мӯҳлати бештар аз даҳ рӯзи корӣ аз ҷониби суд дар асоси аризаи мақоми иҷозатдиҳанда амалӣ мегардад.
3. Қарори мақоми иҷозатдиҳанда оид ба боздоштани амали ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ дар шакли хаттӣ (аз тариқи факс, почтаи электронӣ) на дертар аз се рӯзи кории баъд аз қабули он ба шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ расонида мешавад.
4. Мақоми иҷозатдиҳанда ӯҳдадор аст мӯҳлати бартараф намудани вайронкуниҳоеро, ки боиси боздоштани амали ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ гардидаанд, муқаррар намояд. Мӯҳлати бартараф намудани камбудиҳое, ки боиси боздоштани амали ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ гардидаанд, наметавонад аз даҳ рӯзи кории баъди рӯзи аз ҷониби шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ гирифта шудани қарор дар бораи боздоштани амали ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ камтар бошад.
5. Дар сурати бартараф кардани ҳолатҳое, ки боиси боздоштани амали ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ гардидаанд мақоми иҷозатдиҳанда дар бораи боздоштани амали ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ қарор қабул кардааст, ӯҳдадор аст дар мӯҳлати се рӯзи кории баъди рӯзи гирифтани тасдиқнома оид ба бартараф кардани ҳолатҳои зикргардида дар бораи барқарор намудани амали ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ қарор қабул кунад.
6. Нисбат ба қарори мақоми иҷозатдиҳанда дар бораи боздоштани амали ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ тибқи тартиби муқарраргардида шикоят пешниҳод кардан мумкин аст.
7. Дар сурати аз ҷониби суд эътироф гардидани беасосии боздоштани амали ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ мақоми иҷозатдиҳанда дар назди шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ дар ҳаҷми зарари ба онҳо расонидашуда ҷавобгар мебошад. Зимнан аз лаҳзаи аз ҷониби суд эътироф гардидани беасосии боздоштан, амали ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ барқароршуда ҳисобида мешавад.
Моддаи 27. Қатъ гардидани амали ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ
1. Амали ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ дар ҳолатҳои зерин қатъ мегардад:
- муроҷиат намудани шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ бо ариза дар бораи қатъи амали ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ;
- барҳамдиҳии шахси ҳуқуқӣ - аз лаҳзаи барҳамдиҳӣ ё қатъ гардидани фаъолияти он дар натиҷаи азнавташкилдиҳӣ, ба истиснои табдилдиҳии он;
- қатъ гардидани амали шаҳодатнома ё патент дар бораи бақайдгирии давлатии соҳибкори инфиродӣ;
- вафот кардан, аз тарафи суд тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдуд кардани қобилияти амал, ғайри қобили амал эътироф кардан ё бедарак ғоибшуда эътироф карда шудани субъекти фаъолияти соҳибкорӣ - шахси воқеӣ;
- мунтазам (ду маротиба ё зиёда аз он) аз ҷониби шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ вайрон кардани талаботи Қонуни мазкур дар давоми як сол, ки боиси вайрон гаштани ҳуқуқ, расонидани зиён, манфиатҳои қонунии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон, амнияти ҷамъиятӣ ва зарар ба муҳити зист  шуда бошанд;
- аз ҷониби шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ дар мӯҳлати муқаррарнамудаи мақоми иҷозатдиҳанда ё суд бартараф нагардидани ҳолатҳое, ки боиси боздоштани амали ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ шудаанд;
- қатъ гардидани фаъолият ё амале, ки барои анҷом додани он ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ дода шудааст.
2. Бо фаро расидани ҳолатҳое, ки дар сархатҳои дуюм, сеюм, чорум ва ҳафтуми қисми 1 ҳамин модда зикр гардидаанд, амали ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ қатъгардида ҳисобида мешавад.
3. Амали ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ аз ҷониби мақоми иҷозатдиҳанда дар ҳолатҳое, ки дар сархати якуми қисми 1 ҳамин модда зикр гардидаанд, аз ҷониби суд - дар ҳолатҳое, ки дар сархатҳои панҷум ва шашуми қисми 1 ҳамин модда зикр гардидаанд, қатъ карда мешавад.
4. Қарори мақоми иҷозатдиҳанда дар бораи қатъ намудани амали ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ дар шакли хаттӣ на дертар аз се рӯзи баъди рӯзи қабул гардидани он ба маълумоти шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ расонида мешавад. Дар муддати даҳ рӯзи баъди рӯзи гирифтани қарор дар бораи қатъ кардани амали ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ он бояд ба мақоми иҷозатдиҳанда баргардонида шавад.
5. Оид ба қарори мақоми иҷозатдиҳанда дар бораи қатъ кардани амали ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ тибқи тартиби муқарраргардида шикоят кардан мумкин аст.
6. Дар сурати аз ҷониби суд эътироф гардидани беасосии  қатъ гардидани амали ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ мақоми иҷозатдиҳанда дар назди шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ дар ҳаҷми зарари ба онҳо расонидашуда ҷавобгар мебошад. Зимнан аз лаҳзаи аз ҷониби суд эътироф гардидани беасосии қатъ гардидани амали ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ, он барқароршуда ҳисобида мешавад.
Моддаи 28. Бекор кардани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ
1. Ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ дар ҳолатҳои зерин бекор карда мешавад:
- дар асоси аризаи шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ - аз ҷониби мақоми иҷозатдиҳӣ;
- дар ҳолати муқаррар намудани ғайриқонунӣ будани қарори мақоми иҷозатдиҳанда оид ба додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва муқаррар гардидани ҳолати гирифтани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои қалбакӣ - аз ҷониби мақомоти судӣ.
2. Дар муддати даҳ рӯзи баъди рӯзи аз ҷониби шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ гирифтани қарори суд дар бораи бекор кардани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ, бояд он ба мақоми иҷозатдиҳанда баргардонида шавад.
3. Қарори суд дар бораи бекор кардани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ аз рӯзи додани он амал мекунад.
4. Оид ба қарори суд дар бораи бекор кардани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ тибқи тартиби муқарраргардида шикоят кардан мумкин аст.
5. Дар ҳолати боздоштан ва ё қатъ гардидани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ мақоми иҷозатдиҳанда ё суд ҳуқуқ доранд оид ба қарори қабулшуда дар воситаҳои ахбори омма маълумот нашр намоянд.

       БОБИ 5.
МАҚОМОТИ ВАКОЛАТДОРИ ДАВЛАТИИ
ИҶОЗАТДИҲАНДА ВА НОМГӮИ ҲУҶҶАТҲОИ  ИҶОЗАТДИҲӢ
Моддаи 29. Мақомоти ваколатдори давлатии иҷозатдиҳанда ва  номгӯи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ
Аз ҷониби мақомоти иҷозатдиҳандаи ваколатдори давлатӣ ҳуҷҷатҳои зерин барои анҷомдиҳии фаъолияти муайян дода мешаванд:
1) Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъмини назорати фитосанитарӣ ва карантини растанӣ:
- иҷозати воридоти карантинӣ;
- санади назорати фитосанитарии нақлиёт;
- сертификати фитосанитарӣ.
2) Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи байторӣ:
- сертификати мутобиқати маводи фармасевтии байторӣ;
- аттестати байторию санитарии шароити истеҳсолот;
- сертификати байтории №5 (a, b, c, d, e, f);
- шаҳодатномаи байтории шакли 1, 2, 3.
3) Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи назорати санитарию эпидемиологӣ:
- хулосаи санитарию эпидемиологӣ;
- мувофиқакунонии усулҳои нобудсозии пеститсидҳо ва химикатҳои мӯҳлати истифодабариашон гузашта ва иҷозати истифодабарӣ надошта;
- мувофиқакунонии тағйирдиҳии соҳаи фаъолияти объектҳои аз ҷиҳати экологӣ зарарнок;
- мувофиқакунонии лоиҳаҳои биноҳои қабул ва нигоҳдории пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга (нуқтаҳои қабул) ва таҷҳизоти он.
4) Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фармасевтӣ:
- шаҳодатномаи аккредитатсияи субъектҳои соҳибкории фармасевтӣ, аз ҷумла намояндагиҳои тиббии ташкилотҳои фармасевтии хориҷии ба фаъолияти фармасевтӣ машғулбуда;
- рухсатнома барои гузаронидани озмоишҳои воситаҳои клиникӣ;
- шаҳодатномаи бақайдгирии маводи доруворӣ;
- шаҳодатномаи воридот ва содироти маводи нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои дар соҳаи тиббӣ истифодашаванда.
5) Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист:
- иҷозат барои партофтани моддаҳои зараровар ба атмосфера;
- иҷозати истифодабарии махсуси об;
- иҷозат барои истифодабарии объекти олами ҳайвонот ва наботот;
- иҷозат барои истифодабарии ҷангал;
- хулосаи экспертизаи давлатии экологӣ;
- иҷозат барои воридот ва содироти партовҳо барои истифодабарии такрорӣ;
- иҷозат барои бамеъёрдарории истеҳсол, истифодабарӣ, нобудсозӣ ва ҷойгир кардани партовҳо.
6) Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи заминсозӣ:
- сертификати ҳуқуқи истифодабарии замин барои хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ);
- иҷозат барои истифодабарии системаҳои моҳворавии мавқеъмуайянкунӣ (GPS);
- иҷозат барои вайрон кардан ва барқароркунии нуқтаҳои нобудшудаи пойгоҳҳои шабакаи марзкашӣ ва аломатҳои марзӣ;
- иҷозат барои кӯчонидани аломатҳои беруна ё аз нав поягузорӣ кардани марказҳои нуқтаҳои геодезӣ.
7) Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи молия:
- шаҳодатнома барои гузаронидани бозиҳои лоторея;
- шаҳодатнома барои сохтани маснуоти заргарӣ, дандонҳо аз металлҳои қиматбаҳо;
- аттестати тахассусӣ барои ҳуқуқи амалӣ намудани фаъолияти аудиторӣ.
8) Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи алоқа:
- иҷозат барои истифодабарии захираҳои рақамгузорӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ;
- иҷозат  барои истифодабарии радиобасомадҳо;
- иҷозат барои насб ва истифодабарии воситаҳои радиоэлектронӣ ва дастгоҳҳои дорои баландбасомаде, ки афканишоти радиозудӣ доранд ё манбаи мавҷҳои электромагнитӣ мебошанд;
- сертификати мутобиқати ҳатмии таҷҳизот дар соҳаи алоқаи барқӣ;
- бақайдгирии шартномаҳои пайвастшавии байнишабакавӣ.
9) Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи назорати давлатии кӯҳкорӣ:
- шаҳодатномаи бақайдгирии иншооти истеҳсолии хатарнок дар феҳристи давлатӣ;
- иҷозат барои иҷрои корҳои таркишӣ;
- иҷозат барои пайваст намудани таҷҳизоти газӣ дар нақлиёти автомобилӣ;
- шаҳодатнома барои истифодабарии анборҳои маводи тарканда;
- шаҳодатнома барои харидани маводи тарканда;
- супориши лоиҳасозӣ оид ба иншооти кӯҳии истеҳсолӣ;
- мувофиқакунии лоиҳаи коркарди конҳои канданиҳои фоиданок.
10) Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи энергетика:
- иҷозат барои пайвастшавии истифодабарандагон ба хатҳои барқӣ;
- хулосаи техникӣ барои гирифтани сертификати маҳсулоти энергетикӣ;
- хулосаи техникӣ барои гирифтани иҷозат ва шартҳои техникӣ барои амалӣ намудани фаъолият дар соҳаи энергетика.
11) Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи нақлиёт:
- мувофиқакунии таъмири фарши роҳ ва дигар иншооти мелиоративию гидротехникӣ якҷоя бо роҳҳои истифодаи умум;
- мувофиқакунии ташкили корҳои ченкунӣ ва банаворгирии зери пулҳо ва соҳилҳои дарёҳо;
- хулоса барои иҷро намудани корҳо тибқи лоиҳаҳои вобаста ба сохтмон ё таҷдиди роҳҳои автомобилгард;
- мувофиқакунии иҷроиши корҳо оид ба амалӣ намудани азнавсозии хатҳои истифодашавандаи алоқа ва интиқоли барқи истифодашавандаи канори роҳ ва нишебии пуштаҳо ё чуқурии роҳҳо;
- мувофиқакунии убури роҳҳои автомобилгард бо каналҳо, хатҳои алоқа, интиқоли барқ, лӯлаҳои нафт, газ, об ва роҳҳои оҳан, таҷҳизоти пайвастшавӣ ва воридшавӣ;
- мувофиқакунии чуқуртар кардани маҷрои дарёҳо ва обанборҳо дар зери пулҳо ва қубурҳо бо мақсадҳои мелиоративӣ ва ғайра;
- мувофиқакунии иҷроиши корҳои коркарди қум ва шағал дар маҷрои дарёҳо болотар ё поёнтар аз пулҳо ба масофаи на камтар аз 2 км;
- иҷозат барои сохтмон ва азнавсозии иншооти коммуникатсионӣ, ки аз ҳудуди роҳҳои автомобилгарди мавҷуда гузаронда мешаванд;
- мувофиқакунии рондани чорво ба воситаи роҳҳои автомобилгард;
- хулоса барои кушодани роҳҳои автомобилгарди муассисавӣ ва хусусӣ барои истифодабарии умумӣ;
- мувофиқакунии сохтмон, таҷдид ва таъмири нуқтаҳои васлшавӣ ва буриши роҳҳои автомобилгард;
- мувофиқакунии шартҳои техникии сохтани иншооти коммуникатсионӣ дар қитъаи ҳамшафати роҳҳои автомобилгарди истифодабарии умумӣ.
12) Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи авиатсия:
- иҷозат барои дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳавопаймоҳо қабул кардани мусофирон, бағоҷ, борҳо ва муросилот барои интиқоли ҳавоӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ;
- иҷозат барои дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳавопаймоҳо қабул кардани мусофирон, бағоҷ, борҳо ва муросилот барои интиқоли ҳавоӣ ба қаламрави давлати хориҷӣ ва ё кашондани онҳо аз қаламрави давлати хориҷӣ ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- иҷозат барои истифодабарии фазои ҳавоӣ;
- иҷозат барои парвози байналмилалии ҳавопаймоҳо;
- сертификати шахси ҳуқуқӣ, ки хизматрасонии техникӣ ва таъмири техникаҳои авиатсиониро анҷом медиҳад;
- шаҳодатномаи (сертификати) фурудгоҳ;
- иҷозат барои интиқоли ҳавоии борҳои хатарнок;
- шаҳодатномаи (сертификати) хадамоти таҷҳизоти аэронавигатсионӣ;
- шаҳодатномаи (сертификати) муассисаи авиатсионӣ;
- сертификати баркашидани воситаҳои нақлиётӣ.
13) Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат:
- хулоса оид ба риоя намудани талаботи ҳифзи меҳнат ҳангоми сохтмон, таҷдиди иншооти истеҳсолӣ, мошинҳо ва механизмҳо;
- мувофиқакунии ихтисор ва барҳамдиҳии ҷойҳои корӣ барои маъюбон.
14) Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меъморӣ ва сохтмон:
- иҷозат барои оғоз намудани корҳои сохтмонӣ.
15) Мақоми ваколатдори давлатии маҳаллӣ дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ:
- супориши меъморию банақшагирӣ.
16) Мақоми ваколатдор дар соҳаи танзими сиёсати зиддиинҳисорӣ:
- розигӣ барои таъсис ва аз нав ташкил додани шахси ҳуқуқии дорои мавқеи ҳалкунанда, инчунин дар мавриди азнавташкилдиҳӣ, сармоягузорӣ ва бастани аҳдҳо аз ҷониби субъектҳои монополияи табиӣ.
17) Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи корҳои дохилӣ:
- иҷозат барои кашонидани маводи таркандаи таъиноти саноатӣ;
- иҷозат барои нигоҳдории маводи таркандаи таъиноти саноатӣ.
18) Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи танзими муомилоти қонунии прекурсорҳо:
- шаҳодатномаи воридот ва содироти прекурсорҳо.
19) Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи геология:
- мувофиқакунии лоиҳаҳои корҳои омӯзиши геологӣ, геофизикӣ ва омӯзишҳои дигари қаъри замин (корҳои аксбардории геологӣ ва геофизикии минтақавӣ, ҷустуҷӯ ва иктишофи конҳои канданиҳои фоиданок, аз ҷумла обҳои зеризаминӣ).
20) Бонки миллии Тоҷикистон:
- шаҳодатномаи фонди қарзии хурд.
21) Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ:
- иҷозат барои обтаъминкунии  ғайримутамаркази корхонаҳои алоҳидаи кишоварзӣ, обёрӣ намудани чарогоҳҳо;
- иҷозат барои ҷойгир кардани рекламаи берунӣ;
- қарор дар бораи ҷудо намудани қитъаи замин;
- тасдиқи санад оид ба қабули иншоот барои истифодабарӣ;
- мувофиқакунии корҳо оид ба кабудизоркунии роҳҳо;
- иҷозат барои таъсиси шабакаҳои кабелии пахши барномаҳо.
22) Мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ:
- шаҳодатномаи субъекти минтақаи озоди иқтисодӣ.
23) Дигар мақомоти ваколатдори давлатӣ:
- мувофиқакунии ҷойгиршавии корхонаҳои истихроҷ ва коркарди маъдан, инчунин иншооти зеризаминие, ки барои мақсадҳои ба омӯзиши қаъри замин ва истихроҷи маъданҳо вобастанабуда истифода мешаванд (дар чуқурии на зиёда аз 10 метр);
- иҷозат барои истихроҷи канданиҳои фоиданоки пошхӯрда бо истифода аз усули заршӯии худфаъолӣ ва худбиёрӣ дар минтақаҳои (қитъаҳои) қаъри замин, ки захираҳои ҳисобшуда ва дар тавозуни давлатии захираҳои канданиҳои фоиданоки  Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошташудаи канданиҳои фоиданоки пошхӯрдаро надоранд.

БОБИ 6.
МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 30. Ҳалли баҳсҳо
Баҳсҳо дар соҳаи низоми иҷозатдиҳӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал карда мешаванд.
Моддаи 31. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 32. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон      Эмомалӣ  РАҲМОН

ш. Душанбе, 2 августи соли 2011, №751

Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ" қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон   Ш. ЗУҲУРОВ

ш. Душанбе, 15 июни соли 2011, № 472

Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
"Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ" баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ" ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии  Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                     М. УБАЙДУЛЛОЕВ

ш. Душанбе, 21 июли соли 2011, № 199


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 991

19.11.2018


Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед