logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи баҳодиҳии мутобиқат

Қонуни мазкур муносибатҳои ҳуқуқӣ ва ташкилиро дар соҳаи баҳодиҳии мутобиқати объектҳо ба талаботи регламентҳои техникӣ ва ҳуҷҷатҳои соҳаи стандартонӣ танзим намуда, низоми ягонаи сиёсати давлатиро барои амалӣ сохтани баҳодиҳии мутобиқат таъмин менамояд.

БОБИ 1.
МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- баҳодиҳии мутобиқат - фаъолият оид ба муайян кардани мутобиқати объектҳои баҳодиҳии мутобиқат ба талаботи регламентҳои техникӣ ва ҳуҷҷатҳои соҳаи стандартонӣ, ки санҷиш, назорат, сертификатсия ва аккредитатсияро дар бар мегирад;
- аккредитатсия - расмиёти аз тарафи мақоми давлатӣ оид ба аккредитатсия расман эътироф шудани салоҳиятнокии шахсони ҳуқуқӣ дар гузаронидани корҳо оид ба санҷиш ва сертификатсия;
- Системаи давлатии аккредитатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд -  Системаи аккредитатсия) - маҷмӯи субъектҳои баҳодиҳии мутобиқат, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, регламентҳои техникӣ  ва ҳуҷҷатҳои соҳаи стандартонӣ, ки қоида ва расмиёти аккредитатсия ва дар маҷмӯъ фаъолияти системаро муайян менамоянд;
- аломати мутобиқати Системаи давлатии аккредитатсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - аломати Системаи аккредитатсия) - аломате, ки бо тартиби муқарраргардида оид ба гузаронидани ҳамаи расмиёти зарурии аккредитатсия ва дар бораи мутобиқати мақомоти аккредитатсияшуда оид ба сертификатсия ё озмоишгоҳи (маркази)  санҷишии аккредитатсияшуда  ба талаботи регламентҳои техникӣ ва ҳуҷҷатҳои соҳаи стандартонӣ гувоҳӣ медиҳад;
- мақоми аккредитатсияшуда оид ба сертификатсия - мақоми давлатӣ ва ташкилоте, ки барои иҷрои корҳои сертификатсия дар доираи муайян аккредитатсия шудаанд;
- озмоишгоҳи (маркази) санҷишии аккредитатсияшуда - ташкилоте, ки барои гузаронидани санҷиши маҳсулот дар доираи муайян  аккредитатсия шудааст; 
- доираи аккредитатсия - соҳаи фаъолияте, ки дар он ба мақомоти аккредитатсияшуда оид ба сертификатсия ё озмоишгоҳи (маркази) санҷишии аккредитатсияшуда барои иҷрои корҳои сертификатсия ё  санҷиши маҳсулот ҳуқуқ дода мешавад;
- шаҳодатномаи аккредитатсия - ҳуҷҷатест, ки дар бораи салоҳиятнокии шахси ҳуқуқӣ барои иҷрои корҳо оид ба сертификатсия ё  санҷиши маҳсулот  дар доираи муайяни аккредитатсия шаҳодат медиҳад;
- мақоми давлатӣ оид ба аккредитатсия - мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи аккредитатсия, ки дорои ҳуқуқи гузаронидани аккредитатсия мебошад;
- мақоми давлатии марказӣ оид ба сертификатсия - мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи санҷиш ва сертификатсия;
- дархосткунандаи аккредитатсия  - шахси ҳуқуқӣ, ки бо дархост барои аккредитатсия муроҷиат менамояд;
- феҳристи Системаи давлатии аккредитатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон -  маҷмӯи маълумоте, ки аз тарафи  мақоми давлатӣ оид ба аккредитатсия дар бораи шаҳодатномаҳои аккредитатсияи додашуда, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба онҳо, боздоштан, таҷдид, бекор, қатъ ва тамдид намудани мӯҳлати амали онҳо тартиб дода мешаванд; 
- сертификатсия - шакли тасдиқи мутобиқат ба талаботи регламентҳои техникӣ ва ҳуҷҷатҳои соҳаи стандартонӣ, ки аз тарафи мақомоти аккредитатсияшуда оид ба сертификатсия амалӣ карда мешавад;
- декларатсиякунонии мутобиқат - шакли тасдиқи мутобиқат, ки аз ҷониби истеҳсолкунанда ё фурӯшанда амалӣ мегардад;
- Системаи давлатии сертификатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Системаи сертификатсия) - маҷмӯи субъектҳои баҳодиҳии мутобиқат, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, регламентҳои техникӣ  ва ҳуҷҷатҳои соҳаи стандартонӣ, ки қоида ва расмиёти сертификатсия  ва дар маҷмӯъ амали системаро муайян менамоянд;
- аломати мутобиқати Системаи давлатии сертификатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - аломати Системаи сертификатсия) - аломате, ки бо тартиби муқарраргардида дар бораи гузаронидани ҳамаи расмиёти зарурии сертификатсия  ва  мутобиқ будани объектҳои баҳодиҳии мутобиқати тамғагузоштаи онҳо ба талаботи регламентҳои техникӣ ва ҳуҷҷатҳои соҳаи стандартонӣ гувоҳӣ медиҳад;
- истеҳсолкунанда (фурӯшанда) - шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ, аз ҷумла шахси воқеӣ ё ҳуқуқии хориҷӣ, ки маҳсулот истеҳсол мекунад ё мефурӯшад;
- сертификати мутобиқат - ҳуҷҷате, ки ба талаботи регламентҳои техникӣ ва ҳуҷҷатҳои соҳаи стандартонӣ мутобиқ будани объекти баҳодиҳии мутобиқатро тасдиқ мекунад;
- декларатсия оид ба мутобиқат - ҳуҷҷате, ки дар он истеҳсолкунанда ё фурӯшанда мутобиқати маҳсулоти истеҳсол ё фурӯхташавандаи худро ба талаботи регламентҳои техникӣ ва ҳуҷҷатҳои соҳаи стандартонӣ тасдиқ мекунад;
- сертификати салоҳиятнокӣ - ҳуҷҷате, ки салоҳияти касбии шахси воқеиро  барои иҷрои корҳо ва хизматрасониҳои муайян тасдиқ менамояд;
- дархосткунандаи сертификатсия - шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ, аз ҷумла шахси воқеӣ ё ҳуқуқии хориҷӣ, ки бо дархост барои сертификатсия муроҷиат менамояд;
- тарҳи (схемаи) сертификатсия - амалиёти муқарраргардидаи пай дар пай, ки натиҷаҳои онҳо ба сифати исботи мутобиқати объектҳои баҳодиҳии мутобиқат ба талаботи регламентҳои техникӣ ва ҳуҷҷатҳои соҳаи стандартонӣ баррасӣ карда мешаванд;
- системаи идоракунии сифат - қисми системаи умумии идоракунӣ, ки сохтори ташкилӣ, банақшагирӣ, масъулият, усулҳо, расмиёт, равандҳо ва захираҳоеро дар бар мегирад, ки барои таъмини сифати маҳсулот ва  хизматрасонӣ зарур мебошанд;       
- системаи идоракунии муҳити зист - қисми системаи умумии идоракунӣ, ки сохтори ташкилӣ, банақшагирӣ, масъулият, усулҳо, расмиёт, равандҳо ва захираҳоеро дар бар мегирад, ки иҷрои талаботи ҳифзи табиатро таъмин мекунанд;
- феҳристи Системаи давлатии сертификатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон -  маҷмӯи маълумоте, ки аз тарафи мақоми давлатии марказӣ оид ба сертификатсия доир ба  сертификатҳои мутобиқат ва сертификатҳои салоҳиятнокии додашуда, декларатсияҳо оид ба мутобиқати бақайдгирифташуда, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба онҳо, боздоштан, таҷдид, бекор, қатъ, тамдид намудани мӯҳлати амали онҳо тартиб дода мешаванд;
- мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи баҳодиҳии мутобиқат - мақоми ваколатдори ҳокимияти давлатӣ, ки танзими давлатиро дар соҳаи бамеъёрдарории техникӣ амалӣ менамояд. 
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баҳодиҳии мутобиқат
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баҳодиҳии мутобиқат ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.
Моддаи 3. Мақсад ва принсипҳои асосии баҳодиҳии мутобиқат
1. Баҳодиҳии мутобиқат бо мақсадҳои зерин амалӣ карда мешавад:
- таъмини ҳифзи ҳаёт ва саломатии инсон, молу мулк ва ҳифзи муҳити зист;
-  афзун намудани  рақобатпазирии маҳсулот, кор ва хизматрасонӣ;
- фароҳам сохтани шароити мусоид барои таъмини гардиши озоди  маҳсулот, кор ва хизматрасонӣ дар бозорҳои дохилӣ ва берунӣ, инчунин барои иштирок дар ҳамкориҳои байналмилалии иқтисодӣ, илмию техникӣ ва савдои байналмилалӣ.
2. Принсипҳои баҳодиҳии мутобиқат инҳо мебошанд:
- таъмини мутобиқати комили ҳаммонандии қоида ва расмиёти сертификатсия барои маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ ва хориҷӣ;
- риояи талаботи махфияти маълумоте, ки ҳангоми иҷрои корҳо оид ба баҳодиҳии мутобиқат дастрас мегарданд;
- роҳ надодан ба якҷоякунии ваколатҳо оид ба аккредитатсия ва сертификатсия дар як мақом;
- роҳ надодан ба якҷоякунии вазифаҳои назорати давлатӣ ва сертификатсия дар як мақоми давлатӣ;
- мустақилияти мақомоти сертификатсия аз истеҳсолкунандагон, иҷрокунандагон, фурӯшандагон ва харидорон.
Моддаи 4. Объектҳои баҳодиҳии мутобиқат
Объектҳои баҳодиҳии мутобиқат инҳо мебошанд:
- маҳсулот, ҷараёни коркард, истеҳсол, истифодабарӣ, нигоҳдорӣ, ҳамлу нақл, фурӯш ва безараргардонии партовҳои маҳсулот, иҷрои кор ва хизматрасонӣ;
- системаи идоракунии сифат;
- системаи идоракунии муҳити зист;
- салоҳиятнокии шахси ҳуқуқӣ оид ба иҷрои корҳои сертификатсия ё  санҷиши маҳсулот;
- салоҳиятнокии касбии ҳайати кормандон барои иҷрои корҳои муайян ва хизматрасонӣ;
- объектҳои дигар, ки нисбат ба онҳо мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар бораи баҳодиҳии мутобиқат қарор қабул гардидааст.
Моддаи 5. Субъектҳои баҳодиҳии мутобиқат
Субъектҳои баҳодиҳии мутобиқат инҳо мебошанд:
- мақоми ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- мақомоти аккредитатсияшуда оид ба сертификатсия;
- озмоишгоҳ (марказ) - ҳои санҷишии аккредитатсияшуда;
- дархосткунандагони аккредитатсия;
- дархосткунандагони сертификатсия.
Моддаи 6. Намудҳои баҳодиҳии мутобиқат
Баҳодиҳии мутобиқат дар намудҳои зерин амалӣ карда мешавад:
- назорат;
- аккредитатсия;
- сертификатсия;
- санҷиш.
Моддаи 7. Ҳуҷҷатҳои баҳодиҳии мутобиқат
1. Ба ҳуҷҷатҳои баҳодиҳии мутобиқат инҳо мансубанд:
- шаҳодатномаи аккредитатсия;
- сертификати мутобиқат;
- сертификати салоҳиятнокӣ;
- декларатсия оид ба мутобиқат.
2. Ҳуҷҷатҳои баҳодиҳии мутобиқат дар тамоми қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон  амал мекунанд.

БОБИ 2.
ТАНЗИМ ВА ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТИИ СОҲАИ
БАҲОДИҲИИ МУТОБИҚАТ
Моддаи 8.  Танзими давлатии соҳаи баҳодиҳии мутобиқат
Танзими давлатии соҳаи баҳодиҳии мутобиқат аз инҳо иборат мебошад:
- муайян ва амалӣ намудани сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи баҳодиҳии мутобиқат;
- ҳамоҳангсозии корҳо оид ба баҳодиҳии мутобиқат;
- муқаррар намудани қоида ва расмиёти ягонаи иҷрои корҳо оид ба баҳодиҳии мутобиқат;
- тасдиқи номгӯи маҳсулот, кор ва хизматрасонӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳатман сертификатсия мешаванд.
Моддаи 9. Мақомоте, ки танзим ва идоракунии давлатии соҳаи баҳодиҳии мутобиқатро амалӣ менамоянд
Танзими давлатӣ ва идоракунии соҳаи баҳодиҳии мутобиқатро  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи баҳодиҳии мутобиқат ва дигар мақомоти давлатӣ дар доираи ваколатҳои худ   амалӣ менамоянд.
Моддаи 10. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар соҳаи баҳодиҳии мутобиқат
Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар соҳаи баҳодиҳии мутобиқат мансубанд:
- муайян ва амалӣ намудани сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи баҳодиҳии мутобиқат;
- муайян намудани мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи баҳодиҳии мутобиқат;
- тасдиқ намудани номгӯи маҳсулот, кор ва хизматрасонӣ, инчунин дигар объектҳои баҳодиҳии мутобиқат,  ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳатман бояд сертификатсия шаванд;
- амалӣ намудани салоҳиятҳои дигар дар соҳаи баҳодиҳии мутобиқат, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  муқаррар намудааст.
Моддаи 11. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи баҳодиҳии мутобиқат
Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи баҳодиҳии мутобиқат дорои ваколатҳои зерин мебошад:
- татбиқи   сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи баҳодиҳии мутобиқат;
- иштирок  дар таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба баҳодиҳии мутобиқат;
- ташкил ва амалӣ намудани системаҳои аккредитатсия ва сертификатсия;
- таҳия ва такмили қоидаҳо оид ба аккредитатсия ва сертификатсияи ба меъёрҳои байналмилалӣ мувофиқ;
- муайян намудани мақоми давлатӣ оид ба аккредитатсия ва мақоми давлатии марказӣ оид ба сертификатсия;
- муайянкунии тасвир ва тартиби истифодаи аломатҳои системаҳои аккредитатсия ва сертификатсия;
- муайян намудани тартиби эътирофи ҳуҷҷатҳои  баҳодиҳии мутобиқат ва протоколҳои санҷиши маҳсулоте, ки берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон  гирифта шудаанд, ба истиснои ҳолатҳое, ки тартиби эътирофи ин ҳуҷҷатҳо бо шартномаҳои байналмилалӣ муқаррар карда шудааст;
- дар асоси пешниҳоди мақомоти давлатӣ таҳия намудани номгӯи маҳсулот, кор ва хизматрасонӣ, инчунин объектҳои дигари  баҳодиҳии мутобиқат, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ҳатман сертификатсия шаванд ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба онҳо;
- амалӣ намудани назорати давлатии мувофиқ омадани объектҳои баҳодиҳии мутобиқат, ки аз сертификатсия гузаштаанд, таҳти сертификатсияи ҳатмӣ қарор доранд ва ё бо ҳуҷҷатҳои мувофиқ дар бораи баҳодиҳии мутобиқат тасдиқ гардидаанд, ба талаботи регламентҳои техникӣ ва ҳуҷҷатҳо оид ба соҳаи стандартонӣ; 
- тасдиқи меҳнатталабии иҷрои корҳо дар соҳаи баҳодиҳии мутобиқат тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ;
- дар доираи ваколатҳои худ намояндагӣ кардани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилотҳои байналмилалӣ;
- дар доираи ваколатҳои худ  ба имзо расондани шартномаҳои байналмилалии дорои хусусияти байниидоравӣ;
- таъсис ва таъмини фаъолияти маркази иттилоотӣ оид ба масъалаҳои баҳодиҳии мутобиқат;
- иҷрои ваколатҳои дигари муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи баҳодиҳии мутобиқат.
Моддаи 12. Ваколатҳои мақомоти дигари давлатӣ дар соҳаи баҳодиҳии мутобиқат
Мақомоти дигари давлатӣ дар доираи ваколатҳои худ дар соҳаи баҳодиҳии мутобиқат:
- дар татбиқ намудани сиёсати ягонаи давлатӣ иштирок мекунанд;
- барои ворид намудани объектҳои баҳодиҳии мутобиқат ба номгӯи маҳсулот, кор ва хизматрасонӣ, инчунин объектҳои дигари баҳодиҳии мутобиқат, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ҳатман сертификатсия  шаванд,  пешниҳод манзур менамоянд;
- иҷрои корҳоро оид ба сертификатсияи ҳатмӣ тибқи ваколатҳои ба зиммаи онҳо вогузоштаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути мақомоти аккредитатсияшуда оид ба сертификатсия таъмин менамоянд.
Моддаи 13. Назорати давлатӣ дар соҳаи баҳодиҳии мутобиқат
1. Назорати давлатии аз ҷониби мақомоти аккредитатсияшуда оид ба сертификатсия ва озмоишгоҳ (марказ) - ҳои санҷишии аккредитатсияшуда   иҷро  гардидани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро  дар бораи баҳодиҳии мутобиқат шахсони мансабдори мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи баҳодиҳии мутобиқат амалӣ менамоянд.
2. Назорати давлатии  мувофиқати объектҳои баҳодиҳии мутобиқатро, ки аз сертификатсия гузашта, дорои ҳуҷҷатҳои дахлдор оид ба баҳодиҳии мутобиқат ба талаботи регламентҳои техникӣ ва ҳуҷҷатҳои соҳаи стандартонӣ мебошанд, шахсони мансабдори мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи баҳодиҳии мутобиқат амалӣ менамоянд.
3. Назорати давлатии аз тарафи шахсони ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродӣ ё ҳайати кормандони онҳо иҷро намудани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи баҳодиҳии мутобиқат, ки ба сертификатсияи ҳатмӣ вобаста мебошад, мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи баҳодиҳии мутобиқат ва мақомоти дигари давлатӣ дар доираи ваколатҳои худ амалӣ менамоянд.   
4. Мақомоти давлатӣ, ки  иҷрои талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро  дар бораи баҳодиҳии мутобиқат назорат мекунанд,  мувофиқи қисми 3 моддаи мазкур ҳуқуқ  доранд, ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи баҳодиҳии мутобиқат дар бораи боздоштан ё манъ кардани фурӯши маҳсулот, хизматрасонӣ, фаъолияти ҳайати кормандон ва фаъолияти объектҳои дигари баҳодиҳии мутобиқат,  ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  бояд ҳатман сертификатсия шаванд,   пешниҳод намоянд.
5. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи баҳодиҳии мутобиқат ҳуқуқ дорад, барои бартараф кардани камбудиҳо, боздоштан, манъ кардани истеҳсол ё фурӯши маҳсулот, кор ва хизматрасонӣ,  амрияҳои иҷрояшон ҳатмӣ диҳад, инчунин  фурӯши маҳсулот, хизматрасонӣ, фаъолияти ҳайати кормандон ва фаъолияти объектҳои дигари баҳодиҳии мутобиқатро, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд  ҳатман сертификатсия шаванд ё аз сертификатсияи ихтиёрӣ гузашта, вале ба талаботи регламентҳои техникӣ, ҳуҷҷатҳои соҳаи стандартонӣ ва қоидаҳои савдо мувофиқ нестанд, боздорад ё манъ намояд.
6. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи баҳодиҳии мутобиқат фаъолияти дигар мақомоти давлатиро, ки  соҳаи баҳодиҳии мутобиқатро назорат мекунанд,  ҳамоҳанг месозад.
7. Шахсони мансабдори мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи баҳодиҳии мутобиқат, ки  иҷрои талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба баҳодиҳии мутобиқатро назорат мекунанд, ба биноҳои хизматӣ, истеҳсолӣ ва савдои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии назоратшаванда, ки таҳти санҷиш қарор гирифтаанд,  ҳуқуқи озодона ворид шуданро доранд.

БОБИ 3.
АККРЕДИТАТСИЯ
Моддаи 14. Мақсад ва принсипҳои аккредитатсия
1. Аккредитатсия бо мақсадҳои зерин амалӣ карда мешавад:
- тасдиқ намудани ваколати мақомоти давлатӣ ва дигар ташкилотҳо барои иҷрои корҳо оид ба сертификатсия ё  санҷиши маҳсулот дар доираи муайяннамудаи аккредитатсия;
- таъмин намудани боварии истеҳсолкунандагон, фурӯшандагон ва истеъмолкунандагони маҳсулот, кор ва хизматрасонӣ ба фаъолияти мақомоти аккредитатсияшуда оид ба сертификатсия ва озмоишгоҳ (марказ)-ҳои  санҷишии аккредитатсияшуда;
- муҳайё сохтани шароит барои эътирофи мутақобилаи натиҷаҳои фаъолияти мақомоти аккредитатсияшуда оид ба сертификатсия ва озмоишгоҳ (марказ)-ҳои санҷишии аккредитатсияшуда дар сатҳи байналмилалӣ;
- бартараф намудани монеаҳои техникӣ дар савдо.
2. Принсипҳои аккредитатсия инҳо мебошанд:
- ягонагӣ ва пуррагии системаи аккредитатсия;
- ихтиёрӣ будани аккредитатсия;
- ошкоро ва дастрас будани қоида ва расмиёти аккредитатсия;
- таъмин намудани шароити баробар барои дархосткунандагони аккредитатсия;
- махфияти иттилооте, ки дар раванди аккредитатсия дастрас мегарданд.
Моддаи 15. Ваколатҳои мақоми давлатӣ оид ба аккредитатсия
Ба ваколатҳои мақоми давлатӣ оид ба аккредитатсия инҳо дохил мешаванд:
- амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи аккредитатсия;
- амалӣ сохтани аккредитатсия, додани шаҳодатномаҳо ба мақомоти аккредитатсияшуда оид ба сертификатсия ё озмоишгоҳ (марказ)-ҳои  санҷишии  аккредитатсияшуда ва додани ҳуқуқ барои истифодаи аломати Системаи аккредитатсия;
- пешбурди феҳристи Системаи  давлатии аккредитатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- амалӣ намудани санҷиши назоратии фаъолияти мақомоти аккредитатсияшуда оид ба сертификатсия ва озмоишгоҳ (марказ)-ҳои санҷишии  аккредитатсияшуда;
- муқаррар намудани тартиби аккредитатсия, шакли шаҳодатномаи аккредитатсия, замима ба шаҳодатномаи аккредитатсия ва аломати Системаи аккредитатсия, мазмун, мӯҳлати амали ҳуҷҷатҳои аккредитатсия, тартиби додани онҳо, бақайдгирӣ ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба онҳо, боздоштан, таҷдид, бекор, қатъ ва тамдид намудани мӯҳлати амали онҳо, инчунин тартиби тасдиқ кардани номгӯи ҳуҷҷатҳо оид ба аккредитатсия;
- баррасии шикоятҳои субъектҳои аккредитатсия ва қабул кардани қарор нисбат ба онҳо;
- ҷалб намудани экспертҳо ва аудиторҳо оид ба аккредитатсия, сертификатсия дар соҳаи таъмини ченаки ягона, экспертҳои техникӣ ва мутахассисони дигар барои иштирок дар кори аккредитатсия;
- иштирок дар кори ташкилотҳои байналмилалӣ оид ба масъалаи аккредитатсия;
- таъсис додани шӯро оид ба аккредитатсия;
- боздоштан ва беэътибор донистани шаҳодатномаҳои аккредитатсияи мақомоти аккредитатсияшуда оид ба сертификатсия ва озмоишгоҳ (марказ)-ҳои санҷишии аккредитатсияшуда.
Моддаи 16. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои дархосткунандагони аккредитатсия
1. Дархосткунандагони аккредитатсия ҳуқуқ доранд бо тартиби муқарраргардида нисбат ба амалҳои ғайриқонунии мақоми давлатӣ оид ба аккредитатсия ба суд шикоят намоянд.
2. Дархосткунандагони аккредитатсия ӯҳдадоранд:
- талаботи Системаи аккредитатсияро иҷро намоянд;
- ба шахсони мансабдори мақоми давлатӣ оид ба аккредитатсия барои иҷрои корҳои аккредитатсия шароити зарурӣ фароҳам созанд;
- корҳоро дар ҳудуди доираи аккредитатсия иҷро намоянд;
- номувофиқатиҳои ошкоршударо дар мӯҳлати муқаррарнамудаи мақомоти давлатӣ оид ба аккредитатсия бартараф кунанд;
- ба шахсоне, ки назорати давлатӣ ва санҷишро амалӣ менамоянд, барои ба бино ворид шудан, дастрасии таҷҳизот ва таъмин намудан бо иттилоот мусоидат намоянд;
- дар санҷишҳои муқоисавӣ ва муқоисаи натиҷаҳои ченак иштирок намоянд;
- дар ҳолати қатъ кардани амал ё бозхонди шаҳодатномаи аккредитатсия дар мӯҳлати муқаррарнамудаи мақоми давлатӣ оид ба аккредитатсия шаҳодатномаро баргардонанд ва фаъолиятро оид ба  сертификатсия ё санҷишҳо қатъ намоянд.

БОБИ 4.
СЕРТИФИКАТСИЯ
Моддаи 17. Мақсад ва принсипҳои сертификатсия
1. Сертификатсия бо мақсадҳои зерин амалӣ карда мешавад:
- тасдиқ намудани мутобиқати объектҳои баҳодиҳии мутобиқат ба талаботи регламентҳои техникӣ ва ҳуҷҷатҳои соҳаи стандартонӣ;
- мусоидат намудан ба истеъмолкунандагон дар интихоби дурусти маҳсулот, кор ва хизматрасонӣ.
2. Принсипҳои сертификатсия инҳо мебошанд:
- ошкоро ва дастрас будани қоида ва расмиёти сертификатсия;
- мустақил будани мақомоти аккредитатсияшуда оид ба сертификатсия ва озмоишгоҳ (марказ)-ҳои санҷишии аккредитатсияшуда аз дархосткунандагони сертификатсия;
- ҳифзи манфиатҳои молумулкии дархосткунандагони сертификатсия, аз ҷумла бо роҳи риояи махфияти маълумоте, ки дар раванди расмиёти сертификатсия дастрас мегарданд.
3. Сертификатсия метавонад ҳатмӣ ё ихтиёрӣ бошад.
Моддаи 18. Ваколатҳои мақоми давлатии марказӣ оид ба сертификатсия
Ба ваколатҳои мақоми давлатии марказӣ оид ба сертификатсия дохил мешаванд:
- амалӣ намудани сертификатсия ва додани сертификатҳои мутобиқат, додани ҳуқуқ барои истифодаи аломати Системаи сертификатсия;
- муқаррар намудани тартиби сертификатсия, шаклҳои сертификатҳои мутобиқат, замимаи онҳо ва аломати Системаи сертификатсия, мазмун, мӯҳлати амали сертификатҳои мутобиқат, тартиби додани онҳо, бақайдгирӣ, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба онҳо, боздоштан, таҷдид, бекор, қатъ ва тамдид намудани мӯҳлати амали онҳо, инчунин тартиби тасдиқ кардани номгӯи ҳуҷҷатҳо барои гирифтани сертификати мутобиқат;
- бақайдгирии декларатсия оид ба мутобиқат тибқи доираи аккредитатсия;
- пешбурди феҳристи Системаи  давлатии сертификатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- ба роҳ мондани санҷиши назоратии сифат ва бехатарии маҳсулот, кор ва хизматрасонии сертификатсияшуда;
- ба дархосткунандаи сертификатсия додани ҳуқуқ барои тамғагузории объектҳои баҳодиҳии мутобиқат бо аломати Системаи сертификатсия;
- баррасии арзу шикоятҳои дархосткунандагони сертификатсия ва қабул намудани қарор оид ба онҳо;
- ба корҳои сертификатсионӣ ҷалб намудани эксперту аудиторҳо оид ба сертификатсия ва дигар мутахассисон;
- таъсис додани шӯро оид ба сертификатсия;
- боздоштан ва беэътибор донистани сертификатҳои мутобиқат.
Моддаи 19. Тартиб ва расмиёти иҷрои корҳои сертификатсия
1. Тартиби иҷрои корҳои сертификатсияро дар Системаи сертификатсия мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи баҳодиҳии мутобиқат муқаррар менамояд.
2. Натиҷаи мусбии сертификатсия бо сертификати мутобиқат ё сертификати салоҳиятнокӣ тасдиқ карда мешавад, ки онро мақомоти аккредитатсияшуда оид ба сертификатсия ба дархосткунандаи сертификатсия медиҳад.
3. Расмиёти сертификатсия бояд тавре таҳия, тасдиқ ва татбиқ карда шаванд, ки барои савдои байналмилалӣ монеаҳои иловагӣ барпо накунанд.
4. Ҳангоми таҳияи расмиёти сертификатсия бояд дастурамал ва тавсияҳои байналмилалӣ ба эътибор гирифта шаванд, ба истиснои ҳолатҳое, ки чунин  дастурамал ва тавсияҳо  барои талаботи бехатарии миллӣ, пешгирии таҷрибаи фиребдиҳӣ, ҳифзи саломатӣ ва бехатарӣ, ҳаёт ва саломатии инсон ва ҳайвоноту наботот, ҳифзи муҳити зист, омилҳои назарраси иқлимӣ ва ҷуғрофӣ, проблемаҳои муҳими технологӣ ё инфрасохторӣ номувофиқ бошанд.
5. Дар ҳолати вуҷуд надоштани дастурамал ва расмиёти байналмилалии дахлдор ё дар ҳолати мувофиқат накардани мазмуни техникии расмиёти таҳияшавандаи сертификатсия бо дастурамал ва тавсияҳои байналмилалӣ, агар расмиёти мазкур ба савдои байналмилалӣ таъсири назаррас расонда тавонад, мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи баҳодиҳии мутобиқат:
- дар марҳилаи аввали таҳияи расмиёти сертификатсия бо мақсади шиносоии тарафҳои манфиатдор дар бораи ҷорӣ намудани расмиёти мушаххаси сертификатсия ахборот нашр менамояд;
- лоиҳаи расмиётро барои баррасӣ ба тарафҳои манфиатдор пешниҳод менамояд;
- дар ҳолати қабул ё рад намудани пешниҳоди тарафҳои манфиатдор онҳоро ба таври хаттӣ огоҳ месозад.
6. Дар ҳолати ба вуҷуд омадан ё мавҷуд будани таҳдиди пайдошавии проблемаҳои бехатарӣ, саломатӣ, ҳифзи муҳити зист ё амнияти миллӣ, мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи баҳодиҳии мутобиқат метавонад талаботи қисми 5 моддаи мазкурро бо чунин шартҳо иҷро накунад:
- сари вақт огоҳ намудани тарафҳои манфиатдор бо расмиёти  амалкунандаи сертификатсия;
- тибқи дархости тарафҳои манфиатдор пешниҳод кардани расмиёти амалкунанда;
- бе маҳдуд намудани ҳуқуқҳои тарафҳои манфиатдор, ба онҳо додани имконият барои пешниҳоди таклифҳо;
- дар ҳолати қабул ё рад намудани пешниҳоди тарафҳои манфиатдор онҳоро ба таври хаттӣ хабардор намудан.
7. Ҳама расмиёти қабулшудаи сертификатсия бояд сари вақт нашр карда шаванд ё барои шиносоӣ ба тарафҳои манфиатдор бо тариқи дигар пешниҳод карда шаванд.
8. Ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 6 моддаи мазкур мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи баҳодиҳии мутобиқат вазифадор аст, дар давраи байни интишори талаботи вобаста ба расмиёти сертификатсия ва мавриди амал қарор додани онҳо, ба истеҳсолкунандагон ҷиҳати мутобиқ  гардонидани мол ва усулҳои истеҳсолот ба талаботи муқарраршуда, мӯҳлати муайяни оқилона пешбинӣ  намояд, вале он набояд аз 60 рӯз кам бошад.
9. Мақомоти аккредитатсияшуда оид ба сертификатсия бояд:
- дархосткунандаро оид ба давомнокии гузаронидани расмиёти сертификатсия  огоҳ намоянд;
- дархосткунандаро оид ба қарори қабулшуда бо назардошти натиҷаҳои баррасии ҳуҷҷатҳо огоҳ намоянд;
- дар ҳолати ба даст омадани натиҷаҳои манфӣ дархосткунандаро дар бораи норасоиҳои асосноккардашуда ба таври хаттӣ огоҳ намоянд;
- дар ҳолати камбудиҳо доштани дархост, бо хоҳиши дархосткунанда корҳои сертификатсиониро иҷро кунанд.
10. Аз дархосткунанда талаб намудани маълумоти барои сертификатсия зарур то ҳадди ақал бояд маҳдуд карда шавад.
11. Агар баъди муайян кардани мувофиқати мол ба тавсифномаи он тағйирот ворид карда шаванд, расмиёти сертификатсия нисбат ба моли  шаклан дигаргуншуда бояд ба андозае маҳдуд бошад, то боварии заруриро нисбати он, ки моли мазкур чун пештара ба талаботи регламентҳои техникӣ ва ҳуҷҷатҳои стандартонӣ ҷавобгӯ аст, таъмин намояд.
Моддаи 20. Сертификатсияи ҳатмӣ
1. Сертификатсияи ҳатмӣ нисбат ба объектҳои баҳодиҳии мутобиқати ба номгӯи маҳсулот, кор ва хизматрасонӣ,  ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  бояд ҳатман сертификатсия  шаванд,  воридгардида,  инчунин нисбат ба дигар объектҳои баҳодиҳии мутобиқат, амалӣ карда мешавад.
2. Фурӯш ва рекламаи маҳсулот, кор ва хизматрасонӣ, фаъолияти ҳайати кормандон ва объектҳои дигари баҳодиҳии мутобиқат, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ҳатман сертификатсия  шаванд, бе мавҷуд будани ҳуҷҷатҳо дар бораи баҳодиҳии мутобиқат манъ аст.
3. Корҳои сертификатсияи ҳатмиро мақомоти давлатии аккредитатсияшуда, ки тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколати ташкил ва гузаронидани сертификатсияи ҳатмӣ ба зиммаи онҳо вогузор гардидааст,  анҷом медиҳад.
4. Сертификатсияи ҳатмӣ дар асоси дархост ё шартнома бо дархосткунанда барои сертификатсия амалӣ карда мешавад.  
5. Тарҳҳои сертификатсия, ки ҳангоми сертификатсияи ҳатмии намудҳои муайяни маҳсулот, кор ва хизматрасонӣ, фаъолияти ҳайати кормандон ва  объектҳои дигари баҳодиҳии мутобиқат истифода мегарданд, мувофиқи регламенти техникӣ муқаррар карда мешаванд, вале дар ҳолате, ки агар тарҳи сертификатсия дар он муқаррар нашуда бошад ё регламенти техникӣ мавҷуд набошад, мувофиқи ҳуҷҷатҳои соҳаи бамеъёрдарории техникӣ ва стандартонӣ муқаррар карда мешаванд.
6. Агар бо тарҳи сертификатсия зарурати гузаронидани санҷиши маҳсулот муқаррар гардида бошад, дар ин ҳолат онро озмоишгоҳи (маркази) санҷишии аккредитатсияшуда дар асоси дархост ё шартнома бо дархосткунандагон мегузаронад.
Моддаи 21. Декларатсиякунонии мутобиқат
1. Декларатсиякунонии мутобиқат аз тарафи дархосткунанда оид ба тасдиқи мутобиқат бо чунин тарзҳо амалӣ мегардад:
- бо роҳи қабули декларатсия оид ба мутобиқат дар асоси далелҳои бо протоколҳои санҷишӣ тасдиқшуда;
- бо роҳи қабули декларатсия оид ба мутобиқат дар асоси далелҳои бо протоколҳои санҷишӣ тасдиқшуда ва сертификату протоколҳои санҷишии мақомоти аккредитатсияшуда оид ба сертификатсия ва ё озмоишгоҳ (марказ)-ҳои санҷишии аккредитатсияшуда.
2. Декларатсия оид ба мутобиқат дар мақомоти аккредитатсияшуда оид ба сертификатсия дар асоси талаботи Системаи сертификатсия ба қайд гирифта мешавад.
3. Корҳои бақайдгирии декларатсия оид ба мутобиқат аз тарафи мақомоти аккредитатсияшуда оид ба сертификатсия дар асоси дархост ё шартнома бо дархосткунанда дар бораи тасдиқи мутобиқат иҷро карда мешаванд.
4. Тартиби бақайдгирии декларатсия оид ба мутобиқат, инчунин номгӯи ҳуҷҷатҳои пешниҳодшаванда барои бақайдгирии декларатсия аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи баҳодиҳии мутобиқат муайян карда мешаванд.
Моддаи 22. Сертификатсияи ихтиёрӣ
1. Мақомоти давлатӣ ва дигар ташкилоте, ки аз тарафи мақоми давлатӣ оид ба аккредитатсия бо тартиби муқарраршуда аккредитатсия шудаанд, ҳуқуқ доранд сертификатсияи ихтиёриро амалӣ намоянд.
2. Сертификатсияи ихтиёриро мақоми аккредитатсияшуда оид ба сертификатсия бо ташаббуси дархосткунандагони сертификатсия дар асоси шартнома ё дархост амалӣ менамояд.
3. Ҳангоми сертификатсияи ихтиёрӣ дархосткунандаи сертификатсия регламентҳои техникӣ ва ҳуҷҷатҳои соҳаи стандартониро, ки мувофиқи онҳо сертификатсияи ихтиёрӣ амалӣ карда мешавад, мустақилона интихоб мекунад ва номгӯи нишондиҳандаҳоеро, ки ҳангоми сертификатсияи ихтиёрии объектҳои баҳодиҳии мутобиқат назорат карда мешаванд, муайян менамояд. Ба номгӯи ин нишондиҳандаҳо ба таври ҳатмӣ нишондиҳандаҳои бехатарӣ ворид карда мешаванд, агар онҳо дар регламентҳои техникӣ ва ҳуҷҷатҳои соҳаи стандартонӣ барои объекти баҳодиҳии мутобиқати мазкур муқаррар гардида бошанд.
Моддаи 23. Талабот ба номгӯи маҳсулот, кор ва хизматрасонӣ, фаъолияти ҳайати кормандон ва объектҳои дигари баҳодиҳии мутобиқат, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳатман сертификатсия мешаванд
1. Дар номгӯи маҳсулот, кор ва хизматрасонӣ, фаъолияти ҳайати кормандон ва объектҳои дигари баҳодиҳии мутобиқат, ки  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатман сертификатсия мешаванд, муқаррар карда мешаванд:
- намудҳои маҳсулот, кор ва хизматрасонӣ, фаъолияти ҳайати кормандон ва объектҳои дигари баҳодиҳии мутобиқат, ки ҳатман сертификатсия мешаванд;
- регламентҳои техникӣ ва ҳуҷҷатҳои соҳаи стандартонӣ, ки дар хусуси мутобиқат ба онҳо сертификатсияи ҳатмӣ гузаронида мешавад.
2. Ҳангоми тартиб додани номгӯи маҳсулот, кор ва хизматрасонӣ, фаъолияти ҳайати кормандон ва объектҳои дигари баҳодиҳии мутобиқат, ки    дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд  ҳатман  сертификатсия шаванд, чунин меъёрҳо  муқаррар карда мешаванд:
- хатарнокии имконпазири маҳсулот, кор ва хизматрасонӣ, фаъолияти ҳайати кормандон ва объектҳои дигари баҳодиҳии мутобиқат ба ҳаёт ва саломатии инсон, молу мулк ва муҳити зист; 
- номувофиқатии воситаҳои техникии истеҳсоли ватанӣ ва хориҷӣ.
Моддаи 24. Пардохт барои иҷрои корҳои сертификатсия ва гузаронидани санҷиши маҳсулот
1. Пардохт барои иҷрои корҳои сертификатсия вобаста ба меҳнатталабии иҷрои корҳои тасдиқнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи баҳодиҳии мутобиқат аз тарафи дархосткунандаи сертификатсия сурат мегирад.
2. Арзиши гузаронидани санҷиши маҳсулот бо назардошти меҳнатталабии гузаронидани санҷиши маҳсулот метавонад дар шартномаи байни озмоишгоҳи (маркази) санҷишии аккредитатсияшуда ва дархосткунандагони сертификатсия муайян карда шавад.
3. Пардохти маблағи корҳои сертификатсионӣ барои маҳсулоти ҳаммонанди ватанӣ ва воридотӣ як хел муқаррар карда мешавад.
Моддаи 25. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои мақомоти аккредитатсияшуда оид ба сертификатсия
1. Мақомоти аккредитатсияшуда оид ба сертификатсия ҳуқуқ доранд:
- ба дархосткунандагони сертификатсия сертификатҳои мутобиқат ва сертификатҳои салоҳиятнокӣ диҳанд;
- амали сертификати мутобиқат ва сертификати салоҳиятнокиро, ки худи онҳо додаанд, дар ҳолати ошкоршавии номувофиқатии объекти баҳодиҳии мутобиқат ба талаботи регламентҳои техникӣ ва ҳуҷҷатҳои соҳаи стандартонӣ боздоранд ва ё бекор намоянд;
- аломати Системаи аккредитатсияро истифода баранд;
- декларатсияҳо оид ба мутобиқатро тибқи доираи аккредитатсия ба қайд гиранд.
2. Мақомоти аккредитатсияшуда оид ба сертификатсия ӯҳдадоранд:
- иҷрои талаботи муқаррарнамудаи регламентҳои техникӣ ва ҳуҷҷатҳои соҳаи стандартониро нисбат ба мақомоти аккредитатсияшуда оид ба сертификатсия таъмин намоянд;
- талаботи Системаи сертификатсияро иҷро намоянд;
- ба дархосткунандагони сертификатсия оид ба қоида ва расмиёти сертификатсия иттилоот пешниҳод намоянд;
- баҳисобгирии сертификатҳои мутобиқат ва сертификатҳои салоҳиятнокии додашударо ба роҳ монанд;
- дар бораи сертификатҳои мутобиқат ва сертификатҳои салоҳиятнокии ба объекти баҳодиҳии мутобиқат додашуда, дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба онҳо, боздоштан, таҷдид, бекор, қатъ ва тамдид намудани мӯҳлати амали онҳо ба мақоми давлатии марказӣ оид ба сертификатсия мунтазам иттилоъ диҳанд;
- сертификатсияро танҳо дар доираи муайяни аккредитатсия гузаронанд;
- дар ҳолати аз тарафи мақоми давлатӣ оид ба аккредитатсия боздоштан ё бекор кардани шаҳодатномаи аккредитатсия фаъолиятро оид ба сертификатсия боздоранд ё қатъ намоянд;
- аз рӯи имконият гузаронидани корҳои сертификатсиониро таъмин намоянд.
Моддаи 26. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои озмоишгоҳ (марказ)-ҳои санҷишии аккредитатсияшуда
1. Озмоишгоҳ (марказ)-ҳои санҷишии аккредитатсияшуда ҳуқуқ доранд:
- санҷиши мутобиқ будани маҳсулотро ба талаботи регламентҳои техникӣ ва ҳуҷҷатҳои соҳаи стандартонӣ тибқи доираи аккредитатсия гузаронанд;
- аломати Системаи аккредитатсияро истифода баранд.
2. Озмоишгоҳ (марказ)-ҳои санҷишии аккредитатсияшуда ӯҳдадоранд:
- иҷрои талаботи муқаррарнамудаи регламентҳои техникӣ ва ҳуҷҷатҳои соҳаи стандартониро оид ба озмоишгоҳ (марказ)-ҳои санҷишии аккредитатсияшуда таъмин намоянд;
- қоида ва расмиёти муқаррарнамудаи санҷиши маҳсулотро риоя намоянд;
- ба мақомоти аккредитатсияшуда оид ба сертификатсия ё дархосткунандаи сертификатсия протоколи санҷиши маҳсулотро супоранд;
- эътимоднокии натиҷаҳои санҷиши маҳсулотро таъмин намоянд;
- санҷишро танҳо дар доираи аккредитатсия гузаронанд;
- дар ҳолати аз тарафи мақоми давлатӣ оид ба аккредитатсия боздоштан ё бекор кардани шаҳодатномаи аккредитатсия фаъолиятро оид ба санҷиш боздоранд ё қатъ намоянд.
Моддаи 27. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои дархосткунандагони сертификатсия
1. Дархосткунандагони сертификатсия ҳуқуқ доранд:
- барои иҷрои корҳои сертификатсия ҳама гуна мақомоти аккредитатсияшуда оид ба сертификатсияро интихоб намоянд;
- барои гузаронидани санҷиши маҳсулот ба ҳама гуна озмоишгоҳ (марказ)-и  санҷишии аккредитатсияшуда муроҷиат намоянд;
- аломати  Системаи сертификатсияро барои тамғагузории объектҳои баҳодиҳии мутобиқат, ки сертификати мутобиқат доранд, истифода баранд;    
- нисбат ба амалҳои ғайриқонунии  мақомоти аккредитатсияшуда оид ба сертификатсия ва озмоишгоҳ (марказ)-ҳои санҷишии аккредитатсияшуда тибқи тартиб ва мӯҳлати дар Системаи сертификатсия муқарраргардида ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи баҳодиҳии мутобиқат ва дар ҳолати розӣ набудан  бо қарори он, ба суд муроҷиат намоянд.
2. Дархосткунандагони сертификатсия  ӯҳдадоранд:
- талаботи Системаи сертификатсияро риоя намоянд;
- ҳангоми иҷрои корҳои сертификатсия ба шахсони мансабдори  мақомоти аккредитатсияшуда оид ба сертификатсия шароити зарурии корӣ фароҳам оранд;
- мутобиқати объекти баҳодиҳии мутобиқатро ба талаботи регламентҳои техникӣ ва ҳуҷҷатҳои соҳаи стандартонӣ, ки дар сертификати мутобиқат нишон дода шудаанд, таъмин намоянд; 
- фурӯши маҳсулот, кор ва хизматрасонӣ, фаъолияти ҳайати кормандон ва фаъолияти объектҳои дигари баҳодиҳии мутобиқатро, агар ин объектҳо ба талаботи регламентҳои техникӣ ва ҳуҷҷатҳои соҳаи стандартонӣ, ки дар сертификати мутобиқат ва сертификати салоҳиятнокӣ нишон дода шудаанд, мувофиқ набошанд, инчунин  дар ҳолати ба охир расидани мӯҳлати амали ин сертификатҳо ё дар ҳолати муваққатан боздоштан ё бекор кардани онҳо, боздоранд ё манъ намоянд.
Моддаи 28. Эътирофи ҳуҷҷатҳои баҳодиҳии мутобиқати маҳсулот
1. Ҳуҷҷатҳои баҳодиҳии мутобиқати маҳсулот, ки берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифта шудаанд, метавонанд дар асоси санадҳои ҳуқуқии байналмилалии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалкунанда эътироф карда шаванд.
2. Тартиби эътирофи ҳуҷҷатҳои мазкури баҳодиҳии мутобиқати маҳсулот бо санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, муқаррар карда  мешавад, агар ин тартибро санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон муқаррар накарда бошад, он аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи баҳодиҳии мутобиқат муқаррар карда мешавад.
Моддаи 29. Шартҳои ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани маҳсулоте, ки ҳатман сертификатсия мешаванд
1. Ба муомилоти озод баровардани маҳсулоти воридотии ҳатман сертификатсияшаванда дар қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо баъд аз амалӣ намудани корҳои сертификатсионӣ ва бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.
2. Тартиби ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани маҳсулоти ҳатман сертификатсияшавандаро мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ ва мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи баҳодиҳии мутобиқат муқаррар менамоянд.
Моддаи 30. Маблағгузории  корҳои баҳодиҳии мутобиқат
Маблағгузории дастгоҳи марказии мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи баҳодиҳии мутобиқат, марказҳои вилоятӣ ва минтақавии он аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ, инчунин тавассути хизматрасонии музднок, сурат мегирад.
Моддаи 31. Иҷрои корҳо дар соҳаи баҳодиҳии мутобиқат
Корҳо оид ба сертификатсияи объектҳои баҳодиҳии мутобиқат, инчунин корҳои аккредитатсияи мақомот оид ба сертификатсия ва озмоишгоҳ (марказ)-ҳои санҷишӣ мувофиқи талаботи Қонуни мазкур амалӣ карда мешаванд.

БОБИ 5.
МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 32. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки талаботи Қонуни мазкурро риоя намекунанд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 33. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи сертификатсияи маҳсулот ва хизматрасонӣ"
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 1996 "Дар бораи сертификатсияи маҳсулот ва хизматрасонӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1996, №23, мод.337; с. 2002, №4, қ.1, мод.227; с. 2007, №7, мод.669) аз 1 январи соли 2013 аз эътибор соқит дониста шавад.
Моддаи 34. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур  аз  1 январи соли 2013 мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                             Эмомалӣ  РАҲМОН

ш. Душанбе, 2 августи соли 2011, №759


Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи  баҳодиҳии мутобиқат"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи баҳодиҳии мутобиқат"  қабул карда шавад.
2. Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи сертификатсияи маҳсулот ва хизматрасонӣ" аз 13 декабри соли 1996, № 314 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1996, № 23, мод.338; с. 2002, қ.1, мод. 229; с. 2007, № 6, мод. 490) аз эътибор соқит дониста шавад.
 
Раиси Маҷлиси намояндагони  Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон   Ш. ЗУҲУРОВ

ш. Душанбе, 22 июни соли 2011, № 489


Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
"Дар бораи баҳодиҳии мутобиқат"
 Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Дар бораи баҳодиҳии мутобиқат" баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи  баҳодиҳии мутобиқат"  ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон   М. УБАЙДУЛЛОЕВ

ш. Душанбе, 21 июли соли 2011, № 207


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 885

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед