logo

суханрониҳо

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар маросими ифтитоҳи мактаби нав дар маҳаллаи навбунёди "Зарринкӯҳ" ва мулоқот бо мардуми шаҳри Кӯлоб, 8 августи соли 2011

Ҳамватанони гиромӣ!
Устодон, омӯзгорон ва шогирдони азиз!

Мардуми бонангу номус ва ватандӯсту ватанпарвари шаҳри бостонии Кӯлоб дар баробари тамоми заҳматкашони кишварамон таҳти шиори ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва созандагиву ободкорӣ ба хотири истиқболи сазовори санаи мубораку муқаддаси миллӣ - бистумин солгарди истиқлолияти Тоҷикистон заҳмат мекашанд, ки ҳоло мо дар яке аз намунаҳои заҳмати созандаи онҳо - мактаби нави замонавӣ қарор дорем.
Аз ин лиҳоз, ҳамаи шумо - мардуми заҳматпешаву сарбаланд, устодону хонандагони азиз ва падару модарони иззатманди шаҳри бостонии Кӯлобро ба муносибати ҷашни муқаддаси Ватани маҳбубамон ва ифтитоҳи боз як муассисаи муосири таълиму тарбияи насли наврас табрик гуфта, бароятон рӯзгори осуда, саодату иқболи нек ва хонаи обод орзу менамоям.
Дастовардҳои бузурги иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварамон, ки дар онҳо саҳми шумо - сокинони сарбаланди шаҳри Кӯлоб низ хеле зиёд аст, ҳисси ифтихори ватандорӣ, худшиносиву худогоҳӣ  ва умед ба ояндаи некро дар қалби ҳар як фарди бонангу номус қавӣ мегардонанд.
Сохтмони мактаби хуштарҳу зебои имрӯзаро дар маҳаллаи навбунёди "Зарринкӯҳ" моҳи июни соли гузашта оғоз карда будем. Сохтмончиёну мутахассисон фидокорона заҳмат кашида, ин бинои хуштарҳи зеборо дар мӯҳлати таъйингардида, яъне дар остонаи бистсолагии соҳибистиқлолии Ватани маҳбубамон бо тамоми шароити таълимӣ ба шумо - фарзандони азиз, ҳамчун тӯҳфаи арзанда омода карданд, ки ба ҳамаи онҳо изҳори сипос менамоям.
Мактаби навбунёд аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон бо маблағи   12 миллион сомонӣ барои 2400 ҷойи нишаст дар ду баст бо тамоми шароити замонавӣ бунёд гардида, аз 39 синфхона, чор озмоишгоҳ, ду синфхонаи компютерӣ, толори маҷлисгоҳ, утоқи муоинаи тиббӣ, китобхона, ошхона ва майдончаи варзишӣ иборат мебошад. 
 Қобили зикр аст, ки дар шаҳри Кӯлоб танҳо дар давоми солҳои 2006-2010 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ ҳафт мактаби нави таҳсилоти умумӣ барои 5020 ҷойи нишаст бо сарфи     35 миллион сомонӣ, аз ҷумла дар назди    24 мактаб 139 синфхонаи иловагӣ ба маблағи қариб 10 миллион сомонӣ сохта шудааст.
 Ҳоло дар шаҳри Кӯлоб 42 мактаби таҳсилоти умумӣ, 5 мактаби таҳсилоти асосӣ, гимназия, се литсей ва ду интернат мавҷуд буда, дар онҳо 2351 нафар омӯзгори баландихтисосу ботаҷриба машғули фаъолият мебошад. Боиси хушҳолист, ки дар мактабҳои шаҳри Кӯлоб теъдоди хонандагони хубу аълохон торафт зиёд гардида, имсол шумораи онҳо ба 53 фоиз расидааст, ки, албатта, шоистаи таҳсин мебошад.
Айни замон муассисаҳои таълимии шаҳри Кӯлоб бо 775 компютер таъмин буда, ба 25 нафар хонанда як компютер рост меояд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба дигар минтақаҳои кишвар пасттар мебошад ва ҷиҳати иҷро намудани барномаи давлатии компютеркунонӣ муассисаҳои таълимии шаҳр иловатан ба 700 адад компютер ниёз доранд.
Чанд рӯз пештар барои харидорӣ ва бо компютер таъмин кардани мактабҳои вилояти Хатлон, аз ҷумла шаҳри Кӯлоб, бо Амри Президенти Тоҷикистон маблағи зарурӣ ҷудо шуд ва, фикр мекунам, ки ин масъала то оғози соли нави таҳсил пурра ҳал мегардад.
Ҳамзамон бо ин, дар шаҳри Кӯлоб ду муассисаи таҳсилоти олӣ - Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб, филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва омӯзишгоҳҳои касбиву техникӣ фаъолият доранд.
Тавре ки иттилоъ доред, дар ибтидои моҳи июни соли ҷорӣ ҳангоми сафарҳои расмӣ ба як қатор давлатҳои Аврупо дар шаҳри Страсбурги Ҷумҳурии Фаронса мо бо Шӯрои Аврупо Конвенсия оид ба пазируфтани маълумоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Аврупоро ба имзо расонидем, ки ин санади муҳим роҳи донишомӯзӣ ва фаъолияти илмиву таҷрибаомӯзии шаҳрвандони моро дар давлатҳои Аврупо мусоид мегардонад.
Бинобар ин, ба шумо - фарзандони азиз бори дигар таъкид менамоям, ки ҳоло ҷавон ҳастед, ба донишомӯзиву интихоби касб,  азхуд кардани дастовардҳои илму техника ва забонҳои хориҷӣ бо масъулияти баланд муносибат намоед.
Ҳамчунин ба муфидтарин ихтирои башар - яъне китоб, ки сарчашмаи дониш, беҳтарин рафиқу накӯтарин аниси одам аст, муҳаббат дошта бошед, зеро китоб неъмати бебаҳо, пайвандгари  наслҳо ва раҳнамои ақлу хиради инсонӣ мебошад. 
Ҳозирини гиромӣ!
Дар давоми 20 соли Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии шаҳри Кӯлоб ба таври назаррас рушд ёфта, дар ин давра аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузории давлатӣ ба буҷети шаҳри Кӯлоб 550 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст, ки он барои соҳаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, сохтмони иншооту роҳҳо ва дастгирии буҷети шаҳр равона карда шудааст. Бо истифода аз ин маблағҳо то имрӯз садҳо иншооти таъиноти гуногун сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудаанд.
Соли 2000-ум даромадҳои буҷети маҳаллӣ дар маҷмӯъ 950 ҳазор сомониро ташкил карда бошад, соли гузашта аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои даромад ба буҷети маҳаллӣ беш аз 20 миллион сомонӣ ворид гардидааст, яъне дар муқоиса ба даҳ соли пешин беш аз бист баробар афзудааст.
Ҳамзамон бо ин, дар ин давра аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ барои пӯшонидани хароҷоти буҷети шаҳр беш аз 64 миллион сомонӣ маблағҳои мақсаднок ҷудо гардидаанд.
Ҳоло дар ҳудуди шаҳри Кӯлоб  12 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи    55 миллион сомонӣ амалӣ шуда истодааст, ки он барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ, таҷдиди бахши иҷтимоӣ, такмили соҳаи маориф ва мукаммалгардонии мактабҳо, беҳсозии обтаъминкунии шаҳр ва сохтмону таҷдиди роҳҳои автомобилгард равона гардидааст.
Дар даврони истиқлолият фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб, роҳи оҳани паҳнбари Қӯрғонтеппа-Кӯлоб, шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ-Кулма-Қароқурум, даҳҳо иншооти маорифу муассисаҳои тандурустии минтақавӣ ва соҳавӣ, осорхона, амфитеатр ва дигар муассисаҳои фарҳангӣ, варзишгоҳ ва чандин корхонаҳои истеҳсолӣ бо тарҳи замонавӣ ва муҷаҳҳаз бо техникаву технологияи ҳозиразамон ба истифода дода шудаанд ва кӯчаву хиёбонҳо аз нав бунёд гардида, ба симои шаҳр ҳусни тоза бахшиданд.
Дар доираи омодагиҳо ба баргузории ҷашни 2700 - солагии шаҳри бостонии Кӯлоб ба маблағи беш аз 155 миллион сомонӣ иншооти мухталиф ба истифода дода шуд.
Соли 2008 бо қарори Ҳукумати кишвар нақшаи генералии шаҳр бо дарназардошти то соли 2030-ум ба   250 ҳазор нафар расидани аҳолии шаҳр тасдиқ гардид, ки он тамоми тарҳҳои муосири сохтмону меъморӣ ва шаҳрдориро дар худ инъикос менамояд. Ҳамаи ин иқдомот барои рушди босуботи соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт, беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва афзун гардидани имкониятҳои буҷети маҳаллӣ мусоидат менамояд.
Дар солҳои истиқлолият соҳаи саноати шаҳри Кӯлоб ба таври мунтазам рушду инкишоф ёфта, дар таъмини азнавсозии корхонаҳо ва истифодаи иқтидори истеҳсолӣ, бунёди корхонаҳои нави дорои технологияи навтарини давлатӣ ва хусусиву ҷамъиятӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст. 
Агар дар замони собиқ дар шаҳри Кӯлоб ҳамагӣ 8 корхонаи саноатӣ фаъолият дошта бошад, пас ҳоло 24 корхонаи гуногуни саноатӣ, аз ҷумла оид ба  коркарди пахта, пилла, маҳсулоти нафтӣ, маводи ғизоӣ ва консерва фаъолият доранд. Яъне, дар зарфи солҳои истиқлолият 16 корхонаи саноатӣ бунёд ёфта, ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ ташкил карда шудааст.
Дар натиҷа соли гузашта дар ҳаҷми қариб 100 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шудааст, ки ин нисбат ба нишондиҳандаи соли 2000-ум беш аз 3 баробар зиёд мебошад.
Хурсандиовар аст, ки фаъолияти аксарияти корхонаҳо бо истифода аз ашёи хоми маҳаллӣ ба роҳ монда шудааст. Дар корхонаҳои мазкур зиёда аз ду ҳазор нафар коргар фаъолият менамояд.
Тибқи "Барномаи рушди саноати сабук дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015" дар шаҳри Кӯлоб ташкил намудани фабрикаи дӯзандагӣ ва таъмиру барқарорсозии корхонаи пойафзолбарорӣ барои 400 ҷойи корӣ дар навбати аввал ва дуюми он пешбинӣ гардида буд.
Имрӯз бо ташаббуси соҳибкори ватанӣ корхонаи дӯзандагӣ ба кор оғоз менамояд, ки дар он барои 600 нафар зану духтари маҳаллӣ дар ду баст ҷойи корӣ муҳайё мегардад.
Ҳамин тавр, дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб аз ҳисоби ташкилоту корхонаҳои давлативу хусусӣ беш аз 30 ҳазор ҷойҳои нави корӣ муҳайё гардида, танҳо тавассути сохторҳои маҳаллии мақомоти шуғли аҳолӣ қариб 12 ҳазор эҳтиёҷманд ба ҷойи кори доимӣ таъмин карда шудааст.
Бо вуҷуди ин, ба вазоратҳои энергетика ва саноат, молия, рушди иқтисод ва савдо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳри Кӯлоб супориш дода мешавад, ки масъалаи пурра ба кор андохтани иқтидорҳои истеҳсолии саноатӣ ва корхонаҳои нави ба нақша гирифташударо дар мӯҳлатҳои муқарраргардида таъмин намоянд. 
Соли гузашта дар натиҷаи офати табиии дар кишвар рӯйдода, аз ҷумла ба шаҳри Кӯлоб қурбонии зиёди ҷонӣ ва дар ҳаҷми миллионҳо сомонӣ хисороти моддӣ расида, садҳо хонаву манзили сокинон пурра аз байн рафта буд. Давлату Ҳукумат ва тамоми шаҳрвандони бонангу номуси кишвар сари вақт ҳамаи зарардидагонро бо ғамхорӣ фаро гирифта, мушкилоти сангини ба боровардаи табиатро дастҷамъона бартараф намуданд.
Умуман, барои сокинони зарардида дар ҳудуди вилоят беш аз 1200 хонаҳои истиқоматӣ, аз ҷумла дар шаҳри Кӯлоб зиёда аз 700 манзили хуштарҳи зист бо тамоми ашёву лавозимоти рӯзгор ва иншооти дигари иҷтимоӣ, аз қабили мактаби наву бунгоҳи тиббӣ бунёд карда шуд.
Барои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳр зиёда аз 126 миллион сомонӣ маблағ равона гардид, ки 70 миллион сомонии онро маблағҳои буҷети давлатӣ ташкил медиҳанд. Ҳамзамон бо ин, соли гузашта бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати сохтмони хонаҳои истиқоматӣ ба 2293 оилаҳои эҳтиёҷманди шаҳр 407 гектар замин ҷудо гардид, ки дар натиҷа шароити зиндагии қариб бист ҳазор нафар сокинони Кӯлоб беҳтар мегардад.
Бо мақсади минбаъд пешгирӣ кардани селу обхезӣ ҳоло мо ба нақша гирифтаем, ки дар болои сойи Тебалай ба маблағи қариб 35 миллион сомонӣ (баробар бо 7,5 миллион доллари амрикоӣ) сарбанд ё обанбор бунёд кунем. Тибқи лоиҳа ғунҷоиши он зиёда аз       10 миллион метри мукааб ва масоҳаташ 600 гектарро ташкил медиҳад.
Дӯстони гиромӣ!
Дар натиҷаи пешбурди пайгиронаи сиёсати ислоҳоти кишоварзӣ ва таҷдиди корхонаҳои кишоварзӣ дар шаҳри Кӯлоб 440 хоҷагии деҳқонӣ таъсис дода шуда, ба онҳо 5800 гектар замини корам вобаста карда шудааст. Ба шарофати заҳмати софдилонаи кишоварзон истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ мунтазам афзоиш ёфта, соли гузашта ҳаҷми он ба 165 миллион сомонӣ расида, нисбат ба соли 1991 қариб 70 миллион сомонӣ зиёд шудааст. Дар замони истиқлолият истеҳсоли ғалла шаш баробар, картошка 12, сабзавот 3, полезиҳо 5 ва меваҷот   4 баробар зиёд шудааст.
Кишоварзони шаҳру ноҳияи Кӯлоб бо дарназардошти масъалаи таъмини ҳарчи бештари аҳолӣ бо озуқаи худӣ ба кишти такрорӣ таваҷҷӯҳи ҷиддӣ зоҳир намуда, дар заминҳои озодгардида имсол дар 1600 гектар кишти такрории ғалладона, лӯбиёиҳо, картошка, сабзавот ва дигар зироатҳоро гузаронидаанд.
Тибқи маълумоти оморӣ, дар кишвар то имрӯз аллакай дар зиёда аз 160 ҳазор гектар кишти такрорӣ гузаронида шудааст ва ин кор идома дорад. Ҳосиле, ки кишоварзони мамлакат аз кишти такрорӣ мегиранд, фоизи муайяни талаботи аҳолиро бо маводи ғизоӣ таъмин намуда, садди роҳи болоравии нархҳои бозор мегардад ва вобастагиву ниёзмандии аҳолии кишварро аз озуқаи воридотӣ коҳиш медиҳад.  
Бо дарназардошти шароиту имкониятҳои шаҳру ноҳияи Кӯлоб истифодаи оқилонаву самараноки обу замин, заминҳои президентӣ ва наздиҳавлигӣ ба афзун гардидани маҳсулоти кишоварзӣ мусоидат намуда, бо ҳамин роҳ ҳар як оила метавонад маводи ғизоии солонаро ҷамъоварӣ ва захира намояд, ки ин яке аз роҳҳои асосии пешгирӣ кардани болоравии нархҳо дар бозори истеъмолӣ мебошад.
Дар баробари ин, бонкҳо ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ барои хоҷагиҳои деҳқонӣ ва дастгирии соҳибкории хурду миёна корҳои самарабахшро анҷом дода, дар шаҳри Кӯлоб бақияи қарзҳои хурдро аз  4 миллион сомонии соли 2005 то имрӯз ба 45 миллион сомонӣ расонидаанд. Ҳамчунин давлату Ҳукумати кишвар барои пардохти нафақапулӣ, нигоҳдории роҳҳо, нақлиёт, хоҷагии манзиливу коммуналӣ ва соҳаҳои дигар таваҷҷӯҳи зарурӣ зоҳир менамояд ва барои дар сатҳи хуб нигоҳ доштани онҳо солона миллионҳо сомонӣ маблағгузорӣ менамояд.
Давлату Ҳукумати кишвар дар баробари рушди дигар соҳаҳо ба беҳтар намудани хизматрасонии муассисаҳои тандурустӣ таваҷҷӯҳи аввалиндараҷа зоҳир менамояд. Ҳоло дар шаҳри бостонии Кӯлоб беморхонаҳои марказиву ноҳиявӣ, 12 маркази саломатии деҳот, 34 бунгоҳи тиббӣ ва монанди инҳо, ки дар як баст иқтидори қабули 500 нафар корафтодаро доранд, ба мардум хизмат мерасонанд.
Ҳукумат дар солҳои 1996 - 2011 аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти Тоҷикистон ва дигар маблағҳои буҷетӣ ба соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва ҳифзи иҷтимоӣ барои тарақиёти муассисаҳои табобативу профилактикӣ, таъминоти моддиву техникии онҳо дар маҷмӯъ беш аз 30 миллион сомонӣ равона кардааст. Дар ин давра як қатор муассисаҳои табобатии шаҳри Кӯлоб, аз ҷумла беморхонаи вилоятӣ, ташхисгоҳи минтақавӣ, бинои ёрии таъҷилӣ, бинои бемориҳои дилу чашм, бинои шӯъбаҳои кӯдакона ва сироятӣ ва беморхонаи хоҷагии "Хатлон", бунёд ва таъмиру барқарор карда шудаанд.
Ҳозирини гиромӣ!
Дар раванди ин корҳои созандагиву ободонӣ ҳамеша дар хотир бояд дошт, ки рушду инкишофи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, болоравии сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ дар навбати аввал аз сулҳу оромӣ, ваҳдати миллӣ ва суботи ҷомеа, инчунин меҳнати созандаву бунёдкоронаи худи мардум вобаста мебошад. Мо бояд ҳамеша шукрона кунем, ки соҳибватан ҳастем, давлати соҳибистиқлол дорем ва тақдири Ватану давлат дар дасти худи мост.
Ман ба ғайрату номуси мардуми шаҳри Кӯлоб итминону эътимоди комил дорам ва дилпурона изҳор медорам, ки онҳо минбаъд низ бо дастгирии самимона аз сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат тамоми нерӯву ғайрати худро барои ободии Ватан ва пешрафти давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон равона месозанд. 
Мо хизматҳои зиёди мардуми шаҳри Кӯлоб ва далериву ҷоннисориҳои фарзандони ғаюри онҳоро барои барқарорсозии сохти конститутсионӣ ҳаргиз фаромӯш намекунем.
Дар фарҷоми сухан ҳамаи шумо - сокинони бонангу номус ва ғаюру ҳимматбаланд, инчунин кулли устодону шогирдони шаҳри Кӯлобро ба муносибати ҷашни фархундаи миллӣ ва ифтитоҳи ин мактаби нави замонавӣ табрик гуфта, бароятон ҳаёти осудаву тандурустӣ, хонаи обод ва тамоми хушиҳои зиндагиро орзу менамоям.
Доимо сарбаланду шодком бошед, ҳамватанони азиз!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 581

21.11.2018


Аз таркиш дар Кобул беш аз 50 нафар ҳалок шуд

Ӯзбекистон нахустин намоишгоҳ-ярмаркаи байналмилалии содиротӣ мегузаронад

Могерини: «Иттиҳоди Аврупо «артиши аврупоӣ» ташкил карданӣ нест»

Табобати гепатити С дар Беларус аз арзонтарин дар Аврупост

Ҷаҳон дар як сатр

ДУШАНБЕ. Таҷлили нахустин ҷашни занони соҳибкор

ДЕВАШТИЧ. Тантанаи Рӯзи Президент

Иштироки мунтахаби футболи бонувон дар CAFA

20.11.2018


СУҒД. Оғози сохтмони раёсати маориф

ЛЕВАКАНТ. Конфронси илмӣ - назариявӣ ба ифтихори Иҷлосияи XVI

"Парасту" дар Тоҷикобод

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машварат дар Тошканд ҷамъ меоянд

Финляндия ҷонибдори ҳузури Россия дар Шӯрои Аврупо

Вазорати маорифи Афғонистон 30 ҳазор занро ба кор мегирад

Баррасии рушди инклюзивии иқтисоди қитъа дар Гвинея Папуаи Нав

Ҷаҳон дар як сатр

АНВАР ЮНУСОВ СОҲИБИ КАМАРБАНДИ WBF

"СОРО КОМПАНИЯ" ҒОЛИБИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед