logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва молиявии низоми суғуртаи ҳатмии пасандозҳои шахсони воқеӣ, аз ҷумла тартиби таъсис ва фаъолияти Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеиро муқаррар карда, ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои пасандоздорон ва таҳкими боварии аҳолиро ба низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд.

БОБИ 1.
МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- суғурта - муносибат оид ба ҳимояи манфиатҳои пасандоздорон аз хавфи муфлисшавии ташкилотҳои қарзӣ;
- ҳолати суғуртавӣ - бозхонди иҷозатномаи ташкилоти қарзӣ, барҳамдиҳии маҷбурии ташкилоти қарзӣ тибқи қарори суд бе асосҳои муфлисшавӣ ё бо асосҳои муфлисшавӣ мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ", ки сабаби ба вуҷуд омадани ӯҳдадории Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ оид ба ҷуброни пули суғурта ба пасандоздорони ташкилоти қарзии муфлисшуда мегардад;
- ташкилотҳои қарзӣ - шахсони ҳуқуқие (бонкҳо, ташкилотҳои қарзии ғайрибонкӣ, аз ҷумла ташкилотҳои маблағгузории хурд), ки дар асоси иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон ҳама ё баъзе аз амалиёти бонкии дар қонун пешбинишударо иҷро менамоянд;
- пасандоз- маблағе, ки бо шарти пардохти фоизи муайян ҳуқуқи истифодаи муваққатиаш ба ташкилоти қарзӣ дода шудааст;
- пасандоздор - шахси воқеие, ки дар ташкилоти қарзӣ пасандоз дорад;
- Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ  (минбаъд - Хазина) - шахси ҳуқуқии ғайритиҷоратӣ, ки дорои тавозуни мустақил ва мӯҳри мудаввар бо сабти номи худ ва акси Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ҳуқуқу манфиатҳои қонунии пасандоздоронро бо роҳи пардохти ҷубронпулии суғурта ҳимоя менамояд;
- пасандозҳои суғурташуда - пасандозҳое, ки ҷуброн намудани онҳо тибқи Қонуни мазкур аз тарафи Хазина кафолат дода мешавад;
- касри Хазина - маблағи нокифояи Хазина, ки барои ҷуброни пули суғуртаи пасандоздорон зарур аст;
- пардохтҳо -ҳаққи узвият, пардохтҳои тақвимӣ ва иловагӣ, ки ташкилотҳои қарзӣ мутобиқи Қонуни мазкур ба Хазина пардохт менамоянд;
- ҷубронпулии суғурта - маблағе, ки пасандоздор ба гирифтани он мутобиқи Қонуни мазкур ҳангоми фаро расидани ҳолати суғуртавӣ ҳуқуқ дорад.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи  суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.
Моддаи 3. Принсипҳои асосии суғуртаи пасандозҳои шахсони  воқеӣ
Принсипҳои асосии суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ инҳо мебошанд:
- ҳатмӣ будани узвият ба Хазина барои ташкилотҳои қарзие, ки ҳуқуқи ҷалби пасандозҳои шахсони воқеиро доранд;
- шаффофияти суғурта кардани пасандозҳои шахсони воқеӣ дар ташкилотҳои қарзӣ.

БОБИ 2.
ХАЗИНАИ СУҒУРТАИ ПАСАНДОЗҲОИ ШАХСОНИ ВОҚЕӢ
Моддаи 4. Мақоми ҳуқуқии Хазина
1. Хазина шахси ҳуқуқии ғайритиҷоратӣ буда, дорои тавозуни мустақилу мӯҳр аст ва дар асоси шартномаи байни бонкҳо ва Оинномаи вай, ки муассисони Хазина тасдиқ кардаанд, фаъолият мекунад.
2. Маҳалли ҷойгиршавии Хазина шаҳри Душанбе мебошад.
3. Хазина фаъолияти худро мутобиқи Қонуни мазкур бе иҷозатнома амалӣ менамояд.
4. Ҳуҷҷати таъсисии Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ Оинномаи он буда, шартҳояш пурра ва дар ҳаҷме, ки нисбати Қонуни мазкур мухолифат накунад, амал мекунад.
5. Хазина вориси ҳуқуқии Фонди кафолати амонатҳои шахсони воқеӣ буда, мутобиқи Қонуни мазкур ҳуқуқу ӯҳдадориҳо, молу мулк ва кафолатҳои онро ба зимма мегирад.
6. Муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба танзими бозори сурғурта ва фаъолияти суғуртавӣ ба фаъолияти Хазина татбиқ намегардад.
Моддаи 5. Мақсадҳои Хазина инҳоянд:
- ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии пасандоздорон бо роҳи пардохти ҷубронпулии  суғурта тибқи Қонуни мазкур;
- таҳкими боварии аҳолӣ ба низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 6. Вазифаҳои Хазина
1. Хазина барои ноил гардидан ба мақсадҳои худ:
- ҷубронпулии суғуртаро сари вақт муайян ва ба пасандоздорон пардохт мекунад;
- феҳристдори ташкилотҳои қарзии низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеии аъзои Хазина мебошад.
- пардохтҳои ташкилотҳои қарзиро арзёбӣ мекунад;
- ҷамъоварӣ ва баҳисобгирии пардохтпулиҳоеро, ки аз ташкилотҳои қарзӣ гирифта шудаанд, инчунин мониторинги саривақтии онҳоро амалӣ менамояд;
- маълумот, ҳисобот ва иттилоотеро, ки барои фаъолияти Хазина зарур аст, аз ташкилотҳои қарзӣ мегирад;
- бо мақсади андӯхти молу мулки Хазина маблағҳои Хазинаро сармоягузорӣ, идора ва ҷойгир мекунад;
- дар сурати касри Хазина барои гирифтани қарз ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат менамояд;
- аз Бонки миллии Тоҷикистон андешидани чораҳои ислоҳнамоӣ ва таъсиррасониро нисбат ба ташкилоти қарзӣ ҳангоми риоя накардани Қонуни мазкур дархост мекунад;
- ҳангоми зарурат ва дар доираи қонун ба ташкилотҳои қарзӣ амрнома дода, иҷрои онро талаб менамояд;
- санадҳои меъёрӣ (қоидаҳо, дастурамалҳо ва ғайра) содир карда, иҷрои онҳоро талаб менамояд;
- бо мақсади нигаҳдории боварии низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба воситаи таъмини кафолати пасандозҳои шахсони воқеӣ аҳли ҷомеаро хабардор менамояд;
- хароҷоти амалиётии Хазинаро ҷуброн мекунад;
- вазифаи хизматрасонии молиявиро анҷом медиҳад;
- дигар вазифаҳоро, ки барои ноил гардидан ба мақсадҳои Хазина заруранд, иҷро мекунад.
2. Хазина, аъзои Шӯрои нозирон, Раис, кормандони Хазина ва дигар шахсоне, ки тибқи талаботи Қонуни мазкур дар доираи ваколатҳои худ амал мекунанд, барои ҳар гуна зарар ё талафоти расонидаашон ҳангоми иҷро намудани ваколатҳои худ масъул намебошанд.
Моддаи 7. Маблағи Хазина
1. Маблағи Хазина аз пардохтҳо, даромад аз сармоягузорӣ, маблағи аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарз гирифташуда, маблағи барои қонеъгардонии шикояти пасандоздорон гирифташуда, ки манфиатҳои онҳо мутобиқи Қонуни мазкур ба Хазина вогузор шудаанд, инчунин аз дигар маблағҳое иборат мебошад, ки қонун манъ накардааст.
2. Андозаи ниҳоии маблағи Хазина дар ҳаҷми ҳафт фоизи ҳамаи пасандозҳои шахсони воқеӣ, ки дар ташкилотҳои қарзӣ мавҷуд аст, муқаррар карда мешавад. 
Моддаи 8. Муносибати Хазина бо давлат
Хазина аз рӯи ӯҳдадориҳои давлат ва давлат аз рӯи ӯҳдадориҳои Хазина ҷавобгар нестанд, агар дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррароти дигаре пешбинӣ нашуда бошад.
Моддаи 9. Суратҳисобҳои Хазина
1. Хазина дар Бонки миллии Тоҷикистон суратҳисоб дорад ва дар он бояд маблағи Хазина, ки барои ҷубронпулии суғурта зарур аст, нигоҳ дошта шавад.
2. Бонки миллии Тоҷикистон аз рӯи суратҳисоби Хазина фоиз пардохт намекунад.
3. Хазина дар Бонки миллии Тоҷикистон барои воридшавии маблағ, хароҷоти ҷорӣ ва дигар маблағҳои Хазина суратҳисоби алоҳида дорад.
Моддаи 10. Сармоягузории Хазина
Хазина метавонад танҳо ба коғазҳои қиматноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, коғазҳои қиматноки Бонки миллии Тоҷикистон, коғазҳои қиматноки давлатҳои хориҷӣ ё бонкҳои марказии (миллии) хориҷии бонуфуз сармоягузорӣ кунад.
Моддаи 11. Ҳисоботдиҳии Хазина
1. Соли молиявии Хазина аз 1 январ оғоз ёфта, 31 декабр ба охир мерасад.
2. Хазина ба Шӯрои нозирони Хазина (минбаъд - Шӯрои нозирон) ҳисоботдиҳанда мебошад.
3. Ҳисоботи солонаи Хазина барои соли молиявӣ аз тарафи Раиси Хазина  ҳар сол то 15 феврал  ба Шӯрои нозирон пешниҳод гардида, он аз тарафи Шӯрои нозирон то 15 марти соли молиявии оянда тасдиқ карда мешавад.
4. Маълумоти ҷамъбастӣ дар бораи ҳисоботи солонаи Хазина, ҳисоботи тавозунӣ ва ҳисобот дар бораи фоида ва зарар дар давоми cӣ рӯзи баъди аз тарафи Шӯрои нозирон тасдиқ гардидани он дар воситаҳои ахбори омма нашр мегардад.
5. Ҳисоботи солонаи Хазина аз инҳо иборат аст:
- ҳисобот дар бораи фаъолияти Хазина дар соли молиявӣ;
- тавозуни муҳосибавии Хазина;
- ҳисобот дар бораи иҷрои харҷнома;
- таҳлили ҳолати низоми суғуртаи пасандозҳо;
- таҳлили истифодаи маблағи Хазина;
- дар бораи фоида ва зарари Хазина;
- тавозуни воситаҳои гардони Хазина;
- нусхаи Феҳристи ташкилотҳои қарзӣ, ки дар охири соли молиявӣ узви Хазина буданд.
6. Фаъолияти Хазина ҳар сол мавриди санҷиши аудитории берунӣ қарор мегирад.
7. Хазина ҳар сол то 30 апрел ҳисоботи солона ва хулосаи аудитро ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.
        
    БОБИ 3.
УЗВИЯТИ ТАШКИЛОТҲОИ ҚАРЗӢ БА ХАЗИНА
Моддаи 12. Узвияти ташкилотҳои қарзӣ ба Хазина
1. Ҳар як ташкилоти қарзие, ки иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистонро барои ҷалби пасандозҳои шахсони воқеӣ дорад,  узви Хазина мебошад.
2. Хазина дар  давоми се рӯзи кории баъди пардохти  ҳаққи узвият  ташкилоти қарзиро дар Феҳристи ташкилотҳои қарзии низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ дохил намуда, ба он тасдиқномаи узвиятро медиҳад.
Моддаи 13. Феҳристдории ташкилотҳои қарзии низоми  суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ
1. Феҳристдории ташкилотҳои қарзии низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ ба зиммаи Хазина буда, он ҳар семоҳа дар воситаҳои ахбори омма нашр карда мешавад.
2. Хазина дар ҳолатҳои зерин ташкилоти қарзиро аз Феҳристи ташкилотҳои қарзии низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ хориҷ карда, тасдиқномаи узвиятро бозхонд менамояд:
- ҳангоми бозхонди иҷозатномаи ташкилоти қарзӣ барои анҷом додани фаъолияти бонкӣ ва ба пасандоздорон пурра ҷуброн кардани пули суғурта;
- ҳангоми бозхонди иҷозатномаи ташкилоти қарзӣ барои анҷом додани фаъолияти бонкӣ бинобар барҳамдиҳии маҷбурии ташкилоти қарзӣ бидуни асосҳои муфлисшавӣ  ва ба пасандоздорон пурра ҷуброн кардани пули суғурта;
- ҳангоми розӣ будани Бонки миллии Тоҷикистон барои   ихтиёран қатъ намудани фаъолияти ташкилоти қарзӣ ва пурра иҷро гардидани ӯҳдадориҳои он дар назди пасандоздорон.
3. Хазина дар давоми се рӯзи корӣ ба ташкилоти қарзӣ дар бораи ба Феҳристи низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ дохил ё аз он хориҷ кардан ба таври хаттӣ хабар медиҳад.
Моддаи 14. Ӯҳдадориҳои ташкилотҳои қарзӣ
Ташкилоти қарзии  узви Хазина ӯҳдадор аст:
- мувофиқи  Қонуни мазкур пардохтҳоро супорад;
- баҳисобгирии пасандозҳои суғурташударо бо тартибе, ки Хазина муқаррар кардааст ва он ба ташкилоти қарзӣ имконияти гирифтани маълумоти пурраро дар бораи пардохти ҷубронпулии суғурта медиҳад, ба анҷом расонад;
- ба Хазина бо тартибе, ки барои иҷрои вазифаҳояш муқаррар кардааст, ҳисобот ва маълумот пешниҳод намояд;
- оид ба дараҷаи суғуртаи пасандозҳо ва узвият ба Хазина дар ҷойҳои намоёни бинои ташкилотҳои қарзӣ маълумот ҷойгир намояд;
- дар бораи ихтиёран қатъ намудани фаъолияташ пасандоздоронро хабардор намояд;
- ба Хазина оид ба ҳар ҳолате, ки барои иҷрои шартҳои пасандозҳои суғурташуда  имкон намедиҳад, фавран хабар диҳад;
- ҳангоми ба вуқӯъ омадани ҳолати суғуртавӣ фавран ба Хазина дар бораи  пасандозҳо маълумоти пурра пешниҳод намояд;
- санадҳои меъёрии ҳуқуқии Хазина (қоидаҳо, дастурамалҳо ва ғайра)-ро риоя намояд.

БОБИ 4.
ПАРДОХТҲО
Моддаи 15. Ҳаққи узвият
Ташкилоти қарзӣ дар давоми се рӯзи баъди гирифтани иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон ба андозаи 0,5 фоизи ҳадди ақалли сармояи оинномавӣ ҳаққи бебозгашти узвиятро ба Хазина бо пули миллӣ пардохт мекунад.
Моддаи 16. Пардохтҳои тақвимӣ
1. Ташкилоти қарзӣ бояд ҳар семоҳа ба андозаи  0,5 фоизи бақияи миёнаи семоҳаи гузаштаи пасандозҳои шахсони воқеии дар ташкилотҳои қарзӣ мавҷудбуда, ки суғурта мешаванд, бо пули миллӣ пардохтҳои тақвимии бебозгаштро пардохт намояд.
2. Ташкилоти қарзӣ ба суратҳисоби Хазина то бистуми моҳи якуми пас аз семоҳаи анҷомёфта пардохтҳои тақвимиро пардохт мекунад.
3. Бақияи миёнаи ҳаррӯзаи тавозунии пасандозҳои суғурташуда барои семоҳа заминаи ҳисобкунии пардохтҳои тақвимӣ ба ҳисоб меравад.
4. Барои муқаррар кардани пардохтҳои тақвимӣ аз рӯи пасандозҳои суғурташуда бо асъори хориҷӣ бақияи ҳаррӯзаи тавозунии онҳо бо пули миллӣ аз рӯи қурби расмии муқарраркардаи Бонки миллии Тоҷикистон дар охири рӯз истифода мешавад.
5. Ҳар як ташкилоти қарзӣ ӯҳдадор аст ҳар се моҳ, ба шарти дар ин муддат дар ташкилоти қарзӣ ҷой доштани ҳолати суғуртавӣ, дар рӯзи ба вуқӯъ омадани ҳолати суғурта пардохтҳои тақвимиро пардохт намояд.
Моддаи 17. Пардохтҳои иловагӣ
1. Ташкилотҳои қарзӣ, ба истиснои ташкилоти қарзие, ки дар он ҳолати суғуртавӣ ба вуқӯъ омадааст, бо мақсади рафъи касри Хазина ба андозаи дукаратаи пардохтҳои тақвимӣ ба Хазина  пардохтҳои иловагии якдафъаинаро месупоранд.
2. Мӯҳлати пардохтҳои иловагӣ аз ҷониби Хазина муқаррар карда мешавад.
Моддаи 18. Маблағгузории касри Хазина
1. Ҳангоми нарасидани маблағ Хазина ҳуқуқ дорад барои ҷуброни касри он ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гирифтани қарз муроҷиат намояд.
2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси муроҷиати Хазина барои ҷуброни касри маблағи он оид ба ҷудо намудани қарз, аз ҷумла шартҳои ҳисобӣ кардан ва баргардонидани қарз қарор қабул менамояд.
Моддаи 19. Баҳисобгирии пардохтҳо
Маблағи ҳаққи узвият, маблағи пардохтҳои тақвимӣ ва иловагӣ, ки ташкилотҳои қарзӣ ба Хазина пардохт менамоянд, ба хароҷоти амалиётии онҳо ворид карда мешаванд.
Моддаи 20. Ҷавобгарӣ барои  насупоридани пардохтҳо
1. Ташкилоти қарзӣ дар ҳолати пурра ё сари вақт пардохт накардани пардохтҳои тақвимӣ ё иловагӣ ӯҳдадор аст иловатан барои ҳар як рӯзи таъхир ба андозаи як фоизи маблағи пардохтнашуда ба Хазина ноустуворона  супорад.
2. Раиси Хазина дар бораи рӯёнидани ноустуворона ба ташкилоти қарзӣ огоҳинома ирсол менамояд.
3. Ҳангоми аз ҷониби ташкилоти қарзӣ дар мӯҳлати се рӯз иҷро накардани огоҳиномаи мазкур, Хазина ҳуқуқ дорад дар бораи рӯёнидани пардохтпулиҳои дахлдор бо ариза ба суд муроҷиат намояд.

БОБИ 5.
ПАСАНДОЗДОРОН ДАР НИЗОМИ
СУҒУРТАИ ПАСАНДОЗҲО
Моддаи 21. Ҳуқуқи пасандоздорон
Пасандоздорон ҳуқуқ доранд:
- ҷубронпулии суғуртаро аз рӯи пасандозҳо бо тартиби муқарраркардаи Қонуни мазкур гиранд;
-  тибқи дархост аз ташкилоти қарзӣ ва Хазина дар бораи узвият ба Хазина ва дар бораи дараҷаи суғуртаи пасандозҳо, ки Хазина барои пасандозҳо муқаррар намудааст, маълумот дастрас намоянд;
- ҳангоми дар ташкилоти қарзӣ ба вуқӯъ омадани ҳолати суғуртавӣ аз вай пардохти фарқияти байни маблағи пасандози ибтидоӣ бо фоизҳои то охири рӯзи ҳолати суғуртавӣ ҳисобшуда ва ҷубронпулии пардохтшудаи суғуртаро талаб намоянд.
Моддаи 22. Ҷуброни пули суғуртаи пасандозҳо
1. Ҳангоми ба вуқӯъ омадани ҳолати суғуртавӣ Хазина ба пасандоздор маблағи пасандозҳои дар ташкилоти қарзӣ суғурташударо ҷуброн менамояд. Андозаи ҷубронпулии пасандозҳо на бештар аз 7000 (ҳафт ҳазор) сомонӣ мебошад.
2. Агар пасандоздор дар ташкилоти қарзӣ якчанд суратҳисоби пасандозӣ дошта бошад, он гоҳ суғуртапулӣ дар асоси андозаи умумии маблағи дар суратҳисобҳои пасандозӣ мавҷудбуда ҷуброн карда, ин суратҳисобҳо ҳамчун як суратҳисоби пасандозӣ дониста мешаванд.
3. Фоизи пасандозҳо аз рӯи меъёри муайянкардаи Хазина ҳисоб карда, дар охири рӯзи фаро расидани ҳолати суғуртавӣ пардохт карда мешавад, вале дар ҳар сурат андозаи ҷубронпулии суғурта, аз ҷумла фоизҳои пардохтшуда набояд аз маҳдудиятҳое зиёд бошад, ки дар қисми 1 моддаи мазкур муқаррар шудааст. Агар ҳолати суғуртавӣ дар якчанд ташкилоти қарзӣ фаро расад, ки дар онҳо пасандоздор пасандоз дорад, он гоҳ андозаи ҷубронпулии суғурта барои ҳар як ташкилоти қарзӣ алоҳида ҳисоб карда мешавад.
4. Пасандозҳое, ки бо пули миллӣ гузошта шудаанд, бо пули миллӣ ҷуброн карда мешаванд.
5. Пасандозҳое, ки  бо асъори хориҷӣ гузошта шудаанд, аз рӯи қурби расмии Бонки миллии Тоҷикистон, ки дар рӯзи ба вуқӯъ омадани ҳолати суғуртавӣ муқаррар карда шудааст, бо пули миллӣ ҷуброн карда мешаванд.
6. Пасандозҳое, ки  дар суратҳисоби муштараки ташкилоти қарзӣ  нигоҳ дошта мешаванд, ҳамчун як пасандоз дониста мешаванд ва ҷубронпулии суғурта ба соҳибони суратҳисоби пасандоз бо ҳиссаҳои баробар ё  ҳиссаҳое, ки байни онҳо мувофиқа шудааст, пардохт карда мешавад.
7. Агар соҳиби суратҳисоби муштараки пасандоз дар ташкилоти қарзӣ ҳисоби дигари пасандоз дошта бошад, он гоҳ маблағи ҳиссаи пасандоздори пасандози муштарак бо маблағи дигари ҳисоби пасандоз якҷоя карда, ҳамчун як пасандоз дониста мешавад.
8. Агар яке аз падару модар ҳуқуқи ихтиёрдорӣ кардани пасандозҳои суратҳисоби кӯдаки ноболиғро дошта, манфиати кӯдаки ноболиғ дар созишномаи пасандоз бо ташкилоти қарзӣ зикр шуда бошад, дар ин ҳолат ҷубронпулии суғурта барои кӯдаки ноболиғ дар асоси боварӣ ба падар ё модар пардохт карда мешавад. Ин пасандоз аз ҳар гуна дигар суратҳисобе, ки кӯдаки ноболиғ манфиатдори он мебошад, алоҳида ҷуброн карда мешавад.
9. Агар васӣ ё парастор ҳуқуқи ихтиёрдории ҳисоби пасандозро дошта, манфиатдори ҳисоби пасандоз дар созишномаи пасандоз бо ташкилоти қарзӣ нишон дода шуда бошад, он гоҳ ин гуна шахс ҳуқуқ дорад ҷубронпулии суғуртаро бо боваринома барои шахсе, ки манфиатдори ҳисоби пасандоз аст, гирад ва ин гуна пасандоз аз ҳар гуна ҳисоби дигаре, ки манфиатдор дорад, алоҳида ҷуброн карда мешавад.
10. Маблағи суратҳисобҳои пасандози падару модар, васиҳо ва парасторон, ки дар қисмҳои  8 ва 9 моддаи мазкур зикр шудаанд, аз маблағи суратҳисобҳои пасандозҳое, ки ба онҳо шахсан мансубанд, алоҳида ҷуброн карда мешаванд.
11. Агар пасандоздор дар ташкилоти қарзӣ дар натиҷаи муттаҳидшавӣ, ҳамроҳшавӣ ё табдилёбии ду ё зиёда ташкилоти қарзӣ беш аз  як суратҳисоби пасандоз дошта бошад, он гоҳ маблағи ҳар як суратҳисоби пасандоз ҳамчун як пасандоз дониста, то рӯзи пардохти пасандоз ё маблағи суратҳисобҳо, агар бошанд,  бояд алоҳида ҷуброн карда шавад.
12. Барои пасандозҳои суғурташуда, ки аз рӯи шартҳои онҳо мӯҳлати пардохт дар рӯзи ба вуқӯъ омадани  ҳолати суғуртавӣ фаро нарасидааст, мӯҳлати пардохт дар ҳамин рӯз фарорасида ҳисобида мешавад.
13. Барои пардохти ҷубронпулии суғурта Хазина метавонад бо ташкилотҳои қарзӣ ҷиҳати хизматрасонии хазинавӣ созишнома бандад.
14. Шахсе, ки ҳуқуқи пасандоздорро барои пасандозҳо баъди фаро расидани ҳолати суғуртавӣ соҳиб шудааст, ба гирифтани ҷубронпулӣ ҳуқуқ надорад.
Моддаи 23. Ҳолатҳои қонеъ нагардонидани талабот
Ба пасандоздор ё шахсе, ки тибқи Қонуни мазкур ҳуқуқи гирифтани ҷубронпулиро надорад ва ба Хазина маълумоти бардурӯғ ё нодурустро пешниҳод кардааст, маблағ ҷуброн карда намешавад.
Моддаи 24. Ҳолатҳои ҷуброн накардани пасандозҳо
Ҳангоми ба вуқӯъ омадани ҳолати суғуртавӣ ҷубронпулӣ аз рӯи пасандозҳои зерини шахсони воқеӣ пардохт карда намешавад:
- пасандозҳое, ки ба онҳо ташкилоти қарзӣ барои ҳисобӣ кардани қарзҳо бо пасандоздорон дар доираи маблағи қарзи пасандоздор ҳуқуқ дорад;
- пасандозҳое, ки таҳти гарав қарор доранд;
- пасандозҳое, ки бо роҳи ҷиноят ба даст омадаанд ё пасандозҳое, ки аз ҷониби суд ҳабс карда шудаанд;
- пасандозҳое, ки аз рӯи хулосаи Бонки миллии Тоҷикистон вазъи молиявии ташкилоти қарзиро бад кардаанд;
- пасандозҳои аъзои Шӯрои нозирон ва бевосита хешовандони онҳо, аз ҷумла ҳамсар, падару модар, фарзандон ё шахсони сеюми ташкилоти қарзие, ки бо он шартномаи пасандози бонкӣ бастаанд ё аз номи онҳо дар ташкилоти қарзӣ пасандоз гузоштаанд;
- пасандозҳои шарикони ширкати аудиторӣ, ки ба сифати аудиторҳои ташкилоти қарзӣ дар соли тақвимӣ пештар аз таърихи фаро расидани ҳолати суғуртавӣ  ҷалб шуда буданд;
- пасандозҳои шахсони воқеӣ, ки беш аз панҷ фоизи саҳмияҳои  ташкилоти қарзиро бо гирифтани манфиат дар ихтиёр доранд;
- пасандозҳое, ки дар филиалҳои хориҷии ташкилоти қарзӣ ҷойгир карда шудаанд;
- пасандозҳои баробар ба ҳар гуна маблағи қарзи пардохтнашудаи пасандоздор дар назди ташкилоти қарзӣ.
Моддаи 25. Қоидаҳои умумии пардохти ҷубронпулии суғурта
1. Пасандоздор ё намояндаи ӯ ҳуқуқ дорад барои гирифтани ҷубронпулии суғурта дар давоми як соли ба вуқӯъ омадани ҳолати суғуртавӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Хазина ба вай муроҷиат кунад.
2. Хазина дар давоми панҷ рӯзи пас аз ба вуқӯъ омадани ҳолати суғуртавӣ ва баъди аз ташкилоти қарзӣ гирифтани маълумоти пурра оид ба ӯҳдадориҳо дар назди пасандоздорон дар бораи ҷой, вақт ва тартиби қабули дархостҳо барои пардохти ҷубронпулии суғуртаи пасандозҳо дар воситаҳои ахбори омма эълон интишор намуда, нусхаи онро ба ташкилоти қарзӣ ирсол менамояд.
3. Бо дархости пасандоздор Хазина маълумотеро, ки дар қисми 2 моддаи мазкур зикр гардидааст, фавран ба вай пешниҳод менамояд.
4. Хазина ба пасандоздор дар давоми панҷ рӯзи баъди гирифтани дархост барои пардохти ҷубронпулии суғурта, беруннависи Феҳристи пасандоздорони ташкилоти қарзиро бо нишон додани суратҳисоби пасандоз, инчунин бақияи ҳисобҳо ва фоизҳои ҳисобшударо дар рӯзи ба вуқӯъ омадани ҳолати  суғуртавӣ ва ҷубронпулии суғурта пешниҳод менамояд.
5. Хазина ҷубронпулии суғуртаро дар давоми даҳ рӯзи баъди пешниҳоди беруннависи  Феҳристи пасандоздорон ба пасандоздор пардохт карда, дар ин бора ташкилоти қарзиро хабардор мекунад.
6. Агар Хазина дар давоми даҳ рӯзи баъди пешниҳоди беруннависи Феҳристи пасандоздорон ҷубронпулии суғуртаро пардохт накунад, он гоҳ Хазина барои маблағи пардохтнашуда аз рӯи меъёри бозтамвили Бонки миллии Тоҷикистон то рӯзи пардохти ҷубронпулӣ фоиз пардохт мекунад.
7. Ҷубронпулии пасандозҳо имкон дорад аз тарафи Хазина ё бонки хизматрасони вай дар асоси аризаи пасандоздор дар шакли нақдина ва ғайринақдина тавассути гузарондани маблағ ба ҳисоби нишондодаи пасандоздор дар ташкилоти қарзӣ пардохт карда шавад.
Моддаи 26. Тамдиди мӯҳлати пешниҳоди дархост барои гирифтани ҷубронпулӣ
1. Пасандоздор ё намояндаи ӯ бо ариза, ки шаклашро Хазина муқаррар мекунад, барои тамдиди мӯҳлати гирифтани ҷубронпулии суғурта ба Хазина муроҷиат мекунад.
2. Мутобиқи аризаи пасандоздор Хазина метавонад мӯҳлати муроҷиати пасандоздорро барои гирифтани ҷубронпулии суғурта дар ҳолатҳои зерин тамдид намояд:
- агар пасандоздор мубталои бемории ҷисмонӣ ё рӯҳӣ гашта,  қобилияти сари вақт муроҷиат карданро барои гирифтани ҷубронпулии суғурта надошта бошад;
- дар ҳолатҳои фавқулоддае, ки пасандоздор барои муроҷиат кардан ҷиҳати гирифтани ҷубронпулии суғурта имкон надошта бошад.
Моддаи 27. Тартиби пардохти ҳақи дархостҳо барои ҷубронпулӣ баъди  тамдиди мӯҳлат
1. Агар Хазина мӯҳлатро тамдид карда бошад ва дар давоми мӯҳлати тамдидшуда пасандоздор мутобиқи моддаи 26 Қонуни мазкур бо аризаи  пардохти ҷубронпулӣ муроҷиат кунад, он гоҳ Хазина дар давоми панҷ рӯзи баъди тамдиди мӯҳлат беруннависи Феҳристи пасандоздорони ташкилоти қарзиро бо нишон додани суратҳисоби пасандоз ё суратҳисоби пасандоздор бо фоизҳои то рӯзи ҳолати суғуртавӣ ҷамъшуда ва ҷубронпулии суғурта ба пасандоздор пешниҳод мекунад.
2. Пасандоздор баъди гирифтани дархости ҷубронпулӣ мутобиқи мӯҳлати тамдидшудаи дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинишуда  ҳуқуқ дорад ҷубронпулиро дар асоси беруннависи Феҳристи пасандоздорони ташкилоти қарзӣ гирад.
3.Хазина ҷубронпулии суғуртаро ба пасандоздоре, ки дар қисми 1 моддаи мазкур зикр шудааст, дар давоми панҷ рӯзи баъди гирифтани дархост пардохт мекунад.
Моддаи 28. Ихтилофот дар мавриди ҷубронпулии суғурта
1. Ҳангоми норозӣ будан аз ҷубронпулии суғурта, пасандоздор метавонад мутобиқи моддаи 27 Қонуни мазкур дар давоми сӣ рӯзи баъди гирифтани беруннависи Феҳристи пасандоздорони ташкилоти қарзӣ маълумоти иловагиро ҷиҳати дастгирии аризааш барои ҷубронпулӣ ба Хазина пешниҳод намояд.
2. Хазина маълумоти иловагии мазкурро барои арзёбӣ фавран ба ташкилоти қарзӣ равон мекунад.
3. Ташкилоти қарзӣ дар давоми даҳ рӯзи баъди гирифтани маълумоти мазкури Хазина оид ба натиҷаҳои арзёбӣ ба Хазина ба таври хаттӣ хабар медиҳад ва Хазина пасандоздорро аз натиҷаи арзёбӣ фавран хабардор мекунад.
4. Дар сурати баъди чунин арзёбӣ ба мувофиқа расидани пасандоздор ва ташкилоти қарзӣ аз рӯи ҷубронпулии суғурта Хазина маблағи мувофиқашудаи ҷубронпулии суғуртаро ба пасандоздор пардохт мекунад.
Моддаи 29. Шикоят аз рӯи қарор дар бораи ҷубронпулии суғурта
1. Агар байни пасандоздор ва ташкилоти қарзӣ баъди арзёбӣ, ки дар моддаи 28 Қонуни мазкур зикр гардидааст, аз рӯи ҷубронпулии суғурта мувофиқа ба даст наояд, он гоҳ пасандоздор метавонад барои баррасии андозаи пардохтпулии пешниҳодшаванда ба суд муроҷиат намояд.
2. Новобаста ба муқаррароти моддаи 28 Қонуни мазкур пасандоздор, ки бо ҷубронпулии суғурта розӣ нашудааст, метавонад бевосита барои баррасии андозаи маблағи пардохти пешниҳодшаванда ба суд муроҷиат намояд.
3. Хазина ҷубронпулиро дар асоси қарори суд ба пасандоздор фавран пардохт мекунад.
4. Пасандоздор метавонад қарори Хазинаро дар мӯҳлате, ки  дар давоми он аз Хазина ҷубронпулӣ талаб кардан мумкин аст, мавриди шикоят қарор диҳад.
Моддаи 30. Пардохти ҷубронпулии суғурта
Хазина ҷубронпулии суғуртаро пардохт мекунад ё аз бонк-агенти (намояндаи) худ талаб мекунад, ки онро ба пасандоздор пардохт намояд ё бо супориши хаттии пасандоздор ба суратҳисоби вай дар ташкилоти қарзӣ гузаронад.
Моддаи 31. Вогузории ҳуқуқи пасандоздор ба Хазина
1. Агар Хазина ҷубронпулии суғуртаро ба пасандоздор пардохт кунад, он гоҳ ҳуқуқи талаби ҳамаи маблағҳо ва манфиатҳои пасандоздор баробар ба андозаи маблағи пардохтшуда ба Хазина вогузошта, он метавонад нисбат ба чунин талабот аз номи пасандоздор ё аз номи Хазина амалҳои ҳуқуқиро иҷро намояд.
2. Талаботи бадастовардаи Хазина мутобиқи қисми 1 моддаи мазкур тибқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ" қонеъ карда мешавад.

БОБИ 6.
ИДОРАКУНИИ ХАЗИНА
Моддаи 32. Идоракунии Хазина
Фаъолияти Хазинаро Раиси Хазина ва Шӯрои нозирони Хазина (минбаъд - Шӯрои нозирон) идора мекунанд.
Моддаи 33. Шӯрои нозирон
1. Шӯрои нозирон барои назорати умумии фаъолияти Хазина масъул  мебошад.
2.  Шӯрои нозирон аз ҳайати зерин иборат аст:
- Раиси Бонки миллии Тоҷикистон - Раиси Шӯрои нозирон;
- муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Раиси Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон;
- Раиси Хазина.
Моддаи 34. Ҷаласаи Шӯрои нозирон
1. Ҷаласаи Шӯрои нозирон соле на камтар аз ду маротиба даъват карда мешавад. Ҷаласа аз тарафи Раиси Шӯрои нозирон ё на камтар аз се узви Шӯрои нозирон даъват карда мешавад. 
2. Ҷаласаи Шӯрои нозирон ҳангоми иштироки на кам аз чор аъзои он салоҳиятнок мебошад.
3. Қарорҳои Шӯрои нозирон бо аксарияти овозҳои аъзои дар ҷаласа ҳузурдоштаи он қабул карда мешаванд. Ҳангоми баробар будани овозҳо овози раисикунандаи ҷаласа ҳалкунанда мебошад.
4. Раиси Шӯрои нозирон ё дар набудани раис узви Шӯрои нозирон, ки аз тарафи Шӯрои нозирон таъин шудааст, дар ҷаласаи Шӯрои нозирон раисӣ мекунад.
5. Протоколи ҷаласаи Шӯрои нозирон аз тарафи раисикунанда имзо карда мешавад.
6. Тартиби гузаронидани ҷаласаҳо бо Дастури Шӯрои нозирон муқаррар карда мешавад. 
Моддаи 35. Ваколатҳои Шӯрои нозирон
Шӯрои нозирон дорои ваколатҳои зерин аст:
- муайян намудани самтҳои асосии фаъолияти Хазина;
- тасдиқи сохтор ва буҷети солонаи Хазина;
- ба вазифа таъин ва аз вазифа озод кардани Раиси Хазина, муқаррар намудани маоши вазифавии вай;
- баррасӣ ва тасдиқи ҳисоботи солонаи Хазина;
- интихоб ва таъини аудитори берунӣ;
- қабули қарор дар бораи аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифтани қарзи молиявӣ ҳангоми касри  Хазина;
- ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Оинномаи Хазина, ба шарте ки ин тағйирот хилофи қонун набошанд;
- тасдиқ кардани Дастури Шӯрои нозирон;
- тасдиқ кардани сиёсати сармоягузории Хазина;
- тасдиқ кардани барномаҳо оид ба интишори маълумот барои оммаи васеъ дар бораи нақши низоми суғуртаи пасандозҳо ҷиҳати таҳкими боварии аҳолӣ ба низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- тасдиқ кардани шакли ҳисоботи ташкилотҳои қарзӣ-аъзои Хазина;
- тасдиқ кардани санадҳои меъёрӣ ҷиҳати иҷрои вазифаҳои Хазина;
- муқаррар кардани сиёсати Хазина оид ба бархӯрди манфиатҳо;
- қабули қарор дар бораи кам кардан ё боздошти супоридани пардохтҳои тақвимӣ ҳангоми пурра шудани андозаи ниҳоии маблағи Хазина;
- муайян кардани хусусият ва ҳаҷми вазифаҳои аудити дохилии Хазина ва тасдиқи натиҷаҳои аудит;
- таъини аудитори берунӣ барои гузаронидани санҷиши махсус ва тасдиқи натиҷаҳои он;
- тасдиқи тавсияҳои раиси Хазина оид ба интихоби бонк- агент барои пардохти пули суғурта;
- иҷрои дигар ваколатҳое, ки дар Қонуни мазкур пешбинӣ шудаанд.
Моддаи 36. Манъи вогузории ваколатҳо
Дар анҷом додани назорати умумии Хазина Шӯрои нозирон наметавонад ваколатҳоеро, ки дар моддаи 35 Қонуни мазкур пешбинӣ шудаанд, ба Раиси Хазина вогузор намояд.
Моддаи 37. Раиси Хазина
1. Раиси Хазина барои идоракунии фаъолияти ҷории Хазина ва иҷрои қарорҳои Шӯрои нозирон масъул мебошад.
2. Раиси Хазина ба мӯҳлати панҷ сол аз ҷониби Шӯрои нозирон таъин мегардад. Як шахс ба вазифаи раиси Хазина бештар аз ду мӯҳлат пай дар пай таъин шуда наметавонад.
3. Раиси Хазина дорои ваколатҳои зерин аст:
- аз номи Хазина амал намудан, намояндагӣ кардан аз манфиатҳои Хазина;
- тақсими ӯҳдадориҳои вазифавии кормандон;
- пешниҳоди сохтори Хазина барои тасдиқи Шӯрои нозирон;
- ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани кормандони Хазина ва муқаррар кардани маоши вазифавии онҳо;
- пешниҳоди ахбор ба Шӯрои нозирон дар бораи вазъи молиявии Хазина;
- таҳияи буҷети солонаи Хазина ва пешниҳоди он ба Шӯрои нозирон;
- пешниҳоди тавсияҳо ба Шӯрои нозирон ҷиҳати рушди низоми суғуртаи пасандозҳо;
- таҳияи ҳисоботи солонаи Хазина ва пешниҳоди он ба Шӯрои нозирон;
- пешниҳоди ахбор ба Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи аз тарафи ташкилотҳои қарзӣ риоя накардани Қонуни мазкур ва дархост барои андешидани  чораҳои дахлдор;
- додани амрнома ва дастурҳое, ки барои ташкилотҳои қарзӣ ҷиҳати иҷрои Қонуни мазкур заруранд; 
- таҳия ва ба Шӯрои нозирон пешниҳод кардани лоиҳаи санадҳои меъёрии дохилии Хазина;
- тамдиди мӯҳлате, ки дар давоми он пасандоздор метавонад барои ҷубронпулӣ муроҷиат намояд;
- интихоб кардан ва ба баррасии Шӯрои нозирон пешниҳод намудани  ташкилоти қарзӣ - намояндаи Хазина барои пардохти ҷубронпулии суғурта;
- таҳия ва ба Шӯрои нозирон пешниҳод кардани сиёсати сармоягузорӣ;
- таҳия ва ба Шӯрои нозирон пешниҳод кардани барномаҳо оид ба интишори маълумот барои оммаи васеъ дар бораи нақши низоми суғуртаи пасандозҳо ҷиҳати таҳкими боварии аҳолӣ ба низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- таҳия ва ба Шӯрои нозирон пешниҳод кардани лоиҳаи санадҳои меъёрии дохилии Хазина;
- таҳия ва ба Шӯрои нозирон пешниҳод кардани тавсияҳо оид ба қарзгирии Хазина ҳангоми касри Хазина;
- иҷрои дигар ваколатҳое, ки дар Қонуни мазкур пешбинӣ шудаанд.
4. Раиси Хазина мумкин аст бинобар содир кардани амалҳое, ки ба манфиат ё эътибори кории Хазина зарар расонидаанд, аз вазифа озод карда шавад.
Моддаи 38.  Ҳолатҳое, ки таъини узви Шӯрои нозирон,  Раиси  Хазина ва муовинони ӯро истисно менамоянд
Шахс ҳуқуқ надорад узви Шӯрои нозирон, Раиси Хазина ё муовини ӯ бошад, агар вай:
- шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон набошад;
- ба талаботи тахассусии дар моддаи 39 Қонуни мазкур муқарраршуда ҷавобгӯ набошад;
- доғи судӣ дошта бошад;
- бо хешовандон ё ҳар гуна шахси дигаре, ки бо ӯ хоҷагии умумӣ мебарад, манфиати бевосита ё бавоситаи тиҷоратӣ дорад ва ӯро дар ҳолати номувофиқ аз иштирок дар қабули қарори Шӯрои нозирон ба худдорӣ маҷбур месозад;
- узви мақомоти намояндагӣ ва қонунгузор бошад;
-хизматчии давлатӣ бошад, ба истиснои ҳолатҳои муқаррарнамудаи сархатҳои дуюм ва сеюми қисми 2 моддаи 33 Қонуни мазкур;
- аз вазифа бо ташаббуси маъмурият озод карда шуда бошад.
 Моддаи 39. Талаботи тахассусӣ 
Шахс ба сифати узви Шӯрои нозирон, Раиси Хазина ё муовинони ӯ мувофиқ нест, агар вай:
- дар мурофиаи муфлисшавӣ қарздор бошад;
- аз тарафи мақоми ваколатдор аз нигоҳи касбӣ бесалоҳият эътироф гардида, аз давом додани фаъолияти касбӣ барканор шуда бошад;
- аз тарафи суд барои назорат ё идоракунии ширкат номувофиқ дониста шуда бошад;
- таҳсилоти олии иқтисодӣ надошта ё дар ин соҳа камтар аз даҳ сол таҷрибаи корӣ дошта бошад.
Моддаи 40. Ҷойҳои холӣ
Дар ҳолати тибқи моддаи 39 Қонуни мазкур ба талаботи тахассусӣ мувофиқ набудани узви Шӯрои нозирон ё ба истеъфо рафтани вай Раиси Шӯрои нозирон дар шакли хаттӣ дар ин бора ба аъзои Шӯрои нозирон хабар медиҳад ва ба ҷойи холишуда аз тарафи мақоми дахлдори таъинкунанда номзад тасдиқ карда мешавад.

БОБИ 7.
 ҲАМКОРИИ ХАЗИНА БО БОНКИ МИЛЛИИ
ТОҶИКИСТОН
Моддаи 41. Ҳамкории Хазина  ва Бонки миллии Тоҷикистон
Бонки миллии Тоҷикистон метавонад барои иштирок дар санҷишҳои ташкилоти қарзӣ доир ба масъалаҳои марбут ба андоза ва сохтори ӯҳдадориҳо аз рӯи пасандозҳо, пардохтҳо ва дигар масъалаҳое, ки аз Қонуни мазкур бармеоянд, Хазинаро ҷалб намояд ва ҳар гуна маълумотро аз он дар бораи пасандозҳои суғурташудаи ташкилотҳои қарзӣ бо мақсади пешгирии вайронкунии Қонуни мазкур  талаб кунад.
Моддаи 42. Мубодилаи иттилоот
1. Хазина дар бораи ҳама гуна тағйироте, ки ба Феҳристи ташкилотҳои қарзӣ ва пардохтҳо ворид мегардад, ба Бонки миллии Тоҷикистон хабар медиҳад.
2. Бонки миллии Тоҷикистон ба Хазина иттилооти зеринро пешниҳод менамояд:
- оид ба додани иҷозатнома ба ташкилоти қарзӣ ва бозхонди он;
- дар бораи азнавташкилдиҳии ташкилоти қарзӣ;
- дар бораи эҳтимолияти ба вуқӯъ омадани ҳолати суғуртавӣ ё ба вуқӯъ омадани он.
3. Бонки миллии Тоҷикистон баъди гирифтани қарори суд дар бораи муфлис эълон кардани ташкилоти қарзӣ нусхаи қарори мазкурро фавран ба Хазина ирсол менамояд.
4. Хазина оид ба ҳар гуна вайронкуниҳои Қонуни мазкур аз ҷониби ташкилоти қарзие, ки узви Хазина мебошад, саривақт ба Бонки миллии Тоҷикистон хабар дода, аз он андешидани чораҳоро барои бартараф кардани камбудиҳо дархост менамояд.
5. Намояндагони Хазина ва Бонки миллии Тоҷикистон барои мубодилаи иттилооте, ки дар моддаи мазкур пешбинӣ шудааст, мунтазам вохӯриҳо мегузаронанд.
Моддаи 43. Махфияти иттилоот
1. Аъзои Шӯрои нозирон, кормандони Хазина ва шахсоне, ки зери роҳбарии онҳо кор мекунанд ё аз ҷониби Хазина ҷалб карда мешаванд, бояд иттилоотро оид ба фаъолияти ташкилоти қарзӣ, ки дар натиҷаи татбиқи ҳамин Қонун дастрас мекунанд, махфӣ нигоҳ доранд.
2. Муқаррароти қисми 1 моддаи мазкур ҳангоми ифшо намудани иттилоот ба Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади назорати ташкилотҳои қарзӣ татбиқ намегардад.
Моддаи 44. Масъулият аз рӯи андозҳо
1. Озод намудани Хазина аз андозбандии ҳар гуна фоидае, ки аз манбаъҳои гуногун мегирад, аз ҷумла аз рӯи пардохтҳои аз ташкилотҳои қарзӣ, аз даромади аз сармоягузорӣ, қарзҳо ва дигар пардохтпулиҳои аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифташаванда мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.
2. Пасандоздорон аз ҳар гуна масъулияти пардохти андоз аз рӯи ҳар гуна ҷубронпулиҳои суғурта ва дигар пардохтҳое, ки аз тарафи Хазина ё аз номи он амалӣ мегарданд, озод мебошанд.

БОБИ 8.
МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 45. Баррасии баҳсҳо
Ташкилоти қарзӣ ё шахси воқеӣ метавонад аз рӯи қарори Хазина ва дигар санадҳои он дар давоми сӣ рӯзи баъди гирифтан ба суд муроҷиат намояд. 
Моддаи 46.Ҷавобгарӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 47. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи кафолати  амонатҳои шахсони воқеӣ"
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2003 "Дар бораи кафолати амонатҳои шахсони воқеӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2003, № 8, мод. 464) аз эътибор соқит дониста шавад.
Моддаи 48. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                          Эмомалӣ РАҲМОН

ш. Душанбе, 2 августи соли 2011, № 758


Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии
Тоҷикистон "Дар бораи  суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ" қабул карда шавад.
2. Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оиди қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи кафолати амонатҳои шахсони воқеӣ" аз 25 июни соли 2003, № 886 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2003, № 6, мод.340) аз эътибор соқит дониста шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. ЗУҲУРОВ

ш. Душанбе, 22 июни соли 2011, № 479


Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ" баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи  суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ" ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии  Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                    М. УБАЙДУЛЛОЕВ

ш. Душанбе, 21 июли соли 2011, № 206


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 828

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед