logo

суханрониҳо

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар маросими ифтитоҳи Маҷмааи истироҳативу фароғатӣ ва варзишии "Кӯли ҷавонон" дар Ҷамоати деҳоти Кӯлоби шаҳри Кӯлоб, 8 августи соли 2011

Ҳозирини гиромӣ!
Аввалан ҳамаи шуморо ба муносибати бистсолагии Истиқлолияти давлатии кишвари азизамон, ки рӯз то рӯз наздик шуда истодааст, инчунин бо ифтитоҳи Маҷмааи истироҳативу фароғатӣ ва варзишии нав табрик мегӯям.
Дар баробари ин, ба ҳамаи сохтмончиён ва шахсоне, ки барои бо сифати баланд ва сари вақт ба истифода супоридани ин иншооти муҳими варзишӣ саҳм гузоштанд, самимона арзи сипос менамоям.
 Фароҳам овардани тамоми шароити зарурӣ барои таълиму тарбия ва беҳтар гардонидани тандурустии  насли ҷавону наврас ҳадафи асосии сиёсати иҷтимоии давлат мебошад. Бо ин мақсад ҳоло дар тамоми шаҳру ноҳияҳо бунёду азнавсозӣ ва бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин кардани муассисаҳои варзишӣ торафт вусъат гирифта истодааст.
 Дар давраи соҳибистиқлолии кишвар соҳаи варзиш зина ба зина рушд ёфта, маблағгузории он ҳамасола зиёд гардида истодааст.
 Барои  сохтмону муҷаҳҳазгардонии маҷмааи имрӯза  аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз ду миллион сомонӣ  хароҷот карда шуда, он дорои шароити хуби истироҳату варзиш, аз ҷумла ҳавзи шиноварӣ ва заврақронӣ, ду майдони волейболу баскетбол, як корти теннис ва дигар иншооти ёрирасон мебошад.
Дар замони муосир нақши тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар ҳаёти аҳли башар ҳамчун падидаи иҷтимоӣ торафт афзуда истодааст. Аз ин нуқтаи назар, таъмини оммавияти варзиш, сатҳи саломатии аҳолӣ ва дастовардҳо дар мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ ҳамчун нишондиҳандаи имконият ва нерӯи маънавии ҳар як халқу миллат арзёбӣ мегардад.
Дарвоқеъ, тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар ҳама давру замонҳо барои инсон аҳамияти муҳим дошта, яке аз омилҳои асосии тандурустӣ ва ташаккули шахсияти ҷисман ва рӯҳан солим ба шумор меравад.
Аз ин рӯ, Ҳукумати Тоҷикистон барои беҳтар намудани саломатии аҳолӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби бештари аҳолӣ ба тарбияи ҷисмонӣ ва чорабиниҳои варзишӣ тадбирҳои пайваста меандешад.
Тадбирҳои анҷомдодаистодаи Ҳукумати Тоҷикистон, аз ҷумла қабул гаштани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш", Консепсияи миллии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи маҷмӯии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва сол ба сол зиёд гардидани ҳаҷми маблағгузории соҳа барои рушди соҳа заминаи мусоид фароҳам оварда истодаанд.
Ҳамзамон бо ин, дар мамлакати мо варзиш ҳамчун қисми ҷудонашавандаи сиёсати иҷтимоии давлат эътироф шудааст, ки ин масъала дар мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо варзишгарони кишвар 20 декабри соли 2010 махсус таъкид шуда буд.
Дар мулоқоти мазкур тамоми бурду бохти соҳа мавриди баррасӣ қарор гирифта, вобаста ба пешрафт ва ҳалли мушкилоти соҳа ба масъулон, роҳбарони мақомоти марказии давлатӣ ва маҳаллӣ дастуру супоришҳо дода шуданд.
Ҳукумати Тоҷикистон барои сохтмони иншооти варзишӣ ва гузаронидани чорабиниҳои гуногуни варзишӣ дар давоми солҳои охир зиёда аз 50 миллион сомонӣ ҷудо намудааст. Дар маркази вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо танҳо дар зарфи даҳ соли охир садҳо иншооти муҷаҳҳаз ва варзишгоҳҳои замонавӣ сохта, ба истифода супорида шудаанд ва корҳо дар ин самт идома доранд.
Маҳз соҳибистиқлолии давлат, ваҳдати миллӣ, сулҳу суботи ҷомеа ва рушди бемайлони соҳаҳои иҷтимоиву иқтисоди кишвар ба мо имкон дод, ки ҳамасола ба рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла  маорифу тандурустӣ ва варзиш маблағҳои зиёд равона карда шаванд.
 Дар натиҷа соҳаи варзиш тадриҷан тараққӣ карда истодааст, ки дастовардҳои варзишгарони тоҷик дар арсаи байналмилалӣ гувоҳи он мебошанд. Танҳо соли 2011 варзишгарони Тоҷикистон 125 медал, аз ҷумла 38 медали тилло, 34 медали нуқра ва 53 медали биринҷӣ ба даст овардаанд, ки дар ин ҷода саҳми варзишгарони вилояти Хатлон ва шаҳри Кӯлоб низ назаррас мебошад.
 Дар таърихи навини мо аввалин бор ду нафар варзишгари кишвар дар бозиҳои 29-уми олимпӣ дастболо шуда, бо медалҳо ба Ватан баргаштанд.
Мо бо сохтмону ба истифода супоридани иншооти варзишӣ, аз ҷумла иншооти имрӯза дар шаҳри Кӯлоб итминон дорем, ки онҳо барои рушду инкишофи тарбияи ҷисмонӣ ва оммавигардонии варзиш заминаи хуб фароҳам меоранд ва варзишгарони мо малакаи худро сайқал дода, дар мусобиқаҳои байналмилалӣ шарафи Тоҷикистони азизро баланд нигоҳ медоранд.
Ҳамзамон бо ин, умед дорем, ки варзиш дар баробари ташаккули тану рӯҳи солим дар тарбияи фарзандони далеру шуҷои Ватан ва муҳофизони ваҳдату амнияти модар - Ватан, инчунин созандагони ояндаи ободи он нақши бузург мебозад.
Муҳимтар аз ҳама, ин гуна иншоот бояд барои тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалби теъдоди ҳарчи бештари наврасону ҷавонон ба варзиш, яъне оммавигардонии варзиш, дар ин замина таъмин намудани солимии аҳолӣ ва пешгирӣ кардани ҳар гуна рафтори номатлуб, хусусан дар байни ҷавонон мусоидат намояд.
Дӯстони азиз!
Варзиш маънои тандурустиву саломатӣ, бардамиву дарозумрӣ ва василаи беҳтарини муаррифисозии Ватан ба ҷаҳониёнро дорад. Дар лаҳзаҳои садо додани Суруди миллӣ ва афрохта шудани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарафи ғалабаи варзишгарони мо дар мусобиқаҳои байналмилалӣ тамоми халқи кишвар худро сарбаланду пирӯз меҳисобад, ҳар як шаҳрванди ватандору ватандӯст аз ин дастовардҳои фарзандони шӯҳратёри Ватан ифтихор мекунад.
Аз ин рӯ, бояд ҷавонони мамлакат, аз ҷумла ҷавонони далеру боғайрат ва бонангу номуси шаҳри Кӯлоб ҷавобан ба ғамхориҳои давлату Ҳукумати Тоҷикистон минбаъд низ барои рушди маънавию ҷисмонии худ, таҳкими ваҳдати миллӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ, риояи қонуният ва ташвиқи тарзи ҳаёти солим саъю кӯшиш намоянд.
Шубҳае нест, ки ин маҷмааи нави замонавии ба талаботи муосир ҷавобгӯ ба маркази дӯстдоштаи ҷавонони ватандӯсту ватанпарасти шаҳри Кӯлоб табдил меёбад.
Дар охир бори дигар ба ҳамаи шумо бистсолагии Истиқлолияти давлатии Ватани азизамонро  муборакбод гуфта, ба ҳар кадоматон тани сиҳату рӯҳи болида, рӯзгори пурфайзу баракат ва барори кор орзумандам!
Ҳамеша саломату сарбаланд ва номбардори Ватани худ бошед!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 668

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд

НУРОБОД . Эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ

Ҷаҳон дар як сатр

11.04.2019


"Тоҷикон" ба забони ӯзбекӣ нашр шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед