logo

сафарҳо

Дар мавзеи баландкӯҳ вазнгирии шабонарӯзии чӯҷаҳо ду баробар зиёд аст

Нимаи дуюми рӯзи 8 август сафари кории Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, дар ноҳияи Мӯъминобод идома ёфт.
Дар ин ноҳия Президенти кишвар нахуст бо фаъолияти корхонаи парандапарварӣ аз наздик шинос шуд.
Зимни боздиди Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки чӯҷаҳои гӯштии ин корхона дар 45 рӯз 2- 2,5 кг вазн гирифта, барои забҳ омода мешаванд. Ҳоло  дар корхона 13800 сар мурғи гӯштӣ барои забҳ омода аст ва ҳар рӯз аз ин ҷо аз 800 то 1000 мурғ ё худ 2 тонна гӯшти парҳезии паранда ба бозор пешниҳод мегардад. Дар як моҳ 20 тонна гӯшт ба бозор меравад, ки баробар ба вазни сад сар чорвои калон аст. Аз ин хотир, Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, таъкид дошт, ки бо зиёд кардани саршумори парандаи гӯштӣ метавон ба коҳиш додани забҳи чорво ва афзун намудани шумораи он мусоидат кард.
Месазад таъкид намуд, ки ба туфайли обу ҳавои мусоиди ноҳияи Мӯъминобод, чӯҷаҳои гӯштии ин корхона дар як шабонарӯз то 150 гармм вазн мегиранд, ҳол он, ки нишондоди миёнаи вазнгирии шабонарӯзии паранда дар ҷаҳон 80 грамм аст.
Ғайр аз ин 7,5 ҳазор чӯҷа парвариш меёбад. Ба иттилои роҳбарияти корхона, дар дастгоҳи чӯҷабарорӣ ё худ инкубатори он 63500 дона тухм гузошта мешавад ва аз 90 фоизи он чӯҷа мебарояд. Аҳли заҳмати корхона 8 мурғхонаро пурра тармиму омода карда, азм  доранд, ки саршумори парандаро ба 150 ҳазор сар расонанд. 
Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, барои амалӣ шудани ин ҳадаф ба масъулон супориш дод, ки ба ин корхона заминҳои иловагӣ ва қарзи бонкии имтиёзнок ҷудо намоянд.
Дар ин корхона 62 нафар аз аҳолии маҳаллӣ  бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гаштааст. Роҳбари корхона бо ҳидояти Сарвари давлат ӯҳдадор шуд, ки ба ифтихори ҷашни 20 - умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба маоши коргарон 150 сомонӣ илова кунад.
Дар ноҳияи Мӯъминобод бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, як сардхонаи бузург, ки барои нигоҳдории 1000 тонна гӯшт ва меваю сабзавот пешбинӣ шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Дар маркази ноҳияи Мӯъминобод Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, бо роҳбарияту фаъолон ва намояндагони сершумори мардуми ин ноҳияи кӯҳистон мулоқот намуда, ба суолу дархостҳои онҳо посух гуфт ва ба масъулони ҷумҳуриявию маҳаллӣ барои рафъи як қатор мушкилу монеаҳо супоришҳои мушаххас дод.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1276
25.02.2021


ХАДАМОТИ ГУМРУК. ҚОНУНШИКАНӢ КАМ ВА ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ ЗИЁД ШУДАНД

«ТОҶИКОН» ДАР ТОҶИКОБОД

АЗ РАШТ ТО ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ ЗАМИНҲОИ КИШТ

КИШОВАРЗӢ. 11 КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ ТАЪСИС МЕЁБАД

TASHKENT GRAND SLAM 2021. ТОҶИКИСТОНРО КИҲО МУАРРИФӢ МЕКУНАНД?

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД

22.02.2021


ҶОМИ ФФТ – 2021. "ИСТИҚЛОЛ" МАРОТИБАИ ШАШУМ СОҲИБИ ҶОМИ ФФТ ШУД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

МИЗИ МУДАВВАР. БАРРАСИИ МАВЗӮИ КОРКАРДИ НАХИ ПАХТА ТО МАҲСУЛОТИ НИҲОӢ

ХАТЛОН. ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНҲОИ ОЯНДАСОЗ

19.02.2021


АЪЗОИ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТИИ «ҲИЗБ УТ-ТАҲРИР» БА ДАСТ АФТОДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ДУШАНБЕ. ИҚДОМОТИ БЕСОБИҚАИ ШАҲРДОРӢ ДАР ТАҲКИМИ ҲАВАСМАНДИИ ҶАВОНОН БА АРТИШ

«САНЪАТШИНОСӢ» ПАДИДАИ НАВ ДАР ҲУНАРШИНОСИИ ТОҶИК

ИММУНИЗАТСИЯ. БЕМОРИИ ФАЛАҶРО ПЕШГИРӢ МЕКУНЕМ!

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

РАШТ. ҲАДАФИ ЧОРУМИ МИЛЛӢ ЗИНДАГИРО РАНГИ ДИГАР МЕБАХШАД

ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ҲУНАРҲОИ ОРОИШӢ АЗ САНГ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ХАТЛОН. СОДИРОТИ БЕШ АЗ 108 000 ТОННА МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

ЭКОЛОГИЯ. НАҚШАИ НИҲОЛШИНОНӢ 30 ДАРСАД ЗИЁД ИҶРО ГАШТ

НОРАК. АВЛАВИЯТ БА КИШТИ ТАКРОРӢ

16.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҶАҲОН

Навидҳои фарҳанг

15.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед