logo

суханрониҳо

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мулоқот бо аҳолии ноҳияи Ховалинг 9 августи соли 2011

Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!
Аввалан ҳамаи шумо - сокинони бонангу номус ва фарҳангдӯсти диёри куҳанбунёди Ховалингро  ба ифтихори ҷашни бистсолагии истиқлолияти Ватани азизамон табрик гуфта, бароятон тани сиҳату умри дароз ва файзу баракати зиндагӣ орзу менамоям.
Шумо хуб медонед, ки мо бо мақсади аз наздик ошноӣ пайдо кардан бо вазъи зиндагии мардум, раванди корҳои ободониву созандагӣ, вазъи кор дар хоҷагиҳои кишоварзӣ ва корхонаҳои саноатӣ, шиносоӣ бо ҷараёни таълиму тарбия ва муайян кардани вазифаҳо барои оянда мунтазам ба шаҳру ноҳияҳои гуногуни мамлакат сафари корӣ анҷом медиҳем.
Ва имрӯз бо ҳамин ният ба дидорбинии шумо омадем ва бисёр хушҳолем, ки мулоқоту дидори имрӯзаи мо ба рӯзҳои наздикшавии ҷашни бистсолагии озодиву соҳибихтиёрии Тоҷикистони азизамон баробар омад.
Ноҳияи Ховалинг дар даврони истиқлолияти давлатӣ хеле рушду тараққӣ карда, дар ҳамаи самтҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст.
Ҳанӯз аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ давлат ва Ҳукумати кишвар барои таъмини пешрафти ноҳия ва ҳаллу фасли мушкилоту проблемаҳои он ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ гардонид. Аз ҷумла, дар давоми солҳои 1991-2011 барои сохтмони асосии ноҳия аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои буҷетӣ 28 миллион сомонӣ равона шуда, корҳои сохтмону васлкунӣ  ба маблағи 26 миллион сомонӣ иҷро гардиданд.
Имрӯз дар ноҳия 6 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 3 миллион сомонӣ татбиқ шуда истодааст, ки онҳо барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ, ислоҳоти соҳаҳои маорифу тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва рушди соҳаи кишоварзӣ равона гардидаанд.
Дар давоми солҳои истиқлолият фаъолияти корхонаҳои саноатии ноҳия дар бобати зиёд намудани истеҳсоли маҳсулот мунтазам беҳтар гардида, соли 2010 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 31 миллион сомонӣ расонида шудааст, ки дар муқоиса бо соли 2005 17 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Агар шумораи сеху корхонаҳои саноатӣ  дар соли 2000 -ум 3 адад бошад, ҳоло теъдоди онҳо  ба 8 адад расидааст.
Айни ҳол 6 корхонаи саноатии ноҳия дар асоси ашёи хоми маҳаллӣ фаъолият дорад, ки дар онҳо беш аз 800 нафар мутахассис ва коргари маҳаллӣ фаъолият мекунад.
Асоси соҳаро корхонаҳои махсуси давлатии "Тиллои тоҷик",  коргоҳҳои заршӯии "Одина" ва "Артели Помир" ташкил медиҳанд, ки ба истеҳсоли металлҳои қиматбаҳо машғул мебошанд.
Сол ба сол афзоиш ёфтани талабот ба ин намуди маҳсулот ва инчунин торафт зиёд гардидани нархи тилло дар бозорҳои ҷаҳонӣ роҳбарону масъулони соҳа ва мутахассисонро водор месозад, ки ба масъалаи афзун намудани истеҳсоли ин маҳсулоти бозоргир таваҷҷӯҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд.
Зикр кардан бамаврид аст, ки зиёда аз 60 фоизи даромади буҷети маҳаллӣ аз ҳисоби пардохти андозҳо аз корхонаҳои мазкур   пурра карда мешавад.
Дар ин давра дар ноҳияи Ховалинг се нерӯгоҳи хурди барқи обӣ сохта, ба истифода дода шуд. Инчунин зиёда аз 24 километр роҳҳои автомобилгарди дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ аз таъмири асосӣ бароварда шуданд. Ба ғайр аз ин, доир ба мустаҳкам кардани соҳилҳо хеле корҳо ба иҷро расонида шудаанд.
Ҳозирини мӯҳтарам!
Дар ҳудуди ноҳияи Ховалинг барои тараққӣ додани бахшҳои гуногуни кишоварзӣ, аз ҷумла чорводорӣ, боғу токпарварӣ, кишти картошкаву занбӯриасалпарварӣ ва коркарди саноатии маҳсулоти кишоварзӣ ҳамаи шароити зарурӣ муҳайё мебошад.
Боиси ёдоварист, ки солҳои 80 - уми асри гузашта ноҳияи Ховалинг дар соҳаи чорводорӣ машҳур буд. Дар хоҷагиҳои чорводории он зиёда аз 14 ҳазор сар чорвои калон парвариш ёфта, ҳазорҳо тонна гӯшт истеҳсол мешуд.
Аз ин лиҳоз, ба роҳбарону мутахассисони ноҳия зарур аст, ки бо истифода аз имкониятҳои мусоиди ноҳия доир ба ин масъала чораҷӯӣ намоянд.
Ҷиҳати амалӣ намудани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тадбирҳои иловагӣ доир ба рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2010-2014" дар ноҳияи Ховалинг 450 гектар боғҳои нав бунёд гардида, даҳҳо чоҳи амудӣ ва насосҳои обкашӣ аз таъмир бароварда шуданд, ки дар натиҷа зиёда аз 400 гектар заминҳои кишт бо об таъмин гардиданд.
Натиҷаи заҳмати софдилонаи кишоварзони ноҳияи Ховалинг дар  даврони соҳибистиқлолӣ буд, ки имрӯз кишти картошкаю сабзавот аз 316 гектари соли 2005 ба 680 гектар ва зироатҳои техникӣ ба 7 ҳазор гектар расонида шудааст.
Ҳамчунин дар мавсими ниҳолшинонии соли ҷорӣ зиёда аз 90 ҳазор бех ниҳолҳои мевадиҳанда ва сояафкану ороишӣ шинонида, майдони умумии боғҳо ба 2200 гектар расонида шуд, ки нисбат ба соли 2005-ум 760 гектар зиёд мебошад.
Дар ин давра истеҳсоли ғалладонагиҳо 5 баробар, сабзавот 40 фоиз, картошка 3 ва мева 4 баробар афзоиш ёфтааст.
Бо вуҷуди ин, дар ноҳия барои ташкили  боғу токзорҳои  нав ва афзоиши истеҳсоли меваю ангур, картошкапарварӣ ва ба роҳ мондани коркарди саноатии маҳсулоти кишоварзӣ имкониятҳои васеъ мавҷуданд. Вобаста ба ин таъкид карданӣ ҳастам, ки бо дарназардошти сол ба сол баланд шудани нархҳои маҳсулоти ғизоӣ дар бозорҳои ҷаҳонӣ, гармшавии иқлими сайёра, инчунин боло рафтани нархи маводи сӯзишворӣ бояд ҳар ваҷаб замини кишоварзии ноҳия оқилона ва самарабахш истифода бурда шавад.
Инчунин соҳибкорону кишоварзон дар навбати аввал ба масъалаи баланд бардоштани ҳосилнокии замин, бахусус заминҳои обӣ ва рӯёнидани маҳсулоти аз ҷиҳати иқтисодӣ бештар фоидаовар ва кишти такрорӣ таваҷҷӯҳи аввалиндараҷа зоҳир намоянд.
Ҳамчунин дар ноҳияи Ховалинг тараққӣ додани бахши хоҷагии ҷангал ва афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти он, аз ҷумла гиёҳҳои шифобахш, манбаи хуби даромад мебошад.
Дӯстони азиз!
Бо дастгирии Ҳукумати мамлакат дар доираи татбиқи лоиҳаҳои бахши иҷтимоӣ то имрӯз дар ноҳияи Ховалинг 16 муассисаи нави таълимӣ бунёд ё аз таъмири асосӣ бароварда, бо лавозимоти хониш пурра таъмин карда шудаанд.
Ҳамчунин  сохтмони иншооти тиббӣ, таъминоти онҳо бо таҷҳизоти барқдиҳанда ва нақлиёти ёрии таъҷилӣ ба анҷом расонида шудааст.
Дар солҳои таҳсили 2001 - 2011 аз ноҳияи Ховалинг тибқи квотаи президентӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар 152 нафар, аз ҷумла 109 нафар духтар, ба таҳсил фаро гирифта шудааст, ки як қисми онҳо баъди хатми мактаби олӣ ба зодгоҳашон баргашта, имрӯз дар ташкилоту муассисаҳои гуногуни ноҳия кору фаъолият доранд.
Дар ҳудуди ноҳияи Ховалинг 55 ёдгории таърихиву фарҳангӣ, аз ҷумла зиёратгоҳи маъруфи ҳазрати Султон Увайси Қаранӣ, Боғ - осорхонаи таърихи шӯриши Восеъ, шаҳри Мунки қадим, бошишгоҳи одамони асри санг дар мавзеъҳои Хонақои Севодара, Кӯлдара, Маъбади Буддои Чепол ва Сангтӯда мавҷуд мебошад, ки онҳо нишондиҳандаи таърихи қадимтарини халқи тоҷик ва арзишҳои нодир ба ҳисоб мераванд.
Вобаста ба ин, хотирнишон месозам, ки обод нигоҳ доштани онҳо, ҷалби сайёҳон ва ташкили инфраструктураи муосир барои рушди сайёҳӣ яке аз роҳҳои ба ҷойи корӣ таъмин гардидани сокинони ноҳия, инчунин манбаи даромади хуб мебошад. 
Бо дастгирии Ҳукумати мамлакат соли 2007 мазори ҳазрати Султон ва Боғ - осорхонаи таърихи шӯриши Восеъ  барқарор гардида, таъмиру тармим шуданд ва айни замон ба зиёратгоҳи мардуми кишвар ва меҳмонону сайёҳони хориҷӣ табдил ёфтаанд.
Мо бояд онҳоро эҳтиёт кунем ва дар баробари ин, ҳаргиз фаромӯш насозем, ки гузаштагонамон ба мо ёдгориҳои гаронбаҳои меъмориву таърихӣ, илмиву адабӣ ва фарҳангиро ба мерос гузошта, ҳамеша ба ваҳдату ягонагӣ, ободкориву созандагӣ, донишандӯзӣ ва риояи одобу ахлоқи ҳамида талқин кардаанд.
Вазифаи аввалиндараҷаи мо дар баробари таҳкими истиқлолияти давлат, таъмини зиндагии осудаи мардум ва рушду ободии Ватани азиз, инчунин ба ояндагон бо таровату мӯҳтавои тозаи маънавӣ боқӣ гузоштани дастоварду арзишҳои волои милливу фарҳангӣ мебошад.
Итминони комил дорам, ки сокинони заҳматқарину ҳимматбаланд ва фарҳангдӯсту адабпарвари ноҳияи Ховалинг минбаъд низ дар раванди сиёсати созанда ва бунёдкоронаи давлат ва Ҳукумати кишвар бо нерӯи тозаву рӯҳи болида ва ғайрати дучанд ширкат варзида, барои истиқболи сазовори ҷашни истиқлолияти давлатиамон саҳми арзандаи худро дареғ намедоранд.
Бо ҳамин ниятҳои нек, бори дигар ҷашни фархундаи бистсолагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони маҳбубро ба ҳамаи шумо -сокинони бонангу номус ва ҳимматбаланду меҳмоннавози ноҳияи зебоманзару куҳанбунёди Ховалинг табрик гуфта, бароятон тансиҳатӣ, хонаи обод ва хушбахтии ҳамешагиро орзу менамоям.

Ҷашни истиқлолу озодӣ муборак бошад!
Доимо саломату сарбаланд бошед!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 654

19.07.2019


ПАЛАТАИ ҲИСОБ. 88,З миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гашт

УМЕД БОБОЗОДА: "Аксари муроҷиатҳо оид ба адолати судиянд"

Кӯдакони аз Ироқ овардашуда ба зиндагии муқаррарӣ бармегарданд

"EXPO 2019 BEIJING". Гӯшаи Тоҷикистонро беш аз як миллион нафар тамошо кард

НИГАРОНӢ. Ҷудошавии 6065 оила дар ним сол

18.07.2019


ХАДАМОТИ ЗИДДИИНҲИСОРӢ. Болоравии нархи барқ ба қарзи он марбут аст

Азим Иброҳим Ким Тэ Сонгро ба ҳузур пазируфт

Ба ташкили корхонаҳои муштарак ҳавасмандӣ зоҳир гардид

Ҳамоиши «Ваҳдат – омили ягонагӣ ва суботи ҷомеа» доир шуд

Ҳамкорӣ бо Қатар густариш меёбад

Саридораи геология. 2810 харитаи геологӣ рақамӣ шуд

121 шахси масъул ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуд

Роҳи нави сесатҳаи Душанбе ба истифода дода мешавад

Президенти Қазоқистон Шӯрои миллии эътимоди ҷомеаро созмон дод

Дар Ӯзбекистон аввалин IT-технопарк бунёд мегардад

Ҷаҳон дар як сатр

17.07.2019


Музокироти ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Корея

КУМИТАИ МУҲИТИ ЗИСТ. Нигаронӣ аз набудани партовгоҳҳо дар деҳот

ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ. 5774 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонда шуд

ИЗЗАТУЛЛО САТТОРӢ: "Истеҳсоли гӯшти мурғ 9 маротиба зиёд мегардад"

ВАЗОРАТИ АДЛИЯ. Хулосаи ҳуқуқӣ ба 1936 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

ТАЭКВОН – ДО. Муниса медали тилло ба даст овард

Суръати рушди ММД Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ баландтарин шуд

Тоҷикистон ба сохтмони лӯлаи гази «Осиёи Марказӣ — Чин» шурӯъ мекунад

Дар ҷанубу ғарби Чин аз хушксолӣ 7,4 миллион нафар зарар дид

Ҷаҳон дар як сатр

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «ТОҶИКИСТОН – ХОНАИ УМЕДИ МО» озмун эълон менамояд.

16.07.2019


ХАДАМОТИ АЛОҚА. Корти ID симкорти муштариро ба расмият медарорад

ЭНЕРГЕТИКА. 2,5 миллиард сомонӣ қарзи дебитории "Барқи тоҷик" муаммои ҳалталаб боқӣ мемонад

15.07.2019


Сарвазири Корея ба Тоҷикистон меояд

Баррасии масъалаҳои ҳамгироии САҲА, СҲШ ва ИА дар минтақаи Осиёи Марказӣ

Нахустин шумораи маҷаллаи «Осиё ва Аврупо» аз чоп баромад

ДТТ. Изҳори нигаронӣ аз вазъи бо кор таъмин шудани хатмкардаҳо

ТИБ. 288 номгӯи доруи ғайристандартӣ ошкор шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед