logo

президент

Машварати кории Сарвари давлат

15 август Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, машварати корӣ доир намуд.
Дар машварат Оқил Оқилов, Сарвазири мамлакат,   муовинони Сарвазир, аъзои Ҳукумат, Роҳбари Дастгоҳи иҷроия ва мушовирони давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҳмадсаид Убайдуллоев, Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои пойтахт ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд.
 Дар машварат масоили вобаста ба таъмини фаровонӣ дар бозори истеъмолӣ, вусъати корҳои созандагию ободонӣ, омодагӣ ба таҷлили солгарди 20 - уми Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва дастгирии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ дар арафа ва рӯзҳои Иди саиди Фитр ва ҷашни истиқлол баррасӣ шуд.

 Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, ба масъулони дахлдор доир ба таъмини фаровонию арзонӣ ва тартибу низоми зарурӣ дар бозори истеъмолии кишвар супоришҳои мушаххас дод.
 Дастуру ҳидоятҳо ҳамчунин доир ба омодагӣ ва таҷлили сазовори 20 - умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дода шуд. Таъкид гардид, ки "ҳамаи иду ҷашнҳо дар Тоҷикистон, чун анъана, ҳамқадам  бо корҳои бунёдкорию созандагӣ ва ободонӣ мебошанд ва ин анъанаи накӯ бояд ба кори ҳамарӯзаи мо табдил ёбад, то ки як кишвари ободу шукуфон ва аз ҳар ҷиҳат рушдёфта дошта бошем".
 Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, роҳбарони тамоми сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ ва ҳамаи шахсони сарватманду саховатпешаро ба дастгирии ятимону бепарасторон, маъюбону барҷомондагон, мискинону мусофирон, оилаҳои камбизоат ва ҳамаи ниёзмандон даъват намуда, таъкид дошт, ки "онҳо низ мисли ҳама бояд имкони бо шодию нишот истиқбол гирифтани иди саиди Фитр ва ҷашни солгарди 20 - уми Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азизро дошта бошанд".


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 734

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед