logo

илм

Қасам ба номи Бӯалӣ

Нақши Абӯалӣ ибни Сино дар пешгирӣ ва табобати бемориҳои сироятӣ

Ҳастӣ барои фоида расондан ба дигарон аст, вагарна ин ҳастиро дар ботин нафӣ мебояд кард.
Ин ҳикмати бузургро бори аввал дар таърихи башар орифони бузурги мо чун дастури зиндагӣ пазируфта, бинои тарбиятро асос бар он ниҳоданд. Ташаккули ин гуна афкори зиндагисози миллати тоҷик тасодуф  набуда, решаҳои амиқи таърихӣ дорад ва аз давраҳои қадим мисли як ғаризае дар дилу ҷон ва мағзу устухони мо ҷой гирифтааст.  Фарзандони бузурги тоҷик дар ҳар асру замон бо зиндагии шоён ва осори гаронмояи худ раҳнамои ҳақиқии башар будани чунин афкорашонро собит гардонданд. Намунаи барҷастаи он ҳаёту фаъолияти Абӯалӣ ибни Сино, Шайхурраис, яке аз саромадони илми тиб ва пири ҳакимони Шарқ, мебошад.
Ӯ ҳамеша ба омӯзишу пажӯҳиш ва таълифи осори илмӣ машғул буд ва бештарин соатҳои ҳаёташро дар ин роҳ сарф намуд. Ибни Сино муборизе  буд, ки  дар роҳи ҳалли муаммоҳои умумибашарӣ, ба хотири фоида расондан ба дигарон ва наҷоти миллионҳо сокини сайёра аз бемориҳо корҳои бузурге анҷом дод.
Асарҳои Ибни Сино беш аз 1000 сол боз ба тамоми мардуми олам яксон хизмат менамоянд. Эътибори асарҳои олим дар ҷаҳон хеле баланд буда, минбаъд низ ҳамчунон баланд боқӣ хоҳанд монд.
Дар ибтидои асри XII, бори аввал Ҷерадӣ Кримонӣ (1114-1187) олими Ғарб, китоби "Ал-қонун"-ро ба забони лотинӣ тарҷума намуда, дар баробари ихтирои дастгоҳи чопкунӣ ва роҳандозии санъати китобчопкунӣ, онро дар радифи аввалин китобҳои муқаддас, аз қабили Таврот ва Инҷил, соли 1473 ба табъ расонид. Баъдан ин китоб солҳои 1658 дар Лвов аз ҷониби Пломпид, 1491 дар Неапол ба забони ибронӣ, бо тарҷумаи Юсуф Ларкӣ, ба табъ расидааст.
Ҳамин тариқ, "Ал-қонун" дар Аврупо шӯҳрат ёфта,  40 маротиб дар  шакли комил ва чандин бор қисман чоп шудааст. Онро то нимаи дувуми асри XVII дар тамоми донишгоҳҳои тиббӣ ҳамчун китоби дарсӣ мавриди омӯзиш қарор медоданд.
"Ал-қонун" на фақат ифтихори миллиии мост ва аҳамияти таърихӣ дорад, балки тибби ҳозира аз бисёр ҷиҳатҳо ҳанӯз мӯҳтоҷи "Ал-қонун" ва маслиҳатҳои  бебаҳои муаллифи он мебошад.
Ибни Сино иллатҳои бемориро на фақат ба табиати шахсии инсон вобаста медонист, балки аз ин фаротар рафта, муҳити табиӣ, иқлим, фаслҳои сол, ҳаракати моҳу сайёраҳо ва низоми офтобро омилҳои  муҳим ва муассири ҳолати дурустӣ ва бемории тани инсон меҳисобид.
Имрӯз илми тиб барои мубориза бо як қатор бемориҳо, бавижа бемориҳои сироятӣ ва умуман бемориҳое, ки сабаби пайдоишашон  микробҳоянд,  қудрати тамом дорад.
Кашфу ақидаҳои аввалин дар бораи микробҳо ҳамчун сабабгори як қатор бемориҳои хусусияти вогиридошта ва ихтирои асбоби заррабин ба номи олимони Ғарб нисбат дода мешавад.
Агар олими ҳоландӣ Антон Левенгук аввалин маротиба дар соли 1675 дастгоҳи заррабинро кашф карда, ба олами микроб ва дарёфти онҳо асос гузошт,  Абуалӣ ибни Сино дар асарҳои худ қайд намудааст, ки сабабгори як қатор бемориҳо зарраҳои хурдтарини ҷондоре мебошанд, ки онҳоро бо чашми одӣ дидан номумкин аст. Яъне ин олими барҷаста қариб ҳафт аср пеш аз пайдоиши дастгоҳи заррабин дар табиат вуҷуд доштани микробҳои касалиоварро пешбинӣ намуда, хусусияти аз шахс ба шахси дигар сироят ёфтанро муайян намудааст.
Саҳми Ибни Сино дар пешгирӣ ва табобати як қатор бемориҳои сироятӣ хеле бузург аст.  Дар асарҳои  ӯ хусусиятҳои паҳншавӣ, пешгирӣ ва табобати бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла бемории тоун, вабо, сӯхтанӣ, ҳорӣ, обакон, гулафшон, сурхакон, баногӯш, сарсом,  вараҷа ва  кирми меъдаву рӯда дарҷ гардидаанд.   
Ин олими ташхисгар навъи бемориҳоро муайян намуда, сабабҳои пайдоиш ва роҳҳои сирояти онҳо, нишонаҳои сарирӣ ва аломати тафриқии онҳоро аз дигар касалиҳо пешниҳод намудааст.
Абӯали ибни Сино бемориҳои инсонро  ба бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҷудо намуда, паҳншавии бемориҳои сироятиро бо омилҳои обӣ, ғизоӣ ва ҳавоӣ  вобаста медонад. Ғайр аз ин, олим оид ба  бемориҳое, ки аз насл ба насл мегузаранд, дар бораи бемориҳои гузаранда ҳини мубоширати одамон ва ё хоси ин ё он минтақа маълумот медиҳад.
Дар хусуси бемориҳои алоҳида, аз ҷумла ҳорӣ, ки бар асари  газидани саг сар мезанад, Ибни Сино дар китоби "Ал-қонун" овардааст: "Ҳангоми газидани саги ба бемории ҳорӣ гирифторшуда дар ҷои газида ба ҷуз захм чизе намудор нест. Баъди якчанд шабонарӯз дар одам  нишонаҳои девонагӣ, тарс, фикрҳои ноором ва ҳолати ваҳшатангез пайдо мешавад. Бемор аз рӯшноӣ паноҳ ҷуста, ташнагиву  хушкии даҳон азияташ медиҳад. Ӯ аз одамон канора  гирифта, танҳоиро авлотар медонад. Мехоҳад, ки об нӯшад, вале аз ҳарос ҳини фурӯбарии об гулӯгир мешавад".
Ибни Сино дар асарҳои худ нишонаҳои бемории ҳориро дар саги бемор аниқ дарҷ намудааст.  Бенатиҷа будани табобатро ҳангоми ин беморӣ қайд намуда, баъди 4-рӯзи пайдо шудани нишонаҳои сарирӣ фавтидани беморро пешгуӣ менамояд.
Ин ақидаҳо нисбат ба пайдоиш ва раванди бемории ҳорӣ аҳамияти худро то ҳол гум накардаанд. Нисбат ба пешгирии ин беморӣ Ибни Сино ба шахси саггазида хӯрондани ҷигари  саги сироятёфтаро дар намуди хом тавсия медиҳад. Албатта, имрӯз истифодаи ин усули муолиҷа зарурат надорад. Вале собит шуда, ки ҳангоми ба беморӣ гирифтор  шудани саг дар ҷигари он зидҷисмҳо (антитела) ҳосил мешаванд ва хӯрдани ин гуна ҷигар дар организм муқобилиятнокиро бар зидди барангезандаи бемории ҳорӣ пайдо менамояд.
Гулафшон,  ки аз қадимулайём дар байни мардум маълум аст,  аз бемориҳои хатарнок ба шумор меравад. Он ба гурӯҳи бемориҳои ҳавоӣ-қатраӣ шомил буда, ба воситаи ҳаво аз як одам ба одами дигар мегузарад.
Ибни Сино оид ба нишонаҳои сарирӣ, табобат ва пешгирии бемории гулафшон  муфассал маълумот дода, аз шахси бемор ба воситаи ҳаво паҳн гаштани онро қайд намудааст.
Бемории  сӯхтанӣ аз давраҳои қадимтарин бо номҳои "оташи муқаддас", "оташи форсӣ" маълум аст.  Абӯали ибни Сино дар бораи аломатҳои саририи он  маълумот дода, қайд менамояд: "Беморӣ бо хориши пӯст оғоз шуда, обила пайдо мешавад, аз онҳо моеи часпак берун омада, мисли мавзеи бо оташ сӯзондашуда ранги хокистар ё сиёҳро мегирад".
Бемории дигари хатарноки сироятӣ, ки бо номи тоун ёд мешавад, аз замонҳои қадим сабаби фавти зиёди одамон мегашт. Пандемияи аввалини он дар асри IV боиси марги 100 миллион аҳолии кураи Замин ва пандемияи дигари он бо номи "марги сиёҳ", ки соли 1348 аз Осиё ба Аврупо интиқол  ёфт, боиси марги 50 миллион,  ё ин ки чоряки аҳолии Аврупо гардид. Ибни Сино дар "Ал-қонун" роҳҳои паҳншавии ин бемориро бо воситаи ҳаво алоқаманд дониста, чорабиниҳои аз ҷониби ӯ дар самти пешгирии  беморӣ пешниҳод  гардида, то имрӯз аҳамияти амалиашонро гум накардаанд.
Вараҷа аз замонҳои қадим бо номҳои "таби ботлоқӣ", "табларза", "безгак"  маълум аст. Ҳамасола ин беморӣ аз 500 то 700 миллион одамонро сироят намуда, 3 миллионро ба ҳалокат мерасонд.
Ҳазорсолаҳост, ки муолиҷаи он бо доруи аз пӯстлоху решаи дарахти "хин" сохташуда сурат мегирад. Танҳо  даҳсолаи охир чиноиҳо барои табобати бемории вараҷа доруе аз тахачи яксола тайёр карданд. Абӯалӣ ибни Сино беш аз 1000 сол пеш тарзи табобати вараҷаро бо гиёҳи тахач  пешниҳод карда, тарзи дурусти ҷамъоварӣ ва тайёр намудани  доруро аз ин гиёҳ дарҷ намудааст.
Ин мисолҳо гувоҳанд, ки решаи аслии тамаддунҳо аз олами  Шарқ сарчашма гирифта, миллати тоҷик нақши бевосита дар он гузоштааст.
Истиқлолияти давлатии кишвар ба густаришу пешрафти тибби ниёгон ҳамаҷониба мусоидат намуд.  Табибони тоҷик, ки бо номи Абӯалӣ ибни Сино қасам ёд намуда, касби  муқаддаси табибиро оғоз менамоянд,  бояд ҳамеша тарғибгари саромадони миллати хеш бошанд.

Азалшоҳ ШАРИФОВ,
мудири кафедраи бемориҳои сироятӣ, вогиршиносӣ, беҳдошт
ва ҳифзи муҳити зисти ДТИБКТТ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 3479

21.02.2019


ХУҶАНД. Оғози сохтмони бинои нави «Тоҷикстандарт»

ФУТБОЛ. Тақвими бозиҳои тими мунтахаби олимпии кишвар муайян гардид

Табибон аз Тотористон бо ҳампешаҳои тоҷики худ мубодилаи таҷриба мекунанд

Роҳандозии лоиҳаҳои инноватсионӣ дар Қазоқистон

Дар Ҳиндустон 13 иштирокдори тӯй зери чархи мошини боркаш монд

Сӯхтор сабабгори марги ҳафт кӯдак дар Канада

Ҷаҳон дар як сатр

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид

ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН. Гардиши савдо ду баробар афзуд

Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ ба афзоиши баландтарини ММД муваффақ гашт

Дар Тошканд конфронси байналмилалӣ оид ба Осиёи Марказӣ баргузор мегардад

Қасри сафед: "Музокироти тиҷоратӣ дар Пекин ба пешравӣ мусоидат кард"

Трамп мехоҳад ҷангиёни «Давлати исломӣ» - ро ба Аврупо барои суд кардан баргардонад

Кумитаи амнияти иттилоотии Қазоқистон беш аз 90 сомонаи хавфнокро ошкор сохт

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед