logo

суханрониҳо

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳангоми ифтитоҳи пули байнидавлатии миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар ноҳияи Ванҷ, 16 августи соли 2011

Ҳамватанони азиз!
Меҳмонони гиромӣ ва ҳозирини арҷманд!
Бисёр хушҳолам, ки имрӯз бори дигар бо шумо - мардуми меҳмоннавозу чеҳрагарм ва худогоҳу ватандӯсти ноҳияи биҳиштосои Ванҷ мулоқот менамоям. Мехоҳам пеш аз ҳама изҳор намоям, ки ҳар вақте ба дидорбинии шумо меоям, вуҷудамро шодмонӣ ва қаноатмандӣ аз дастгирии самимонаатон нисбат ба сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати Тоҷикистон фаро мегирад.
Дар ҳамоиши имрӯза ҳамчунин ҳайати кишвари ба мо дӯсту бародари Афғонистон бо сарварии ҷаноби Асадулло Холид, раиси сарҳадот ва қавоим, ширкат доранд, ки онҳоро аз номи мардуми Тоҷикистон сидқан хайра мақдам мегӯям.
Сафари навбатии мо ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, аз ҷумла ба ноҳияи Ванҷ, ба айёме иттифоқ афтод, ки тамоми хурду бузурги мамлакат ба хотири истиқболи арзандаву сазовори ҷашни пуршукӯҳу ҷалоли миллиамон - бистумин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азиз ба корҳои созандагиву ободонии Ватан камари ҳиммат бастаанд. Аз ин лиҳоз, бо истифода аз фурсати муносиб ҳамаи шумо - ҳозирини гиромӣ ва меҳмонони арҷмандро аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба ифтихори ҷашни бистумин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва ба муносибати ифтитоҳи пули навбатии дӯстиву ҳамкорӣ дар миёни кишварҳоямон самимона табрик гуфта, бароятон оромиву осудагии хонадон, файзу баракати зиндагӣ ва барору комёбӣ мехоҳам.
Бист сол қабл аз ин дар ҳаёти мардуми Тоҷикистон гардиши куллии таърихие ба вуҷуд омад, яъне рӯзи 9-уми сентябри соли 1991 халқи тоҷик баъди ҳазор соли бедавлатӣ соҳиби давлати озоду соҳибихтиёр гардид ва тақдири минбаъдаи худро ба даст гирифта, ба хотири ободии Ватан, гузоштани нахустин хиштҳои бинои истиқлоли миллӣ ва ташкили аркони давлатдории мустақил ба заҳмати созанда оғоз кард.
Чунонки ҳамагон огоҳ ҳастед, давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ, дар баробари андешидани чораҳои зарурӣ дар роҳи ҳалли масоили ҳаётан муҳим, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидани кишварро яке аз ҳадафҳои муҳимтарин ва стратегии фаъолияти худ эълон намуд. Зимни амалӣ гардонидани ин ҳадаф аз он айём то имрӯз дар самти ба вуҷуд овардани инфраструктураи нақлиётӣ корҳои азим анҷом дода шуданд. Дар ин муддат роҳи мошингарди Кӯлоб-Хоруғ-Кулма-Қароқурум, панҷ пул дар сарҳади миёни Тоҷикистону Афғонистон ба истифода дода шуда, корҳои асосии сохтмонӣ дар нақбҳои Шаҳристону Чормағзак, таҷдиди шоҳроҳи Душанбе - Нуробод - Ҷиргатол - Саритош ва азнавсозии шоҳроҳи Душанбе-Чанак дар арафаи анҷомёбӣ қарор доранд.
Яъне бунёд ва таҷдиду таъмири роҳу пулҳое, ки дорои аҳамияти дохилӣ ва байналмилалӣ мебошанд, босуръат идома доранд ва мо барои аз чор тарафи мамлакат муҳайё кардани равобити озодонаи нақлиётӣ тамоми захираву имкониятҳои худро сафарбар кардаем. Чунки ин иқдомот дар шароити имрӯзаи рушди робитаҳои иқтисодиву тиҷоратии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ нақши бузургу созанда дорад. Гузашта аз ин, Тоҷикистон ҳамеша ба масъалаи густариши равобити неку созанда ва мутақобилан судманд бо ҳамаи ҳамсояҳои наздики худ, аз ҷумла бо кишвари ба мо дӯсту бародар ва ҳамзабону ҳамфарҳанг - Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва инкишофи муносибатҳои ҳасана бо мардуми ин кишварҳо таваҷҷӯҳи хоса дорад.
Мо ҳамеша ба таъриху фарҳанги деринаи аҷдодӣ, анъанаву суннатҳои воло ва дигар муштаракоти неке, ки бо мардуми Афғонистон дорем, арҷгузорӣ мекунем ва барои ҳифзу таҳкими равобити бародарона саъю талоши пайваста дорем.
Ба шарофати ободиҳои то ба ҳол суратгирифта, аз ҷумла тавассути  роҳу пулҳои хурду бузурги то имрӯз сохташуда, ҳоло мушкилоти рафтуомади мардум, тиҷорати дохиливу хориҷӣ, ҳамлу нақли молу мавод ва ҳаракати васоити нақлиёт бо кишварҳои ҳамсояамон, дар навбати аввал дар самти  Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Чин аз миён бардошта шудааст.
Дар раванди татбиқи ин ҳадафи стратегии давлати Тоҷикистон имрӯз боз як пули дӯстӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба истифода супорида шуд. Пули мазкур дар асоси қарордоди сеҷонибаи миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Фонди Оғохон ба маблағи қариб 12 миллион сомонӣ бунёд гардида, дарозии он 216 метр, бараш 5 метр ва қудрати вазнбардориаш 30 тонна мебошад.  Ҳамчунин барои сохтмони инфраструктураи пули мазкур, аз ҷумла ҷиҳати ташкили бозорҳои наздисарҳадӣ аз ду тараф, бунёди биноҳои маъмурии сохторҳои марзбонӣ, гумрук ва нуқтаҳои санҷиши нақлиёт беш аз 2 миллион сомонӣ маблағи иловагӣ ба масраф расидааст.
Қобили зикри хос аст, ки лоиҳакашӣ ва иҷрои ҳамаи корҳо аз ҷониби ташкилоту муассисаҳои ватанӣ ба анҷом расонида шуда, дар ин кори хайр зиёда аз 450 нафар мутахассису коргари тоҷик заҳмат кашидаанд.
Бинобар ин, мехоҳам, ки  ба ҳамаи онҳо барои ба анҷом расонидани ин кори хайру савоб ва саҳми башардӯстонаашон ба хотири таҳкими равобити бародаронаи миёни халқҳои Тоҷикистону Афғонистон изҳори сипос намуда, дар фаъолияти минбаъдаашон дар роҳи ободии Ватани соҳибистиқлоламон барору комёбӣ орзу намоям.
Ҳозирини гиромӣ!
Дар давоми даҳ соли охир тавассути татбиқи стратегияи санҷида ва бунёду ба истифода додани пулҳои байнидавлатӣ рушди аксар соҳаҳои ҳаётан муҳими минтақаҳои ҳаммарзи Афғонистон, аз қабили  соҳаҳои маориф, сиҳати омма, таъмини аҳолии минтақа бо нерӯи барқ, маводи ғизоӣ ва инкишофи тиҷорат ба мушоҳида мерасад.
Танҳо дар соли 2010 ҳаҷми тиҷорати байнисарҳадии Тоҷикистон ва Афғонистон ба воситаи пулҳои мавҷуда ба маротиб афзудааст. Аз ҳама муҳимаш он аст, ки ба шарофати ин пулҳо риштаҳои дӯстӣ ва русуми неки ҳамсоядорӣ боз ҳам устувор мегарданд.
Тибқи таҳлилҳои мо баъди ба кор оғоз намудани пули имрӯза беш аз 70 ҳазор шаҳрванди ҳар ду ҷониб ба доираи фаъолияти тиҷоратӣ ва соҳибкорӣ ворид мегардад. Мо дар оянда ҳамчунин ният дорем, ки дар минтақаи марзии кишварҳоямон нерӯгоҳҳои барқи обӣ бунёд созем. Ин иқдом имкон фароҳам хоҳад овард, ки тақрибан тамоми эҳтиёҷоти кишвари Афғонистон ва қабл аз ҳама вилоятҳои бо Тоҷикистон ҳаммарзи он бо нерӯи барқи арзон ва аз лиҳози экологӣ бехатар таъмин гардад. Дар сурати татбиқи ҳадафҳои зикршуда минтақаҳои наздимарзии ҳарду ҷониб ба маҳалҳои ободу зебо ва марказҳои  муҳими тиҷоратӣ табдил меёбанд.
Бо бунёди иншооти мазкур ва таҷдиди роҳҳои шимолии Афғонистон кишвари мо тавассути роҳҳои кӯтоҳтарин бо бандарҳои муҳими баҳрҳои гарм, бахусус Халиҷи Форс ва Уқёнуси Ҳинд, ҳамчунин ба минтақаҳои бузург ва рушдёбандаи ҷаҳон - Осиёи ғарбӣ, Осиёи ҷанубӣ ва Осиёи ҷанубу шарқӣ робитаи нақлиётӣ пайдо хоҳад намуд, ки барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон на танҳо аҳамияти бузурги иқтисодӣ ва коммуникатсионӣ, балки сиёсиву геостратегӣ хоҳад дошт. Ҳамзамон бо ин, тавассути ин роҳу пулҳо кишвари Афғонистон ба бозорҳои бузурги Осиёи Марказӣ, Русия ва Чин роҳи наздиктарин пайдо хоҳад кард.
Дӯстони азиз!
Барои минбаъд низ густариш пайдо кардани раванди неки созандагӣ ва таҳкими равобити нақлиётиву тиҷоратӣ лозим аст, ки оромии авзои дохилии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон таъмин бошад. Чунонки огоҳ ҳастед, Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдории худро дар бобати таъмини сулҳу суботи устувор дар Афғонистон аз минбарҳои баланд иброз доштааст ва имрӯз бори дигар хотирнишон месозам, ки мо минбаъд низ ҷонибдори оромиву амният дар қаламрави кишвари ҳамсояи наздиктаринамон - Афғонистон мебошем.
Мо аз таҷрибаи талхи худ медонем, ки нооромӣ ва вазъи бӯҳронии сиёсиву иҷтимоӣ дар роҳи пешрафти ҳар давлату миллат монеаи ҷиддӣ эҷод мекунад. Аз ин лиҳоз, мо ба хотири суботи Афғонистони ҳамсоя ва рушди иқтисодии он аз ҳеҷ гуна кӯмаку ҳамкорӣ ва мусоидати бародарона дареғ намеварзем, зеро истиқрори вазъ дар ин кишвари ҳамсоя ба манфиати миллии мо комилан созгор аст.
Мо мутмаинем, ки танҳо худи мардуми Афғонистон қодир аст бо истифода аз таҷрибаи таърихи чандинҳазорсолаи худ ва бо дарназардошти манфиатҳои ҳамаи миллату халқиятҳои маскун мушкилоти дохилии хешро муваффақона ҳаллу фасл хоҳад кард.
Рӯзҳои наздик дар пойтахти кишвари мо - шаҳри Душанбе нишасти навбатии чоргонаи сарони кишварҳои Русия, Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон доир хоҳад гашт ва он низ иқдоме аз силсилаи иқдомоти мост, ки ҳадафаш мусоидату пуштибонӣ аз раванди сулҳи Афғонистон аст.
Бигзор ҳамсоягони мо ҳамеша аз неъмати оромиву осоиш бархурдор бошанд ва минбаъд хотири ҷамъу табъи болида насибашон гардад.
Бо ҳамин ниятҳои нек бори дигар ҳамаи шумо - меҳмонони олиқадр ва сокинони шарафманди ноҳияи Ванҷро ба ифтихори ҷашни фархундаи миллиамон - бистсолагии Истиқлолияти давлатӣ ва ифтитоҳи  боз як пули пайвандгару таҳкимбахши дӯстии Тоҷикистону Афғонистон табрик гуфта, ба ҳар кадоматон тансиҳатӣ, осоиши рӯзгор, иқболи баланд ва барори кор орзумандам.

Ҳамеша хушбахту хушрӯз ва сарбаланду сарфароз бошед!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 549

22.02.2019


Ҷаласаи Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ

Забони тоҷикӣ таърихи зиёда аз чорҳазорсолаи хату алифбо дорад

ББТ барои фаъолияти оператори низоми пардохтии “Осон” иҷозатнома гирифт

МАВСИМИ НАВИ ЛИГАИ ОЛӢ МОҲИ АПРЕЛ ОҒОЗ МЕГАРДАД

Путин самтҳои асосии сиёсати хориҷии Россияро тавзеҳ дод

Хадамоти вижаи 7 кишвари ИДМ машқи "Арарат-Антитеррор" мегузаронанд

Чин дар кайҳон неругоҳи барқи офтобӣ месозад

21.02.2019


ХУҶАНД. Оғози сохтмони бинои нави «Тоҷикстандарт»

ФУТБОЛ. Тақвими бозиҳои тими мунтахаби олимпии кишвар муайян гардид

Табибон аз Тотористон бо ҳампешаҳои тоҷики худ мубодилаи таҷриба мекунанд

Роҳандозии лоиҳаҳои инноватсионӣ дар Қазоқистон

Дар Ҳиндустон 13 иштирокдори тӯй зери чархи мошини боркаш монд

Сӯхтор сабабгори марги ҳафт кӯдак дар Канада

Ҷаҳон дар як сатр

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед