logo

суханрониҳо

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мулоқот бо сокинони ноҳияи Шуғнон, 16 августи соли 2011

Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!
Дар таърихи навини давлатдории мо санаву рӯйдодҳои муҳиму хотирмон хеле зиёданд, аммо рӯзи соҳиб шудан ба истиқлолияти давлатӣ барои ҳар як фарди кишварамон азизтарин санаи таърихӣ ба ҳисоб меравад. Зеро дар ин рӯз орзуву ормони зиёда аз ҳазорсолаи мардумамон амалӣ гардида, ба шарофати ин неъмати бузург ва бо истифода аз таҷрибаи давлатдории ниёгон, фарҳанги волои тамаддунсоз ва хиради азаливу созандаи мардуми бошарафамон мо тавонистем, ки пояҳои давлати ҷавони худро асосгузорӣ кунем ва барои ободиву пешрафти он  тамоми захираву имкониятҳоямонро сафарбар созем.
Аз ин лиҳоз,  ҳамаи шумо - сокинони меҳмоннавоз ва шарафманду сарбаланди Шуғнонро ба ифтихори ҷашни таърихиву пуршукӯҳи миллиамон - бистумин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азиз табрик намуда, бароятон тансиҳатӣ, рӯзгори орому обод ва барору комёбиҳо орзу мекунам. Баъдан барои  пазироии самимӣ арзи сипосу миннатдорӣ намуда, он меҳру муҳаббатеро, ки нисбат ба Роҳбари давлат зоҳир мекунед, ҳамчун нишонаи ҷонибдории  шумо аз сиёсати пешгирифтаи давлат ва Ҳукумати мамлакат арзёбӣ менамоям.
Имрӯзҳо тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон  бо дастгирӣ аз сиёсати созандаву бунёдкоронаи давлат  ва Ҳукумати мамлакат дар фазои  соҳибистиқлолии кишвар, сулҳу суботи комил ва ваҳдати миллии пойдор кору зиндагӣ намуда, барои истиқболи сазовори ҷашни фархундаву муқаддаси миллӣ - бистумин солгарди истиқлолияти давлатии Ватани маҳбубамон бо дастовардҳои арзандаи  меҳнатӣ омодагӣ мебинанд.
Дар ин раванд, мо тасмим гирифтем, ки барои дидорбинӣ бо мардум ва шиносоӣ бо вазъи зиндагиву рӯзгори онҳо, пешрафти корҳо дар соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, ҷараёни татбиқи дастуру супоришҳои Президент, қарорҳои Ҳукумати мамлакат ба шаҳру ноҳияҳои гуногуни мамлакат сафарҳои корӣ анҷом диҳем.
Чунон ки огоҳ ҳастед, то ба назди шумо омадан мо аз чандин шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилоятҳои Суғду Хатлон боздид ба амал оварда, бо дастовардҳои мардум дар зарфи бист соли даврони соҳибистиқлолии кишвар аз наздик ошноӣ пайдо кардем, дар ифтитоҳи даҳҳо иншооти гуногуни ҷашнӣ ширкат доштем ва ҳамзамон бо ин, вазифаҳои минбаъдаи сохтору мақомоти дахлдорро дар бобати боз ҳам вусъат бахшидани корҳои созандагиву ободонӣ таъкид намудем.
Як сол муқаддам дар доираи таҷлили ҷашни Ваҳдати миллӣ мо ба ноҳияи шумо омада, як қатор иншооти бахши иҷтимоиро дар фазои идона ифтитоҳ бахшида будем. Инчунин ба мақомоти дахлдори ҳокимияти давлатӣ оид  ба идома додани корҳои ободониву бунёдкорӣ ва фароҳам овардани шароит ҷиҳати боз ҳам беҳтар гардонидани сатҳу сифати зиндагии мардум дастуру супоришҳои зарурӣ дода шуда буданд. Ҳоло бо қаноатмандӣ изҳор карданӣ ҳастам, ки мардуми сарбаланду шарафманди ноҳияи  Шуғнон бо эҳсоси баланди шаҳрвандӣ ва ифтихор аз ватани озоду маҳбуби хеш барои ободу зебо гардонидани диёри худ корҳои зиёдеро ба сомон расонидаанд.
Ҳукумати Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали истиқлолияти давлатӣ масъалаи таъмини рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар, аз ҷумла шаҳру ноҳияҳои вилояти Бадахшонро таҳти таваҷҷӯҳи аввалиндараҷаи худ қарор дода, ҷиҳати ҳарчи зудтар амалӣ намудани ҳадафҳои созандаву бунёдкоронаи худ, ҳанӯз соли 1993 қарори махсус  оид ба тадбирҳои мӯътадил гардонидани вазъи иқтисодиву сиёсии вилоят ва баъдан қарору барномаҳои дахлдори давлатиро дар бораи тараққиёти иҷтимоиву иқтисодии вилоят қабул карда буд.
Дар натиҷаи амалишавии ҳадафҳои гузошташуда соли 1994 ду агрегати нерӯгоҳи Помир дар ҳудуди ноҳия ба фаъолият оғоз намуд, инчунин дар тӯли солҳои истиқлолият садҳо  километр роҳу пулҳо бунёд гардида, тавассути дарвозаҳои шарқии мамлакат робитаи нақлиётӣ ва савдову тиҷорат бо кишварҳои ҳамҷавор ба роҳ монда шуд.
 Бо мақсади таъмини рушду тараққиёти ноҳияи Шуғнон дар замони истиқлолият аз ҳамаи манбаъҳои буҷети давлатӣ  69 миллион сомонӣ ҷудо карда шудааст, ки он  барои соҳаҳои ҳифзи иҷтимоӣ,  сохтмони иншооту роҳҳо ва  дастгирии буҷети ноҳия  равона карда шудааст.  Аз  ҷумла, аз ҳисоби Фонди Президенти Тоҷикистон ва кӯмакҳои мақсаднок аз буҷети ҷумҳуриявӣ  барои пардохти хароҷотҳои маҳаллӣ беш аз 42 миллион сомонӣ,  барои нигоҳдории роҳҳо  4,5 миллион сомонӣ ва аз ҳисоби маблағҳои асосии марказонидашудаи вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ қариб 6 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст.
Дар ҳудуди ноҳия дар ин давра 60 ҳазор метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ва мактабҳои таҳсилоти умумӣ барои беш аз 2000 ҷойи нишаст ба истифода дода шудааст. Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ барои  сохтмони асосии ноҳия аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ 1 миллиону 600 ҳазор сомонӣ  ҷиҳати сохтмони  иншооти иҷтимоиву маъмурӣ ҷудо карда шудааст, ки ин маблағҳо барои бунёди биноҳои нави маъмурии маркази ноҳия, аз ҷумла литсейи касбӣ - техникӣ барои   640 нафар хонанда азхуд карда шудаанд.
Тавре ки медонед, мо ба ҳамаи бонкҳои кишвар дастур додаем, ки дар доираи барномаҳои қарздиҳӣ ба ноҳияҳои дурдасти кӯҳистони мамлакат ҳарчи бештар қарзҳои хурд ҷудо намоянд. Зеро он ҳамчун  воситаи муҳими густариши соҳибкории хурду миёна, хусусан соҳибкории истеҳсолӣ мебошад. Танҳо дар давоми 5 соли охир қарздиҳии хурд дар ноҳия беш аз 2 маротиба афзоиш ёфта, аз 2 миллион сомонии соли 2006 имрӯз ба 11 миллион сомонӣ расидааст.
Илова бар ин, имрӯз дар қаламрави ноҳия 3 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи қариб 2 миллион сомонӣ амалӣ шуда истодааст, ки онҳо барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ, дастгирии кишоварзӣ ва рушди деҳот, таҷдиди соҳаи маориф, таъмини хонандагон бо китобҳои дарсӣ ва таъмиру нигоҳдории роҳҳо равона карда шудаанд.
Дар давраи истиқлолият соҳаҳои воқеии иқтисоди ноҳия, аз ҷумла саноат ва кишоварзӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил шудаанд. Танҳо дар давоми 10 соли охир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ноҳия 12 баробар афзоиш ёфта, то ба 13 миллион сомонӣ расидааст, ки дар натиҷа ҳоло дар ноҳия 36 фоизи маҳсулоти  саноатии вилоят истеҳсол карда мешавад.
Дар замони истиқлолият дар ҳудуди ноҳия иқтидорҳои мавҷуда эҳёву якчанд корхонаҳои нави саноатӣ ташкил карда шудаанд. Ҳоло Нерӯгоҳи барқи обии "Помир - 1", корхонаи коркарди сангҳои "Лаъл", фабрикаи дӯзандагии "Ҳаёти нав" самаранок фаъолият дошта, боз чандин корхонаҳои хурди истеҳсолӣ, аз ҷумла сехи дуредгарӣ,  фабрикаи парандапарварӣ ва монанди инҳо бунёд гардидаанд.
Бояд зикр намуд, ки айни ҳол аҳолии  аксари ноҳияҳои вилоят, аз ҷумла мардуми ноҳияи Шуғнон  бо нерӯи барқ пурра таъмин карда шудаанд. Ҳоло тибқи Барномаи давлатии дарозмуддати бунёди силсилаи нерӯгоҳҳои хурди барқи обӣ дар мамлакат барои солҳои 2009-2020 дар ҳудуди вилоят, аз ҷумла дар ноҳияи Шуғнон сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обии хурд идома дорад.
Илова бар ин, дар ноҳия аз 42 кони кашфшудаи ҳудуди вилоят, 10 кони лоҷуварду булӯр ва масолеҳи сохтмонӣ ҷойгир аст, ки дар оянда ба роҳ мондани истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ ва коркарди маъданҳои кӯҳӣ яке аз самтҳои асосии рушди ноҳия гардида, ин иқдомот бояд ба ташкили ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат намояд.
Дар баробари соҳаи саноат дар баланд шудани сатҳи иқтисодии вилоят саҳми кишоварзони ноҳия низ хеле назаррас мебошад. Қайд кардан бамаврид аст, ки бо татбиқи барномаҳои ислоҳоти сохтори кишоварзӣ дар ноҳия 19 хоҷагии деҳқонӣ таъсис дода шуда, ба онҳо 1600 гектар замини обӣ ва  беш аз 28 ҳазор гектар чарогоҳ вобаста карда шудааст. Дар натиҷа танҳо дар даҳ соли охир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии ноҳия беш аз 4 маротиба афзоиш ёфта, соли 2010 ба 71 миллион сомонӣ расидааст.
Ҳоло дар ноҳия тибқи қарори Ҳукумати Тоҷикистон "Дар бораи тадбирҳои иловагӣ доир ба рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2010 - 2014" бунёди  боғҳои нав идома дорад.
Ҳукумати мамлакат ҷиҳати беҳтар намудани шароити иҷтимоии сокинони ноҳия тибқи қарори дахлдор дар остонаи ҷашни истиқлолият барои сохтмони манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон дар ҳудуди ноҳияи Шуғнон наздик 35 гектар замин ҷудо намуд, ки ин барои таъмини 648 оилаи ба қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ эҳтиёҷманд пешбинӣ гардидааст, ки дар натиҷа шароити зиндагии наздик 4,5 ҳазор нафар шаҳрванд беҳтар мегардад.
Ҳамдиёрони гиромӣ!
Ҳукумати мамлакат барои таълиму тарбияи насли наврас ва муҳайё намудани шароити мусоиди таълимӣ Барномаи давлатии сохтмон ва таъмиру азнавсозии мактабҳоро барои солҳои 2008 - 2015 қабул намуда, онро пайгирона амалӣ намуда истодааст. Дар доираи ин Барнома танҳо дар се соли охир аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои  маблағгузорӣ дар ноҳияи Шуғнон 2 мактаби нав бо 16 синфхона барои 770 ҷойи нишаст ва 86 синфхонаи иловагӣ барои беш аз 2000 ҷойи нишаст сохта шудааст.
Чанд лаҳза пештар мо шоҳиди мавриди истифода қарор гирифтани бинои хобгоҳи Литсейи касбӣ - техникии рақами 77 дар Ҷамоати деҳоти Навобод гардидем, ки ин падидаи нек низ аз самараҳои даврони соҳибистиқлолии кишварамон ба ҳисоб меравад. Чунки муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ яке аз зинаҳои муҳими соҳаи маорифи кишвар буда, рушди иқтисоди миллӣ ва болоравии сатҳи иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии  мамлакат  ба фаъолияти  мутахассисони баландихтисос алоқамандии ногусастанӣ дорад.
Сохтмони литсейи имрӯза дар деҳаи Навободи ноҳияи Шуғнон  соли 2007 оғоз гардида, барои сохтмони  пурраи он аз ҳисоби маблағхои буҷети давлатӣ   28 миллион сомонӣ ҷудо карда шудааст. Сохтмони бинои хобгоҳи литсей аз тарафи корхонаи сохтмонии "Бунёд"-и ноҳия сурат гирифтааст. Хобгоҳ дорои як бинои чорошёнаи    80 - ҳуҷрадор барои 200 нафар ва ошхона барои 85 ҷойи нишаст мебошад. Илова бар ин, дар назди хобгоҳ майдончаи варзишӣ  бунёд шудааст.
Бинои таълимии муассиса аз  20 синфхонаи таълимӣ, як озмоишгоҳ ва   10 утоқи кории барҳаво иборат буда, барои 400 ҷойи нишаст муҳайё карда шудааст. Шумораи умумии омӯзгорони таълимгоҳ  41 нафарро ташкил медиҳад, ки онҳо ба 219 нафар хонанда таълиму тарбия медиҳанд.
Ҳамчунин, барои мустаҳкам  кардани донишҳои назариявӣ ва боз ҳам беҳтар азхуд кардани касбу ҳунар дар назди литсей маркази техникӣ иборат аз  2 трактор, 3 автомашина ва теъдоди зарурии дастгоҳҳои замонавии чӯбтарошиву кафшергарӣ ва дӯзандагӣ ташкил карда  шудааст.
Итминон дорам, ки литсейи имрӯза минбаъд ба яке аз марказҳои намунавии таълиму тарбияи касбҳои коргарии кишварамон табдил меёбад ва кадрҳои омоданамудаи он дар пешрафти соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллиамон саҳми худро мегузоранд.
Шумо хуб огоҳ ҳастед, ки дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олӣ, инчунин ҳангоми мулоқотҳоям бо кормандони соҳаи маорифи кишвар ҳамеша масъалаи тарбияи кадрҳои дорои маълумоти олии касбӣ, инчунин кадрҳои коргарии ҷавобгӯй ба талаботи бозори меҳнати дохиливу хориҷиро таъкид менамоям. Бо дарназардошти ин, бори дигар таъкид месозам, ки мо бояд ҷавононро дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳӣ ва эҳсоси баланди ватандориву масъулиятшиносӣ тарбия карда, ҳамчунин онҳоро ба меҳнатдӯстӣ ва азхудкунии касбу ҳунарҳои гуногун омода созем, то ки ҷавонони мо минбаъд роҳи дурусти зиндагиро дар ҷомеа ёфта, ба давлат манфиат оварда тавонанд ва дар рушду тараққиёти Ватани соҳибистиқлоли худ ҳиссаи арзанда гузоранд.
Тавре ки шумо хабар доред, чанд рӯз пеш аз ин  Фармони Президенти мамлакат дар бораи аз 1-уми сентябри соли равон зиёд кардани маоши кормандони соҳаҳои буҷетӣ интишор гардид, ки дар асоси он музди меҳнати кормандон аз 30 то 100 фоиз вобаста ба соҳаҳои алоҳида баланд бардошта мешавад. Татбиқи ин амр дар самти беҳтар кардани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар навбати аввал аз фаъолияти босамари мо вобаста аст, зеро ҳар кадоми мо барои минбаъд баланд гардидани маош бояд заҳмати софдилонаву садоқатмандонаи худро дучанд намуда, буҷети давлатро боз ҳам ғанӣ гардонем.
Вобаста ба ин, мехоҳам хотирнишон созам, ки дар ноҳияи Шуғнон захираву имкониятҳои истифоданашуда ҳанӯз хеле зиёданд. Аз ҷумла, зарур аст, ки сохтору мақомоти дахлдор барои  дар оянда таъсис додани санаторияву марказҳои тиббию фароғатӣ ва ташкили коргоҳҳои хурди дорусозӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд, зеро обу ҳавои ин диёр худ табиби беминнати инсон мебошад.
Дар вақтҳои наздиктарин сокинони ноҳия соҳиби як шаҳраки зебову муосир мегарданд, ки он яке аз мавзеъҳои дилкашу назаррабои вилоят ва кишвар хоҳад буд. Мо раванди созандагиву ободонии шаҳру ноҳияҳои мамлакатамонро минбаъд низ густариш бахшида, дар давоми чанд соли оянда Ватанамонро ба як мулки ободу пешрафта табдил хоҳем дод.
Итминони комил дорам, ки мардуми ватандӯст ва бонангу номуси ноҳияи Шуғнон чун аҷдоди сарбаланду шарафманди хеш барои расидан ба ҳадафҳои олии умумимиллӣ, дар навбати аввал ҳифзи дастовардҳои истиқлолияти  давлатӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот, инчунин ободу пешрафта гардонидани Ватани азизамон - Тоҷикистон минбаъд низ саъю талош хоҳанд кард.
Дар охир бори дигар ҳамаи шумо - ҳозирини арҷманд ва кулли сокинони меҳмоннавозу қавииродаи ноҳияи Шуғнонро ба ифтихори ҷашни фархундаи миллиамон - бистумин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон табрик гуфта, бароятон тансиҳатӣ ва тамоми хушиҳои рӯзгорро орзу менамоям.
Доимо сарбаланду комёб бошед!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 487

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед