logo

номаҳо

Шукри неъмати истиқлол мекунем

Ҳадаф аз муроҷиати мо, намояндагони кумитаи маҳаллаи ба номи Содирхони Ҳофизи шаҳри Хуҷанд, ба гӯшаи "Розу         ниёз"-и "Ҷумҳурият"   пеш аз ҳама изҳори сипос намудан ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру вилоят барои корҳои созандагиву бунёдкориашон мебошад, ки ба пешрафти сатҳи зиндагии мардум, осоиш ва ободии диёрамон мусоидат мекунад. Дар маҳаллаи мо марказҳои фарҳангиву саломатӣ бо симои наву замонавӣ аз нав эҳё гардида, дар хизмати мардум қарор гирифтанд.
Маркази вилоят-шаҳри бостонии Хуҷанд дар назари мо ҳар лаҳзаву ҳар соат сарсабзу хуррам ва гулафшону дилработар мегардад. Мумфарш шудани роҳҳои шаҳр тибқи талаботҳои ҷаҳонӣ, гузаронидани хати оби нӯшиданӣ, бунёди даҳҳо иншооти муосир худ гувоҳи таваҷҷӯҳи Сарвари давлат баҳри шукуфоии кишвари азизамон аст.  Бо дастгирии мақомоти иҷроияи хокимияти давлатии шаҳр дар гузари мо хишти аввали Маркази фарҳангию фароғатӣ бо номи "Ҳоҷӣ Сайфиддин" гузошта шуд. Ба хотири сабукӣ бахшидан ба нафақахӯрон ин ҷо бахши Амонатбонк низ кушода шуд ва ҳоло ҳудуди 850-900 нафар пирон нафақаи худро дар вақташ, дар назди манзилҳои худ мегиранд. Ҳамаи ин ғамхориҳо, албатта, ба шарофати соҳибистиқлолии кишвари азизамон, сиёсати хирадмандонаи Эмомалӣ Раҳмон, Президенти мамлакат, мебошад.
Соли равон мулоқоти Қоҳир Расулзода, раиси вилоят, бо сокинони шаҳри Хуҷанд дар Боғи ботаникӣ, бо иштироки бевоситаи 4 ҳазор нафар сурат гирифт, ки дар давоми даҳсолаҳои охир чунин таҷриба набуд.
Ҳамчунин ҳар рӯзи шанбе, аз субҳи барвақт раиси шаҳр Содиқҷон Мирхолиқов даҳҳо нафар бошандагони маҳаллаҳоро қабул карда, арзи онҳоро мешунавад. 
Мо, пирони рӯзгордида, ба шукргузорӣ аз ин неъматҳои истиқлол таманно дорем, ки диёрамон боз ҳам шукуфо ва мардум ҳамеша рӯзгори осуда дошта бошанд.

Бо эҳтиром аз номи Шӯрои маҳаллаи "Содирхони Ҳофиз":  М. Расулов, С. Умаров, Н. Қосимов,
И. Шарифов, Э. Дадобоев,  А. Ғаниев, А. Ҳошимов, И. Пӯлодов, Т. Козимов, М. Ғафуров, ҷамъ 20 имзо, шаҳри Хуҷанд


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 692

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад

Ҷаҳон дар як сатр

ФАРХОР. Бонувон ба ҳунаромӯзӣ ҳавасманд мешаванд

"Куллиёт" - и Миробид Саййидои Насафӣ

04.06.2019


Лукашенко: "Эмомалӣ Раҳмонро оммаи мардум интизор аст"

Бунёдкорони роботтехникаи Россия ва Чин дар Владивосток ҷамъ омаданд

Ҷаҳон дар як сатр

Машварати сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Белгия

Муаррифии портали хизматрасониҳои электронӣ барои андозсупорандагон

Дар ноҳияи Рашт конфронси минтақавӣ баргузор мегардад

ФУТБОЛ. Ду бозии рафиқона бо мунтахаби Ӯзбекистон

03.06.2019


Дар Тоҷикистон баландтарин афзоиши теъдоди сайёҳон ба қайд гирифта шуд

Гармои тоқатфарсо дар Ҳиндустон

Тасдиқи барнома оид ба бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф

Иди саиди Фитр 5 июн таҷлил мешавад

Форуми байналмилалии сармоягузории «Кӯлоб – 2019» баргузор мегардад

Ёқубҷон Абдуманнонзода - соҳиби дипломи озмуни «Килки тиллоӣ»

Ҷаҳон дар як сатр

29.05.2019


Путин бо нахустпрезиденти Қазоқистон вохӯрд

Раиси Шӯрои Аврупо Доналд Туск ба Тоҷикистон меояд

Мусофири ҳавопаймо аз фурӯбарии 1,5 кг кокаин ба ҳалокат расид

Ҷаҳон дар як сатр

28.05.2019


Дар Қазоқистон ба бунёди ширкатҳои давлатӣ мораторий ҷорӣ карданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед