logo

суханрониҳо

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар маросими ифтитоҳи муҷассамаи Нишони давлатӣ, шаҳри Душанбе, 25 августи соли 2011

Ҳозирини гиромӣ!
Ҳамватанони азиз!

Дар остонаи ҷашни бузурги 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ гардидани боз як иншооти муҳим - муҷассамаи Нишони давлатӣ, ки рамзи ифтихору эҳтироми мо нисбат ба муқаддасоти миллӣ ва нишонаи сарбаландиву сарфарозии халқи мо мебошад, барои ҳар кадоми мову шумо рӯйдоди басо муҳиму хотирмон аст.
Ба муносибати дар ин мавзеи навбунёд, вале хеле зебои пойтахти мамлакат бо азамати ба худ хос дар баландии 45 метр эъмору ҷойгир гардидани Нишони давлатии Тоҷикистон - рамзи озодиву истиқлол ва давлату давлатдории мустақил, пойдориву ҷовидонии муқаддасоти миллиамон ҳамаи   шумо - ҳозирини гиромӣ ва тамоми мардуми шарифи Тоҷикистонро самимона табрик мегӯям.  Ва ба ҳамаи мутахассисону бинокороне, ки дар ин иқдоми ватандӯстона саҳм гузоштаанд, изҳори сипос менамоям.
Дар ҷаҳони муосир ҳар як давлату миллат бо рамзҳои давлатӣ ва муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла Конститутсия, Нишон, Парчам, Суруди миллӣ ва пули миллӣ шинохта мешавад, яъне ин нишонаҳо муаррификунандаи кишвари соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ мебошанд.
Нишон ва нишонгузорӣ суннати бисёр қадима буда, дар миёни халқҳои олам бо мақсади муайян намудани қавму аҷдод, миллату халқият, мансубияти маҳаллу моликият тасвирҳои гуногуни рамзӣ мавриди истифода қарор доштааст ва баъдан бо пайдоиши давлатҳо истифодаи рамзҳои фарқунандаи ҳар як давлату миллат маъмул гардидааст.
Нишони давлатӣ баёнгари соҳибихтиёрии давлат буда, дар дохил ва хориҷи он тавассути ҳуҷҷатҳои расмии давлатӣ ягонагӣ ва мустақилияти давлат, шахсияти шаҳрвандон ва моликияти кишварро собит менамояд ва бинобар ин, яке аз муқаддасоти ҳар як давлату миллат ба ҳисоб меравад.
Мо низ бо ифтихори бузург аз Ватану ватандорӣ ва арҷгузорӣ ба рамзҳои давлати соҳибихтиёрамон муҷассамаи Нишони давлатиамонро бунёд намуда, аз ҳамин лаҳза онро барои тамошову зиёрати мардуми кишвар ва меҳмонони он ифтитоҳ мебахшем.
Таърих  халқи тоҷикро борҳо ба имтиҳону ҷонбозиҳои зиёд рӯ ба рӯ намудааст ва мардуми мо ҳар дафъа мушкилоти ба сараш омадаро бо матонату таҳаммул, арҷгузорӣ ба муқаддасоти олии сарзамини аҷдодӣ,  хоку оби он ва гузашта аз ин,  ҳувияти миллии худро ҳамчун миллати куҳанбунёду соҳибтамаддун ҳифз кардааст.
Тасвиру рамзҳои Нишони давлатии мо баёнгари таърихи қадима ва иқлими камназири мамлакат буда, кӯҳҳои сарбаланд бо қуллаҳои худ  ишора ба кӯҳсори тоҷик, шӯълаи хуршед нишонаи иқлими офтобии кишвар, шаҳодати нури зиё ва равшаниву шукуфоӣ, тоҷи зарин рамзи фарру шукӯҳ бар сари миллат ва ҳафт ситора гувоҳи ҳафт иқлим ва орзуву омоли нек ба сӯи ояндаи ободу осуда мебошанд.
Ҳамзамон бо ин, хӯшаҳои гандум ва ниҳоли пахтаи бо парчами кишвар печонидашуда ҳамчун нишонаи ризқу баракат, сарсабзиву пояндагии миллату давлат ва китоби бозшуда чун гувоҳи хиради азалии миллати куҳанбунёди мо аз таъриху тамаддун ва арҷгузорӣ ба илму дониш шаҳодат медиҳанд.
Таваллуди кӯдаки навзоду номаи камоли боргоҳи илму маърифат, ҳуҷҷату шаҳодатномаҳои шаҳрвандиву асноди байналмилалии давлат бо тасвири Нишони миллӣ тасдиқ ёфта, пули миллӣ, шиноснома ва дигар асноде, ки ба шаҳрвандони Тоҷикистон дода мешаванд,  нашрияҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сутунҳои марзӣ ва гузаргоҳҳои сарҳади давлатӣ, ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи мукофотҳои давлатӣ ва либоси расмии шахсоне, ки дар хизмати ҳарбӣ ё хизмати дигари давлатӣ қарор доранд, бо таҷассуми нишони давлатӣ шаҳодати соҳибихтиёрии давлати мо мебошанд.
Ҳоло кишвари мо бо даҳҳо давлати хурду бузурги ҷаҳон робитаҳои дӯстона ва ҳамкориҳои мутақобилан судмандро ба роҳ монда, дар аксари онҳо намояндагиҳо ва сафоратхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият доранд ва Нишону дигар муқаддасоти Ватанамон дар ин кишварҳои олам муаррифгари доимии давлати тоҷикон мебошанд.
Бист соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мову шумо имрӯзҳо бо ифтихори бузургу номуси баланди ватандорӣ дар остонаи таҷлили он қарор дорем, дар таърихи навини мо давраи созандагиву бунёдкорӣ, рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвари азизамон ва густариши муносибатҳои иқтисодиву иҷтимоии он бо дигар мамолики дунё мебошад. Яъне мо имрӯз ба шарофати истиқлолият соҳибватану соҳибдавлат ва соҳибихтиёр ҳастем.
Бинобар ин, мо бояд ба шукронаи озодиву соҳибихтиёрӣ ба қадри истиқлолият ва муқаддасоти Ватан, аз ҷумла Нишону Парчам ва Суруди миллӣ расем ва ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки бидуни ин муқаддасот ва рамзҳо мо наметавонем давлат ва мардуми соҳибтамаддуни хешро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намоем.
Мо бояд ин нуктаро ба кӯдакону наврасон ва ҷавонони кишвар, ки созандагони ояндаи Ватан мебошанд, ҳамеша талқин намоем ва онҳоро дар рӯҳияи ватандориву ватанхоҳӣ, худогоҳиву худшиносӣ ва ифтихори миллӣ тарбия кунем. 
Рамзҳои давлатӣ ҳастӣ ва ифтихори миллии мо буда, гувоҳи барҷастаи истиқлолияти давлатӣ, таҷассумгари ифтихори миллӣ ва ору номуси ватандорӣ мебошанд.
Бо камоли ифтихор ва эҳтирому садоқат ба яке аз рамзҳои муҳими миллӣ - Нишони давлатӣ ифтитоҳи  иншооти мазкурро дар пойтахти кишвари соҳибистиқлоламон бори дигар ба ҳамаи шумо ва кулли ҳамватанони бурунмарзиамон самимона табрик гуфта, ба хурду бузурги Ватан рӯзгори нек ва ояндаи босаодатро  орзу менамоям!
Ва пешниҳод менамоям, ки аз ҳамин лаҳза ин мавзеъ Майдони нишони давлатӣ номгузорӣ шавад.
Бигзор осмони софу дурахши ситораҳои Нишони миллӣ ҳамчун рамзи ваҳдату устувории давлату миллат абадан поянда монад ва азамату шукӯҳи рамзҳои давлатии Тоҷикистони озоду соҳибихтиёр дар арсаи олам мояи ифтихор ва сарфарозии ҳар як фарди кишвар бошад!
Хонаободу сарбаланд бошед, ҳамдиёрони азиз!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 693

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед