logo

паёмҳо

Паёми табрикии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба муносибати иди саиди Фитр, 29 августи соли 2011

Ҳамватанони гиромӣ!
Субҳи рӯзи чоршанбе  иди саиди Фитр фаро мерасад ва мардуми кишвари соҳибистиқлоламон, ки  аксарияти куллашон мусулмонанд, бо умеду ниятҳои нек  дастурхони идона ороста, бо тиловати оятҳои каломи раббонӣ ва дуову фотиҳа ба арвоҳи гузаштагон  бо ин моҳи хайру эҳсон, файзу баракат ва раҳмату мағфират  хайрухуш мекунанд.
Бинобар ин, бо истифода аз фурсат, ҳамаи шумо, мардуми шарифи Тоҷикистонро ба ин муносибат  шодбош гуфта, ба шумо  имону эътиқоди комил, ибодати мақбули даргоҳи илоҳӣ, иҷобати дуоҳо ва саодатмандиву баландиқболиро орзу менамоям.
Имрӯзҳо, ки  тамоми халқи Тоҷикистон  ба ҷашни умумимиллӣ - бистсолагии Истиқлолияти давлатии мамлакат  омодагӣ мебинад, ёдовар шудан бамаврид аст, ки  ба мо шарафи бузург насиб гардид ва то баъди беш аз ҳазор соли бедавлатӣ  соҳиби давлати миллӣ ва соҳибистиқлол шудем.
Маҳз ба шарофати истиқлолият  расму оин ва анъанаҳои неку писандидаи тӯли ҳазорсолаҳо ташаккулёфтаи аҷдодамон  имрӯз ба як ҷузъи ҷудонопазири фарҳанги миллии мо табдил ёфтаанд. Қонунияти бунёди давлати миллии муосир  тақозо дорад, ки  ҳам арзишҳои исломӣ ва ҳам расму оини аҷдодӣ  бояд дар хизмати мардуми Тоҷикистон ва сарбаландии онҳо  қарор дошта бошанд.
Бо ҳамин мақсад  тайи солҳои охир дар мамлакати мо  ба хотири танзими масоили иҷтимоиву фарҳангӣ ва ахлоқӣ, аз ҷумла дар мавриди дин  ва  расму оинҳо, як қатор тадбирҳои муҳим андешида шуда, қонуну санадҳои ҳаётан муҳим  ба тасвиб расидаанд.  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар  дар таълиму тарбияи фарзанд" аз ҷумлаи онҳост. Қонуни мазкур  мутобиқи талаботи ҷомеаи озод  баъд аз муҳокимаи умумихалқии тӯлонӣ  ба тасвиб расида, дар таҳияи он  ниҳодҳои гуногун, аз ҷумла аҳли уламо, бо пешниҳодҳои мушаххас саҳм гирифтанд.
Ин аст, ки  беҳтарин аҳкоми тарбиявии Қуръони азимушшаън ва аҳодиси набавӣ, аз қабили номи нек гузоштан ба фарзанд, илм омӯхтан, пешгирӣ намудани фарзандон аз амалҳои ғайришаръӣ, пешгирӣ аз иштироки ноболиғон  дар марказҳои дилхушӣ ва амсоли инҳо  дар қонуни мазкур ҷой дода шудаанд.
Дар робита ба ин, мехоҳам нуктаи муҳимро таъкид намоям. Моро зарур аст, ки  дар амалӣ намудани арзишҳои миллӣ ва динии худ  ҳамеша манфиати мардуми Тоҷикистонро  дар мадди назар дошта, ба қадри соҳибистиқлолии давлатамон бирасем ва ин неъмати бебаҳоро  ҳамчун гавҳараки чашм  нигаҳбонӣ намуда, шукронаи онро ба ҷо орем.
Бузургтарин фазилати моҳи шарифи Рамазон  дар он нозил гаштани китоби муқаддаси Қуръон  ҳамчун фарқ байни ҳаққу ботил, ҳалолу ҳаром ва илму ҷаҳолат аст. Дар нахустин оятҳои ба Паёмбари акрам нозилшуда  Худованд амр ба хондану навиштанро  ҳамчун василаи касби илм фармудааст. Оғоз гардидани чунин китоби бузург ва рисолати хотами пайғамбарон  ба илмомӯзӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки  масъалаи мазкур  дар дини мубини ислом  мақому манзалати бисёр баланд дорад.
Ин аст, ки  дар ислом  мақоми олимон ва соҳибони илму маърифат  аз ҳама қишрҳои ҷомеа болотар гузошта шуда, омӯзиши илм  аз ҳар амали дигаре боарзиштар ва муфидтар қаламдод гаштааст. Дар баробари он, ки  меҳвари қиссаҳои паёмбаронро ситоиши илму дониш ва мазаммати ҷаҳлу нодонӣ ташкил медиҳад, паёмбари гиромӣ ҳам  талаб кардани илмро  бар ҳар зану марди мусулмон фарз гуфтааст.
Оятҳои фаровони Қуръони карим  одамиро ба дарки равандҳои ҳаёт даъват намуда, ин амалро  роҳи расидан ба саодат медонанд. Дар ҳақиқат, агар инсони ҷӯёи илм  ба дунёву атрофаш назар андозад, худро беҳтар шинохта, нақшу ҷойгоҳ ва масъулияти худро  дар рӯёрӯи ин ҳама неъматҳо амиқтар дарк мекунад.
Модом ки  ҳадафи дину шариат  ба саодат расонидани инсонҳо бошад, оятҳои Қуръони карим  ба мо башорат медиҳанд, ки  бо илму дониш ва огоҳиву маърифат  метавон ба он расид. Пас, биёед  дар роҳи илмомӯзӣ ва азхуд кардани касбу ҳунар қадам бардорем ва аз илмҳои гуногуни замонаи худ  баҳраманд гардем.
Бузургон фармудаанд: маънии Қуръон адаб аст. Дар ин замина  лозим ба ёдоварист, ки  дар шароити кунунии ҷаҳонишавӣ  масъалаи тарбияи ахлоқи ҳамидаи ҷавонон  аҳамияти бештар касб намудааст. Ба қавли Расули акрам, беҳтарин ҳадяи волидайн ба фарзанд тарбияти хуб ва писандида аст ва агар шахсе фарзандашро хуб адаб омӯзад, беҳтар аз он аст, ки  миқдори моле садақа диҳад; падар ба фарзанди худ  ҳеҷ ҳадяеро беҳтар ва бартар аз тарбияти хуб набахшидааст.
Пайғамбари акрам  ҳамчунин дар як ҳадиси муборак фармудаанд: "Фарзандонатонро эҳтиром бигузоред, ононро хуб адаб омӯзед ва ахлоқу рафторашонро  неку ислоҳ намоед".
Воқеан, фарзанд дар баробари он, ки  аз ҷумлаи атоҳои Худованд аст, дар назди волидайни худ  ҳамчун амонат низ мебошад.  Волидайн ба ин амонат  набояд хиёнат кунанд. Волидайн ва мураббиву муаллиме, ки  дар бобати таълиму тарбияи кӯдакон кӯтоҳӣ кардаанд, дар муҷозот ва гуноҳу хилофкории онҳо  шарик хоҳанд буд.
Тавре ҳамаи шумо медонед, аз ҷумлаи анъанаҳои неке, ки  барои истиқболи иди саиди Фитр  аз Паёмбари гиромиқадр  ба умматонаш  мерос мондааст, дар ин рӯз  манзилу маҳалли зисти худро тозаву озода кардан, либоси тозаву озодаи худро  пӯшида, бо шодиву нишот  ба идгоҳ рафтан ва ҳамдигарро ба оғӯш гирифта, табрик кардан аст.
Анъана ва суннати неки дигаре, ки  дар рӯзҳои ид анҷом дода мешавад, ба ниёзмандон  хайру саховат кардан мебошад. Дар Қуръони карим инфоқ, яъне хайру садақа кардан, дар тамоми ҳолатҳо - дар шабу дар рӯз, пинҳону ошкоро  ва ҳангоми тавонгариву аснои тангдастӣ таъкид шудааст. Аз ин рӯ, ҳар кас  ба қадри тавону дороии худ  бояд дар садақа кардан кӯшиш ва ҷидду ҷаҳдро ба кор барад. Садақаи фитрро диҳад, хайрот кунад, дар анҷом додани амалҳои хайр ва накӯкорӣ кӯшиш намояд.
Ҳикмати садақа додан дар он аст, ки  ислом инсонҳоро таълим медиҳад: танҳо пайи нафси хеш набуда, дар фикри  якдигар бошем, зеро инсоният  танҳо дар ҳамбастагиву дастгирии ҳамдигар  саодатманд хоҳад шуд. Вобаста ба ин, бори дигар хотинишон месозам, ки  садақаи фитр ва хайротро  ба ятимону маъюбон ва оилаҳои камбизоату  бепарасторон додан  савоби чандинкарата зиёд дорад.
Аз ҷумлаи бузургони дин  Абулфазл Муҳаммад ибни Ҳасани Хутталӣ фармудааст: "Дунё як рӯз ва моро дар он вазифа рӯза аст". Воқеан, фарди мӯъмину мусулмон  бояд на танҳо  дар моҳи шарифи Рамазон  парҳезкору тақводор бошад, балки ҳамеша аз пайи покии ботину зоҳир кӯшида, ба хотири инсони комил будан  талош варзад.
Дар маҷмӯъ, дуруст анҷом додани хайру саховат, дастгирии оилаҳои камбизоат, ятимону бепарасторон, сарфаю сариштакорӣ, танзими маъракаву маросимҳо, тарбияи насли наврас, тарғиби омӯзиши илму ҳунар, омода кардани мутахассисони созандаву эҷодкор ва соҳибони ояндаи ободи Ватан дар раванди бунёди давлати миллии соҳибистиқоламон  пайванди ногусастании арзишҳои миллӣ, динӣ ва фарҳангии мо хоҳад буд.
Бо чунин ниятҳои нек, моҳи шарифи Рамазонро хайрбод гуфта, ҳамаи шумо - хурду бузурги Ватани азизамонро  дар арафаи бузургтарин ҷашни миллиамон - бистумин солгарди Истиқлолияти давлатӣ  бори дигар бо фарорасии иди саиди Фитр  аз самими қалб муборакбод менамоям. Худованд  тоату ибодат ва дуову дуруди шуморо  дар ин моҳи муборак  мақбули даргоҳи худ гардонад! 
Ба ҳамаи шумо, бахту иқболи баланд, ҳамдиливу ҳамдигарфаҳмӣ, хушбахтиву некрӯзӣ, дили шоду хонаи обод ва, муҳимтар аз ҳама, неъмати бузурги суботу оромӣ ва  осоишро орзумандам.
Сарбаланду хонаобод бошед, ҳамдиёрони азиз!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.08.2011    №: 126-127 (21 942-943)    Мутолиа карданд: 1073

19.11.2018


Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед