logo

суханрониҳо

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мулоқот бо сокинони ноҳияи Рашт, 26 августи соли 20110

0Ҳамдиёрони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!

Бисёр хушнудам, ки дар арафаи таҷлили ҷашни бошукӯҳи миллиамон - бистумин солгарди истиқлолияти Ватани азизамон, бо шумо - сокинони меҳнатқарину меҳанпарвари ноҳияи Рашт мулоқот менамоям.
Бинобар ин, ҳамаи шумо - ҳозирини гиромӣ ва кулли сокинони меҳмоннавози ноҳияи Раштро ба ифтихори бистумин солгарди соҳибистиқлолии кишвар табрик гуфта, ба ҳар хонадони ин диёр ободиву осоиш, бахту иқболи нек ва зиндагии хушу осуда орзу менамоям. 
Бист сол муқаддам, яъне 9 - уми сентябри соли 1991 миллати куҳанбунёдамон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ истиқлолияти давлатии худро эълон намуд ва Тоҷикистон ҳамчун давлати озоду мустақил дар харитаи сиёсии ҷаҳон эътироф гардид. Имрӯзҳо хурду бузурги халқи тоҷик дар саросари кишвари маҳбубамон ин санаи сарнавиштсозу таърихиро бо дастовардҳои арзанда ва корҳои азими созандагиву бунёдкорӣ  истиқбол  намуда истодаанд.
Дар даврони истиқлолият дар қатори дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар сокинони водии биҳиштосои Рашт ба дастоварду муваффақиятҳои назаррас ноил гардидаанд. Сокинони ин водии куҳанбунёд воқеан хушбахтанд, чунки манзараҳои зебову табиати нотакрор ва иқлими хушбоду ҳаво доранд ва муҳимтар аз ҳама, яке аз шохаҳои асосии Шоҳроҳи бузурги абрешим аз ин водӣ мегузарад.
Ҳукумати мамлакат  бо дарки амиқи муҳимияти эҳёи шоҳроҳҳои таърихиву баровардани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил додани Тоҷикистон ба минтақаи транзитӣ, бунёди роҳу пулҳоро яке аз ҳадафҳои афзалиятноки стратегияи рушди миллӣ эълон кардааст.  Чунонки огоҳ ҳастед,  соли 2005 корҳои азнавсозии шоҳроҳи Душанбе - Нуробод - Ҷиргатол - Саритош шурӯъ гардида буданд. Дар натиҷаи татбиқи лоиҳаи мазкур дар се марҳала  бо сарфи 177 миллион доллари амрикоӣ  ё қариб 840 миллион сомонӣ беш аз 350 километр роҳ ва пулҳо бунёд ва азнавсозӣ карда шуданд.
Танҳо дар қитъаи Нуробод - Рашт 73 километр роҳ ва 15 адад пулҳои маҳаллӣ, ки 11 адади онҳо дар ҳудуди ноҳияи Рашт воқеъ гардидаанд, сохта ба истифода дода шуданд. Ва дар ин рӯзҳои арафаи бистумин солгарди истиқлолияти давлатиамон марҳалаи сеюм, яъне марҳалаи охирини лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди  Душанбе - сарҳади Ҷумҳурии Қирғизистон муваффақона ба анҷом расид, ки ин рӯйдод боз як гувоҳи амалишавии  иқдомҳои неки созандагии даврони истиқлолияти кишварамон мебошад.
Аз ин рӯ, бо истифода аз ин фурсати муносиб ҳамаи шумо - ҳозирини гиромӣ ва кулли сохтмончиёну роҳсозони мамлакатро аввалан ба муносибати иди истиқлолияти давлатии кишвар ва ифтитоҳи шоҳроҳи мазкур табрик намуда,  ба ҳамаи мутахассисону коргароне, ки дар амалишавии ин лоиҳа заҳмат кашидаанд, изҳори сипос менамоям.
Лоиҳаи сармоягузории мазкур бо маблағгузории буҷети давлатӣ ва ҷалби қарзҳои имтиёзнок ва маблағҳои грантии Бонки Осиёии Рушд  ба маблағи умумии беш аз 360 миллион сомонӣ дар давоми се соли охир амалӣ карда шуда, дар ин муддат садҳо нафар сокинони водии Рашт соҳиби ҷойи кору маоши хуб гардидаанд. Бинобар ин, ба ҳамаи сармоягузорону шарикони рушди мамлакат, аз ҷумла Бонки Осиёии Рушд барои ҳамкориҳои судманд дар амалишавии ҳадафҳои стратегии рушди миллиамон миннатдории Ҳукумати Тоҷикистонро баён  менамоям.
Дар солҳои истиқлолият тавассути сохтмони роҳу пулҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ба Ҳукумати мамлакат муяссар гардид, ки ҳадафи стратегии худро дар самти аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани кишвар асосан таъмин намояд.
Ҳоло мо бо қаноатмандӣ гуфта метавонем, ки баъди гузашти ҳазорсолаҳо яке аз бахшҳои Шоҳроҳи бузурги абрешим аз нав эҳё гардида, ҳамзамон ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратии Тоҷикистон бо кишварҳои ҳамҷаворамон - Қирғизистон, Қазоқистон, Русия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин боз ҳам тавсеа меёбанд. Муҳимтар аз ҳама, кушодашавии роҳҳо барои ҷалби сайёҳон ва рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии водии Рашт заминаи боэътимод мегузорад ва мо итминон дорем, ки ин раванд ба тараққиёти соҳибкорӣ, вусъати сармоягузориҳои дохиливу хориҷӣ ва баландшавии сатҳи зиндагии мардум мусоидат менамояд. Дар зарфи солҳои истиқлолият давлат ва Ҳукумати мамлакат ба барқарорсозӣ ва рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Рашт таваҷҷӯҳи махсус зоҳир менамуд, ки дар натиҷа ин гӯшаи Ватанамон имрӯз ба як диёри ободу зебо табдил ёфтааст.
Ҳукумати кишвар дар баробари ба даст овардани сулҳу суботи ҷомеа, бо мақсади бартараф намудани оқибатхои ҷанги шаҳрвандӣ фавран лоиҳаи барқарорсозии баъди низоъро қабул намуд, ки тибқи он  дар давоми солҳои 1998-2000-ум ба маблағи  беш аз 37 миллион сомонӣ дар 5 ноҳия 317 иншоот бунёд карда шуд.
Ҳамин тавр, тавассути татбиқи лоиҳаи барқарорсозии ноҳия бо сарфи зиёда аз 6 миллион сомонӣ 66 иншооти иҷтимоиву иқтисодӣ, аз ҷумла муассисаҳои маорифу тандурустӣ, пулу роҳҳо ва шабакаҳои нақлиётӣ ба истифода дода шуданд.
Дар давоми солҳои 1995 - 2010 ва ҳафт моҳи соли ҷорӣ аз ҳисоби  ҳамаи манбаъҳои маблағгузории давлатӣ барои тараққиёти ноҳия  340  миллион сомонӣ ҷудо карда шудааст, ки он барои соҳаҳои ҳифзи иҷтимоӣ, сохтмони иншоот, таҷдиди роҳҳо ва  дастгирии буҷети ноҳия  сарф гардидааст. Аз ҷумла, аз ҳисоби фонди Президент ва Ҳукумати мамлакат  қариб 18 миллион сомонӣ ва маблағҳои мақсаднок зиёда аз 60 миллион сомонӣ барои пардохти хароҷоти буҷети ноҳия ва тараққиёти он равона карда шудаанд.
Агар дар соли 2000 - ум кӯмакҳои мақсадноки молиявӣ аз буҷети ҷумҳурӣ ба ноҳия 595 ҳазор сомониро ташкил дода бошад, пас ин рақам имрӯз нисбат ба қисми даромади буҷети ноҳия қариб ду баробар зиёд мебошад. Яъне танҳо дастгирии молиявии буҷети ноҳия дар ин давра 19 баробар зиёд шудааст.
Илова бар ин, барои соҳаҳои маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва нигоҳдории роҳҳо дар қаламрави ноҳия, инчунин аз ҳисоби маблағҳои марказонидашудаи вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ барои сохтмони иншооти иҷтимоиву иқтисодӣ ва маъмурӣ дар  ноҳия 56 миллион сомонӣ ҷудо карда шудааст. Дар ин давра аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ барои пардохти нафақаи нафақахӯрони ноҳияи Рашт ба маблағи беш аз 18 миллион сомонӣ кӯмаки молиявӣ ҷудо гардидааст.
Дар ноҳия аз соли 1997 то инҷониб ба маблағи 218 миллион сомонӣ сармоягузориҳои асосӣ татбиқ карда шуда, биноҳои гуногуни таъиноти иҷтимоиву иқтисодӣ, аз ҷумла биноҳои маъмурии шаҳрак ва ҷамоатҳо, синфхонаҳои иловагиву мактабҳои нав бо таҷҳизоти замонавӣ, бунгоҳҳои тиббиву марказҳои саломатӣ ва филиали Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон сохта, ба истифода дода шудаанд. Танҳо дар давоми соли 2010 дар ноҳия ба маблағи 18,5 миллион сомонӣ фондҳои асосӣ ба кор дароварда шудаанд, ки ин нишондиҳанда дар муқоиса бо соли 2001 28 баробар зиёд мебошад.
Моҳи январи соли 2011 дар машварати кории назди Президенти мамлакат бо иштироки роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор маҷмӯи масъалаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия баррасӣ гардида, ҷиҳати ҳалли саривақтии беш аз 30 масъалаи ҳалталаби ноҳия дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.
Дар ин замина, сохта ба истифода супурдани 64 синфхонаи иловагӣ, бунёду барқарорсозии муассисаҳои таълимии дар ҳолати садамавӣ қарордошта, таъмини мактабҳо бо китобҳои дарсӣ ва лавозимоти хониш, сохтмони варзишгоҳи марказӣ, сохтмон ва таъмиру барқарорсозии зиёда аз 10 иншооти соҳаи тандурустӣ, ташкил намудани корхонаҳои хурди истеҳсолӣ, аз ҷумла коргоҳҳои дӯзандагӣ мавриди иҷро қарор дода шудааст. Дар натиҷа, танҳо соли ҷорӣ барои сохтмони 64 синфхонаи иловагиву ду бинои мактаби нав аз буҷети давлатӣ беш аз 5,5 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст.
Ҳамзамон бо ин, барои сохтмони варзишгоҳи марказии ноҳия давоми солҳои 2008-2011 беш аз 7 миллион сомонӣ ҷудо карда шуда, тавассути Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти мамлакат ба маблағи 3,8 миллион сомонӣ корҳои сохтмону васлсозӣ ба анҷом расонида шудаанд. Ҳоло навбати аввали варзишгоҳ, ки дорои майдонҳои варзишии футболу волейбол ва қариб 5000 ҷойи нишасти тамошобинон мебошад, имрӯз бо мулоқоти мову шумо мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Дар баробари ин, аз ҳисоби буҷети давлатӣ дар соли 2011 ҷиҳати бунёди боз як  бинои маъмурӣ дар маркази ноҳия барои кормандони соҳаҳои буҷетӣ аллакай ба миқдори як миллион сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст, ки чанд лаҳза пас хишти аввали сохтмони он гузошта мешавад.
Айни ҳол "Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия барои солҳои 2012-2020" таҳия гардидааст, ки он дар баррасии Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Тибқи барномаи мазкур, дар солҳои 2012-2016 дар ҳудуди ноҳия сохтмони 73 иншооти иҷтимоиву иқтисодӣ ба маблағи умумии беш аз 105 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.
Барномаи мазкур ҳамчун ҳуҷҷати асосӣ барои рушди устувори иқтисодии ноҳия, дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии иҷтимоӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ нигаронида шудааст. Татбиқи саривақтии он боиси таъсис шудани ҷойҳои нави корӣ ва боз ҳам баланд гардидани сатҳу сифати зиндагии сокинони ноҳия хохад гашт.
Ҳоло дар қаламрави ноҳия  9 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи қариб 60 миллион сомонӣ татбиқ шуда истодааст, ки  он барои баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ, ислоҳоти соҳаи маориф, тандурустӣ, инкишофи истеҳсолоти кишоварзӣ  ва идоракунии ҳавзаҳои об, таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе - сарҳади Қирғизистон, рушди инфраструктураи маҳаллӣ  ва сохтмони нерӯгоҳи хурди барқи обии "Сангикар" равона гардидааст.
Дар ҳудуди ноҳия бо мақсади таъмини оилаҳои ҷавону эҳтиёҷманд бо қитъаҳои замин барои сохтмони манзилҳои истиқоматӣ тибқи қарори Ҳукумати Тоҷикистон аз моҳи апрели соли равон барои қариб 6 ҳазор оила ё ба таври дигар, барои беш аз 40 ҳазор нафар сокини ноҳия 800 гектар замин ҷудо карда шуд.

Дӯстони азиз!
Бояд зикр намуд, ки кишоварзӣ соҳаи асосии пешбурди иқтисодиёти ноҳия буда, дар давраи истиқлолият ба нишондиҳандаҳои назаррас ноил гардидааст. Бахшҳои асосии кишоварзии ноҳия - боғдориву картошкапарварӣ, сабзавоткориву ғаллакорӣ ва чорводорӣ мунтазам рушд  карда, танҳо дар давоми даҳ соли охир истеҳсоли мева 22 баробар, сабзавот 8, картошка 4 ва ғалла 2,5 баробар зиёд гардидааст. Майдони умумии заминҳои кишоварзӣ 94 ҳазор гектарро ташкил дода, 65 фоизи онҳо мавриди истифодаи хоҷагиҳои деҳқонӣ қарор доранд.
Дар давраи истиқлолият Ҳукумати мамлакат ба масъалаи азхудкунии заминҳои нав таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, танҳо дар давоми панҷ соли охир ба ин мақсад аз ҳисоби маблағҳои марказонидашудаи Вазорати мелиоратсия ва захираҳои об дар ноҳия  550 гектар заминҳои нав азхуд гардидааст.  Ҳамзамон бо ин, дар ноҳия дар давоми  солҳои 2012-2014 азхудкунии боз 600 гектар замини нав пешбинӣ шудааст.
Бо мақсади татбиқи барномаи мақсадноки давлатии рушди соҳаи боғдорӣ тайи солҳои охир дар ноҳия 520 гектар боғҳои нав бунёд карда шудаанд. Боғдорӣ, инчунин картошкапарварӣ ва чорводориву занбӯриасалпарварӣ аз ҷумлаи соҳаҳои асосии кишоварзии ноҳия ба ҳисоб рафта, дар бобати таъминоти аҳолӣ бо озуқаворӣ, афзун гардонидани имкониятҳои содиротии ноҳия ва бо ҷойи кори доимӣ таъмин намудани аҳолӣ самти афзалиятноки рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳия мебошад.
Бинобар ин, дар суханрониву вохӯриҳои худ доим таъкид месозам, ки истифодаи самараноки обу замин, васеъ ба роҳ мондани кишти такрорӣ ва умуман рушди ҳамаҷонибаи соҳаи кишоварзӣ ва афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ омили асосии таъмини амнияти озуқавории мамлакат ва аз ҷониби дигар ташкили ҷойҳои нави корӣ ва болоравии сатҳу сифати зиндагии мардум мебошад.
Чорводорӣ низ яке аз бахшҳои асосии кишоварзии ноҳия ба ҳисоб рафта, танҳо дар соли 2010 хоҷагиҳои кишоварзии ноҳия ба маблағи 64 миллион сомонӣ маҳсулоти чорво истеҳсол намудаанд, ки ин нисбат ба даҳ соли пеш 7 баробар зиёд мебошад.
Дар ноҳияи Рашт барои рушди соҳаи саноат низ шароити мусоид мавҷуд мебошад. Ба роҳ мондани коркарди маҳсулоти саноатӣ дар асоси ашёи хоми маҳаллӣ метавонад ба таъминоти аҳолӣ бо ҷойи кори доимӣ ва беҳтар шудани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат намояд. Дар ноҳия имкониятҳои афзун намудани истеҳсолоти саноатӣ дар заминаи конҳои ангишту мармар ва дигар навъҳои масолеҳи сохтмонӣ мавҷуданд.
Кони "Назарайлоқ" ба гурӯҳи конҳои нодири ангишт шомил буда, аҳамияти стратегӣ дорад. Захираҳои ангишти кони Назарайлоқ  540 миллион тоннаро ташкил дода, талабот ба он дар бозорҳои дохилӣ ва берунӣ хеле зиёд мебошад. Дар давоми солҳои охир талаботи корхонаҳои сементбарорӣ, сехҳои заводи алюминии тоҷик ва дигар коргоҳҳои оҳангудозӣ ба антрасит зиёд гардидааст.
Дар баробари ҳарчи зиёдтар ба кор даровардани иқтидорҳои корхонаҳои саноатии ноҳия, масъалаи ташкили корхонаҳои хурди истеҳсолӣ ва дар ин замина афзоиш додани шумораи ҷойҳои нави корӣ аз мақсадҳои асосии давлат ва Ҳукумат мебошад. Дар ин давра танҳо тавассути сохторҳои маҳаллии мақомоти шуғли аҳолӣ беш аз 2200 нафар эҳтиёҷманд бо ҷойи нави корӣ таъмин карда шуд. Вале захираву имкониятҳо дар ин самт ҳанӯз хеле зиёданд.
Бинобар ин, рушди соҳибкории хурду миёна дар истеҳсолот ва хизматрасониҳо, инчунин ташкили маҷмааҳои туристӣ ва рушди сайёҳӣ дар ноҳия, ба ин васила ташкили ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум бояд ҳамчун яке аз самтҳои минбаъдаи тараққиёти ноҳия қарор дода шавад. Дар ин ҷода ҷиҳати иҷрои супоришу дастурҳои машварати назди Президенти мамлакат аз 20 январи соли 2011 оид ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Рашт то ба имрӯз аз тарафи  Иттиҳодияи истеҳсолии "Нассоҷии тоҷик"  ва корхонаи "Ёқут" коргоҳҳои дӯзандагӣ таъсис дода шудаанд.
Дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ дар ноҳияи Рашт корхонаи панирпазӣ бо иқтидори коркарди як тонна шир дар як шабонарӯз, коргоҳи шарбаттайёркунӣ -  филиали Ҷамъияти саҳомии "Душанбе" бо иқтидори 20 ҳазор декалитр нӯшокиҳои ташнашикан сохта, ба истифода дода шуданд ва имрӯз мо боз як корхонаи нави истеҳсолӣ - корхонаи ордбарориро бо иқтидори коркарди 70 тонна ғалла дар як шабонарӯз мавриди баҳрабардорӣ қарор медиҳем.
Илова бар ин, дар ноҳия корхонаи хиштбарорӣ бо иқтидори 5 миллион дона ва сехи истеҳсоли қуму шағал  бо иқтидори 5 ҳазор  метри мукааб бунёд гардида, 35 нафар шаҳрванд бо ҷойи кор таъмин шуд.
Таъмини талаботи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва пеш аз ҳама аҳолии кишвар бо нерӯи барқ мавриди чораҷӯии ҳамаҷонибаи давлат ва Ҳукумат қарор дошта, ҳоло дар самти ба даст овардани истиқлолияти комили энергетикии кишвар ҳамчун яке аз ҳадафҳои рушди миллӣ лоиҳаҳои гуногуни бунёди иншооти хурду бузурги энергетикӣ дар саросари мамлакат амалӣ шуда истодаанд.
Дар ноҳияи Рашт дар давраи соҳибистиқлолии кишварамон аз ҷониби Ширкати "Барқи тоҷик"  ва дигар сохтору мақомоти давлатӣ хеле корҳо ба иҷро расонида  шудаанд, аз ҷумла  ба масофаи қариб 2000 километр кашидани хати интиқоли барқ анҷом дода шудааст, ки ин тадбирҳо вазъи таъминоти мардуми ноҳияро бо нерӯи барқ ба таври назаррас беҳтар гардонидаанд.
Тибқи Барномаи дарозмуддати сохтмони нерӯгоҳҳои хурди барқӣ дар солҳои 2009-2020 дар ноҳияи Рашт сохтмони 17 нерӯгоҳи хурд ба маблағи умумии 40 миллион сомонӣ тавассути сармоягузориҳои давлативу соҳибкорони ватанӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар тӯли  солҳои 1991-2011 дар ноҳияҳои водии Рашт бо ҷалби маблағгузориҳои давлатӣ ва сармоягузориҳои дохиливу хориҷӣ 33 адад нерӯгоҳи хурд сохта, ба истифода дода шудааст, ки иқтидори умумиашон зиёда аз 2000 киловаттро дарбар мегирад. Аз ин миқдор танҳо дар ноҳияи Рашт ҳоло 9 нерӯгоҳи барқи обии хурд мавриди баҳрабардорӣ қарор дорад.
Ҳамзамон бо ин, бояд қайд кард, ки алҳол бо ҷалби сармоягузорони ватаниву хориҷӣ дар минтақаи Рашт сохтмони боз  5 нерӯгоҳи барқи обии хурд идома дорад. Аз ҷумла, мо имрӯз баъди мулоқот бо шумо нерӯгоҳи барқи обии хурди "Сангикар"-ро бо тавоноии 1000 киловатт ба истифода месупорем, ки он низ идомаи корҳои созандагиву бунёдкории даврони соҳибистиқлолии кишварамон мебошад.
Дар замони истиқлолият соҳаҳои иҷтимоии ноҳия, аз ҷумла маорифу тандурустӣ низ ба дастоварду пешравиҳои намоён муваффақ гардидаанд.
Амалӣ намудани барномаи ислоҳоти соҳаи маориф яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатдории мо мебошад. Зеро ояндаи миллат дар дасти ҷавонон буда, рушди мамлакат аз сатҳи донишу малака ва камолоти онҳо вобастагии бевосита дорад. Ба ҳамин хотир, дар давоми солҳои истиқлолият аксари мактабҳои ноҳия таъмиру барқарор карда шуда, танҳо аз ҳисоби фонди Президенти кишвар дар   14 мактаб ва аз ҳисоби буҷети давлатӣ дар 23 мактаб бунёди бинову синфхонаҳои иловагӣ, инчунин таъмиру барқарорсозии биноҳои асосӣ ба маблағи беш аз 8 миллион сомонӣ амалӣ карда шудаанд.
Ҳамзамон бо ин, дар замони истиқлолият тавассути грантҳо ва сармоягузориҳои хориҷӣ дар ноҳия  85 иншооти соҳаи маориф бунёд ва таъмиру барқарор карда шудаанд. Алҳол дар ноҳия 110 мактаби таҳсилоти  умумӣ мавҷуд аст, ки ин шумора нисбат ба соли 1992 17 адад зиёд мебошад.     
Дар асоси Барномаи давлатии компютеркунонии муассисаҳои  таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон 75 мактаби таҳсилоти  умумии   ноҳия ҳоло бо 460 компютер ва 44 генератори барқӣ таъмин карда шудааст. Дар ин самт Вазорати маориф ва мақомоти иҷроияи  маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияро зарур аст, ки дар мӯҳлатҳои муқарраргардида иҷрои пураи барномаи мазкурро таъмин намоянд.
Дар даврони  истиқлолият  иштироки хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумии ноҳияи Рашт дар олимпиадаҳои фаннии мактаббачагон сол аз сол фаъол гирдида, ҳамасола шогирдони мактабҳои ноҳия дар озмунҳои минтақавӣ ва ҷумҳуриявӣ сазовори ҷойҳои намоён гардида истодаанд.
Аз  ноҳияи Рашт ҳар сол садҳо нафар ба мактабҳои олии мамлакат ва хориҷи кишвар дохил шуда, танҳо тибқи Квотаи президентӣ ҳоло аз ноҳия 139 нафар, аз ҷумла 77 нафар  духтар таҳсил  намуда истодааст.
Тавре ки медонед, бо дарназардошти таълиму тарбияи ҳамаҷонибаи фарзандон чанде пештар қонун "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" қабул гардид, ки иҷрои он, яъне тарбия кардану ба воя расонидани фарзандони солеҳ, насли солиму соҳибмаърифат ва номбардорони ояндаи миллат вазифаи волидайн,  мактабу маориф, аҳли зиё ва умуман тамоми ҷомеа мебошад.
Бояд гуфт, ки меҳру садоқат ба Ватан, баланд бардоштани ҳисси милливу инсондӯстӣ, омӯзиши илму техника ва технологияҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ арзишҳои олии тарбияи имрӯзаи ҷавонон буда, дар баробари ин дароз кардани дасти мадад ба ятимону маъюбон ва кӯмак ба эҳтиёҷмандон аз фазилатҳои бузурги инсонӣ мебошад, ки мо бояд фарзандони худро низ дар ин рӯҳия тарбия кунем.
Дар ин ҷода оид ба масъалаи фитри рӯзаву хайрот дар моҳи Рамазон бори дигар таъкид месозам, ки тибқи фатвову ҳадисҳои дини мубини ислом, додани хайроту садақа ва ҳама гуна амалҳои хайру эҳсонкорӣ ба шахсони воқеан эҳтиёҷманд, яъне ятимону маъюбон, оилаҳои камбизоату шахсони бесаробон воҷиб буда, анҷом додани ин аъмоли нек боиси баракати рӯзгору зиндагии шахсони доро мегардад.
Ҳамзамон бо ин, бо дарназардошти болоравии қимати сӯзишворӣ ва маводи озуқа дар бозорҳои ҷаҳонӣ, зарур аст, ки гузаронидани ҷашну маросимҳо ва тӯю маъракаҳо бо риояи ҳатмии муқаррароти қонун амалӣ гардад ва пеши роҳи исрофкорӣ гирифта шавад.
Вобаста ба ин, ҳидояти ҷавонон ба роҳи росту меҳнати созанда, ободии диёр, ба ваҳдату худшиносии миллӣ, ватандӯстиву ахлоқи накӯ ва сарфаю сариштакорӣ бояд ҷавҳари асосии тарбияи наслҳои ояндасози миллат бошад.

Ҳамватанони азиз!
Бузургтарин дастоварди миллати тоҷик дар замони истиқлолият ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва сулҳу суботи ҷомеа мебошад. Маҳз ҳамин омил давлату миллатамонро  аз хатари парокандашавӣ нигоҳ дошт ва имрӯз мо бо  ифтихор ба истиқболи бистсолагии соҳибистиқлолиамон омодагӣ мегирем.
Итминони комил дорам, ки хурду бузурги ин водии бостонӣ, аз ҷумла мардуми сарбаланд ва бонангу номуси ноҳияи Рашт бо кору пайкори бунёдкоронаи худ дар қатори дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар ҷашни фархундаи миллиамонро бо рӯҳияи баланди ободкориву созандагӣ ва ифтихор аз соҳибватаниву соҳибдавлатӣ истиқбол мегиранд.
Бо ҳамин ниятҳои нек бори дигар ҳамаи шумо - ҳозирини гиромӣ ва дар симои шумо кулли мардуми шарифи ноҳияи Раштро бо ҷашни бистумин солгарди истиқлолияти давлатии Ватани азизамон табрик гуфта, тансиҳатӣ, зиндагии осудаву ором ва сарбаландии ҳар яки шуморо орзумандам!

Ҳамеша сарбаланду саодатманд бошед, ҳамдиёрони азиз!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.08.2011    №: 126-127 (21 942-943)    Мутолиа карданд: 610

25.09.2018


Тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Корея

Баргузории ҷамъомад оид ба пешгирии ҷинояткорӣ

Анҷоми марҳилаи якуми амалиёти «Кӯкнор-2018»

Гутерриш ба муборизаи фаъолтар алайҳи маводи мухаддир даъват сохт

Теъдоди қурбониёни садамаи киштӣ дар Танзания ба 225 нафар расид

Сеул барои дучандсозии теъдоди сайёҳон $640 миллион харҷ карданист

Фаронса қатораи дуошёнаи тезгард месозад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷом насиби кӣ мешавад?

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед