logo

маориф

Проблемаи маоши омӯзгорон ҳал мешавад

Дар кишвари мо ҳамасола 1 сентябр чун Рӯзи дониш таҷлил мегардад. Яъне ба хотири дониш рӯзеро муқаррар кардаанд. Чунин гиромидошт хоси миллати куҳанбунёду соҳибтамаддун аст.
Дар ин рӯзи муборак соли нави хониш оғоз меёбад. Дарҳои мактабҳо барои донишомӯзон кушода мешавад. Ва ҳам он оғози фаъолияти эҷодӣ, касбӣ ва ҳунарӣ аст. Як навъ ҳисоботест, ки барои равнақи маориф чӣ корҳои бузургу мондагор анҷом пазируфтанд.
Сӯҳбати Абдулқодири Раҳим - хабарнигори рӯзнома бо Абдуҷаббор Раҳмонов, вазири маорифи ҷумҳурӣ, дар ин хусус мебошад.

-Мӯҳтарам вазир, соли нави таҳсилро ба Шумо ва дар симои Шумо ба ҳамаи аҳли маорифи кишвар табрик мегӯем. Лутфан мегуфтед, ки соли нави хониш аз солҳои қаблӣ  чӣ фарқият  дорад?
- Фарқияти соли нави таҳсил - марбут ба тантанаҳои ҷашни бошукӯҳи 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Бо шарофати ин ҷашни бузурги миллӣ ҳамаи муассисаҳои таълимӣ аз таъмиру тармим бароварда шуда, теъдоде аз мактабҳои нави замонавӣ қомат афрохтанд.
Дар доираи амалисозии "Барномаи давлатии сохтмон, таъмиру азнавсозии мактабҳо барои солҳои 2008-2015, ки дар хонаҳои шахсӣ, вагонхонаҳо, биноҳои маъмурию ҷойҳои ҷамъиятӣ ҷойгиранд" сохтмони 26 бинои мактаб  барои 5961 ҷойи нишаст ба анҷом расид. Вазорати маориф  дар соли нави таҳсил бахшида ба истиқболи ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатӣ 18 иншооти соҳаи маорифро барои 3426 ҷойи нишаст мавриди баҳрабардорӣ қарор дод. Аз ҳисоби лоиҳаҳои сармоягузории соҳа дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ то имрӯз 11 иншоот барои 3642 ҷойи нишаст бо тамоми таҷҳизоти таълимӣ ва арзиши 7 миллион  доллари ИМА ба истифода дода шуд ва дар 38 иншооти дигар барои 7824 ҷойи нишаст корҳои сохтмонӣ ва барқарорсозӣ идома дорад. Умуман, аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ имсол зиёда аз 140 мактаб сохта ба истифода дода мешавад.
Бо ташаббусу дастгириҳои Сарвари давлат боз мактабҳои нави президентӣ барои хонандагони болаёқат дар ноҳияи Бохтари вилояти  Хатлон ва  шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дари худро боз намуданд. Дар ин гуна мактабҳо ҳамаи шароитҳои таълимӣ мавҷуд буда, ҷавобгӯ ба стандартҳои ҷаҳонӣ мебошанд. Ҳамчунин як қатор мактабҳои нави замонавӣ дар шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Турсунзода, Файзобод, Шаҳринав, Абдураҳмони Ҷомӣ, Хуросон ва дигар минтақаҳои кишвар мавриди  баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.  Дар ифтитоҳи аксари онҳо Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташриф оварда, бо суханронӣ ва баёни андешаҳои пурмӯҳтаво дар мавриди нақши мактабу омӯзгор, таҳсили илму дониш, шӯълаи меҳру муҳаббатро дар замири хонандагону омӯзгорон ва падару модарон боз ҳам фурӯзон гардонид.
Дар зинаи таҳсилоти томактабӣ пешравиҳои зиёде ба мушоҳида мерасанд. Бо мақсади танзим ва такмили соҳа дастури "Коргузорӣ ва ҳуҷчатдорӣ дар кӯдакистон" таҳия гардида, мавриди истифода қарор гирифт. Дар як қатор ноҳияҳо, аз ҷумла ноҳияҳои Данғара, Балҷувон ва Тавилдара, кӯдакистонҳои нави замонавӣ қомат афрохтанд. Шумораи муассисаҳои томактабии хусусӣ ба 17 адад расид. Барои фарогирии бештари кӯдакон ба парвариш  38 маркази инкишофи кӯдакон дар ноҳияҳои дурдаст таъсис дода шуд.  Муҳимтар аз ҳама дар як қатор кӯдакистонҳо, бахусус шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб ва Хуҷанд, барои кӯдакони зинаҳои болоӣ омӯзиши технологияи компютерӣ роҳандозӣ гардид.
Яке аз таҳаввулоти ҷиддӣ, ки дар низоми маорифи кишвар ба вуқӯъ пайваст, ба тасвиб расидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" мебошад. Татбиқу амалӣ гаштани ин ҳуҷҷати муҳим дар ислоҳоти маориф, бахусус баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ, мусоидат хоҳад намуд.
Ҳамасола Рӯзи дониш ва Дарси сулҳро Эмомалӣ   Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар яке аз муассисаҳои таълимӣ бо хонандагону донишҷӯёни боистеъдод ва устодону омӯзгорони пешқадам оғоз менамоянд. Имсол ин дарс дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон баргузор гардида, барои   устодону омӯзгорон ва шогирдони мо сабақи арзишманде хоҳад шуд.
-Барои болотар бурдани  сатҳ ва беҳтар кардани сифати таълиму тарбия, таҳкими заминаҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ ва беҳтар намудани шароити зиндагиву фаъолияти омӯзгорон чӣ тадбирҳои судманд амалӣ мегарданд?
- Бо Фармони Президенти кишвар аз 1 сентябри соли равон маоши кормандони соҳаи маориф ва омӯзгорон ба андозаи 30 дарсад зиёд мегардад ва тибқи дастури Паёми имсола дар се соли минбаъда низ афзоиши маоши омӯзгорон дар назар аст. Ҳамин тавр, мушкилоти муаллимон дар мавриди маош марҳила ба марҳила ҳалли худро меёбад.
Бидуни таъмини муассисаҳои таълимӣ бо китобҳои дарсӣ ва маводи таълимӣ мо наметавонем дар мавриди боло бурдан ва беҳтар кардани сифати таълиму тарбия натиҷаи дилхоҳ ба даст биёрем. Дар давоми соли равон 10  номгӯйи китоби дарсӣ бо теъдоди 449560 нусха нашр гардид. Дар ин давра  ба шӯъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои кишвар 98 номгӯйи китоби дарсӣ бо теъдоди 151386 нусха ва 76856 нусха барномаву дастур ва маводи таълимӣ дастрас намудем. Дар нашриётҳо чопи зиёда аз 40 номгӯйи китоби дарсӣ бо теъдоди зиёда аз 2 миллион нусха бо суръати баланд идома доранд.
Айни замон мактабҳои таҳсилоти умумӣ дар доираи иҷрои "Барномаи давлатии компютеркунони муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011 - 2015" бо зиёда аз 31825 компютер, 4894  принтер, 1298 генератори дизелӣ таъмин гардидаанд.
Аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ дар соли 2010 ва нимаи аввали соли 2011 мактабҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо 41258 ҷуфт мизу курсии талабагӣ, 3237 тахтаи синфӣ, 2916 мизи омӯзгорӣ ва 810 мизу курсӣ барои компютер таъмин шудаанд.
Амалӣ шудани "Барномаи давлатии тайёр кардани омӯзгорони ҷавон барои солҳои 2011-2016" низ яке аз самтҳои муҳими фаъолият дар таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо мутахассисон маҳсуб меёбад. Вазорати маориф эҳтиёҷоти муассисаҳоро ба инобат гирифта зиёда аз 4 ҳазор омӯзгори ҷавонро тибқи роҳхат ба ҷойҳои кор фиристод. Дар сурати пурра ба ҷойи кор ҳозир шудани мутахассисон масъалаи норасоии омӯзгорон ҳалли худро меёбад. Мувофиқи маълумоти расида айни ҳол 50 фоизи онҳо ба ҷойи кор ҳозир шудаанд. 
Тибқи талаботи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муқаррар намудани имтиёзҳо ба омӯзгорони ҷавон" дар ҷумҳурӣ 492 омӯзгори ҷавон ба замини наздиҳавлигӣ, 375 нафар бо замини полезкорӣ ва боғдорӣ ва 330 нафар бо қарзҳои имтиёзнок таъмин гаштаанд. 
- Омодагии гузариш ба низоми нави таҳсилоти умумӣ, ки тақозои замон аст, чӣ гуна ҷараён дорад? Дар иртибот ба ин чӣ корҳое ба анҷом расиданд?
- Шурӯъ аз моҳи сентябри соли 2011 бояд таҳсилоти ҳатмии 10-сола роҳандозӣ мегардид, моҳи сентябри соли 2014 кӯдакони синни 6 ва 7-сола баробар ба мактаб қабул мешуданд ва соли хониши 2016-2017 хатми аввали таҳсилоти 12 -сола ба нақша гирифта мешуд. Вазорати маориф вобаста ба бӯҳрони иқтисодиву молиявии ҷаҳонӣ, ки Тоҷикистон аз он истисно нест ва ҳамчунин вобаста ба он ки айни ҳол вазъи иқтсодии кишвар имконият намедиҳад, зарур шуморид, ки оид ба тамдиди раванди гузариш ба низоми нави таҳсилот то соли 2020 ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дархост мактуб ирсол намояд. Дархости мазкур аз ҷониби Сарвари давлат пазируфта шуд. Ҳамчунин зарурат, мушкилот ва роҳҳои ҳалли раванди  гузариш ба низоми нави таҳсилот 27 майи соли равон дар Кумитаи илм ва маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки вакилони мардумӣ баррасӣ гардид ва масъалаи тамдиди гузариш аз ҷониби вакилон низ дастгирӣ ёфт. Новобаста аз он ки масъалаи гузариш тамдид гардидааст, дар назди Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Маркази омӯзиши масъалаҳои гузариш ба таҳсилоти 12-сола таъсис ёфт. Айни ҳол аз ҷониби мутахассисони маркази мазкур таҳияи Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи умумӣ тарҳрезӣ ва таълифи нақшаву барномаҳои таълимӣ ва барномаву китобҳои дарсӣ оғоз шудааст. Ҳамчунин корҳои омодагӣ оид ба гузариш дар ҳамаи самтҳо, бахусус сохтмони синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ, дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо суръати хуб  идома доранд ва фикр мекунам, бо ғанӣ гардидани буҷаи Ҳукумати ҷумҳурӣ ва инкишофи маблағгузории соҳаи маориф масъалаи мазкур дар мӯҳлатҳои муқарраргардида ҳалли худро меёбад.
- Вобаста ба дастури Сардори давлат дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот ба омӯзиши забони давлатӣ бояд таваҷҷӯҳи аввалиндараҷа дода шавад. Омодагӣ ва фаъолият дар ин самт оё ҷавобгӯи талабот аст?
- Вазорат дар иртибот ба масъалаи мазкур нақшаи чорабиниҳоро мураттаб сохта, ба ҳамаи зинаҳои таҳсилот ирсол намуд ва он ҳамеша дар маркази диққат буда, яке аз самтҳои муҳими фаъолият ба шумор меравад.
Дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ ва муассисаҳои тобеи вазорат ороиши кабинет ва синфхонаҳо, шиору навиштаҳои хусусияти тарбиявидошта, номгузории муассисаҳо дар даромадгоҳҳо, мӯҳр, тамға ва  ҳуҷҷатҳои расмӣ, ки қаблан ба забони давлатӣ ва русӣ роҳандозӣ мешуданд, имрӯз пурра  ба забони давлатӣ мебошад. Дар ин раванд аз ҷониби Вазорати маориф ҷиҳати омӯзиши забони давлатӣ, бахусус дар  муассисаҳои таҳсилоти умумии ғайритоҷикии ҷумҳурӣ, диққати ҷиддӣ дода мешавад. Аз ҷумла барои синфҳои 1-6 36 соат, барои синфҳои 5-9 10 соат ва барои синфҳои 10-11  4 - соатӣ таълими забони давлатӣ ба нақша гирифта шудааст. Барои ҳамаи синфҳо китобҳои дарсии забони давлатӣ чоп шуда, омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ бо он таъмин мебошанд. Барои баланд бардоштани савияи касбии омӯзгорони фанни забони давлатӣ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо курсҳои такмили ихтсос созмон дода шуд. Дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ маҳфилу озмунҳои китобхонӣ ва иншои беҳтарин дар мавзӯъҳои гуногун ва чорабиниҳои фарҳангӣ баргузор мегарданд, ки ин ҳама барои пойдориву таҳкимбахшии забони давлатӣ ва омӯзиши он хеле муфид мебошанд.
Дар зинаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ низ таълим пурра ба забони давлатӣ буда, барои гурӯҳҳое, ки таълимашон  ба забони ғайридавлатист, забони давлатӣ омӯзонда мешавад. Қобили қайд аст, ки қаблан бештари адабиёту китобҳои дарсии ин зинаҳои таҳсилот ба забони русӣ буд. Бо кӯшиши Вазорати маориф қисмати зиёди китобу адабиёти дарсӣ ба забони давлатӣ таҳияву баргардонида шуданд. Аз ҷумла имрӯз барои  муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ 35 адабиёт, дастури таълимӣ, 80 модули таълимӣ ва барои зинаи миёнаи касбӣ 90 модули таълимӣ ба забони давлатӣ пешниҳод карда шудааст. 95 модули таълимии дигар  омодаи чоп буда, дар оғози соли нави таҳсил дастраси  омӯзгорон,  хонандагон ва донишҷӯён  мегардад.
Омӯзиши забони давлатӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ  низ дар мадди назари вазорат қарор дорад. Риояи ҳатмии қоидаҳои имлои забони давлатӣ ҳангоми коргузорӣ, таҳияи маводи таълимӣ, китобу васоити таълимӣ ва шиору овезаҳо, гузаронидани семинар-машваратҳо аз ҷумлаи тадбирҳои муҳим дар самти омӯзиши забони давлатӣ  мебошанд. Ба ифтихори Рӯзи байналмиллалии забони модарӣ байни донишҷӯён озмуни иншои беҳтарин гузаронида шуд ва ғолибонро бо мукофоту тӯҳфаҳо сарфароз гардониданд.
Дар бисёре аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бо мақсади босамар гузаштани дарсҳо китобҳо ба  забони давлатӣ таҳия, чоп ва дастраси омӯзгорону донишҷӯён гаштааст.
- Шурӯъ аз соли оянда то ба 8 сол Барномаи ислоҳот ва рушди муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бояд татбиқ гардад. Барои татбиқи он чӣ имкониятҳо мавҷуданд ва ҳам фароҳам оварда мешаванд?
-Мавриди зикр аст, ки ҳолати ҳозираи низоми таҳсилоти  ибтидоӣ ва миёнаи касбии ҷумҳурӣ ба талаботи иқтисодиёти миллии Тоҷикистон ва бозори меҳнат ҷавобгӯ нест. Зеро воситаҳои техникие, ки дар таълимгоҳҳои мазкур истифода мешаванд, аз солҳои 70-80-уми асри гузашта боқӣ мондаанд. 60-70% техникаҳои мавҷуда ва мошинаҳои хоҷагии деҳот ба талаботи давр ҷавобгӯ нестанд.  Инчунин аз  шумораи умумии дастгоҳҳои харротӣ ва дуредгарие, ки  дар ин таълимгоҳҳо истифода мешаванд, 45% онҳо  аз истифода баромада,  корношояманд. Вазъи лаборатория ва устохонаҳои муассисаҳои таълимӣ низ  ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ нестанд.
Аз ин рӯ, низоми идоракунии таълим ва, умуман, фаъолияти ин зинаи таҳсилот ба ислоҳоти ҷиддӣ ниёз дорад.
Як масъалаи ташвишовари дигар дар шароити имрӯза ҷорӣ набудани низоми такмили ихтисоси омӯзгорон ва устоҳои таълимист. Барои такмили ихтисос ва мукаммалгардонии дониш ва малакаи омӯзгорон ва устоҳои таълимӣ маблағ ҷудо намешавад.
Вобаста ба ҳамин Сарвари давлат таъкид намуданд, ки "Таҳсилоти ибтидоии касбӣ низ яке аз зинаҳои муҳими соҳаи маорифи кишвар буда, иқтисоди миллиро бо мутахассисони соҳибкасб таъмин менамояд ва дар рушди ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат саҳми босазо мегузорад".  Аз ин рӯ дастур доданд, ки Вазорати маориф "Барномаи ислоҳот ва рушди муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбиро барои солҳои 2012-2020" таҳия ва  пешниҳод намояд.
Айни ҳол аз тарафи гурӯҳи кории мутахассисони вазорат барномаи мазкур  таҳия гардида истодааст. Барои амалигардонӣ ва татбиқи он Вазорати маориф дар бахши таҳияи маводи методию таълимӣ имконоти заруриро дорад.
- Вобаста ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд", ки чанде пеш ба тасвиб расид, таҳия ва қабули як барномаи аз ҷиҳати илмӣ асосноки тарбияи насли наврас барои ҷомеа дар назар дошта шуда буд. Ҳалли ин масъала дар кадом сатҳ қарор дорад ва татбиқи он чӣ натиҷа медиҳад?
- Нақшаи чорабиниҳо таҳия гардидааст ва доимо зери назорат  қарор  мегирад. Таҳияи барнома низ дар арафаи анҷомёбист ва пас аз баррасии ҳамаҷониба ва баёни фикру андешаҳои коршиносону мутахассисон он ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мешавад. Ғайр аз ин, роҳнамоҳои падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд, барномаҳои таълимиву тарбиявии махсус, китобу дастурҳои таълимиву методие, ки хусусияти тарбиявӣ доранд, нашр хоҳанд гардид.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" ва ҳам барномаи аз ҷиҳати илмӣ асосноки тарбияи насли наврас имконият фароҳам меоваранд, ки падару модарон бо диди нав дар тарбияи фарзандон саҳм гиранд ва насли наврас бо ҷаҳонбинии васеъ, огоҳӣ аз малакаҳои ҳаётӣ ва орӣ аз маҳдудиятҳои ақливу рӯҳӣ тарбия ёбад. Ба ин васила онҳо метавонанд бо итихобу аз бар намудани касбҳои воқеан ҳам барои пешрафти ҷомеа зарур талош варзанд ва минбаъд дар бахшҳои ҳаётан муҳими давлатдории мо саҳмгузор бошанд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.08.2011    №: 126-127 (21 942-943)    Мутолиа карданд: 1002

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед