logo

суханрониҳо

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба муносибати Рӯзи дониш дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, 1 сентябри соли 2011

Мӯҳтарам намояндагони таълимгоҳҳои олӣ ва аҳли илму маориф!
Ихтироъкорон ва навоварони ҷавон!
Ҳозирини гиромӣ!

Мулоқоти анъанавии мо ба муносибати Рӯзи дониш ва оғози соли нави таҳсил имсол дар остонаи иди бузургу муқаддаси миллиамон - бистумин солгарди истиқлолияти давлатӣ  дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон сурат мегирад.
Бо истифода аз фурсати муносиб ҳамаи шумо - ҳозирини гиромӣ, тамоми  хонандагону донишҷӯён ва кулли кормандони соҳаи маорифи мамлакатро аввалан ба ифтихори санаи мубораки бистсолагии озодиву соҳибихтиёрии Ватани азизамон, инчунин ба муносибати Рӯзи дониш табрик мегӯям.
Яке аз шартҳои асосии тарбия ва камолоти маънавии инсон омӯхтани илму дониш мебошад. Вақте ки инсон аз донишҳои гуногуни замона баҳра мебардорад, дар навбати аввал худро мешиносад ва баъдан ба фалсафаи зиндагӣ ва арзишҳои фарҳанги башарӣ таваҷҷӯҳ зоҳир менамояд. Ин талош минбаъд ба азму иродаи қавӣ ва созанда табдил мегардад, ки ҷомеаи мо ба чунин нерӯи пешрави илмӣ эҳтиёҷи зиёд дорад.  
Аз ин нуқтаи назар, мафҳуми калимаи "дониш" аз лиҳози фалсафаи таҳсилоти асри XXI маънӣ ва мундариҷаи хос пайдо менамояд. Дар асри нав ибораву истилоҳоте, аз қабили "фалсафаи таҳсилот", "таҳсилот дар тамоми ҳаёт", "тафаккури эҷодӣ" ва "рушди шахсият" маъмул гардидаанд, ки толибилмон бо онҳо ҳанӯз аз зинаҳои аввали донишомӯзӣ то расидан ба камолоти касбӣ рӯ ба рӯ мегарданд.
Дар шароити имрӯзаи рушди босуръати илм ва техникаву технология ҳар як  давлат нерӯи зеҳнии ҷомеаро ба кашфиёту ихтирооти нав ва тавсеаи соҳаҳои гуногуни истеҳсолӣ равона месозад. Чунин муносибат ба фаъолияти инноватсионии соҳаҳои илму маориф такони ҷиддӣ бахшида, дар навбати худ ба рушди  иқтисодиёти миллӣ ва  баланд шудани сатҳу сифати зиндагии мардум мусоидат менамояд.    Яъне, омӯзиш ва татбиқи донишҳои наву замонавӣ шарти асосии пешрафт ва рушди пайгиронаи ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Талаботи ҳаёт, робитаҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвари соҳибистиқлоламон аз ҳар як толибилм тақозо мекунанд, ки бо донишҳои замонавӣ мусаллаҳ гардад, барои рушди инноватсионӣ ва рақобатпазирии кишвари худ талош варзад. Ин моро водор месозад, ки ислоҳоти ҷиддиро дар зинаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ минбаъд низ вусъат бахшем.  Ислоҳот бояд, пеш аз ҳама, ба таҳкиму такмили пояҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ ва омода намудани мутахассисони баландихтисосу кордон барои соҳаҳои истеҳсолӣ нигаронида  шавад.
Сиёсати давлатии инноватсионӣ ва гузариш ба иқтисоди бозорӣ тақозо менамояд, ки дар заминаи омӯзишгоҳҳо ва техникуму коллеҷҳои касбию техникӣ коргоҳҳо ва корхонаҳои хурду миёнаи истеҳсолӣ таъсис дода шаванд. Чунин иқдом илова бар ин ки ба ҳамбастагии илм ба истеҳсолот мусоидат мекунад, ҳамчунин яке аз василаҳои баланд бардоштани маоши омӯзгорони чунин муассисаҳои таълимӣ, ба роҳ мондани фаъолияти мунтазами истеҳсолӣ ва вусъат додани ҳунару ҳунаромӯзӣ низ мебошад.
Ҳамчунин дар зинаи таҳсилоти олии касбӣ донишҷӯёне, ки дар соҳаҳои илмҳои дақиқ таҳсил мекунанд ва соҳиби касбу ҳунар мегарданд, пеш аз ҳама бояд эҷодкор бошанд ва мутобиқи имконияту захираҳои мавҷудаи кишвар лоиҳаҳои асоснокшудаи инноватсиониро таҳия ва татбиқ намоянд. Мо маҳз аз ҳамин нуқтаи назар соли 2010-умро "Соли маориф ва фарҳанги техникӣ" эълон карда будем, ки барои зина ба зина расидан ба ҳадафҳои стратегии давлатамон, аз ҷумла рушди пайгирона ва устувори соҳаҳои илму маориф дар солҳои минбаъда мусоидат хоҳад намуд.  Дар робита ба ин, мактабҳои олӣ вазифадор гардидаанд, ки дар ҳамкорӣ бо дигар муассисаҳои илмӣ, касбӣ ва истеҳсоливу тиҷоратӣ пойгоҳҳои технологӣ ва марказҳои илмию таҳқиқотии инноватсионӣ таъсис дода, барои истеҳсоли маҳсулоти қобили рақобат аз ҳамаи имконияту захираҳои мавҷуда босамар истифода намоянд.
Дар баробари ин, бояд тамоми соҳаҳои асосии иқтисоди миллӣ, бахусус соҳаҳои истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ марҳала ба марҳала таҷдид гардида, бо технологияҳои наву пешрафта таҷҳизонида шаванд.
Бояд гуфт, ки солҳои охир дар кишварамон дар ин самт корҳои муайян ба анҷом расидаанд. Аз ҷумла даҳҳо корхонаҳои нави саноатӣ, ки ба меъёрҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ мебошанд, ба фаъолият оғоз кардаанд.  Раванди бунёд, таҷдид ва азнавсозии корхонаҳои хурду миёна ва азими саноатӣ дар кишварамон идома хоҳад ёфт ва ин амр аз масъулони соҳа тақозо менамояд, ки барои омода намудани мутахассисони донишманду забондон ва соҳибмаърифату кордон тадбирҳои судманд андешанд.
Қобили зикри хос аст, ки Тоҷикистон дорои сарватҳои зиёди табиӣ мебошад, вале то ҳанӯз коркарди қисми зиёди онҳо ба роҳ монда нашудааст. Аз ин рӯ, ба рушди ҳамаҷонибаи соҳаи саноат, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ, сифату рақобатпазирӣ ва содироти он мутобиқи талаботи бозори дохиливу хориҷӣ аҳамияти махсус бояд дод.
Дар самти азхудкунии сарватҳои табиӣ мо бояд ба масъалаи коркарди ҳарчи бештари ашёи хоми ватанӣ ва дар намуди маҳсулоти тайёр содир намудани он эътибори ҷиддӣ ва доимӣ диҳем. Ин кори муҳим дар навбати худ вазифаи аввалиндараҷаи олимони соҳаҳои истеҳсолии кишвар мебошад. Чунонки таҳлилҳо нишон медиҳанд, ҷавонони лаёқатманду эҷодкори мо  дар доираи имкон бо техникаву технологияҳои навтарин сарукор доранд ва дар ин ҷода ба дастовардҳои муайян низ ноил гардидаанд. Вале бо дарназардошти талаботи рӯзафзуни илму технология ин пешравиҳо ҳанӯз моро қонеъ карда наметавонанд. Бинобар ин, бо мақсади омода намудани мутахассисони варзида ва баланд бардоштани дараҷаи тахассусии онҳо Вазорати маориф якҷо бо вазорату кумитаҳои дахлдор вазифадор карда мешаванд, ки то охири соли ҷорӣ талаботи касбии ҳар як ихтисосро мавриди омӯзиш қарор дода, вобаста ба татбиқи сиёсати давлатии инноватсионӣ санадҳои дахлдорро дар таҳрири нав пешниҳод намоянд.
Бо эълон шудани "Соли маориф ва фарҳанги техникӣ" маълум гардид, ки теъдоди зиёди хонандагону донишҷӯёни кишварамон ба техникаву технологияи навин таваҷҷӯҳи зиёд доранд. Боиси қаноатмандист, ки онҳо дар озмуну намоишгоҳҳои гуногуни бонуфуз торафт фаъолона иштирок менамоянд.
Махсусан пешниҳоди лоиҳаҳои марбут ба рушди энергетика, истифодаи манбаъҳои алтернативии гармӣ, барномасозӣ, ташхис ва татбиқи техникаи компютерӣ, муайян намудани сифати маҳсулоти корхонаҳои саноатӣ аз нигоҳи илмӣ асоснок ва бисёр ҷолиб мебошанд.
Қадамҳои аввалини хонандагон, донишҷӯён ва эҷодкорони ҷавон умедбахшанд ва ман итминони комил дорам, ки чунин ҷавонон дар ҳамаи таълимгоҳҳои кишвар таҳсил менамоянд. Вале агар масъалаи мазкур маҳз аз лиҳози ҷалби нерӯи зеҳнии кишвар ва дастовардҳои илмӣ таҳлили амиқ карда шавад, маълум мегардад, ки дар ин раванд ҳанӯз як силсила камбудиҳо ҷой доранд.
Чунин ба назар мерасад, ки олимону ихтироъкорон  мақсади асосии худро фақат дар ҳимояи рисолаҳои илмӣ мебинанд ва барои дар амал татбиқ намудани донишҳои назариявии худ кам таваҷҷӯҳ мекунанд. Аз тарафи дигар, аз ҷониби вазорату кумитаҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо низ ба масъалаи ҳамкорӣ бо таълимгоҳҳо ва марказҳои таълимиву илмӣ аҳамияти зарурӣ дода намешавад.
Бо истифода аз фурсат, бори дигар мехоҳам таъкид намоям, ки илми бе амал монанди дарахти бесамар аст.
Бинобар ин, барои татбиқи дастовардҳои илмӣ дар истеҳсолот пешниҳод карда мешавад, ки дар ҳисоботи солонаи ҳама гуна субъектҳои хоҷагидорӣ, сарфи назар аз шакли моликияти онҳо, банди  махсуси "татбиқи ихтирооти илмӣ дар истеҳсолот" илова гардад, инчунин арзёбии фаъолияти вазорату кумитаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва корхонаву муассисаҳо аз ҳамин нуқтаи назар ба роҳ монда шавад.
Танҳо дар ин сурат мо метавонем пешбурди корҳои илмиву таҳқиқотиро ҳам аз ҷониби таълимгоҳу марказҳои илмӣ ва ҳам субъектҳои хоҷагидорӣ ҳамоҳанг ва фаъол сохта, ба натиҷаҳои назаррас  ноил гардем. Бояд дарк намоем, ки татбиқи васеъ ва пурсамари дастовардҳои нави илмӣ, навовариҳо ва ихтироот сатҳи рақобатпазирии иқтисоди миллии ҳар як мамлакати ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистонро дар асри XXI муайян месозад. 
Ҳозирини гиромӣ!
Ҳоло ки мо дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон қарор дорем, мехоҳам таъкид намоям, ки ин боргоҳи таълимӣ дар тӯли фаъолияти худ дар самти тайёр кардани мутахассисони болаёқати соҳаҳои технологӣ дар кишварамон саҳми арзанда дорад. Донишгоҳи технологии Тоҷикистон соли 1990 ҳамчун Коллеҷи олии технологии Тоҷикистон таъсис ёфта, соли 1991 ба  Донишкадаи технологии саноати сабук ва озуқаворӣ табдил дода шудааст.
Айни ҳол, дар донишгоҳи мазкур аз рӯи 18 ихтисос таълими зиёда аз 6600 нафар донишҷӯ ба роҳ монда шудааст ва дар сохтори он 9 факултет, инчунин як филиал дар шаҳри Кӯлоб, ду гимназия дар шаҳрҳои Душанбе ва Кӯлоб фаъолият менамояд. Аз соли 1995 то инҷониб донишгоҳи мазкурро беш аз 6100 нафар хатм намуда, дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ ва берун аз он фаъолият доранд. Дар баробари ин, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷиҳати сайқал додани таҷрибаву малакаи касбии устодону донишҷуён бо зиёда аз 40 муассисаҳои таълимии хориҷи кишвар ҳамкориҳои судмандро ба роҳ мондааст.
Донишгоҳ бо мақсади омода намудани кадрҳои касбии соҳа доираи ҳамкориҳои худро бо марказҳои таълимӣ ва илмии хориҷи кишвар, бахусус Федератсияи Русия, Украина, Қазоқистон ва Беларус хеле вусъат бахшидааст.
Ифтитоҳи факултетҳои муштараки тоҷикӣ - русиягӣ дар филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб ва тоҷикӣ - украинӣ дар худи Донишгоҳ, имкониятҳои васеи ҳамгироии илмиву таълимиро дар ин самт фароҳам овардаанд.
Филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб бо зиёда аз 7 муассисаи таҳсилоти олии касбии Федератсияи Русия шартномаҳои ҳамкориро дар самти тайёр кардани мутахассисон барои Тоҷикистон, кадрҳои илмиву омӯзгорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки илмиву тадқиқотиву инноватсионӣ ба имзо расонида, онҳоро пайваста амалӣ намуда истодааст.
Дар натиҷа айни замон дар Донишгоҳи давлатии  химиявӣ  - технологии шаҳри Иваново 46 нафар, Академияи давлатии кишоварзии шаҳри Иваново 170 нафар, Донишгоҳи давлатии технологии шаҳри Кострома 77 нафар ва Донишгоҳи давлатии технологии шаҳри Воронеж 25 нафар аз ҳисоби буҷети ин донишгоҳҳо ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Соли ҷорӣ дар заминаи филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб дар асоси шартномаҳои ҳамкорӣ 263 нафар донишҷӯ аз шаҳру ноҳияҳои гуногуни мамлакат ба ин Донишгоҳ қабул гардидааст.
Дар доираи амалӣ гардидани шартномаҳои ҳамкорӣ мактабҳои илмии муштарак таъсис дода шудаанд, ки роҳбарии онҳоро олимони шинохтаи Федератсияи Русия ва Тоҷикистон ба зимма дошта, ҳоло 12 нафар унвонҷӯ ба иҷрои корҳои илмиву тадқиқотӣ машғул мебошад.
Ин ташаббус қобили дастгирӣ мебошад, зеро он имконият фароҳам меорад, ки масъалаҳои тарбия намудани мутахассисони замони нав аз нигоҳи рақобатпазирӣ дар бозори меҳнат ва мутобиқати онҳо ба талаботи меъёрҳои байналмилалии таҳсилот муваффақона ҳаллу фасл карда шаванд.
Дӯстони азиз!
Яке аз масъалаҳои муҳим, ки имрӯз дар ҷомеаи мо боиси ташвиши ҷиддӣ гардидааст, баъди хатми мактабҳои олӣ тибқи роҳхат ба кор нарафтани донишҷӯён, аз ҷумла онҳое мебошад, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ таҳсил кардаанд. Вазъи бавуҷудомада, яъне нарасидани кадрҳои дорои маълумоти олӣ моро водор месозад, ки роҳҳои муассири ҳалли мушкилоти мавҷударо андешем.
Бо дарназардошти аҳамияти ин масъала имрӯз зарурате ба миён омадааст, ки аз оғози соли нави таҳсил бо донишҷӯёне, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ таҳсил менамоянд, шартномаи сеҷонибаи мактаби олӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва донишҷӯ баста шавад.
Аз ин рӯ, ба Вазорати маориф супориш дода мешавад, ки дар хусуси ба қонунҳои амалкунандаи соҳа ворид намудани тағйиру иловаҳои дахлдор ба Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳодҳои заруриро манзур намояд. Ҳамчунин бо мақсади баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносии донишҷӯён - мутахассисони оянда зарур аст, ки ғайр аз дипломи таҳсилоти олӣ бояд ба ҳар як донишҷӯ хислатнома низ дода шавад. Зимни гузаронидани озмунҳо барои ишғоли вазифаҳои холӣ дар тамоми муассисаҳо пешниҳоди ҳуҷҷати мазкур бояд ҳамчун яке аз шартҳои асосӣ муайян гардад.
Солҳои охир тибқи квотаи президентӣ интихоб кардан ва ба мактабҳои олӣ ҷалб намудани ҷавонон ба ҳукми анъана даромадааст. Самараи хуби ин иқдом ба ҳама аён аст, вале дар баробари ин комёбиҳо дар ин самт ҳанӯз масъалаҳои ҳалталаб мавҷуданд.
Таҳлилҳо собит менамоянд, ки дар панҷ соли охир сифати қабули донишҷӯён тибқи квотаи президентӣ нисбатан беҳтар шудааст, зеро дар аксарияти ҳолатҳо ба як ҷой на кам аз се нафар довталаб аз сӯҳбат гузаронида мешавад. Дар баробари ин, масъалаи ҷалби писарони лаёқатманд тибқи квотаи президентӣ дар асоси тартиби махсусе, ки Ҳукумат тасдиқ намудааст, амалӣ намешавад.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ӯҳдадориҳои худро ҷиҳати интихоби писарони лаёқатманд ва сафарбар намудани онҳо ба мактабҳои олӣ, ки дар қоидаҳои қабул ба мактабҳои олӣ тибқи квотаи президентӣ муқаррар шудааст, ба таври бояду шояд иҷро намекунанд.
Мақсад аз ҷудо намудани квотаи президентӣ барои писарони лаёқатманд таъмин намудани адолати иҷтимоӣ ва аз байн бурдани ҳолатҳои номатлуб ҳангоми қабули донишҷӯён буда, чунин муносибат имкон медиҳад, ки писарони болаёқати шаҳру ноҳияҳои дурдасти мамлакат барои таҳсил дар мактабҳои олӣ ҷалб карда шаванд.
Мутобиқи қоидаҳои қабули писарони лаёқатманд тибқи квотаи президентӣ номзадҳо ҳанӯз дар синфи ҳашт бояд муайян гарданд.  Масъулони мактабҳо солҳои минбаъда таҳсили онҳоро зери назорат гирифта, доир ба ҷудо намудани ҷой бояд ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва Вазорати рушди иқтисод ва савдо дархост пешниҳод намоянд. Аз қабули ин тартиби кор шаш сол сипарӣ гардидааст, вале то ҳанӯз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ягон шаҳру ноҳияи мамлакат онро амалан иҷро накардааст.
Ҳукумат минбаъд низ барои ҷалби хонандагони болаёқат ба таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ, литсею омӯзишгоҳҳо аз тамоми имконот истифода мебарад ва иҷрои воқеии қарорҳои қабулнамудаашро дар ин самт талаб менамояд.  Иҷрои пурра ва босифати нақшаи қабул ба  мактабҳои олӣ тибқи квотаи президентӣ аз иҷрои дурусти қоидаҳои зикршуда вобаста мебошад. Аз ин рӯ, ба сохтору мақомоти марбутаи давлатӣ супориш дода мешавад, ки иҷрои босифати қабули духтарон ва писарони лаёқатмандро тибқи  квотаи президентӣ таъмин намоянд.
Имрӯз зарурате ба миён омадааст, ки аҳамияти илму дониш дар асри XXI аз дидгоҳи замонаи нави рушди башарият арзёбӣ карда шавад. Вобаста ба ин, ҳоло фурсате расидааст, ки дар доираи забони тоҷикӣ барномаҳои махсуси компютерӣ сохта шаванд. То имрӯз дар ин самт пешравиҳои муайян дида мешаванд, вале онҳо ҳанӯз қонеъкунанда нестанд. Аз ин рӯ, ба Вазорати молия супориш  дода мешавад, ки барои таҳияи барномаҳои махсуси компютерӣ ба забони тоҷикӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ дар соли 2012 маблағҳои заруриро пешбинӣ намояд.
Ҳамчунин, ба Вазорати маориф зарур аст, ки бо дарназардошти  талаботи таълимгоҳҳои миёна ба техникаи компютерӣ маълумоти аниқро тартиб дода, ҳамкории муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олиро барои истифодаи дурусти техникаи компютерӣ, бозомӯзии касбӣ ва махсусан ҷалби донишҷӯёни болаёқатро ҷиҳати гузаштани таҷрибаомӯзии таълимиву истеҳсолӣ ба ҳар як таълимгоҳ дар алоҳидагӣ муайян намояд.
Имрӯз ҳамчунин зарурате эҳсос мегардад, ки бо истифода аз имкониятҳои Хадамоти алоқа ва дигар ширкатҳои иттилоотӣ дар маркази вилоятҳо ва ноҳияҳо нуқтаҳои хизматрасонии техникаи компютерӣ ташкил карда шаванд. Илова бар ин, бо дарназардошти теъдоди зиёди корхонаҳои саноатӣ ва ниёзмандӣ ба мутахассисон пешниҳод менамоям, ки Коллеҷи технологии шаҳри Исфара ба филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон табдил дода шавад. 
Ҳамчунин зарур мешуморам, ки бо мақсади рафъи мушкилоту камбудиҳои мавҷудаи соҳа роҳбарону масъулони соҳа ба ҳаллу фасли масъалаҳои зерин таваҷҷӯҳ зоҳир намоянд:
Якум. Бо мақсади боз ҳам вусъат додани раванди бунёдкориву созандагии мамлакат таҳияи барномаҳои рушди корхонаҳои хурди саноатӣ ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманди донишгоҳҳои тахассусӣ бо корхонаҳо;
Дуюм. Ҷиҳати татбиқи Барномаи рушди инноватсионӣ таҳия намудани барномаи дарозмуддати тайёр кардани мутахассисони соҳавӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат;
Сеюм. Вобаста ба масъалаҳои стратегии рушди кишвар таҳия ва қабул намудани Барномаи рушди нерӯ ва моликияти зеҳнии инсон;
Чорум. Таҳия ва қабули Барномаи президентии ҷустуҷӯ ва дастгирии истеъдодҳо бо мақсади дар ҳама зинаҳои фаъолияти меҳнатӣ ва илмиву эҷодӣ  тайёр намудани мутахассисони соҳавӣ;
Панҷум. Бо ҷалби олимони варзидаи Академияи илмҳои Тоҷикистон ва дигар соҳаҳо таҳия ва қабул кардани Консепсияи миллии тадқиқотиву илмии мақсаднок вобаста ба масоили рушди инсон, такмили минбаъдаи принсипҳои демократӣ ва густариши ҷомеаи шаҳрвандӣ.
Вазифаҳои гузошташуда аз ҳар кадоми мову шумо тақозо менамоянд, ки ҳамқадами замон ва ҷомеаи мутамаддин бошем.
Мо танҳо бо ҳамин роҳ метавонем, ки дар рушди минбаъдаи Ватани азизамон саҳми арзандаи худро гузорем ва ба раванди ободониву созандагӣ такони ҷиддӣ бахшем. Ин рисолати инсонӣ ва қарзи шаҳрвандии ҳар кадоми мову шумост.
Дар баробари ин, иҷрои муқаррароти қонуни ба наздикӣ қабулшуда "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" вазифаи бевоситаи волидайн, аҳли маориф ва ҳамаи онҳое мебошад, ки ба ояндаи давлат ва ҷомеа бетафовут нестанд. Зеро наврасону ҷавонони имрӯза созандагон ва соҳибони фардои Ватан мебошанд.
Дар давоми бист соли истиқлолият заминаҳои устувори аркони давлатдории навини тоҷикон гузошта шуданд, ҳарчанд ки дар ин роҳ мушкилоти зиёд вуҷуд дошт. Вале сарфи назар аз душвориҳо ва имтиҳонҳои сангини ҳаёт мо тавонистем, ки норасоиву мушкилоти ҷойдоштаро зина ба зина бартараф намуда, ба самти бунёдкориву созандагӣ роҳи васеъ кушоем.
Имрӯзҳо дар остонаи ҷашни бузургу муқаддаси миллиамон - бистумин солгарди истиқлолияти давлатӣ садҳо иншооти саноативу иҷтимоӣ  мавриди истифода қарор мегиранд, ки ин ҳама шаҳодати равшани заҳмати созандаи мардуми шарифи Тоҷикистон мебошад.
Барои торафт вусъат гирифтани раванди бунёдкориву созандагии Ватани азизамон ва мустаҳкам намудани иқтидори иқтисодиву иҷтимоӣ ва илмиву зеҳнии давлати соҳибистиқлоламон ба ҳамаи мо зарур аст, ки ҳамеша дар андешаи ҳифзу таҳкими яке аз дастовардҳои истиқлолият - ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи кишварамон бошем. Беҳуда нест, ки тибқи анъанаи нек ҳар сол дар Рӯзи дониш ва оғози соли нави таҳсил дар аксар кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла дар кишвари мо низ дарси сулҳ баргузор мегардад. Ин басо рамзист, зеро сулҳу ваҳдат ва оромиву субот шарти асосии пойдории ҳар як давлату миллат аст. Ин орзу ва нияти неки ҳамаи сокинони сайёра мебошад.
Дар ин рӯзҳои арафаи ҷашни бузурги умумимиллиамон - бистумин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон чун ҳамеша орзумандем, ки сулҳу амонӣ дар ҳар як хонадони тоҷик ҳамеша пойдору ҷовидон ва осмони Ватани азизамон доим софу беғубор бошад.
Бо истифода аз фурсат, бори дигар таъкид месозам, ки ояндаи неки ҳар як давлату ҷомеа ба насли ҷавон, насле, ки масъулияти фардои Ватану миллат ба дӯши онҳо гузошта мешавад, вобаста мебошад.
Итминон дорам, ки ҷавонони кишварамон рисолати муқаддаси худро  дар мавриди пойдории Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ободиву шукуфоии Ватани маҳбубамон амиқ дарк менамоянд ва фаъолияти созандаи худро аз ҳамин дидгоҳ тарҳрезӣ мекунанд.
Бо ҳамин умед ва изҳори эътимоди комил бори дигар ҳамаи шуморо дар арафаи бистумин солгарди ҷашни озодиву соҳибихтиёрии Ватани азизамон ба муносибати Рӯзи дониш ва оғози соли нави таҳсил самимона табрик мегӯям ва бароятон саломативу хушбахтӣ, таҳсили аъло ва барори кор орзумандам.
Саломату сарбаланд бошед!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 3.09.2011    №: 128-129 (21 944-945)    Мутолиа карданд: 622

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед