logo

суханрониҳо

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар маросими ифтитоҳи навбати аввали Нерӯгоҳи барқи обии "Сангтӯда - 2", Сангтӯда, 5 сентябри соли 2011

Олиҷаноб доктор Маҳмуди Аҳмадинажод, мӯҳтарам Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон!   
Меҳмонони олиқадру иззатманд!
Ҳозирини гиромӣ!

Аввалан ташрифи Ҷаноби Олӣ ва бародари гиромӣ Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон, доктор Маҳмуди Аҳмадинажод ва ҳамаи меҳмонони азизро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, ба ифтихори бистсолагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон амалӣ гаштани боз як лоиҳаи муштараки ҳамкориҳои пурсамари Тоҷикистону Эрон ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани навбати аввали Нерӯгоҳи барқи обии "Сангтӯда -2" -ро табрик менамоям.
Маҳз ба шарофати Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба мо муяссар шуд, ки робитаҳои анъанавии таърихиамонро бо кишварҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг, алалхусус бо Ҷумҳурии Исломии Эрон барқарор намуда, дар ҳамаи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ҳамкориҳои мутақобилан судмандро ба роҳ монем.
Имрӯз муносибатҳои иқтисодиву тиҷоратии миёни кишварҳои мо  тадриҷан густариш ёфта, рафтуомади озоди мардум таъмин карда шудааст, ки ин амр ба пешрафти соҳибкориву сармоягузорӣ, инчунин тавсеаи равобити суннатии мо мусоидати фаъол менамояд.
Дар зарфи даҳ соли охир ҳаҷми умумии гардиши молу маҳсулот ва хизматрасониҳо миёни Тоҷикистону Эрон панҷ баробар афзоиш ёфта, танҳо дар давоми панҷ соли охир сармоягузориҳои мустақим ба иқтисоди Тоҷикистон беш аз 38 баробар зиёд гардидааст.
Татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ дар сохтмони нақби "Истиқлол", бунёди корхонаҳои муштарак дар соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва густариши ҳамкориҳо дар бахши энергетика гувоҳи рушди афзоянда ва ояндаи неки ҳамкориҳои созандаи байни кишварҳоямон мебошад.
Дӯстони азиз!
Дар рӯзҳои омодагӣ ва истиқболи бистумин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор додани садҳо иншооти иҷтимоиву иқтисодӣ гувоҳи таҳкими заминаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвари соҳибихтиёри мост.
Ҳукумати мамлакат ҳанӯз аз оғози даврони Истиқлолияти давлатӣ ҷиҳати ҳалли масъалаҳои мубрами иҷтимоиву иқтисодӣ ва боло бурдани сатҳи зиндагии аҳолии кишвар барномаҳои мушаххаси тараққиёти соҳаҳои иқтисоди миллиро тарҳрезӣ ва қабул намуда, иҷрои онҳоро марҳала ба марҳала таъмин карда истодааст.
Бо ин мақсад ҳадафҳои асосии рушди миллӣ дар се самти муҳим - таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ муайян гардида, дар ин ҷода то ба имрӯз хеле корҳои азимро ба анҷом расонидем.
Солҳои охир дар натиҷаи амалишавии барномаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, аз ҷумла дар бахши энергетика дар мамлакат зиёда аз 250 нерӯгоҳи хурду миёнаи барқи обӣ сохта шуда, бунёд ва ба фаъолият оғоз кардани нерӯгоҳҳои "Помир-1" ва "Сангтӯда-1", хатҳои интиқоли барқи "Лолазор-Хатлон", "Ҷануб-Шимол" ва "Конибодом-Боткент", зеристгоҳи "Сомонӣ"- и шаҳри Кӯлоб ба мо имкон доданд, ки шабакаи ягонаи энергетикии кишварро таъсис дода, дар самти ҳалли  мушкилоти энергетикии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва мардум ба пешрафти назаррас муваффақ гардем.
Ҳамзамон бо ин, корҳои сохтмону барқарорсозӣ дар иншооти азиму стратегии кишвар - Нерӯгоҳи барқи обии Роғун, инчунин нерӯгоҳҳои хурду миёна дар ҳавзаи дарёҳои Вахш ва Зарафшону Варзоб вусъати тоза дошта, дар доираи Барномаи дарозмуддати бунёди силсилаи нерӯгоҳҳои хурди барқӣ то соли 2020-ум боз 190 нерӯгоҳи хурди барқи обӣ бояд сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шавад.
Дар ин радиф ба истифода супурдани навбати аввали  Нерӯгоҳи барқи обии "Сангтӯда-2"  идомаи мантиқии иҷрои стратегияи кишвар аз тариқи сохтмону бунёди нерӯгоҳҳои хурду бузург дар роҳи таъмини пурраи истиқлолияти энергетикии мамлакат мебошад.   
Бояд қайд намуд, ки барои дар ин рӯзҳои истиқболи бистсолагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода супурдани навбати аввали нерӯгоҳ саҳми бинокорону сохтмончиёни ширкатҳои кишвари ба мо дӯсту бародари Эрон назаррас мебошад.
Бинобар ин, ба ҳамаи мутахассисону коргарон ва ширкатҳое, ки дар бунёди ин иншооти муҳим саҳми худро гузоштаанд, сипоси мардум ва давлати Тоҷикистонро баён намуда, ба онҳо дар роҳи ҳарчи зудтар ба итмом расондани навбати дуюми Нерӯгоҳи барқи обии "Сангтӯда-2" барори кор орзу менамоям.     
Бояд зикр кард, ки лоиҳаи сармоягузории бунёди яке аз иншооти муҳимтарини кишвар - Нерӯгоҳи барқи обии "Сангтӯда-2", ки санги асоси он 20 -уми феврали соли 2006 гузошта шуда буд, бо маблағгузории муштарак амалӣ шуда истодааст ва намунаи барҷастаи ҳамкориҳои судманди давлатҳои  Тоҷикистону Эрон мебошад.
Табиист, ки бунёди ҳар як иншоот ба ташкили ҷойҳои нави корӣ ва беҳтар шудани сатҳи зиндагии аҳолии кишвар мусоидат менамояд. Хусусан, бунёди ин иншооти энергетикӣ дар баробари таъмини мутахассисону кормандони ноҳияҳои гирду атрофи он бо ҷойи корӣ, инчунин дар беҳтар гардидани таъминоти соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии мамлакат бо қувваи барқи худӣ ҳиссаи арзанда дорад. 
Ҳоло ҷиҳати идомаи сохтмони навбати дуюми нерӯгоҳ миқдори зарурии техникаву механизмҳо дар сохтмони иншоот мавҷуд буда, инчунин қариб 900 нафар коргару мутахассиси ихтисосманд фаъолият дорад, ки аз ин миқдор 585 нафарро кадрҳои маҳаллӣ ташкил медиҳанд.
Тибқи маълумоти Ширкати лоиҳакашии "Сангоб" то моҳи августи соли 2011 иҷрои ҳамаи корҳо қариб 95 фоиз, аз ҷумла корҳои сохтмонӣ 93,5 фоиз, лоиҳакашӣ - 100 фоиз, васлу насби таҷҳизот - 99 фоиз ва ҳамлу нақл 94 фоиз таъмин шудааст.   
Бинобар ин, Вазорати энергетика ва саноатро зарур аст, ки дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои масъул ҷиҳати ҳарчи зудтар ба кор даровардани агрегати дуюми нерӯгоҳ чораҳои зарурӣ андешад.   
Дар ин рӯзҳои фараҳбахш ва сурурангез мавриди истифода қарор гирифтани навбати аввали Нерӯгоҳи барқи обии "Сангтӯда - 2" бо тавоноии 110 мегаватт ба ҷашни бистсолагии Истиқлолияти давлатии кишвари азизамон тӯҳфаи арзишманду сазовор мебошад.
Дар ҳолати пура ба кор оғоз кардани нерӯгоҳ, ки умед дорем вақтҳои наздик амалӣ хоҳад шуд, иқтидори солонаи истеҳсоли нерӯи барқ дар мамлакат беш аз як миллиард киловатт - соат зиёд мегардад.
Аз ин рӯ, сарфарозам бори дигар ҳамаи шумо - ҳозирини арҷманд ва тамоми мардуми шарифи кишвар, инчунин бародарони гиромии эрониамонро ба ин дастоварди муштарак, ки рамзи дӯстиву ҳамёрӣ ва ҳамкории мост, табрику  таҳният гӯям ва дар рӯзҳои ҷашни фархундаи бистумин солгарди истиқлол нуран алонур шудани ин рӯйдодҳои таърихиро ба ҳамаи шумо шодбош арз намоям.
Дӯстиву садоқат ва ҳамёриву ҳамгироии Эрону Тоҷикистон поянда бод!
Ҳамеша сарбаланду саломат бошед, дӯстони азиз!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 8.09.2011    №: № 132-133 (21 948-94    Мутолиа карданд: 611

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед